Досияи сиёҳи Полковник Нуралӣ Муродов

Ислоҳ нет

 

Досияи сиёҳи Полковник Нуралӣ Муродов

(бахши чорум)

 

Нуралӣ Муродов,зодаи ноҳияи Московский- Ҳамадонии имрӯза аст. Манзили зисташон дар кӯчаи Пушкин буд. Мактаби №1 ба номи Садриддин Айниро ба итмом расонидааст. Мутаваллиди соли 1972.Даврони бачагӣ як наврасиаш мисли дигар бачаҳои замони шӯравӣ сипарӣ шудааст. Одоб ва рафтори хуб дошт, хушмуомила ва хушсӯҳбат буд. Дар хонавода ҳам тарбияти хуб гирифтааст. Падараш Ашӯров Мурод,автомагазин дошт.

 

Зимнан кӯчае,ки Нуралии сиёҳ таваллуд шудааст, кӯчаи Пушкин ном дошт. Баъди вафоти Одина Ҳошим, сарояндаи мардумӣ хостанд, ки ба номи вай бигузоранд.Зеро манзили ӯ ҳам дар ҳамонҷо аст. Аммо гӯиё Одина Ҳошим барои режима душман ҳисоб мешудааст.Барои ҳамин гирифтанду саросемавор номи Пушкинро бо номи НарзибековЮки якумин раиси ноҳия будааст, иваз намуданд

 

Қасди Нуралӣ Муродов аз инҷо сарчашма мегирад

 

Як бародари калониаш,ки соли 1969 ба дунё омада ва дар яке аз мақомоти қудратӣ кор мекард дар соли 1993 дар яке аз ҷангҳо дар Ғарм кушта мешавад. Гурӯҳи онҳо ба муҳосира меафтад.Ба дархости онки силоҳҳоро ба замин гузошта таслим бишаванд,Нодир Муродов,бародари Нуралӣ гардан намедиҳад ва азбаски аз тарафи баландӣ дар иҳота афтода буданд аввалин тир ӯро ҳадаф мегирад. Эҳтимол аст ки сабаби нафрат ва бадбинии ӯ нисбат ба мардуми Рашт дар дили ӯ бар асари ҳамин ҳодиса пайдо шуда бошад.Мумкин аст ки қасду бадбиниаш ҳам аз ҳамин ҷиҳат аст. Бо Ятимов аслан ягон хешу таборӣ надорад. Ба президент ҳам.Кас ҳайрон мешавад,ки чаро худашро ҷияни Ятимов муаррифӣ мекарда бошад.Солҳои донишҷӯӣ дар хонаи ҳамин бародараш,ки дар Якум Советский воқеъ аст, зиндагӣ мекард.Вай то инки сардори КДАМ дар минтақаи Рашт таъйин шавад дар Истаравшан,Файзобод ва дар дастгоҳи марказии КДАМ кор кардааст.

 

Нашри ҷиноятҳои Нуралии сиёҳ дар Рашт мардуми ин водиро такон дод ва онҳо бо ҳар роҳу васила лаҳза ва мавориду эпизодҳои алоҳида аз силсилаҷиноятҳои ӯро ирсол медоранд. Дар бораи хислату хосият ва сатҳи зарарнокии ин ҷиноёт ба мардум чизе намегӯем.Мустақим худи он ҷиноятҳоро,ки Нуралии сиёҳ анҷом додааст, зикр мекунем.

 

