Димишқ…Кобул…Душанбе

Ислоҳ нет

Сайфиддин Тоҷибоев ва Муҳаммад Шарипов мулаққаб ба Маҳдӣ Арсалон аз фармондеҳони ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ вориди сангари муқовимат ва мубориза алайҳи Раҳмонов шудаанд. Ин нафарон аз худ ва аз аҳдофи худ феълан аз беруни кишвар-аз Димишқ ва Кобул дарак медиҳанд, вале маълум аст, ки кайҳост барои ватан дилашон танг шудааст ва роҳи охири онҳо Душанбе хоҳад буд. Айни замон маълумоте, ки ҳамроҳ бо ин фармондеҳон чандсад ва ё чандҳазор нафар дар ин сангарҳо қарор доранд, дар дасти мо мавҷуд нест. Вале, шак надошта бошед, ки сахт мусаммаманд ва ҳарлаҳзаву ҳаррӯза таҳким ва тақвият мешаванд.    

   Дастҳо ва қудратҳои бузурги олам, ҳамчуноне худи тоғути Раҳмонов ҳам бодарду пуралам дар ҳар суханрониаш тазаккур медиҳад, яъне абарақудратҳо ба тақсимоти нави олам шуруъ кардаанд. Аз инҷост, ки ин намояндагони ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ дар ягон ҳолат бо Раҳмонов сари мизи музокирот нахоҳанд нишаст ва он иштибоҳеро, ки ҲНИТ дар соли 1997 муртакиб шуд, такрор нахоҳанд кард.

  Бале,Тоҷибоев дар гузашта раиси ҲНИТ дар ноҳияи Нови вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон буд ва Маҳдӣ Арсалон низ Афғонистон рафт то муқобили Раҳмонови тоғут ва ҳукумати зиддиисломии вай силоҳ бигирад. Ҳамчуноне, ки Толибон бо  Ашраф Ғанӣ ва «Ҳайати таҳрири Шом» бо Башшор Асад карданд. Ва ҳам Ашраф Ғанӣ ва ҳам Башор Асад самолётҳоро сувор шуда, қочмаган номард гуфта гурехтанд.

Раҳмонов ҳам мисли Ғанӣ ва Асад русвову русияҳ мешавад ва ҳадафи Тоҷибоев ва Арсалону дигар амирони Ансоруллоҳи шимоли Афғонистон дақиқан ҳамин аст.  

                      Ду ташкилоти собиқ террористӣ

    «Ҳайати таҳрири Шом» ва «Толибон» ду ташаккули ҷиҳодӣ ҳокимият дар кишварҳои худро ба даст гирифтанд.

Ин ду ташкилоти сиёсӣ-низомӣ, ки солҳои дароз дар листи Созмони Милали Муттаҳид террористӣ шинохта шуда буданд, абарқудратҳои оламро ночор ва маҷбур карданд, ки муносибат ва бархурд бо онҳоро бозбинӣ намоянд.

  Абумуҳаммади Ҷулонӣ, террористе, ки Амрико10 миллион доллар барои сари вай ҷоиза таъин карда буд, идораи давлати Сурияро ба дасти худ гирифт ва ҳозир фармонравои ин кишвар уст. Амрико ин ҷоизаашро лағв кард, балки  ба дидори Аҳмад -Аш –Шаръ яъне ҳамин Абумуҳаммади Ҷулонӣ ба Димишқ рафт ва масоили ҳамкориҳо дар сатҳи давлатро бо вай баҳсу баррасӣ кард ва ваъда супорид, ки дар зудтарин фурсат номи ташкилоти ӯро аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун хоҳад кард.

  Русия Толибонро хеле вақт аст ки аз феҳристи созмонҳои террорисӣ баровард. Бар изофа худи Путин на як бору ду бор бо сароҳат эълон кард, ки Толибон шарики муътамади онҳо дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа хоҳанд буд.

    Як чунин таҳаввули 180 дараҷаӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ дар нисбати ба истилоҳ исломи сиёсӣ,ки то чанд вақти пеш ҳамчун даҳшатуфкану ифротгаро ба қалам медоданд,ба ин маъност,ки муносибат бо неруҳо ва созмонҳои исломӣ иваз шудааст.

    Ин воқеъияти инкорнопазир аст ки ин ду гурӯҳ ҳукуматро дар Афғонистон ва Сурия гирифтанд ва ҳоло абарқудратҳои олам аз Амрикову Бритониё бигир то Русияву Чин ва то дигару дигараш бо онҳо дар ҳамкорӣ шуда истодаанд.

 Ва ин ҳам ҳақиқати раднопазир аст, ки пушти ҳукуматҳои ин кишварҳо масалан ҳукумати Башор Асад мардуми Сурия намеистод. На мардум буд ва на артиш.

