Домод “додситон” шуд ва ҷонситонӣ дорад, амон аз домод ё чунин “додситон” ?

Ислоҳ нет

Зафар Қурбонзода, домоди Нуриддини акаи Эмомалӣ Раҳмонов,прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,ки мушовири адлияи дараҷаи 1 ва донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, дорои шаҳрвандии Русия  бударо мешиносед? Агар нашиносед, пас  матлабро то охир хонед ва хулосаатонро бароред.

(бахши аввал) 

Зафар Қурбонзода феврали 2019 прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) таъин шуд. Қурбонзода Зафар Бозор, домоди Нуриддин Раҳмонов, шавҳари Бунафша Раҳмонова ва додари Анвари кангуртӣ, мулаққаб ба Анвари текстил мебошад. Зафар корро аз «ободонии ноҳия» сар кард. Гуфт, ки Пешвои миллат маро барои ободонӣ ба ин ноҳия таъин кардааст. Аммо чи ободоние?

Ободониро баҳона карда дар муассисаҳои то мактабии ноҳия санҷиш доир кард. Барои онки «ба ҳолатҳои санитарӣ ҷавобгӯ нестанд» се моҳ боғчаҳои кӯдаконаро баст. Волидон моҳона 50 сомонӣ барои нигоҳубини фарзандон месупориданд. Тибқи супориши прокурор сари ҳар як кӯдак 150 сомонӣ муқаррар шуд. Тамоми матоъи рахти хоб бо дастури прокурор аз текстилкомбинати онҳо харидорӣ шуд. Зафар тавассути Нуруллоев, мудири маорифи ноҳия, ки аз Данғара аст формаи мактабиро ҳам барои талабаҳои ноҳия аз текстили худашон мехаранад. Директорҳои мактабҳо маҷбуранд, ки сарулибоси таъйинкардаи Зафарро ба талабаҳо фурӯшанд. Дар ноҳия 65 мактаб ҳаст. Ҳоло вазифаи директории мактаб ҳам фурӯхта мешавад. Агарчанде тибқи қонун муаллиме, ки аз 6 сол кам таҷрибаи кори омӯзгорӣ  дорад,директори  мактаб таъйин намешавад,аммо дар ноҳияи Ҷомӣ ҳатто онҳое,ки ду сол пеш донишҷӯ буданд, директори мактаб таъин шуданд. Барои ҳамин зуд-зуд директорони мактабҳоро иваз мекунад ва ягон нафаре пайдо шавад ва даъво кунад, ӯро тавассути Зафар  ба қавле фишор меорад. Нуруллоев чандин нафар аз муаллимаҳоеро, ба кор гирифтааст, ки ҳатто дар омӯзишгоҳ нахондаанд.Онҳо аз курсии мактаи миёна муаллима шудаанд. Ин гуна муаллимаҳо ё бо ӯ ҳамхоба шудаанд ва ё пул додаанд.

Зафар ба баҳонаи «ободонӣ» ба таъмири бинои прокуратура шурӯъ кард. Ин биноро аз пули халқ таъмир кард. Боев Қулмаҳмад раиси «Тоҷикматлубот»-и ноҳия  бачаи аммаи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ин ҳам як қаллоби дигар аст. Зафар зӯриашро ба Қулмахмад нишон дод. Мева ва сабзовотфурӯшони гирди бозори Қулмахмадро, ки дар кӯчаҳо савдо мекарданд. Хезонд. Ба ин баҳона, ки савдои кӯчагӣ мумкин нест. Мақсад ғасби ҷойи даромади Қулмаҳмад. Ба мақсадаш расид. Ин фурӯшандаҳоро дар кӯчаи маркази шаҳраки Сомониён ҳамчун гӯшаи деҳқон гуфта ҷо ба ҷо кард. Аз ҳар як  соҳибкор аз 400 то 800 сомонӣ мегирад. Ва мегӯяд, ки ба ягон мақомот андоз, санэпидемстансия пул намедиҳед. Онҳо вақте дар дар гирди бозори Қулмаҳмад буданд рӯзе 5 сомонӣ чек медоданд. Ҳоло бошад 800 сомонӣ ва ин ҳам бошад дар айни карантин, ки фурӯшандаҳои бечора даромади казоӣ надоранд. Умед Қузибоев бо лақаби Плод Алемдар аз узбектаборони ноҳия  аст, ки Зафар восита шуда ӯро директори КЖКП  ва дар болои савдогарони қади кӯча раис монд. Маҳз ӯ ин маблағҳоро ҳар моҳ ҷамъ карда ба Зафар бурда медиҳад.

