Донишҷӯёни тоҷик дар Мисри Араб шикор мешаванд

Ислоҳ нет

 

Он чӣ дар Тоҷикистон мегузарад, барои ҳамаи шаҳрвандон ва муассисаҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ маълум ва ошкор аст. Чанд рӯзи охир аз ҳолати бениҳоят дардноки шаҳрвандони Тоҷикистон дар давлати Мисри араб ба мо хабарҳои нохӯш меояд. Мо ҳам онро пайгирӣ кардем, ки манзури хонандагони гиромӣ мегардад.

Дар мавриди бозгардонидани ҳама донишомӯзони донишгоҳҳои исломии хориҷӣ ба кишвар, ки фармон содир шуда буд, чизе қайд карда намегузарем. Чун аз он ҳама огоҳед. Меравем ба асли қазияи дардноке, ки кормандони сафорати Тоҷикистон дар ин давлат ба сари шаҳрвандони Тоҷикистон чи мусибате овардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира, наздик ба 8 сол мешавад, ки  дар кӯшиши баргардонидани ҳама донишҷӯёни тоҷик ба ватан аст. Аммо шурӯъ аз соли 2016  ин масъала тундтар шуда буд.

Дар бозгардонидании толибилмон хато аст ё дуруст, сафорат кори худро анҷом дода истодааст. Дар ин бора, шикоят бояд ба талабкунандагони иҷрои ин фармон бошад, на аз болои сафорат. Аммо, наҳви сиёсате, ки имрӯзҳо сафорат нисбати толибилмони Миср истифода мебарад, ниҳоят ҷоҳилона ва ҳам дар навбати худ золимона аст.  

Тибқи маълумоте, ки ба Ислоҳ расид, айни ҳол ҳеҷ довталаби тоҷикистонӣ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои маъруфи кишвари Миср бидуни номаи махсуси сафорати Тоҷикистон  ҳуҷҷат супорида наметавонад. Зеро, Сафорати Тоҷикистон дар Миср ҳама донишгоҳҳо ва Вазорати тарбия ва таълими Мисрро бо номаи махсусе огоҳонидааст, ки бидуни ризоиятномаи сафорат аҳаде аз довталабони тоҷик ба донишгоҳҳо қабул карда нашаванд.

Албатта, ин мамониъат ва ё надодани нома ба шаҳрвандони тоҷике, ки мехоҳанд ба донишгоҳи Азҳар ворид шаванд, мушкилоти зиёдеро аз пай доштааст. Онҳое, ки пас аз омӯхтани забони арабӣ ва ё пас аз ба даст овардани мадраки санавӣ, ки он атестати синфи 12 мактаби миёна аст, ҳақ доранд ба донишгоҳҳои Миср, мисли Ал — Азҳар ва донишгоҳи Қоҳира ва инчунин донишгоҳи Амрикоӣ шомил гарданд. Барои шомил шудан ба донишгоҳ бояд аз сафорати Тоҷикистон номае бо мазмуни ҳеҷ мамониъате барои идомаи таҳсили ин шаҳрванди Тоҷикистон надоштани сафорат тақдим кунанд.

Аммо, сафорат дар дасти як гурӯҳ авбошоне қарор дорад, ки пурра аз тарафи ВКХ не, балки аз тарафи КДАМ ва кормандони он идора мешавад. КДАМ ба ин сафорат хашинтарин ва бадрафтортарин кормандони худро ирсол намудааст, то вазъиятро зери контроли худ қарор бидиҳанд. Нагузоранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Миср хоссатан Ал — Азҳар шомил шаванду таҳсил кунанд. Як манбаъ чунин афзуд: “Ман қариб панҷ сол мешавад, бо ҳамсару фарзандонам дар Миср таҳсил мекунам ва ба сафорат рафтам, то нома бигирам ва ба Азҳар дохил шавам.  Намояндаи сафорат бароям гуфт, ки ту ба ватан баргард ва ин корро бо вазорати Маорифи кишвар ҳал кун. Аз онҷо нома биёр, то мо бароят нома диҳем. Ман медонам, ки ин амалӣ намешавад ва дигар аз баҳри нома ҳам гузаштам ва ба сафорат нарафтам. Дар як мадараси ғайри маъруфе, ки шайх дарс мегӯяд, рафта онҷо таҳсиламро идома додам. Ду фарзандам инҷо таваллуд шуд ва ба сафорат барои шаҳодатнома ва шиноснома рафтам, вале бароям гуфтанд мо танҳо метавонем бароят ҳуҷате диҳем, ки баргардӣ ва барои шумо наметавонем шиноснома ба фарзандонат диҳем. Дар сахттарин ҳолат қарор дорам ва ба ҳама чиз омодаам, то онро анҷом диҳам вале намехоҳам ба Тоҷикистон баргардам. Охир фарзандонам мехонанд ва дар Тоҷикистон кор нест. Ба Русия ва муҳоҷирати корӣ намехоҳам равам, чаро ба мо ин сафорат ин қадар зулм мекарда бошад?”

