Дар Тоҷикистон ҳеҷ сулҳе ва ё ваҳдате вуҷуд надорад (Навор)

Шахсе, ки дар тинаташ хиёнат вуҷуд дорад, имкон надорад, ки хиёнаташ такрор нашавад.
 
 
Порчаҳое аз матни суханронии Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси сомонаи илмӣ, таҳлилӣ ва сиёсии Ислоҳ, дар Ҳамоиши бахшида ба 21-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон.
 
Ваҳдати миллие, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, аслан баъди имзои Созишнома то соли 2015 идома ёфт. Моҳи сентябри соли 2015 Эмомалӣ Абдураҳмон бо имоматии бидуни вузуяш ҷанозаи сулҳу ваҳдатро дар додгоҳи олии кишвар хонд. Аз сулҳ чизе боқӣ намондааст. Имрӯзҳо бошад, пои худро фаротар гузошт ва гуфт, ки ман аслан ба чизе имзо накардаам
 
Дар “Ховар” матлабе нашр шуд, ки ба ширкаткунандагони ин нишасти мухолифин аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Барои ҳаммаатон аз 5 то 8 соли зиндонӣ шудан муборак бошад! Ин нишонгари он аст, ки ҳукумат аз мову Шумо дар ҳарос аст.
 
Дар худи кишвари Олмони Иттиҳоди Аврупо наздик ба 15 ҳазор паноҳандаи тоҷик сукунат доранд. Ин далолат бар он мекунад, ки аз зери зулму истибдоди як золим ва оилааш, ки беш аз 25 сол мешавад, дар сари ҳукумат аст ва то ба ҳол дар фикри додани қудрат ба каси дигар нест, ин мардум сар ба гурез шудааст.
 
Раисҷумҳур, ки то ба имрӯз ҳамчун як ҷониби сулҳ ифтихори ба имзо расонидани Созишномаро дошт, худаш инкор карда гуфт, ки ба чизе имзо накардааст. Ин далолат бар он мекунад, ки нуқтаи таммат ва ниҳояти сулҳ гузошта шудааст ва дар Тоҷикистон ҳеҷ сулҳе ва ё ваҳдате вуҷуд надорад.
 
Касоне, ки имрӯз ба фиреби ин режим афтодаед, бидонед, ки хиёнаткор даст аз хиёнат барнамедорад. Ба бузургоне мисли устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ин хоинро ба зону шинонда буданд, хиёнат кард, пас дасти хиёнаташ сӯи ману шумо дароз аст. Шахсе, ки дар тинаташ хиёнат вуҷуд дорад, имкон надорад, ки хиёнаташ такрор нашавад.
 
Мо ба Аврупо барои саёҳату сукунат наомадаем ва ҳатман ба ватани худ бармегардем. Ягона сади роҳи баргаштани мо ба ватан, ин режими худкома аст. Рӯзи баргаштамон ба ватанро рӯзи озодии мардуми тоҷик аз зулму истибдод эълон хоҳем кард.
 
шаҳри Дортмунди Олмон
 
15.07.2015
 
 
 
Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Одоби хоб тибқи суннат

Хоб яке аз неъматҳои Худованди бузург аст ва нишонае аз нишонаҳои Ўст, чуноне, ки Худованд дар сураи Рум ояти, 23 мефармояд: «Ва аз нишонаҳои (ҳикмат) Ў хоби шумо дар шаб ва (нимаи) рўз ва ҷустуҷўи шумо (рўзии худро) аз фузунбахшии ўст, дар ин (маънӣ низ) барои мардуме, ки мешунаванд қатъан нишонаҳое аст».
Read More

Чун қофия ба танг ояд, шоир ба ҷафанг ояд

Асосгузори сулҳ ва ваҳдати асосии кишвар шодравон Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Агар ин мард розӣ ба сулҳ бо ин хоин намешуд, бидуни шак 21 сол қабл ӯ аз сари қудрат дур мешуд. Афӯс, ки шодравон ин қадар хоин будани ин марди тасодуфиро намефаҳмиданд ва маҳз барои оромиш ва ободии кишвар бо ин хоин сулҳ карданд.
Read More

Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт

Симои Пашинян аз мустақилияти уву истеъморзада набуданаш дарак медод. Дар ҳоле, ки сарони кишварҳои мусалмоннишин ба тамоми вуҷуду ҳастияшон кӯшиш мекунанд, дар симои худу мардумашон нишоне аз ислом набошад, Пашиняни насронӣ алорағми ин истеъморзадагон бо риши зебои худ, байни онҳо мисли аз дигар сайёра афтодаро мемонд.