Ҷамъи умумии ин маблағи бо роҳи зулм ҷамъ карда дар як моҳ 50,000 ҳазор сомониро ташкил мекардааст,ки рост ба киссаи Зафар меравад. Умед ба бачаҳои нохия лоф мезадааст, ки ҳар моҳ аз савдогарон 50,000 ҳазор сомонӣ ва аз сокинони шаҳрак пули мусорро ҷамъ карда дар умум 85,000  ҳазор сомонӣ ба Зафар медодааст. Зафар дар бинои прокуратураи ноҳия ҷои хоб, ҳамом ошхона сохтааст. Ӯ мудирони боғча ва директорони ҷавони мактабҳоро даъват карда ҳамроҳи онҳо ба фисқу фуҷур машғул аст. Умед ба бачаҳои район гуфтааст, ки утоқи истироҳати  Зафар люкс- вип мебошад, арӯсҳоро онҷо бурда дам мегирад. Доим дар бинои прокуратура корашон арақхӯрӣ ва майишат мебошад. Дар як соли корӣ Зафар чор корманди прокуратураро аз кор бе гуноҳ пеш  кард. Ба ҷои онҳо одамону шогирдони ҳаромхури худашро овард:- аввал Зубайдзода Бахтиёру Зинатуллои Абдулло  ва баъд Парвиз ва Дилшод.

Як нафар бо номи Баҳром аз Мӯминобод. Вақте дар вазифаи мутахассиси замини шаҳри Душанбе кор мекард ду маротиба коррупсия дастгираш кард, доғи судӣ дорад. Ӯро ба ноҳия овардааст ва ӯ худашро корманди прокуратура гирифта дар ҳар куҷо як таҳкурсӣ ва ё бинои нимобод аксу сурат бардошта мебарад ба прокуратура ва аз онҷо одам оварда аз он нафар ба  зӯрӣ пул мегирад ва бо Ҷаҳон, шофёри Зафар тақсим мекунад. Ғайр аз ин хонаи   шаҳрвандонро худсарона ва пеш аз дасти худ чен мекунад ва мабодо як метр замин аз сертификат зиёд барояд ё парванда ва ё 5000 ҳазор сомонӣ пора мепурсад. Ҳамин тавр маълум нест, ки Баҳром чи вазифа дорад аммо ноҳияро ғорат ва хуни ин мардумро хӯрда истодааст. Раҳматов Ҷаҳон соли таваллудаш 1972, ронандаи Зафар  бо Баҳром дар КП дари даромади прокуратура нишаста одамонеро, ки бар манфиати худи онҳо ё Зафар бошад барои даромадан иҷозат медиҳанд, аммо камбағали бечораро иҷозат намедиҳанд,то ворид шуда арзу шикояташро кунад. Вай то бегоҳ мешинад дар ин ҳавои сард. Аммо Зафари прокурор дар дарун дам гирифта нишастааст. Зафар бо сӯиистифода аз мақому ваколат ба корҳои дар ихтиёри ӯ набуда ширкат мекунад. Даст ба вазифафурушӣ дар ҳукумату ҷамоатҳо задааст.