Манбаъи дигари мо чунин мегӯяд:

“Мо ҷамъияти талаба доштем ва ҳама корҳои толибилмони Миср хуб буд ва вақте сафорат дид довталабон бо номаи ин ҷамъият метавонанд таҳсил намоянд, онро бо фишор овардан тавассути ҳукумати Миср баст. Ба ҷойи он “Ҷамъияти Тоҷикони Миср”— ро ташкил намуд, ки он  комилан дар ихтиёри КДАМ Тоҷикистон аст. Раиси ин ҷамъиятро шахсе бо номи Нуриддин роҳбари мекунад ва муъовинаш ҳам Нуриддин шахсе аст. Агар иштибоҳ накунам, раиси ҷамъияти Тоҷикон Шайх Нуриддин аз бародарони Ургутиҳои Ваҳдат аст. Аз хати кашидаи сафорат берун намебарояд. Як муовин ё корманд ё сухангӯйе дигаре доранд бо номи Муҳаммадамин Абдулҳамид, ки дар Миср дар Азҳар таҳсил намудааст ва дари сафоратро бо пояш мекушояду дохил меравад. Гуфтани ҳастам, ки ӯ гумоштаи КДАМ аст ва зодаи Фархор мебошад. Аз дасти ин Муҳаммадамин Абдулҳамид донишомӯзони Миср хело ранҷ дидаанд.  Ӯ маълумот ҷамъ мекунад ва ба сафорат медиҳад, сафорат ба КДАМ. Ҳоли донишомӯз дар натиҷа хароб мешавад ва инчунин пайвандону наздиконаш дар Тоҷикистон ба тазйиқу фишори мақомоти амниятӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Наздиконашонро амният маҷбур мекунад, то фарзандашонро водор ба бозгашт кунанд.

Домулло Ғиёсиддин ном толибилм, ки ҳоло бо ҳамсару фарзандонаш дар Аврупо қарор дорад,  чунин мегӯяд: “Ман соли 2013 ба Миср бо фарзандонам рафтам ва алҳамдулиллоҳ онҷо то соли 2017 таҳсил кардам. Чанд маротиба маро аз сафорат даъват карданд, вале гуфтам, ки ман  ба сафорат кор надорам. Аммо, билохира, як шаб Муҳаммадамини Абдулҳамид аз куҷое адреси маро пайдо карда, ба хонаи ман омад. Гуфт, ки танҳо барои хабаргирии ман омада аст. Фардои ҳамон рӯз  соати 2- шаб ба хонаи ман 40 нафар қувваҳои махсуси ҳукуматӣ дари хонаро зада шикаста, бист нафар вориди хонаи ман шуданд ва бист нафари дигар дар поён хонаро муҳосира карда буданд. Ман аз хоб хестам, ҳеҷ намедонистам чӣ гап аст. Маро бо худашон ба идораи пулис бурданд ва онҷо мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Дар боздоштгоҳи Миср қариб 90 рӯзро паси сар кардам. Як камерае, ки махсуси 8 нафар аст, онҷо 20 нафар ҷой мекунанд. Акнун худатон фикр кунед ҳолат чӣ гӯна вазнин аст.

