Досияи сиёҳи “Мир”-и Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров

Вақте моҷарои қатли домулло Абдураҳмон дар Ҳисор дубора рӯ зад хелеҳо интизор доштанд,ки оқибат ҳақ ба ҳақдор мерсад ва мутмаин буданд,ки акнун шароити он расидаст,ки Мансуров ба ҷиноятҳои кардааш посух хоҳад гуфт.

 

Досияи сиёҳи “Мир”-и Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров

(бахши дуввум)

Вақте моҷарои қатли домулло Абдураҳмон дар Ҳисор дубора рӯ зад хелеҳо интизор доштанд,ки оқибат ҳақ ба ҳақдор мерсад ва мутмаин буданд,ки акнун шароити он расидаст,ки Мансуров ба ҷиноятҳои кардааш посух хоҳад гуфт. Аммо баъд аз он ки ин қотил аз об хушк бароомад, хелеҳо дар Ҳисор фаҳмиданд, ки ҳанӯз ҳам Раҳмонов пуштии мисли Мансуров қотилу ғоратгару дуздҳоро мегирад, на ҷониби халқи бечораро. Ва аз ин ҳукумат ва ҳукуматдор башиддат норозӣ шуданд.Аммо мо ин қазияро бо ҷиддият идома медиҳем.

 

Аммо ин танҳо ҷинояти содиркардаи Мансуров дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он набуд. Он солҳо-солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ӯро Раҳмонов барои навоҳии атрофи Душанбе як навъ “фиристодаи махсус” таъйин карда буд. Вай бо ташкили як гурӯҳе бо номи Илоҳибахш аз шумори сокинони деҳаи Белайдуз ва қумандонҳои зери итоаташ аз Фронти халқӣ қири сокинони Файзобод ва бахусус Ваҳдатро баровард. Аз шаҳру деҳаҳои Ваҳдат КаМаз- КаМаз молу маҳсулоти сокинонро ба зӯрӣ кашида гирифта меоварданд ва байни ҳам тақсим мекарданд. Махсусан молу маҳсулоти сохтмонии мардум ва ҳатто гилему палос то лавозими даруни гаҳвораи онҳоро оварда байни ҳам тақсим мекарданд. Ҳамаи ин корҳоро Мансуров ташкил ва назорат мекард. Садҳо нафар зану мард ва кӯдаконро ба баҳонаи “вовчик” ва оппозитсия кушт. Вай чистилшик буд.

 

Як ҷинояти дигари ӯ ин буд,ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва то чанд соли баъд аз он ки раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ оғоз шуда ва хеле аз корхонаҳо арзону бо камтарин ва ночизтарин нарх фурӯхта шуданд, Мансуров,ки раиси ноҳия ва мансабдори давлатӣ буд,иншоот ва заминҳои зиёдеро дар ноҳия тасарруф ва ғасб кард.Дар ҳоли ҳозир беш аз 100 гектар замини обиро тасарруф кардааст.Ҳоло аз онҳо суд ва баҳраи зиёд мегирад. Зеро писараш дар Кумитаи андоз кор мекунад ва тамоми корхонаву иншоот ва заминҳои Мансуров аз андоз озоданд.

 

Мансуров бо истифода аз фурсат,ки ҳам раис ва ҳам фармондеҳи Фронти халқӣ буд як роҳи даромади калонро дар фурӯхтани силоҳу муҳиммоти ҷангии Фронти халқӣ медид. Вай силоҳу муҳиммотеро,ки аз Узбакистон меомад, ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва афроди алоҳида, хулоса ба чапу рост мефурӯхт. Автомат,туфанг ва чандин навъи силоҳро. Баъдан боз алайҳи ин гурӯҳҳо амалиёт мегузаронд, онҳоро мекушт ва ё дастгир мекард ва бар ивази пули калон раҳо месохт . То чанд сол буд, ки махсусан афроди доро ва бизнесменҳои ҳисорӣ аз ӯ қади аҷал метарсиданд.Барои мисол Муродалӣ Алимардонов гӯиё дар соли 2002 ба Мансуров як Ланд Крузерро тӯҳфа кард,ки дар он вақтҳо ҳатто дар гаражи ҳукумати Тоҷикистон он хелаш набуд. Аммо дар асл онро Мансуров ба зӯрӣ гирифта буд.(Қиссаи ин Ланд-Крузерро поинтар мегӯям)

 

Он замон як нафари сарватманд Абдуқодир Эрматов, директори ТадАз-заводи алюминий буд. Заводи алюминий он солҳо хеле муваффақ буд. Эрматов ду Ниссан-патрули сиёҳи охирин маркаро тавассути самолёт овард. Яктои онро ҳам Мансуров ба зӯрӣ гирифт. Якеи ин мошинҳоро фармондеҳи дигар Ҳабиб Насруллоев, мулаққаб ба Ҳабиби хирс,ки раиси ноҳияи Шаҳринав буд гирифт.