Шомурод Мирзоев бо лақаби «муллоча» як наркомани чанд маротиба суд шудагӣ мебошад. 70.000 ҳазор сомонӣ аз ӯ гирифта дар ҷамоати Калинин раисаш монд. Ва ду кас дар як фурсати кӯтоҳ тамоми заминҳои корами обиро дар ҳудуди ҷамоат фурӯхтанд. Нафари дигар, ки раиси ҷамоат шуд Буриев Акбар аст. Буриев Акбар ягон намуд маълумот надорад. Ӯро ба ивази 130,000 ҳазор сомонӣ дар ҷамоати Яккатут- калонтарин ҷамоати ноҳия раис таъин кар. Ду моҳ аз раисии ӯ нагузашта ба 190 оила дар деҳаи Чорбоғ қитъаи замин ҷудо карда доданд. Ин заминҳоро бояд эҳтиёҷмандони ҳамин ҷамоат мегирифтанд. Аммо онҳо ба сокинони ҷамоат ва ҳатто ноҳияи дигар фурӯхтанд. Дар шумори 190 оила Ҷаҳони ронандаи прокурор ва Баҳром,ки «самозванец»-и прокуратура мебошад низ дутоӣ замин гирифтанд. 90 замини қитъаи наздиҳавлигиро онҳо 30 то 40.000 ҳазор сомонӣ фурӯхта пулашро рост ба Зафари прокурор доданд. Чанд вақт пеш сардори пойгоҳи санитариву эпидемологии (СЭС) ноҳияро иваз карда як нафареро бо номи Каримзода ба ин мақом таъйин кард. Каримзода тамоми корхона, бунгоҳҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва аз тарафи дигар тарабхона, дӯкон, хуллас бозору ҳама ҷоро «супориши прокурор» аст гуфта ҷарима баста танҳо бар ивази пул-пора фаъолияти онҳоро иҷозат дод.

Як ҷавони бесаводи кангуртиро оварда мудири экология таъин кард. Барои онҳо хонаҳои хеле хубро аз ҳисоби бюҷети ноҳия ба иҷора гирифта шароити зисташонро ба дараҷаи олӣ таъмин кардааст. Тақрибан ҳар рӯз бо ҳаминҳо дар бинои прокуратура «ташкилӣ» мекунанд. Дар онҷо нақшаҳои боз чи тавр ғорат кардани мардуми ноҳияро мекашанад. Аз Зафар супоришҳои навбанавро гирифта пагоҳ аз пайи амалиёт мешаванд. Тобистони соли 2019 Ҳосилхонов Чорихон аз эшонҳои лақайро Бобохонов Шарифхон, раиси ҷамоати Арал дар деҳаи Озодии шарқ зад. Ӯ ба милиса арз кард. Шӯъбаи ВКД-и ноҳия нисбати Чорихон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ огоз кард. Дертар, баъди ҳама корҳоро «ором» кардан Чорихон гуфтааст, ки ба воситаи Ҷаҳон –ронандаи Зафар 150,000 ҳазор сомонӣ додам делои маро қатъ кард. Ҳамчунин боз 10.000 ҳазор сомонии дигар ба Зафар додаанду ӯ бародари Чорихонро, раиси маҳаллаи Озодии шарқ мемонад.