Ниҳоят, дар бозпурсие бо як муфаттиш сӯҳбатамон гарм шуд. Тамоми парвандаи ман дар дасташ буд. Сафҳа ба сафҳа парвандаамро қариб азёд медонист. Ин бозпурсӣ бештар ба як сӯҳбати гарми дӯстона монанд буд. Ӯ гуфт, ки ту ҳеҷ гуноҳе надорӣ вале аз сафорати Тоҷикистон ба мо нома омад, ки дар фалон суроға як шахси ҷинояткор ва террорист зиндагонӣ мекунад. Аз ҷониби сафорат ба мо тавсия шуд, ки эҳтиёт кунем. Зеро ӯ наҳзатӣ аст ва наҳзатиҳо бо Мурсӣ буданд ва силоҳ ҳам доранд. Мо тибқи ин маълумот хонаро кофтем ва ҳеҷ чизе пайдо накардем.   Иҷрооти қонун вақти зиёд мегирад ва барои ин муҳлати боздоштат тул мекашад. Вақте фаҳмида будам, ки чунин боздоштҳо сурат гирифта истодааст, ба Коммисариати кор бо паноҳандагони Созмони милали мутаҳид ҳамчун паноҳанда муроҷиат карда будам. Аз ҷониби СММ тасдиқномаи муроҷиат доштам ва ба ман ин ҳуҷҷат кумак кард, ки маро ба Тоҷикистон истирдод накарданд. Вале гуфтанд, ки медонем ту паноҳанда ҳастӣ, бароят маълумоти чанд варақӣ омада аст ва бо хуби худат аз Миср хориҷ шав. Вагарна ин ҳуҷҷат фоидаат намекунад. Ман аз Миср бо панҷ фарзандам ба Уфа парвоз кардам ва аз онҷо ба Беларус ва аз Беларус ба Лаҳистону Олмон расидам. Ман ҳеҷ намедонам чӣ гуноҳе дорам ва чаро ба ман чунин муносибат карданд. Аммо хуб медонам, ки ин ҳодиса пас аз омадани Муҳаммадамин Абдулҳамид ба хонаам сурат гирифт. Моро ин шахс дарбадар кард ва тавсияи ман ин аст, ки аз ин шахс толибилмони дар Миср буда эҳтиёт кунанд.Ман хуб ёд дорам вақтҳоеки онҷо будам Муҳаммадамини Абдулҳамид бо консули пешин,ки бо номи Беҳрӯз Раҳимов нишонаҳои толибилмонро пайдо мекард ва шабона худашон бо як корманди амниятии сафорат вориди хонаҳои толибилмон мешуданд.Аз ин донишҷӯён паспортҳояшонро бо зури ва таҳдид кашида мегирифтанд.Онҳоро маҷбур мекарданд худсарона,ки наздиконатон билети ҳавопаймоятонро харанд ва онҳоро ба Тоҷикистон мефиристоданд.Ба маълумоти ман, то 60 нафар донишҷӯёни дар Миср бударо бо чунин шево ба кишвар фиристодаанд.Сафорати Тоҷикистон ба ҳеҷ тифли тоҷикеки дар Миср таваллуд мешавад шаҳодатномаи таваллуд намедиҳад,ҳеҷ тоҷикеро ақди никоҳ намебанданд яъне ҳуҷҷат намедиҳанд инҳо барои фишор овардан ба онҳост.Да мавриди паспорти хориҷӣ бошад ҷойи сухан нест.Аммо ба шахсонеки хоҳанд ва аз худашон бошанд ҳама ҳуҷҷатҳоро барояшон медиҳанд.Пас қазия комилан мушаххас ва маълум аст.

Инҳам саҳифаи Муҳаммадамини Абдулҳамид дар фейсбук метавонед ӯро хубтар шиносед.