 Дар ягон гушаи олам мардум ва артиш пушти нафареро намегирад, ки падараш ва худаш беш аз ним аср онҳоро дар бадтарин шароит, балки дар асорат нигаҳ бидорад. Барои ҳимоят ва пуштибонӣ аз Асад на артиш ва на мардум як гулула ҳам шиллик накард. Поёни умри ҳар диктатор ҳамин гуна рақам мехурад.

   Тарҳи ҳамкорӣ андохтани Амрико бо инҳо ба ин маъно буда метавонад, ки  Амрико террористҳоро бар диктатор ва диктатура бартарӣ ва афзалият дод ва ба ин натиҷа расид, ки диктаторҳо бадтар ва зиёнбортар ва хатарноктар аз террористҳоанд ва ё инки Амрико дар ниҳоят бо дарку фаҳми иштибоҳоти худ дар баробари исломи сиёсӣ сиёсатҳои худро бо ин гуруҳҳо бозбинӣ кардааст.

Ба яқин ҷаҳон дар шинохт, муносибат, шарикӣ, ҳамкорӣ ва манфиат тағйир мекунад. Зиддиятҳои аблаҳона бо неруҳои исломӣ саранҷом мешавад.

  Ашраф Ғанӣ ҳам «амрикоӣ» буд. Аммо Толибон заданду гирифтанд. Чин бузургтарин сармоягузориҳо ба Афғонистонро дорад шуруъ мекунад. Ҳамин чанд  рӯзи пеш ҳукумати Байден ҳудуди ниммиллиард доллар барои Толибон арзонӣ доштааст, ин ҳам дар ҳоле, ки ба навиштаи бархе аз расонаҳо ҳар ҳафта Амрико ҳуҳуди 90 миллион доллар ба ҳукумати имрӯзаи Афғонистон медиҳад.

Толибон аз ҳаво канали Қуштеппаро эъмор накарда истодаанд. Ин пул аз ҷое гирифта шудааст ва инҷо маълум аст ки куҷост. Ҳамин тавр Русия низ дигар ба пойи Толибон уфтодааст ва Толибонро шарики худ дар роҳи мубориза бо терроризм мешуморад.

Ба назар мерасад ҷаҳон дигар барои диктаторҳое мисли Асад ва Раҳмонов ҷойи амн нест ва дигар имкон ва маҷол дода нахоҳад шуд, ки афроде мисли Раҳмонов мардумро то ба охир мисли хар савор шавад ва мисли барзагови ҷуфтӣ кор фармояд ва мисли гови душоӣ бидушад.

  Ҷаҳон агар бо ин  роҳ биравад дуруст меравад. Наметавонад исломро нодида бигирад. Исломиҳо барои ватан ва барои истиқлол ва барои ирзу номусу дини худ мубориза мекунанд.

Дуруст аст ки ҷаҳон ҷои мадоро, муросо ва мурувват аст. Вале чаро бояд як ҳаёт Раҳмонов ва оилаи вай бошад. Ин ҳолат аз террору террорист бадтар аст. 

Хатар ва зиёни диктаторҳо сахттар ва фоҷиабортар аст. Онҳо дунёро амон намегузоранд.

   Дар Сурия Башшор Асад, як диктатори зиддисиломӣ, як  нусха ва копии Раҳмонов аз тарафи неруҳое сарнагун карда шуд, ки онҳоро террорист медонистанд. Маълум шуд, ки Амрико исломиҳои «террорист»ро тарҷеҳ дод.

  Савол инҷост ки идомаи ин таҳаввул ва тағйир домани Тоҷикистонро ҳам хоҳад гирифт ё хайр?

 Ағлаби коршиносон муътақиданд, ки ояндаи наздик ин тағйирот  пеш аз ҳама домани Тоҷикистонро хоҳад гирифт ва тардид надошта бошем, ки Раҳмонов Асади Осиёи Марказӣ мешавад. Шароит барои такрори ҳаводиси Сурия дар Тоҷикистон ва сарнагунии режими феълӣ фароҳам аст. Ба қавли аксарияти коршиносон дар дохили мамлакат барои истиқбол ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои таҳти контроли Маҳдӣ Арсалон ва Сайфиддин Тоҷибоев ба дараҷаи кофӣ ва ҳатто беш аз кофӣ мусоид   аст. Истибод ва зулми Раҳмонов дар охарин нуқтаҳои худ расидааст. Кишвар аз тарафи гурӯҳи муташаккили маҳаллӣ ва оилавӣ идора ва манобеъи марбут ва мансуб ба тамоми миллат дар дастони ин тоифа ба сирқат бурда мешавад.