Нуралии сиёҳ, бо ҳамон методҳои то ба имрӯз корбурдааш бо як кормандаш,ки Рустамов Сайалӣ Табарович ном дорад нақшае мекашанд,ки як ҳамдеҳаи Сайалиро,ки аз соли 2013 дар муҳоҷирати корӣ дар Маскав қарор доштааст, баргардонида ӯро барои як класс гузоштан дар зери кадом навиштаи интернетӣ ба ифротгароӣ муттаҳам кунанд ва ҳамзамон “чор танга” ба даст оваранд. Нуралии сиёҳ Сайалиро ба назди волидони он муҳоҷир ба деҳаи Санги Малик равон мекунад. Ин муҳоҷир Давлатов Фарҳод Суфиевич ном дорад,ки соли тавалудаш 1995 мебошад. Сайали меояд ва маслиҳат медиҳад, ки писаратонро гап занед, биёяд, ягон сум диҳад то корҳояшро ҳал кунем. Ҳамин тариқ телефон ва ҷои будубоши ӯро муайян мекунанд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш медиҳанд. 29-уми декабри соли 2018 Давлатов Фарҳодро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд ва Нуралии Сиёҳ тавассути Сайалӣ Рустамов падару модари Фарҳодро фиреб дода 12-хазор сомонӣ талаб мекунанд ва ваъда медиҳанд,ки “ бачата озод мекунем”. Бечораи камбағал 10000 сомонӣ ёфта ба Сайалӣ Рустамов медиҳаду мегӯяд, ки илтимос “корро буд кунед, боз боқии пулатонро ёфта медиҳем”. Ҳамин тариқ 10-ҳазор сомонии он камбағалро, ки дар карераи соҳили дарёи Сорбоғи ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бо нуги бели лапотка регу шағал бор карда тин ба тин сум чамъ мекунад, Рустамов Сайалӣ гирифта бо Нуралии сиёҳ якҷоя масрафи зиндагии худ мекунанду тибқи одат он нафарро, ки номаш акаи Сӯфӣ аст кидат мекунанд. Аммо писари он нафар барои 6-сол ба зиндон маҳкум мешавад. Боз ба ин қаноат накарда чанд маротибаи дигар Сайалӣ омада аз ин падари фиребхӯрда “2-ҳазор сомонии боқимондаро биёру бидеҳ, ки шеф пурсида истодай маро”,гуфта маҷбур кардааст. Чанд нафар ба ин падари бечора маслиҳат додаанд,ки “даъво куну сумота гир”, гуфтааст метарсам, ки боз чи балои дигаре ба сари писарам наоранд дар дохили зиндон. Писарашро ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи ДОИШ муттаҳам карда 6 сол зиндон додаанд.

 

Пештар гуфта будем,ки ҳоло Нуралии сиёҳ амалан бек ва раиси Рашт аст ва дар ҳама кор фукашро мехалонад.Вале ҳамеша бар ивази пул. “Корафтодаҳо” пешаш мераванд,чун вай худро дар ҳама ҷо ба ҷуз аз онки раиси КДАМи Рашт аст, ҳамчун ҷияни роднойи Саймумин Ятимов,раиси КДАМ шинос мекунад. Дар бораи онки дар асл вай кӣ аст ва бо Ятимов кадом робитаи хешу таборӣ дорад ё не, тибқи маълумотҳои мо Нурали бо Ятимов наздики надорад. Нодир Муродов бародари Нуралӣ Муродов бо Ятимов қудогӣ дорад ва шиносоии Нуралӣ бо Ятимов аз инҷо мебошад.

 

Аммо инҷо боз аз як ҷинояти дигари ӯ хоҳем гуфт,ки агар ин давлат давлат бошад ва агар ин давлат ҳамчунин дуздҳо ва ҷинояткорҳоро дастгирӣ ва парвариш накунад,кайҳо ин тудаи авбош ва арозил сокини зиндон мешуданд.

 

Як ҷинояти дигари Нуралии сиёҳ пуштибонии аз Кабиров Эмомалӣ, комиссари воҳиди низомии 02011-и вазорати мудофеъа, мебошад,ки 4 сол боз тамоми ҷангалу буттаи Камаробро хароб кардаву мебураду мефурушад ва ба шикорчиён ошкоро тири автомату карабин савдо мекунад.

 

Бубинед,ки то куҷо Эмомали Кабиров дасту пойи дароз дорад. Тавассути заҳмати сарбозҳо 2500 дарза алаф ҷамъоварӣ карда ва ҳар дарзаро 5+6 сомонӣ мефурӯшад. Буқаи 5-сола ва 400 сар гусфанди қисми низомиро фурӯхт. Дар ивази як гӯсфанд ва чанд адад тир шикрочиёнро киро карда 2-хирсро сайд карда ба афсарони боло равон кард. Чанд навбат аз рамаи даҳмардаҳо бузу гӯсфандҳоро паронида бо дастони қассобҳо пул кард. Канализатсияи қисми ҳарбиро дар дарёи Сарбоғ, ки халк истифода мебарад сар медиҳад.Замини як деҳқони камбағалро ба “свалка” ҷойи патофту ахлот табдил кардаст. Кормандони кумитаи ҳифзи муҳити зист-экология рафтаанд,ки чаро чунин мекунӣ…”на три букви” посилаташон кардааст.Ҳар гоҳ хост сарбозро барои рухсатӣ ҷавоб медиҳад аммо барои ҳар рӯз бояд 20 сомонӣ қабл аз рафтан бисупорад.

 

Эмомалӣ Кабиров,комиссари воҳиди низомӣ инҷо бисёр бедодгариҳо карда аст. Як корманди амният гуфтай 70 маврид аз ҷиноятҳошро ошкор ва санад кардем. Аммо Нуралии сиёҳ пуштибониаш мекунад. Намемонад чораандешӣ кунем нисбаташ. Аз ҷинояткор ҳимоя мекунад ва то онҷо ки фаҳмидем Нуралии сиёҳ аз Кабиров Эмомалӣ пул мегирифтааст ва ду каса барои ба даст овардани маблағҳои ҷиноӣ ва азобу азияти мардуми Рашт нақша мекашидаанд.