https://www.facebook.com/mohammedamin.abdulhamid

Як нафари дигар ба Ислоҳ навиштааст: Сафорати Тоҷикистон дар Миср моҳи декабр тавассути ҷамъияти тоҷикон ва кормандони махсуси худашон ба ҳама тоҷикони муқими Миср эълон кард, ки ҳар шахсе мехоҳад Шиноснома бигирад ва ё ба номаи дохил шудан ба Ал — Азҳар ниёз дорад, ба сафорат омада, сабти ном кунад. Албатта ман фаҳмида будам, ки ин бозӣ ва ё нақшаи КДАМ аст ва мехоҳанд толибилмонро бо ин тарз номнавис ва ба Тоҷикистон баргардонанд. Бародарам аз ман нопурсида рафтааст, то нома бигирад. Аз ӯ сафорат суроғаи макони зист дар Миср пурсиддааст. Бародарам нусхаи шиноснома ва ҳам суроғаи ҷои зисташро додааст. Аз оғози моҳи январ тавассути қувваҳои махсус(спецназ)и Мисрӣ ба ҳама он адресҳое, ки донишомӯзон ба сафорат дода буданд, аз шаби 2 юми январ дарҳои хонаҳоро шикаста ворид шуда, ҳамаро бо худ ба автобусҳо бор карда зану кудак якҷо бурданд. Ҳоло бародарам дар як боздоштгоҳи шаҳри Қоҳира ва ҳамсари ҳомилааш бо се фарзанд дар шуъбаи пулиси Фурӯдгоҳи ин шаҳр қарор дорад. Ҳолаташон хело бад аст ва мо ба сиёсат ва ҳеҷ гурӯҳе шомил нестем вале чаро бо мо чунин карда истодаанд намедонем.

Ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири Пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва динии Ислоҳ як марди қафқозӣ бо номи Магомет дар бораи ҳоли тоҷикон дар Миср чунин навиштааст:

“Ас саламу алайкум шейх

Ситуация таджиков в Египте очень печально, она похоже на ситуацию Уйгуров  в Китае. Вы должны поднимать эту проблему до международного уровня, обратиться к международным правозащитным организациям и подключали СМИ. Более 70 -ти таджиков находятся под стражей. Недавно задержали жену моего соседа, таджика Билала по имени Зарнигор с двумя детьми. Вместе с ними еще двое женщин таджикской национальности.  Данное время они находятся в СИЗО. Просьба тем у кого есть икама, помогите им”.

Фикр мекунам ба тарҷуммаи ин гуфтор ҳеҷ ниёз нест, чун ҳамагон забони русиро медонем.

Номаи як хоҳари тоҷик бо куняи умми Салмон ба Ислоҳ дар бораи аҳволи толибилмони тоҷик дар Миср

Дар Азҳар беш аз дусад донишомӯзи тоҷик қонунӣ таҳсил мекунанд. Кормандони сафорати Тоҷикистон ҳатто суроғаи ҳамин донишҷӯёни қонуниро дарёфт карда, сараввал ба пулиси Миср ҳамчун шахси тундгаро муаррифӣ намуда, баъдан истирдоди онҳоро талаб карда истодаанд. Пулис ба хонаи донишҷӯён шабонгоҳ рафта, аз хонаҳояшон боздошт карда истодааст. Сафорати Тоҷикистон дар Миср ба хешу ақрабои боздоштшудагон хабар дода истодааст, ки пули билети онҳоро фиристанд, то ба Тоҷикистон гусел кунанд. Вагарна, солиёни дароз дар маҳбаси Миср мемонанд. Ман як оиларо медонам, ки 6 фарзанд дорад ва вазъи зиндагиашон дар Ҷийзаи Миср он қадар хуб набуд. Оддӣ зиндагонӣ мекарданд. Ин оиларо пулиси Миср боздошт намуда  ба Қоҳира овард. То ҷое, ки хабар дорам, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Дар Миср тоҷиконро шикор мекунанд

Тибқи як маълумоти дигар, ки ба мо расидааст,  панҷ нафар толибилми Азҳар, ки Иқома (визаи расмӣ барои таҳсил) дошта, дар курси 3 ва 4 мехондаанд,  шаби 5 уми январ пулис дари хонаи истиқоматиашонро шикаста ба хона дохил ва ин панҷ нафарро ба мақарри пулис бурдаанд. Манбаъ мегӯяд, ки ҳамагӣ ин донишҷӯён аз ноҳияи Ғарми Тоҷикистон будаанд.

“Хостем бо дахолати донишгоҳ аз онҷо озодашон кунанд. Ба роҳбарияти донишгоҳ аз идораи пулис тавсия додаанд, ки ба хотири дифоъи тоҷикон гап назанад ва заҳмат накашад.  Зеро амри махсус аст, ки бояд тоҷикон ба куллӣ аз Миср ихроҷ карда шаванд”. — мегӯяд манбаъ.