Ҳар яке аз духтару домодҳои расмии Раҳмонов миллионер ва мултимиллионеранд. Тоҷикистон ва захоири табиӣ он, тиҷорат, тавлидот содирот, молия, бонк ва ҳамаро аз они худ кардаанд. Танҳо дар Данғара заминҳои корам ва лалмии Нуриддин аз 10 ҳазор гектар зиёд аст, ки ин миқдори замин дар масалан навоҳии Айнӣ, Дарвоз ва Ванҷ вуҷуд надорад.

 Раҳмонов авзоъ дар кишварро то онҷо, ки метавонист сахту сангин кардааст. Ончики имрӯз дар Тоҷикистон ба унвони ҳукумат амал мекунад, дар амал ҳукумат нест ва кори ҳукуматро иҷро намекунад. Тамоми аъзои хонавода, хешу табор ва ҳаммаҳалҳояшро ба ҳукумат оварда ҳама манобеъу сарвати мансуби миллатро байни ҳамдигар ҳисса карда истодааст. Мардум аз ончи ҳақ ва ҳиссаву саҳм доранд бебаҳраанд. Фазо ва муҳит барои ҳамагуна фаъолият ба мардум то нуқтаи охир маҳдуд ва мухтасар карда шудааст. Озодиҳои сиёсиву диниву расонаиву иқтисодӣ аз байн бурда шудааст. Ягон ҳизбу ҳаракати оппозитсионӣ, расонаҳои воқеан мустақил амал намекунад, гуногунандешӣ саркуб карда шудааст. Шахсиятҳои матраҳу муътабари ҷомеа леҳу лаварда шудаанд.

Бахусус сиёсати зиддинии Раҳмонов, таҳқиру мадрасаву масҷиду Қуръону Пайғамбар(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба гушаи узлат ва дур аз ҷомеа гузоштани ислом, манбаъ ва иллати ақабмондагӣ шиносонидани он, бузургтарин ваҷҳа ва сахттарин ангеза барои Маҳдӣ Арсалон ва Сайфиддин Тоҷибоев хоҳад шуд, ки ба ҳисоби Раҳмонов бирасанд ва сарнавишти Асадро бар сари вай гардон кунанд.

 Раҳмонов, дар баробари инҳо як муртад ва тоғут аст. Раҳмонов то охирин лаҳзаҳо талош кард, ки исломиҳои тоҷикро террорист нишон диҳад ва муаррифӣ кунад. Барои вай террорист нишон додан ва шиносонидани тоҷикҳо як сиёсати ҳисобшуда буд, то вай гузинаи дигар надошта бошад, фақат вай ва хонаводааш бошанд ва на ҲНИТ бошаду на ҳеҷ гурӯҳу ҳаракати дигари исломӣ.

Аммо, дар ин авохир, ҳамчуноне гуфтем муносибат бо ислому гурӯҳҳои исломӣ иваз шуд ва Раҳмонов ба чоҳи кандаи худ уфтод.

 Аммо акнун савол ин аст, ки тоҷикони  узви Ҳайати таҳрири Шом, Ансоруллоҳ, вилояти Хуросон ва Таҳрики Толибони Тоҷикистон  кай даври ҳам меоянд ва дар ин васат ҲНИТ дар канори инҳо барои худ ҷойи пой пайдо хоҳад кард ё хайр?

Тафовути ин гурӯҳҳо бо ҲНИТ-и феълӣ хеле андак нест. Ин гурӯҳҳо, аз ҷумла ҳамин Сайфиддин Тоҷибоев, ки дар гузашта раиси ҲНИТ-и Нов буд, муборизаи мусаллаҳона бурда истодаанд, вале муборизаи ҲНИТ муборизаи мусаллаҳона нест. Балки ҲНИТ дар Урупо, дар шароити рифоҳу оромиш ба сар мебарад. То куҷо ҷиҳодиҳо, ки бо хасму хун рубару ҳастанд, бо ҲНИТ канор меоянд, албатта, ин аз музокироту гуфтушунидҳо байни онҳо вобаста хоҳад буд.

 Муҳимтарин нукта инҷост, ки ин неруҳои исломӣ, ки дер ё зуд канори ҳам хоҳанд шуд, имкон надорад, ки Русияро дар канор дошта бошанд. Русия барои инҳо коре намекунад. Баракс, Русия ҳар қадр, ки метавонад Раҳмоновро дастгирӣ мекуанд.

Русия манофеи худ ва ҳимояти онро дар Раҳмонов ва амсоли вай мебинад. русия ҳамеша дер кардааст боз дер мекунад. Тоҷикҳо дар шумори Ҳайати таҳрири Шом, Вилояти Хуросон, Ансоруллоҳ ҳастанд ва на як ҳазору дуҳазор. Инҳо бо ҳам як шуда муқобили Раҳмонови тоғут ва диктатор хоҳанд ҷангид, ончуноне, ки дар соли 1992 муҷоҳидони Наҳзати исломӣ ҷангида буданд.

