Дод аз дасти Нуралӣ Муродов, ҷияни С.Ятимов дар Рашт

Ислоҳ нет

 

Полковник Нуралӣ Муродов, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар навоҳии минтақаи Рашт -шарқи кишвар ба ҳайси як хон ва бек амал мекунад. Ӯ бо лақаби Нуралии сиёҳ маъруф аст.Вале агар ӯро шабеҳе ягон чизе бидонем, он чиз ба ҷуз аз мошинаи русисохти “вездеход” нест. Ба тамоми кори минтақа:- он кор марбути салоҳияти кумитаи ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва вазъияти фавқуллода аст, он кори шуъбаи маориф ва ё шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуъбаи тандурустӣ аст, он муртабит аст ба милиса ва ё прокуратура ҳатман, ки сояаш лангар меандозад ва ҳатман,ки фукашро мехалонад. Воқиан ӯ ба ҳайси як хон ва бек қаламрав ва салобати сиёсати худро дар ин минтақа паҳн ва қоим кардааст. Ӯ, ин ҳама муддат, ки дар сари мансаб ҳаст, ҳамвора раисони ҷамоаҳоро ба ҳайси гови дӯшоӣ дӯшидан дораду дӯшидан дорад. Ин раисон аз дасти талаботи мудаввоми ӯ ба дод омадаанд, зеро ҳар аз гоҳе, ки онҳоро “доля” мебандад, онҳо ё бояд онро фароҳам карда ба ду дасти адаб бурда бисупоранд ва ё тарки мансаб намоянд.

 

Аммо ин раисон додрасе надоранд ва танҳо додрасашон раиси ноҳия ҳаст,ки маъаласаф авзоъи худи раиси ноҳия бадтар аз раисони ҷамоатҳост ва ӯ хеле барвақттар аз дасти Нуралии сиёҳ ба дод омада ва ҳатто то ҳокимияти марказӣ муроҷиат ва шиква кардааст, аммо кадом тағйире ва кадом дигаргуние пеш наомад. Балки даму нафаси сардори КДАМ-и минтақа аз пештара ҳам оташин ва баландтар шудааст.

 

Полковник Нуралӣ Муродов,мулаққаб ба Нуралии сиёҳ сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар навоҳии минтақаи Рашт -шарқи кишвар,қаблан дар ҳамин мақом дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд ва Файзобод дар навоҳии тобеи марказ ва низ ба ҳайси сардори Раёсати зиддикашф-контрразведкаи Кумитаи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият карда ва яке аз ҷиянҳои генерал Саймумин Ятимовраиси КДАМ гӯё мебошад. Дидгоҳҳо ва муносиботи Ятимов бо дин ва мазҳаб ва мардуми диндору мазҳабӣ ба касе пӯшида нест ва ба муҷарради касби ин мақом сиёсати режими Раҳмонов дар қиболи ислом ,ба унвони дини 99 дар сади аҳолӣ комилан иваз шуда ва беш аз пеш саркӯбгар ва хашинтар мешавад. Аз инҷост,ки бар пояи ахбори расидаи мутааддид аз минтақаи Рашт Нуралӣ Муродов, сардори КДАМ-и минтақа ин сиёсатро дар ин қисмати кишвар ба таври хашинтар ва ҷоҳилонатар татбиқ карда истодааст.

 

Ҳар куҷо як мулло ва як рӯҳонӣ ва як ҷавони ришдор буд,мавриди тавҳин ва таҳқири ин масъули амниятӣ қарор гирифтаанд. Риши аксарияти мутлақи онҳоро қоқ ва хушк тарошида ва дар малаи ом тавҳин ва дашному фуҳш мекунад. Садҳо тан аз ҷавонҳоро бо иттиҳоми бофтаву сохтаи пайравони “салафӣ” боздошт карда ва бар ивази маблағҳои калон раҳо мекунад. Дар анҷоми ин корҳоро ӯро то ҳамин наздикиҳо як кормандаш бо номи Манучеҳр ҳамроҳӣ мекард вале азбаски шикоят ва сарусадоҳо дар бораи ин кормандаш хеле ҳам зиёд шуд,ӯро аз минтақа ба Вилояти Худмухтори Куҳистони Бадахшон “перевод”-интиқол доданд.