Ӯ афзуд: “Ба иттилоъи ман аз оғози моҳи январ, пас аз ин ки Сафорати Тоҷикистон дар Миср суроғаҳоро гирифтааст, шикори донишҷӯёни тоҷик шурӯъ шудааст. Ҳамингуна таҷриба  аз ин пеш бо дархости кишвари Чин нисбати Туркистониҳои шарқӣ шуда буд. Сафорати Чин аз мақомоти Миср дархост карда буд, ки тамоми шаҳрвандони Чин дар Мисрро дастгир ва ба Чин истирдод намоянд. Як солу 8 моҳ пеш вазъияти мусалмонони Чин дар Миср хело вазнин  буд. Ҳоло бошад вазъияти тоҷикон дар Миср аз ҳоли онҳо бадтар шудааст. Охир чӣ мехоҳанд аз мо донишомӯзон, ба Тоҷикистон рафта чи кор мекунем?

Ростӣ, тули ин чанд рӯзи охир аз ҳама гӯшаву канори олам дар бораи донишҷӯёни Миср ба мо нома омадааст. Намедонем, кадоме аз онҳоро нашр намоем. Дар дасти мо номаҳои зиёде ҳам ҳастанд, ки соҳибонашон розӣ нашудаанд, то онҳоро пешкаши хонандагон гардонем. Чун аз ҳодисаҳои нақлшуда, метавон соҳиби номаро шинохт. Ингуна ашхос розӣ нестанд, ки шиносоӣ шаванду боз КДАМ аз паи заҷри онҳо шавад.

Як ҷавони донишҷӯи тоҷик, ки шаҳрванди Русия будааст, менависад: “Соли 2013 ҷавононе, ки барои таҳсил омада буданд, пас аз омӯзиши забони арабӣ соли 2016 хостанд ба донишгоҳи Азҳар дохил шаванд. Аммо вақте барои гирифтани ризоиятнома ба сафорат рафтанд, сафорат ба онҳо ин ҳуҷатро надод. Онҳо 7 нафар буданд. Мӯҳлати шиносномаҳояшон хеле кам монда буд. Ҳаммаашон билети ҳавопаймоӣ гирифта Туркия рафтанд. Дониши кофии исломӣ, ки надоштанд, ба дасти эммисарҳои ДОИШ афтоданд. Онҷо мағзшӯӣ шуда, ба Сурия рафтанд. Валлоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Миср ба марги ҳамаи онҳо гунаҳгор аст. Ман номҳояшонро медонам, лозим бошад ҳамаашонро дар ихтиёратон мегузорам. Ингуна ҳолатҳо хеле зиёд дорем, ки аз дасти Сафорати Тоҷикистон донишҷӯён ба садҳо мушкилот гирифтор шуданд. Ҳамин сафорати Тоҷикистон барои мо ҷуз мусибат чизи дигаре наовардаст. Ман шаҳрванди Русия ҳастам, вагарна, ҳолати ман ҳам мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон мешуд. Ман 12 сол аст инҷоям, 5 фарзанд дорам ва Азҳарро тамом кардам. Магистрои қисми диросоти улё  дар шариъат гирифтам. Се фарзандам инҷо таҳсил мекунанд. Яке дар донишгоҳи Қоҳира ва як духтару писарам дар Азҳар мехонанд. Худам феълан ба кору тиҷорат машғулам. Пеши роҳи ин нобасомониҳо агар гирифта нашавад, намедонам ҳоли тоҷикон чӣ мешавад. Дар Миср донишомӯзон аз Русия, Украина, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, кишварҳои Африқоӣ, Канада, Австралия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо ҳастанд. Онҳо озодона таҳсил мекунанд. Сафоратҳои кишварашон бо онҳо муносибати хуб доранд. Ба онҳо кӯмакҳои ҳуқуқиву иҷтимоъӣ мекунанд. Нишастҳои адабӣ фарҳангӣ доир мекунанд. Аз малакаю саводи донишҷӯёнашон меболанд. Танҳо инҷо тоҷикон ва уйғурҳои Чин ба чунин мушкилоти даҳшатнок рӯ ба рӯ ҳастанд, ки он ҳам аз ҷониби ягон бегона не, аз тарафи кормандони сафорат ва мақомоти амниятии кишварашон ранҷ мебинанд. Наход хатари тероризму экстримизмро мисли ҳукумати Тоҷикистон ва Чин дар ҳама олам касе надонад. Дар ҳама ҷо туфайли сиёсати бехирадонаи Раҳмонов тоҷикро терористу экстремист мешиносанд. Магар ҳамин бадном кардани миллат аз ҷониби худи ҳукумат дуруст аст? Илтимос ин масъаларо ҷидди гиред,  чанд зани ҳомилаи тоҷик дар боздоштгоҳҳои пулис зиндониянд, ки вазъияташон бениҳоят хароб аст.Аксаран тоҷиконро дар идораҳои пулиси ин кишвар,ки бо номи қисм маъруфанд,дар қисми 1 ва 2 ва инчунин фурӯдгоҳ нигоҳдорӣ мекунанд. Тавқифгоҳҳои Миср ҳатто барои мардон тоқатфарсост. Шароити ниҳоят бад дорад. Дар як ҳуҷраи барои 10 нафар, то 35 нафарро ҷой мекунанд, акнун ҳолати занони ҳомиларо худатон тасаввур кунед, ки дар он камераҳои сарду бадбӯ ва чиркин дар чи ҳол ҳастанд.