 

Ҷамолиддин Мансуров дар қочоқи маводди мухаддир ҳам даст дорад. Яке аз писарҳои Мансуров,ки Шодмон ном дорад, дар соли 2004 аз тарафи ходимони Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд. Ҳамон сол шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм карда ва барояш ҳатто ҷойи кор ҳам пешбинӣ карда буданд. Аммо Шодмон як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ барои қочоқи маводди мухаддирро ташкил дода буданд,ки ин гурӯҳ корро аз А то Я, яъне аз аввал то ба охир анҷом медод ва ҳеройини Афғонистонро ворид ва содир мекард.Хеле кор карданд. Ҷамъу гир намуданд. Мансуров ҳам кӯмак мекард. Барои онки Шодмонро як наркобарони пулдор нишон диҳад, ҳамон Ленд-Крузери аз Алимардонов ба зӯрӣ гирифтаашро дар ихтиёраш гузошта буд. Аммо чи мегӯед, ки ҳаром боз ба ҳаром меравад гуфтагӣ барин, Шодмон ва чанд аъзои гурӯҳи ӯ ба дасти Оҷонсӣ меафтанд, дастгир мешаванд. Кори ҷиноӣ ифтитоҳ ва тафтишот шурӯъ мешавад.

 

Аммо Мансуров як бало карда(чун чунин таҷрибаро дорад) гапзанон мекунад ва ҳамон Ланд-Крузерро ба муфаттиш тӯҳфа мекунад. Шодмонро ҳамчун шоҳиди ҳодиса нишон дода раҳо мекунанд, аммо чанде аз аъзои гурӯҳ паси панҷара мераванд. Ҳамин эпизоди шармовари Мансуровро ҳам Президент огоҳ буд вале чашм пӯшид ва як ҷинояткори қотилро дастгирӣ кард.Намедонам,ин аз қудрати Мансуров буд ва ё шояд гузаштаи ҷиноии муштаракашон буд ва ё Мансуров кадом сирру асрори сахти Раҳмоновро медонад,ки дар ҳамон ҷаласаи бахшида ба 25-солагии баргузории Иҷлосияи 16 Раҳмонов дар ҳузури хелеҳо мегӯяд: “ мо туро фаромуш накардаем.Хизматҳои туро дар соли 1992 дар ёд дорем.”

 

Писари калонии ӯ Мансуров Умед Ҷамолиддинович,сардори яке аз раёсатҳои Кумитаи андози Тоҷикистон аст.Соли 2005 ум як камбағалдухтар дар хонаи онҳо кор мекард.Духтари бобои Нор.Дар деҳа дар ҳамсоягии Мансуров зиндагӣ мекунанд.Духтари ҷавони бокира буд.Умед ӯро таҷовуз ва нодухтар кард.Як сару садо дар ин бора дар деҳа баланд шуд. Дар ҳол аз ҷониби Мансуров ва одамҳояш ба падари он духтар таҳдид карданд ва ё шояд бар ивази пулу мол сокит карданд, ки вай аз даъво даст кашид.Масъаларо пӯшониданд, ҷиноят нокушода ва ҷинояткор бе ҷазо монд.Аммо ин духтар бадном шуд ва ҳамин тавр касе ӯро хостгор нашуд ва то ҳанӯз бе шавҳар аст.

 

Як ҷинояти дигари Мансуров ин буд,ки гӯиё барои шаҳрвандон дар гирифтани қарз кӯмак мекард.Чунки он вақт бародараш раиси бонк буд. Ҳоло инҷо ҳикоятеро аз забони Мирзоева Лола Абдуҷабборовна мутаваллиди соли 1960 меоврам,ки худ хонед ва хулса бароред:

 