 

Пештар ҳам зикр кардам,ки ӯ яке аз ҷиянҳои Саймумин Ятимов аст,ки дар КДАМ фаъолият мекунад. Ҳамин пушти зӯр -“криша”, дасту пойи ӯро дар минтақа боз кардааст ва ҳатто дар маҷлисҳои ҳукумати ноҳия ҷойи раиси ноҳия аввал ӯ ҷаласаҳоро ифтитоҳ мекунад. Ҳеҷ эътиное ба мақоми раиси ноҳия намекунад ва ҳатто ба эътибор намегирад, ки раиси ноҳия, намояндаи раиси ҷумҳурӣ дар ноҳия аст. Раиси ноҳия аз ин ҳолат ба танг омада дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмонов ба Рашт ба Зокирҷон Тоиров, муовини сарвазири кишвар аз бедоди Нуралӣ нисбати халқи ноҳия шикоят мекунад. Зокирҷон Тоиров Нуралиро огоҳ мекунад, ки ба ҳукумат кор нагирад ва кори худаш машғул бошад. Аммо Нуралӣ ҷойи ислоҳ шудан ин ҳама суханҳоро нарезонда ва начаконда ба тағояш Саймумин Ятимов мерасонад . Ятимов дар ҷавоб гуфтааст, ки бо сари баланд ва чи коре мефорадат ва ҳамон тарзе, ки пеш буд, айнан ҳамон хел идома деҳ ва супоришҳои маро иҷро кун.То вақте ман ҳастам ҳаминхел мешавад.То ҳамин ҳоло раиси ноҳия бе иҷозати Нуралии сиёҳ гапе зада ва коре карда наметавонад.Давоми панҷ соле,ки Нуралӣ дар инҷо фаъолият дорад 70% масҷидҳоро бо супориши Ятимов баст. Ин бисёр ҳам дарднок аст, вақте ӯ дӯғу пӯписа карда мардуми инҷоро шумо вовчикҳо, шумо салафиҳо ва шумо наҳзатиҳои хойин гуфта таҳқиру таъна мекунад, дигар ҳоҷати гап нест.

 

Тибқи маълумотҳои дигар Нуралӣ Муродов фаъолияти худро дар ин манотиқ аз ноҳияи Файзобод оғоз намудааст. Мақсади ба ин ноҳия таъиншуданшро барои фишор болои наздикони Муҳиддин Кабирӣ дар ин ноҳия гуфта буданд. Инки чӣ ситамҳо анҷом дод ва чӣ фишорҳое болои хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ анҷом додааст дар мақолаи муфассал баён менамоем.

 

Чизи аламовар ва дардноки дигар ин аст и Нуралии сиёҳ болои тамоми соҳибкорҳо “доля”-ҳои вазнин бастааст. То ба ӯ бурда надиҳанд ва ё хоҳишашро иҷро накунанд барояшон имконияти кор карданро намедиҳад. соҳибкор Муҳибов Раҳим,ки бо номи ҳоҷӣ Раҳим мешиносанд маҷбур мешавад,ки тамоми пули мусофират ва табобати Нуралии сиёҳ ва завҷаи ӯ ба Ҳиндустонро бидиҳад. Нафаре,ки муллоҳоро ғам медиҳад, масоҷидро баст зидди Худо ва зидди ислом аст боз бидуни кадом шарму ҳаё як ҳоҷиро маҷбур мекунад,ки барои ҷарроҳиаш пул диҳад ва он пулро ҳамчун кумаки як дӯсташ гуфта гирифтааст.Ман бисёр ҳам дар қаҳру ғазабам,ки чаро мардуми ғармӣ ин ҳамаро таҳаммул мекунанд ва ба раиси ҷумҳурӣ муроҷиат намекунанд.

 

Дар ҳар ҳол худи ҳамин ки сардори як шӯъбаи тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроия раиси ноҳия, намояндаи президентро писанд намекунад, боиси ноамниву нороҳатии мардум мешавад, гувоҳи он аст ки чи касҳое масъули амнияти миллат ва давлатанд ва чи касҳое бо такя бо пуштибонҳои худ дар манотиқ, давлат даруни давлат сохтаанд. Ҳамин Нуралии сиёҳ,сардори шуъбаи КДАМ, ҷияни раиси КДАМ хон ва беки ноҳияи Рашт намунаи барҷастаи ин гуфта аст.

 

Агар аз сокинони навоҳиеки зикрашон дар боло шуд,Нуралӣ Муродов ба онҳо ситам ва фишор ва озорҳоеро раво дошта аст ва шумо метарсидед,ки ӯ ҷияни Ятимов аст ва касе ӯро ҷизе намегӯяд. Ҳаргиз чунин фикр накунед, ҳатман ба мо нависед ва мо тасмим гирифтаем, дар мавриди ин ҷинояткои ҳирфавӣ “Доссияҳои сиёҳ” мисли кличкааш омода намуда тақдими ҳама миллат намоем. Ҳаргиз шакку тардид надошта бошед Ятимов на оне ҳаст,ки фикр мекунед ва ҳеҷ ҷинояте бе ҷазо намемонад.Сокинони Раштонзамин натарсед ва мо мунтазири маълумотҳоеки мефиристед ҳастем.

 

Share This Article