Дар як номаи дигар омадааст: “Ман бо 4 фарзандам ва зани ҳомилаам аз дасти ин ҳукуматдорони золим барои таҳсили фарзандонам ва зиндагонии оромона аз ватан фирор кардам. Ба куҷо равам, падарам дар зиндон аст. Ҳоло тақрибан 13 рӯз аст, ки аз хона берун намебароем, ки мабодо моро нагиранду ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Ман дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд имоми масҷид будам. Аз дасти фишорҳои пайвастаи КДАМ ва  Ҳусейн Мусозодаи беинсоф бо сад сарсониҳо халос шуда, ҳама дороиямро фурӯхта, ҷонамро харидам. Ба ин давлат омадам, инҷо ҳам оромамон намегузоранд”.

Қабл аз чанд дақиқа аз нашри ин матлаб як донишҷӯ ҳолати донишҷӯёнро дар Миср ба Ислоҳ чунин гуфт: Қабл аз шаш рӯз дар ин давлат як калисоеро тарконданд,Аллоҳ доно аст ин кори худи мақомоти Мисрӣ аст барои шурӯъи чунин иқдомҳо.Чунки ҳамеша аз рӯйи таҷрубае,ки дорем аввал чунин коре мекунанд ва шикорро шурӯъ мекунанд.Қувваҳои махсуси Мисрӣ ба масҷиде омаданд ва дарвозаи масҷидро бастанд.Ин масҷид дар Мадинатуннаср ҳайи ошир буд,ки аксаран Тоҷикон инҷо сукунат мекунанд.Автобусе оварданд ҳама намозхонҳоро аз он масҷид бо худ бурданд.Дар миёни намозгузорон 10 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ буданд.Онҳоро ба ҷойи инки ба қисм шуъбаи пулис бубаранд ба хонаҳояшон бурданд,то ҳамсарону фарзандонашонроҳам бо онҳо якҷо бубаранд.Дар ниҳоят онҳоро бо ҳама аҳлу оилаҳояшон,ки тақрибан 70 нафаранд ба қисми 2 бурдаанд.Бидуни шак онҳоро бояд ба Тоҷикистон истирдод намоянд.Чанд зани ин боздоштшудаҳо ҳомилаанд ва ду нафарашон дар ҳолати бади саломатӣ қарор доранд ва ба шифохона ҳатто намебаранд,ин фармони сафорат будааст.Тоҷике боздошт мешавад барояш ҳеҷ кумаке набояд кунанд.Ду рӯз пеш 8 нафар донишҷӯйро аз роҳ боздошт карда ба идораи пулис бурданд аз онҳо то имрӯз ҳеҷ хабаре нест. Ба ҳама онҳоеки хонаҳои истиқоматиро нигоҳубин ва посбонӣ мекунанд,ки бо номи (Баввоб) маъруфанд, гуфтаанд,ки ҳарТоҷике дар хонаҳои зери ҳаросати шумо зиндагонӣ менамоянд ба мо хабар диҳед,то онҳоро Тасфир яъне депорт намоем.Ин суханро бароям Аҳмад гуфтани посбонамон хабар кард.Тақрибан ҳама онҳоеки аз Миср ихроҷ шудаанд барояшон иҷозат надодаанд,то либосҳояшон ва ашёи шахсияшонро бо худ бигиранд,инҳам як зарари ҷиддӣ ба ин миллат аст.Валлоҳи қасам наздикамро боздошт кардаанд тақрибан як моҳ аст ӯро нигоҳ медоранд.Иқома дошт ва расмӣ дар Азҳар таҳсил мекард,ӯро боздоштанд бо амри сафорати Тоҷикистон ва дар садади истирдод ба Тоҷикистон аст.Бо кадомин гуноҳ?