“Аз соли 2001 ба ин тараф рӯз надорам. Дар Русия ҳастам ва сахт азоб мекашам.Маҷбур шудам бо се фарзандам аз ватан баромада равам.Бо ду фарзанди ноболиғ. Ман аз ҷабру зулми Мансуровҳо маҷбур шудам,ки тарки ватан кунам.Ман ба маблағи 10 милион рубл аз бонк кредит гирифтам. Вақте мо ин кредитро гирифтем Раҷабалӣ Мансуров 2 миллионро надод,бо зӯрӣ ва дӯғу пӯписа ҳамчун”доля” гирифт. Мо ба ҳазору як азоб ин кредитро кор карда саривақт баргардонидем. 10 миллион рублро гардонида додем. Аммо Мансуров ба ин тарзи кор қаноат накарда барои мо боз 8 ҳазор сомонӣ аз ҳаво кредит навист.Лекин ман ин ҳуҷҷатҳоро на ба чашмам дидаам ва на имзо кардаам. Онҳо маро ниҳот ғам доданд, азият карданд, намонданд ба ҷону ҳолам.Писарамро бурда латту куб карданд, заданд дар милисахона шавҳарамро бурда заданд. Барои ҳамаи ин ҳуҷҷат ҳаст, ариза ҳаст, вале ягон ҷавоби ариза ба мо наомад. Соли 2001 Мансуров Раҷабалӣ,раиси Бонк маро бе молу мулк кард. Барои 8 ҳазор сомонӣ: на хона дорам, на дар дорам. Дар иҷора менишастам дар Душанбе, маро зада бароварданд,дар онҷо ҳам рӯз надоданд. Бо милисаҳои Ҳисор ба хонаи иҷораи мо омаданд , дар даст пистолет ва бо ҷангу ҷангҷол моро бароварданд. Шабошаб мо се кас гурехта рафтем. Ҳуҷҷати хонаро, вақте ки мо маблағи редитро супоридем гардонида доданд.Лекин Мансуров бисёр азоб дод.Мо навистем ба суд, ба прокурор, лекин ягон ариза қаноатбахш нашуд.

 

Мансуров аризаҳои моро мехарид.Ба мо мерасониданд. Ҷиянҳои Мансуров,ки он вақт дар Амонатбонк кор мекарданд,низ чанд бор бо писталет омада моро таҳдид карданд,ки баромада равем.Мо хонаи Ҷамолиддин Мансуров вақте рафтем пурсиданӣ,ки чи кор кунем,ки ҷиянҳоят ҳамин хел кор карда истодаанд, гуфт, ки бароеду равед, набошад шуморо мекушанд. Дар хонааш ба мо ҳамин хел ҷавоб дод.Мо ариза навиштем ба номи Прокурори генералӣ. Аммо ҳеҷ чиз иваз нашуд.Баракс шавҳарамро беасос бурданду дар Регар маҳкам карданд. Писарамро бурданду маҳкам карданду заданд беасос. Мо ингуна муносибатро дида аз Тоҷикистон баромада рафтем.Тарсидем,ки зинда намемонем аз дасти ин қотилҳо. Аз 21 сентябри соли 2001 дар Руси ҳастем.Ҳоло омадем. Ба назарам шароит дигар шудааст, қонунҳоро риоя мекунанд. Бовар дорам,ки Ҷаноби олӣ моро намепартояд. Ман мехоҳам оилаи ман ҳам дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад…”

 

Аммо Мансуров на танҳо дузду ғоратгару морхӯ буд.Вай ҳатто дар ҳамон солҳо ба Раҳмонов ҳам хиёнат карда будааст. Яке аз наздиконаш,ки солҳои пеш бо ӯ иртиботи танготанг дошта ва дар аксар сафарҳо ҳамроҳӣ мекардааст,нақл мекунад,ки соли 1994 якҷо Маскав мераванд. Зоҳиран барои истироҳат ва табобат.Ҳанӯз аз фурудгоҳи Маскав чанд нафаре баъди як вохӯрии тунду мухтасар савор бар мошин карда бархе аз тӯҳфаҳои аз Тоҷикистон бурдаро дар бағоҷи дигар мошин гузошта меҳмонони тоҷикиро ба як ҷангал меоваранд. Онҷо як осоишгоҳи хеле ҳам дилкаш ва хушманзара меҳмононро мунтазир будааст. Хулоса, онҷо чанд рӯзе,ки қарор доштанд ҳамарӯза то 10 нафар пеши Мансуров омада бо вай дуру дароз сӯҳбат мекардаанд. Он вақт Мансуров раиси шаҳри Душанбе ва аз нафарони соҳиби мақому манзалат дар ҳокимият ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамаи корҳо ва сирру асрори ҳукумат ҳам бохабар буд. Фармондеҳи Фронти халқӣ ҳам буд. Дертар маълум мешавад,ки Мансуров ба он нафарон маълумот ва иттилоот аз Душанберо медодааст. Вай дар асл хабаркашӣ ва ҷосусӣ мекардааст. Он нафарон ҳам кормандони ФСБ-и Русия будаанд,ки назди Мансуров барои касби маълумот меомадаанд.Аз тарафи дигар онҳо барои Мансуров (Фронти халқӣ) силоҳу дигар абзори ҷангӣ ҳам мефурӯхтаанд.