Чорихон ин корро ба воситаи Зафар барқасди Шарифхони ҷамоат кард. Дар ҳавои ин ҳама ҳангомаву воҳима Чорихон ба тақсими заминҳои хоҷагии «Баракат»-и Ҷомӣ даст зад. Ин хоҷагӣ ба Муродалӣ Алимардоновв таалуқ дошт. Ба воситаи Зафар ваЧаҳон заминҳоро гирифта ба сари ҳар гектар 2000 ҳазор сомонӣ нарх монда ва ба одамон ба иҷора доданд. Ба гуфтаи худи  Чорихон ӯ доим ба Зафар ба ошхонаи прокуратураи нохия гӯсфанд кушта мебурдааст, биринҷ медодааст. Зафар тавассути Дӯстмурод, раиси ҷамоати Иттифоқ ду гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии Б.Маҳмадсолеҳ, роҳбараш Насридинов Саидро ба ивази 400.000 ҳазор сомонӣ ба мардум тақсим кард. Дӯстмурод ҳатто тамоми заҳбурҳоро хок пур карда фурӯхт. Гузашта аз ин  ман бо Зафар муносибати хуб дорам гуфта,масҷидхои ҳоло ҳуҷҷатнадоштаи ҳудуди деҳаҳоро, ки сокинон аз ҳисоби худашон сохтаанд фурӯхт. Масҷиди деҳаи Б.Сулаймоновро фурӯхт. Аммо сокинони деҳа ноилоҷ шуданд ва 70.000 сомонӣ ҷамъ карда ба Зафар пора доданд,то бигзорад масҷиди деҳа  ҳамчун ҷои баргузории ҷашну маърака бимонад.” 

 “Масҷиди деҳаи Боқӣ Раҳимзодаро Дӯстмурод ба идораи ҷамоат табдил кард ва як қисми бинои масҷидро ба Зокиров, директори пиллатаёркунии  ноҳия фурӯхт. Ҳоло дар онҷо бо муовинаш бо номи Сабоҳат як раққосаи хонаи маданият ва дигар коргарҳо арақхӯриву арӯсбозӣ доранд. Мардуми деҳа доғи бар ҷигар шудаанд,ки дар пеши чашмонашон масҷидашонро ба маҳалли фисқу фосиқӣ табдил доданд.”

Дӯстмурод бо Умед ба тарафи бачахо мегуфтаанд, ки ҳар бегоҳи ҷумъа бо Зафар ресторани Эмели Душанбе рафта дар ончо рақсу бозию арақнӯшӣ ва ба раққосаҳо пул часпонӣ мекардаанд. Умед як наркоман мебошад, чакида ва таблетка мезанад.

Ӯ як писари хола дорад бо номи Баҳодур Ҷамшед, ки тюремшики наркоман мебошад. Ҳозир чекчини фурӯшандаҳои қади кӯчаи Сомониён аст. Умед се трактори КЖКП-ро фурӯхт. Заминҳои партовпартои хоҷагии манзиливу коммуналиро ба ҳавзи моҳӣ табдил карда ба Ҷаҳони шофёри Зафар додааст. Як тракторро120,000 ҳазор сомонӣ фурӯхта барои харҷи наврӯзӣ ба Зафар медиҳад. Зафар ба раисони ҷамоат ва маҳалҳо супориш медиҳад, ки барои дар сатҳи баланд баргузор кардани Наврӯз 50.000 ҳазор сомонӣ бояд ҷамъ карда шавад. Ин маблағро аз мардум ҷамъ мекунанд. Дар рӯзи Наврӯз як гӯштини калон мекунем мегӯяд. Аммо ҷиянҳои кангуртиашро оварда гӯштин меандозад ва барои онҳо мошину 5000 солим мемонад. Аммо барои паҳлавонон 100 сомонӣ.

“Умед ба шиносҳояшон мегуфтааст, ки маблағҳои ба даст меовардаи Зафар аз ин ноҳия ҳаамаш дар бинои беморхонаи «Мадади Акбар» ш. Душанбе сарф мешаванд. Ин клинника аз Зафар будааст. Дар бари он бинои нави чорошёна аз ҳисоби маблағҳои мардуми ноҳияи А. Ҷомӣ сохта ба итмом расонид. Дар Душанбе боғчаи шахсӣ, меҳмонхона, беморхона, ресторан ва амволи шахсии дигар доштааст, ки ҳисобаш гум аст. Аммо ҳатто аз як сомонии мардуми ноҳия боз ҳам умедвор аст.”