Тақрибан шикоятҳои ҳама ҳамсӯҳбатонамон агарчӣ бо дардҳои гуногӯн баён шуданд, мазмунашон як буд.

Як нафар олиме, ки зодаи Суғд асту баъди хатми ду донишгоҳ дар Тоҷикистон ба Қоҳира омада, маҷистрои Ал-Азҳарро хатм кардааст. Мегӯяд, айни ҳол аз паи муҳофизати рисолаи дуктурияш аст. Аммо, ба хотири чандтарафа фишор овардани мақомоти Тоҷикистон, дар навиштани рисолаи дуктуро хеле мушкилиҳои зиёд пеш омадааст. Ин шахс, ки ба сиёсат ва ҳатто шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳеҷ майле надорад, дар сӯҳбати востапӣ бо мо чанд бор аз алам гиря гулӯгираш кард.

Чанд номаҳое ҳам дар дасти мо ҳастанд, ки дониста мешавад, даҳҳо нафар аз зодагони вилояти Суғди кишвар айни ҳол дар боздоштгоҳи Миср ҳастанд. Дар бораи онҳо ба Пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва динии Ислоҳ маълумотҳои дақиқ омадааст. Дар бораи ҳамаашон ном ба ном пеши мо маълумот ҳаст. Иддае аз онҳо айни ҳол бо вуҷуди доштани тамоми ҳуҷҷатҳои зарури тасдиқкунандаи буду боши расмӣ бо талаби Сафорати Тоҷикистон дар Миср дар боздоштгоҳ қарор доранд. Гуфта мешавад ҳолаташон ниҳоят вахим аст.

Ислоҳ пас аз шунидани ин воқеъаҳо мӯшикофона ин қазияро пайгирӣ намуд ва бо беш аз 19 нафар суҳбат намудем ва маълумотҳоеро, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт намудем тақдими хонандагон намудем. Суханоне,ки такрорӣ буданд онҳоро зикр накардем. Чанд номае дорем, ки соҳибонашон хоҳиш карданд, нашр накунем. Дар ҳолати ба даст овардани ризоияти онҳо он номаҳоро бо инояти парвардигор нашр хоҳем кард.Инчунин дар интизори ҳар ҳолатҳои шумо донишҷӯёни дар Миср буда ҳастем.Ба мо нависед ва Ислоҳ ин минбари шумо ва ҳар мазлумони ин миллат аст,мо барои шумо ва дар хидмати шумо азизонем.

 

Хитоб ба КДАМ ва сафиру кормандони сафорат дар Миср!

Хусрав Нозирӣ Сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндаи доимии ҶТ дар ИДА


Нозирӣ Хусрав, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб, бо ҷумлаи ҳамкоронатон. Кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон, ки дар ҳама ҷо мардуми тоҷик аз дасти шумо амнияту оромиш надоранд.  Хитоби мо ба шумо инаст, ки даст аз зулм бардоред.Ҷаноби Сафир ин режимеки шумо аз он намояндагӣ мекунед рӯ ба завол аст.Шумо набояд ба ин амалҳои хашину пасте даст занед ва ба шаҳрвандони кишвари худ дар ин кишвари Арабӣ ба чунин иқдомҳои нораво иҷозат диҳед.КДАМ ҷабру ситами шумо аз дохили кишвар, то ба хориҷ ҳам расид. Аз муассисаҳои ҳуқуқӣ талаб менамоем, ки ба ин қазия аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Нагузоранд, ки ин ҳукумати Тоҷикистон даст ба чунин қонуншиканиҳо дар ин давлат занад! Кӯшиш мекунем бо забони арабӣ ин қазияро барои расонаҳои арабзабон тақдим намоем. Ногуфта намонад, ки аҳволи донишҷӯёни тоҷик дар Арабистони Саъудӣ аз ин ҳам бадтар аст, ки рӯзҳои наздик дар ин бора ҳам хоҳем навишт.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article