Раҳмонов беҷиҳат ва бесабаб чандин бор пеши Толибон нарафт. Толибон ҳам  гуфтанд, ки бо Тоҷикисгон муносибаташон хуб аст. Вале Толибон бо Раҳмонов раҳбаре, ки дар як кишвари мусалмоннишин мусалмон ва мусалмониро ба гарав гирифта ва бо ирзу нангу шарафу номус, бо муқаддасоти онҳо бозӣ мекунад чашм мепӯшанд? 

Агарки баъди ҳодисаи Крокус ва чанд мавориди дигар Раҳмонов бо террорист нишон додани тоҷикҳо байрақ дар дасташ буд, ҳоло  байрақ дигар дар дасташ нест. «Террорист»ҳои дирӯза сари ҳукуматҳо омада истодаанд.

 Раҳмонов инро мехоҳад ё хайр бо бастани ҲНИТ бузургтарин иштибоҳро ин бор на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ кард ва натиҷаи ин иштибоҳи фоҳишашро хоҳад дид!

 Ҷабҳаи таҳрири Тоҷикистон ва Ансор кай мерасанд?

  Замон барои эҷоди ҷабҳаи ҷанубӣ чи қадар тул дорад, чизе гуфтан душвор  аст, аммо чуноне расонаҳо менависанд Сайфиддин Тоҷибоев, ки барои ҷиҳод ҳамроҳ бо бародараш рафта буд, яке аз таъсиргузортарин фармондеҳоне шудааст, ки давру бараш садҳо тоҷикро гирд овардааст. Агар ин ҳарфи расонаҳо дуруст буда бошад Сайфиддин Тоҷибоев тобистони соли гузашта аз Афғонистон ба Идлиб баргаштааст. Вай ҳадафмандона ва тибқи барномаву нақша пеш меравад. Ин нақша ва барномаро чи тавр ва бо  кӣ кашида истодааст ва ин кӣ барои раҳоии мусалмонони Осиёи марказӣ ва бахусус Тоҷикистон кай даст ба кор мешавад, танҳо бояд мунтазир буд. Аммо ҳоло пирузии вай тамоми ҳизбу ҳаракот ва шахсиятҳои имониву исломии оламро илҳом бахшидааст, ангеза додааст ба таҳрик овардааст.

Бори дигар бояд мутазаккир бишавам, ки шароити Тоҷикистон барои қабул омода аст. Раҳмонов уступка намекуанд. Уступка кунад ҳам дигар дер шудааст. Барои тамоми сиёсатҳои зидди диниаш посух хоҳад гирифт.

Вай бо онки мехост тоҷикҳоро террорист бишносанд акнун шаҳдашро хоҳад чашид ва ҳамин тавр як ҳизби муътадил ва ошнову оштишударо аз кишвар рондан натиҷаи хубе намедиҳад.

Ҳоло касе наметавонад гарантӣ диҳад, ки даҳҳо ва шояд ҳам ҳазорҳо наҳзатӣ ва ҳаводорони дирӯзу имрӯзи Наҳзат бо инҳо биомезанд. Сайфиддин Тоҷибоев, ки дар гузашта наҳзатӣ буд. Ин нафарони нороз аз сиёсатҳои Раҳмонов ва ҳамин тавр аз ҲНИТ, ки муқобили Раҳмонов оштипазир буд, роҳу равиш ва усулу шеваи худро кор хоҳанд бурд.

Фақат замон боқӣ аст ва ин замон ҳам ончуноне ба назар мерасад деру дур нест вагарна Абдулло Раҳнамо шайпур ва булбули Раҳмонов аз ҳамин ҳоло ба «хондану навохтан» шуруъ намекарду ватан дар хатар намегуфт. Абдуллоҳи Роҳнамо вақте бонги хатар мезанад, пас воқеан авоқиби нохуби раҳмонови «сиёсатмеҳвар»-ро ин рӯ сурхак бар ало эҳсос кардааст. Зеро пусидагии дохили режимро ӯ хуб медонад ва ончи Русурхак медонад хелеҳо аз он ноогоҳанд.  

 Нафаре, ки солҳост таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад чи тур метавонад ба ин осониву роҳатӣ кишварҳоро убуру мурур кунад? 

  Ҳам Маҳдӣ Арсалон ва ҳам Сайфиддин Тоҷибоев болои сар ливои бо калимаи шаҳодатро доранд: Ло илоҳа иллаллоҳ!

   Ва, ҷолибтарин нукта ин аст ки Сайфиддин Тоҷибоевро ҳамразмону ҳамсангаронаш дар ҷабҳа ва сангарҳо «раиси ҷумҳур» унвонаш монданду садояш мезадаанд. Аммо дар сари роҳбари эътилоф чи мечархаду чи пилоне дорад инро низ Аллоҳ медонад. Умедворем боз ҳам пилони сабри тулонитаре аз ин 19 сола бештар начархад!

Share This Article