Пеш аз онки ба Ҷомӣ ояд Зафар дар шаҳри Роғун панҷ сол кор кардааст. Дар онҷо ҳатто муовини раиси шаҳри Роғунро дар утоқи кории раиса таҷовуз кардааст. Раиса то Дастгоҳи президент, Прокуратураи генералӣ шикоят мекунад аммо натиҷа надодааст,чун,ки ӯ домодпошо ҳаст дигар ва барояш таҷовуз ба номуси ҳатто муовини раиси ноҳия муҷоз аст. Баъди аз кор рафтани Зафар сокинони Роғун худойӣ додаанд. Зафар боз даст ба фурӯши заминҳои шаҳраки Ҷомӣ зад. Ин заминҳоро дар соли 2005  раиси онвақтаи ноҳия Бекназаров фурӯхта буд. Ин ҷо сохтмон ҳамааш ғайриқонунист, дар нақшаи генералии ноҳия нест гуфта сохтмонҳои сокинонро булдозер дароварда чаппаву валангор кард. Вале баъди як муддати кӯтоҳ ба воситаи Дӯстмурод ва Умед сари сотих 40.000 ҳазор сомонӣ ба одамони дигар фурӯхт. Ҳамин тариқ як гурӯҳи мардум бехонаю дар монда дар кӯчаю хонаҳои хешу таборашон зиндагӣ доранд.

Як бозии дигареро, ки Зафар Қурбонов, прокурори ноҳия ба раҳ монд, тавассути БДА аст.  Ба воситаи сардори БДА-и ноҳия Алловудин, ҷияни Исмати дулики чапаевӣ кӯчаҳои шаҳракро бе қарору бе розигии вакилон аломатҳои яксамта (односторонний) ва мамнӯъ (запрешенно) насб карда ба ҷаримасозӣ ва ҳамин тавр пулкоркунӣ шурӯъ карданд. Ҳоло ҳар таксӣ, ки тарафи ҷамоатҳо меояд Аловуддин 5 сомонӣ «доля»-дорад. Ғайр аз ин ҷавонҳои ноҳияро шогирд гирифта ба ошхонаҳои ноҳия вобаста кардааст. Вазифаи онҳо ин аст ки ҳар кас ки нушокии спиртӣ мехурад, зуд маълумот диҳанд.

  “Аловуддин бо Дилшод- корманди прокуратура зуд аз пайи он ронанда шуда дастгир мекунанд ва шарт мегузоранд, ки 7000  ҳазор сомонӣ медиҳӣ ва ё 15 шабонарӯз ҳабс ва аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мешавӣ. Ва, ё ронандаҳоеро, ки мошини падар, бародар ва ё ягон наздиконашонро ронда бошанд, боздошт намуда онҳоро ҳам ҷарима мебанданд. Ҷарима куҷо, ба ҷайби худ кор мекунанд.”

Солеҳзода Олим, раиси ҷамоати шаҳраки Ҷомӣ, кадри босавод, хушмуомила ва ҷавон буд. Аммо ба Зафар писанд наомад. Мехост Қӯзибоев Умедро ба ҷои вай оварад. Хеле кофт, ки айби Солеҳзода Олимро биёбад. Нашуд.

Зафар бо раиси вилоят Қурбонзода маслиҳат карда ӯро дар як маҷлис, ки гӯё нақшаи сафарбар кардани ҷавонон ба артишро иҷро накардааст  дар худи толор аз вазифа озод кард. Дар ҳоле, ки худи Зафар бо кормандони милиса ва кормандони прокуратура ва роҳ нишондеҳии раисони ҷамоат Муллоча Акбар, Дӯстмурод, Исо Умед бо хонаи волидони даъватшавандаҳо даромада, фарзандони онҳоро «облава» карда махусан ба хонаи «расиян»-ҳо ва соҳибкорон аз онҳо барои бачаҳояшон пул мегирифт ва онҳоро худаш мегурезонд.