 

Як нуктаи дигар ин аст ки то ҳамин имрӯз Мансуров болои тамоми раисони ноҳияи Ҳисор нуфуз дорад.Барои мисол қабл аз раиси феълӣ Усмон Сабзов ва қабл аз ӯ Маҳмадалӣ Тӯхтаев буданд,ки дар аксарияти ҳолатҳо бо дастуру роҳнамоии Мансуров амал мекарданд. Дар хонаи Мансуров ҳоло ҳам ҷамъ меоянд, зиёфат ташкил медиҳанд ва барои Мансуров тӯҳфаҳо меоранд.Шиори онҳо ҳамин аст: 99% барои худат ва 1% барои давлат. Ин ҳам шиор аст ва ҳам насиҳату машварати Мансуров ба раисони Ҳисор.Раиси феълии Ҳисор ҳам ҳамин тавр. Ду бор бо ришваи калон ба чанги Оҷонсии мубориза бо фасод меафтад.Аммо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба генерал Сулаймон Султон, раиси Оҷонсӣ занг зада аз номи Президент мегӯяд,ки ба вай кордор нашавед. Хулоса Мансуров то ҳамин имрӯз пири маънавӣ ва руҳонии раисони Ҳисор аст.

 

Воқеияти феълии кишвар шаҳодати он аст ки Раҳмонов ҷиноятҳои бисёр ҳам сангини хеле аз онҳоеро,ки дар соли 92 ва минбаъд то хатми ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳаш буданд, нодида мегирад ва ҳамин ҳоло ҳам аз онҳо ҳимоят мекунад. Метавон гуфт,ки бисёре аз ҷинояткорҳоро дастгирӣ мекунад. Дар ҳоле,ки барои 200- 400 сомонӣ ва ё барои салом надодан парванда мекушояд ва солҳои зиёд зиндон мекунад,аммо ҷинояткори гузароро,ки одам куштааст, ғорат кардааст, ба яғмо бурдааст,пуштибонӣ ва дастгирӣ мекунад. Чуноне аз ин як мурури кутоҳ ба досйеи Ҷамолиддин Мансуров,раиси собиқи ноҳияи Ҳисор ва аз фармондеҳони Фронти халқӣ дар ин водӣ дидем,ки бо вуҷуди онки дар сангинтарин ва хафвноктарин ҷиноятҳо шарик аст,содир ва созмондеҳӣ кардааст,ҳамоно дар озодӣ, чи хеле мегӯянд буруташро табар намебурад.

 

Боридигар хонандаи гиромӣ инҷо аз ҳамаи шумо даъват мекунам,ки ҳар чи дар бораи ин қотили мардуми Ҳисор ва атрофи Душанбе медонед, маълумоте доред ба мо бифиристед.Мо ҳама он ҷиноятҳои анҷомдодаи ӯро тақдими ҳамагон менамоем ва ба ҷавобгарӣ дар ин дунё қабл аз охират хоҳем кашид.

 

Мутмаин бошед,ки рӯзи ҷазо барои ҳар як ҷинояткор хоҳад расид. Кайфари корашро хоҳад бурд ва подошашро хоҳад гирифт. Ин ваъдаи Парвардигор аст.

 

Хонандаи гиромӣ агар шумо шоҳиди ҷиноятҳои Ҷамолиддин Мансуров ҳастед ба мо онҳоро нависед,то онҳоро бо ончи дар ихтиёрамон дорем расонаи кунем.

Идома дорад,поёни бахши дуввум “Досияи сиёҳи “Мир”-и Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров”

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Пешгирии КДАМ аз тазоҳуроти 80 зани исфарагӣ назди дастгоҳи президент

Зиёда аз ҳаштод нафар занону модарон аз шаҳри Исфара, ки раҳсипор ба Душанбе будаанд, Кормандони КДАМ дар шаҳри Хуҷанд пеши роҳашонро гирифта, ба идораи Раёсати вилоятии КДАМ дар вилояти Суғд меоранд.
Read More

Аз рамазон ва рӯзадорӣ чӣ фоидаҳое метавон ба даст овард?

Сипас равон шудем ё маро бурданд,то инки мардумонеро дидам,ки овезон буданд ва аз атрофи даҳонашон хун равон буд.Гуфтам: инҳо чӣ касоне ҳастанд? Гуфт: инҳо шахсоне мебошанд,ки қабл аз расидани вақти ифтор (яъне ғуруби офтоб ) рӯзаҳояшонро кушоданд ё хурданд”