Камбағалу нодорҳоро ба хизмат равон мекард. Ҳатто комиссари ҳарбии ноҳия аз чунин тарзи кору кирдори Зафар сактаи дил гирифт ва мурд. Тобистони соли 2019 Раҳматов Ҷаҳон, ронандаи Зафарро, кормандони коррупсияи ҷумҳурӣ барои гирифтани пора ба миқдори 12000 ҳазор сомонӣ дастгир карданд. Аммо ба ҷои Ҷаҳон Миралии қалуғбача «дело» шуд, бо моддаи 247 қисми 4. Зафар Миралиро фиребдод, ки ту ба кала гир, ронандаи маро нафурӯш ёрдамат мекунам. Миркаи камбағал (Миралӣ) бовар кард. Суд бошад Миралиро 45000 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Пеши Зафар рафт, ки ваъда карда будӣ, ҳоло ёрдам кун. Зафар ба Миралӣ мегуяд худатро гум кун аз пешам,ки 45 сол судат мекунам ва ӯро сур мекунад. Ӯ қарз гирифта 45,000 ҳазор сомониро дод. Вале то ба ҳол ҷарима месупорад.

“Муфаттиш Зинатуллои Абдуллоро барои гирифтани пора ба миқдори 30.000  ҳазор сомонӣ   баҳори соли 2020 кормандони коррупсия дар назди бинои прокуратураи нохия дастгир карданд. Аммо Зафар ҳамкурси Султонзода Сулаймон, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия будаст. Ба ҷои муфаттиши прокураатура адвокат Қурбонов Сафарро маҳкам карда нисбати ӯ бо моддаи 247 парванда боз карда ӯро ҳам ҷарима ҷазо таъин карданд. Ин адвокат мегӯяд, ки пулро дар кисаам андохта қапиданд. Ин кори ташкил кардаи Зафар аст.”

Зафар ба воситаи Хушвақтов Уктами муминободӣ, директори хоҷагии давлатии ниҳолпарвари ба номи  Р.Абдураҳим, домоди акаи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон 43 гектар заминҳои мардумро кашида гирифтанд. Бо эътирози прокурори ноҳия сертификати 43 гектар заминҳои мардумро бекор кард. Ин замине буд, ки мардум 6 сол кор карда баъзеаш бо харҷи зиёд боғ бунёд карда буданд. Ин заминҳо тоза ба бар омадаро аз ин мардум гирифта ба дигарҳо ба иҷора дод. Ҳамин тавр якҷо бо Хушвақтов Уктам замини чарогоҳҳои мардумро ба зӯрӣ гирифта ба дигарон фурӯхтанд. Уктам мардуми камбағали деҳаи Ғалабаро ба дод овардааст.Тамоми чизи ин мардумро, то кашарҳои хоҷаги,токзору заминҳои онҳоро гирифта  фурӯхт. Модари Шарипова Шаҳло,ки  сокини шаҳрак буда ба тарафи ҳамсояҳо дод мезанад, ки то рузе Зафар прокурори ноҳия аст ҳеҷ каси шумо  «пашаки мара киш» гуфта наметавонед, чунки духтари ман ҷогаҳ гармкунаки Зафар аст, ҳар шаб якҷояанд. Шаҳло дар қабулгоҳи Зафар мешинад. Аз ҳар кас пул меканад. Зафар ӯро табиби худаш муаррифӣ мекардааст. Аммо дар асл маъшуқааш будааст. Дар ҳоле Шаҳло ҳеҷ донишгоҳ ва медучилишеро нахондааст, ҳамшераи шафқат  ҳам кор накардааст. Як бева аст ки то нимаҳои шаб бо Зафар дар Прокуратура меистад.

Моҳи июни соли 2020 Умед, Дӯстмурод, Аловуддини сардори БДА Махсуми МБТИ Сафари муовини раиси ноҳия ва Зафар дар прокуратура, ҷойи нишасти ҳарвақтаашон хурок мехуранд. Арақ, чакида,банг…Зафар ба Умед мегӯяд, ки «ман ба баҳонаи телефон кабинет медароям. Ту Сафари муовинро лату куб кун. Умед худро Плод Алемдор гирифта Сафарро дар шоҳиди ҳамин қадар одамони круги худашон луту куб мекунад, Сафар шикоят карданӣ мешавад. Зафар пеши роҳашро мегирад, ки айб мешавад, ки ин ҳодиса дар прокуратура шудааст. Сафар мегӯяд ин айб нест, ки Умеди шогирди ту, раиси КЖКП маро- муовини раиси ноҳияро бе ҳичӣ занад. Зафар гуфтааст маст буд. Аммо ҷазояшро медиҳам. Ҳоло бошад Раҳимзода Сафар раиси ноҳия шудааст. Умед дар байни мардум воҳима карда мегуяд, ки баъди задани ман ин ба раиси ноҳиягӣ расид. Сафар аз дасти Зафар илоҷ надорад, ки чихел Умедро аз байн бардорад. Дар бораи ҳамаи ин корҳои Зафар ҳам ба Дастгоҳ ва ҳам ба Прокуратураи генералӣ чанд бор навиштанд, аммо чизе тағйир накард. Чунки роҳбари дастгоҳ Озода Раҳмон ҳам духтари амак ва ҳам ҳамсинфи зани Зафар Бунафша мебошад. Ҳатто ба қабули Юсуф Раҳмон рафта шикоят карданд. Аммо худи Юсуф Раҳмон ба Зафар занг зада хбар медиҳад, ки биё, ки  як нафар аз болоят шикоят омадааст. Юсуф Раҳмон ҳам сахт аз ин авлод метарсад. Ҳоли мардум ҳамин гуна аст. Ҳоло аз омадани Зафар ба ин ноҳия 2 сол мешавад. Агар панҷ сол истад, каппаи ин мардум дуд мекунад. Шогирди асосӣ ва ё дасти рост ва бузи Зафар дар ноҳия Умед Қӯзибоев, сардори КЖКП аст. Соли таваллудаш 1982.

Аз забони ҳамин Умед мардум фаҳмидаанд, ки Зафар Қурбонзода, ки соли таваллудаш 1977 мебошад, гражданини Русия ҳам будааст. Зафар се фарзанд дорад. Фарзанди калониаш донишҷӯ аст, як писар ва ду духтар, занаш Бунафша духтари Нуриддин дар ягон ҷо кор намекунад.

“Умед ду зан дорад ва аз он занаш ду фарзанд дорад. Намедонем,ки Бунафша аз ин зани шавҳараш хабар дошта бошад ва ё не.  Беморхонаи “Мадади Акбар”-ро, ки қаблан поликлиникаи текстил буд шахсӣ кардааст ва ба номи занаш Бунафша Раҳмонова мебошад.” (акси ҳамсари дуввумаш бо фарзандонаш дар идораи “Ислоҳ” маҳфӯзанд

Дорухонаи ин беморхона дар дасти ҷиянаш мебошад. Доруҳо назар ба дигар аптекаҳо хеле қиммат аст. Умед Тойота ландкрузери ҳоҷӣ Авази акаи Зафарро дар  30.000 доллар моҳи августи соли равон харид. Рақами давлатиаш 1000 ор мебошад. Аз номи Зафар Аваз чакида мефурӯшад. Тамоми коргарони КЖКП ро таъмин мекунад. Доим дар ҷайбаш чени як қуттии вазелин дар пакетчаҳо тайёр дорад. 800 сомонӣ мефурӯшад. Аксарияти кормандон ҳукумат, андоз ва милисаро дар чакида ва таблеткаи амфетамин шинондагӣ аст.

Махсуми Сайдаҳмад, раиси МБТИ- корхонаи бақайдгирӣ фархорӣ аст. Соли таваллудаш 1987. Ӯ ҳам дар фурӯши замин шарики асосии Зафар аст. Ҳамеша якҷо мегарданд. Обеду ужин дар прокуратура. Ба ҷуз аз ҳама хароҷоти бақайдгирӣ «доля»-и худаш 400 доллар аст. Барои як сертификат 6 моҳ то як сол одамҳоро медавонад.

“Қодиров Раҳмиддин дар ноҳия шаш аптека дорад. Ӯ пештар корманди Оҷонсии коррупсия буд. Барои порагирӣ аз кор пешаш мекунанд. Овоза кардааст, ки ба Ҷаҳони шофёри Зафар 7000 доллар дода ҷиянаш Қодирзода Субҳиддинро коргузори прокуратура монд. Коргузори пешинаи прокуратураро Зафар пеш кард. Ба ивази маблағ ҷияни Раҳмиддин ба кор даромад.”

Ҳар рӯзи якшанбе Умед акаи Зафар – ҳоҷӣ Авазро дар ресторанаш даъват карда    «живой музика» ташкил карда бо чанд кангуртии дигар меҳмондориашон мекунад. Ҳоҷӣ Аваз, акаи Зафар дар ВКД кор мекунад.

Ҷияни Зафар, бачаи Анвари текистил Анварзода Ислом, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе дар ҳолати мастӣ авария кард. Баҳром Ғафурии овозхон дар он садама мурд. Дасти Исломро буриданд аммо дело накарданд.

Боз як ҷияни дигараш дар меҳмонхонаи текстили шаҳр як духтари ноболиғро таҷовуз кард. Барои вай моддаи 138,таҷовуз ба номуси ноболиғ зада буданд. Аммо Зафар он моддаро бо моддаи 141 дигар кард, ки гӯё бо духтари ба сини никоҳӣ  нарасида  алоқаи ҷинсӣ карда бошад. Ва ҳамин тавр ӯро аз суд бо ҷарима озод карданд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Хонандаи гиромӣ ин чакомае аз ҷиноятҳои домодҳои оилаи Раҳмоновҳо дар як ноҳия буд, Мексика, Африқо, Ласвегас набуд. Акнун азоб ва мусибати мардуми ноҳияи А. Ҷомиро каме ҳам бошад огоҳ гаштед. Танҳо бо навиштани ҷиноятҳои ин золимон ва коррупсионерҳо метавонем зарари ин ҷонваронро кам ва аз байн бубарем. Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ ва Зафар Қурбонзода прокурори як ноҳия.Ҷаноби Прокурори генералӣ,шарм намекунед бо ин афроде,ки онҳоро ҳамчун кӣ ба ин ниҳодҳо таъин намудаед? Ҳамчун “Додситон” ва ё “Ҷонситон”? Акнун қаллоб ва дузду ғоратгар ва таҷовузгар ки будааст? Агар ту як арусак набоши рӯзи душанбе дар аввалин фурсат фармони ин дуздро содир мекунӣ.Ё аз хусурбачаи Зафар,ки чанд рӯз қабл муовинат шуд метарсӣ? Акнун туро бо виҷдонат мегузорем,агар онро дошта бошӣ.

Ислоҳ аз худи ҷаноби шумо Юсуф Раҳмон, то ҳама прокурорҳои навоҳии кишвар ва вилоятҳоро дунбол мекунад. Мебинем то куҷо кор мекуни ва бо ин ҷинояткорони пагондорат чи чорае мебини!

Дар охир инро хотиррасон мекунем,ки корномаи сиёҳ ва аъмоли бади Анвари текстил дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва номҳои афроди воломақоми дигаре ҳам бо корномаи сиёҳи ӯ якҷо будааст нашр мегардад. Бо Ислоҳ бошед,то аз ин корномаи сиёҳ низ огоҳ гардед.

Share This Article