 

То онҷо ки маълумамон шуд, фиристодани Нуралии сиёҳ ба Рашт махсус ва тибқи як нақшаи хос будааст. Сабаб ин будааст, ки Ятимов ба Раҳмонов гуфтааст,ки чаро мо 28 сол мешад,ки давлат дар дастамон аммо боз ҳам дар 4 бозори мардикори Душанбе ҳама аз Кӯлоб. Дар бозори мардикорзанони Қурғонтеппа ҳам занони кӯлобӣ. Вале зиндагии мардуми ғармӣ ҳоло ҳам аз мо беҳтар аст. Ятимов гуфтааст,ки тамоми дороии шӯравӣ дар дасти ғармихо буд. Вақти ҷанг ва гурезагиашон пул ҳоро гирифта Русия рафтанд. Ба ҳамин хотир Ятимов одамони махсуси худашро ба минтақи навоҳии Ғарм фиристодааст ва Нуралии сиёҳ роҳбари онҳост.Сардорони милиса ,сардорони КДАм ва ҳатто қисмҳои низомӣ таҳти итоати Нуралии сиёҳ аст.Мо дида истодаем,ки на танҳо дар байни мардум, мактабу маориф дар дохили Рашт, дар Русия дар байни соҳибкорони пулдори раштӣ “одам” мондааст. Ҳоло бархе аз он соҳибкорон пай бурдаанд аммо хелеҳояшон бепарвоӣ карда истодаанд,вале оқибаташро мебинанд, чун Раҳмонов намехоҳад мардуми мо доро шаванд.

 

Чаро Раҳмонов бо 7 қудову 7 духтару домодаш якбор ҳам шуда аз ҳисоби шахсиашон ба ягон ҷо кӯмак намекунанд,вале соҳибкорони раштӣ солҳои ахир гирди Нуралии сиёҳ давр зада истодаанд. Як мисоли равшан, ки Нуралии сиёҳ агар аҳду вафо дошт, бо раисаи пешини н. Тоҷикобод, раиси н. Рашт чунин намекард.Лоиқшо Қаноатро бо бародари соҳибкораш ҷӯшиду ҷӯшид. Маҳз бо пули онҳо дар даруни як автобаза дар пушти Политехникуми пойтахт як қаср сохт, вале охир барои он ки хурдагиҳояош набарояд сиёҳаш кард…. Барои соҳибкорони раштӣ гуфтаниам,ки бо Нуралӣ бисёр наздик нашавед,ки нақшаи вай нобуд ва маҳви шумост. Тамоми дороиҳои якояки шуморо руихат карда, мошинҳо,хонаҳо, тиҷоратҳоро ба воситаи Ятимов ба Раҳмонов расонида истодааст. Валлоҳи қасам ин ҳарфҳо ба мо аз худи амниятиҳо мерасанд.Онҳо бояд бо ҳар роҳу восита бифаҳманд,ки дар Русия чи қадар соҳибкорони муваффақи ғармӣ кор мекунанд, онҳоро ҳар бало карда бо роҳи фиреб, бо роҳи ҷалб кардани онҳо барои ягон барнома аммо дар амал барои нобуд кардан ба дохил бозгардондан мехоҳанд. Зеро гумонашон ин аст ки агар ғармиҳо бой шаванд дар фикри ҳукумат меафтанд.

 

Нуралии сиёҳ ба воситаи агентҳо ва бузҳояш феҳрист кардааст ва бо фиреб дурустии онро аз дигарҳо мепурсад. Ҳоло мо дида истодаем,ки аз худи Раҳмонов сар кара то Нуралии сиёҳ соҳибкорони ғармиро ҷӯшида истодаанд. Аз тамоми соҳибкорони раштӣ хоҳишам ин аст ки эҳтиёт кунанд ва Нуралии сиёҳро худӣ наҳисобанд.

 

Дар идомаи корномаҳои Нуралии сиёҳ дар Раҳт як ҳикояти тозае изофа шуд. Инҷо номаи як нафарро аз ноҳияи Рашт меоварам,ки дар иртибот ба ҷурму ҷиноятҳои дигари Нуралии сиёҳ мегӯяд.Ба навиштаи муаллифи ин нома Нуралии сиёҳ дар ноҳияи Рашт ҳамаи умурро дар зери назорат гирифтааст.

 

Як бародари мо аз ноҳияи Рашт, аз қишлоқи Ҷафр дар шаҳри Маскав кор мекард. Дар вақти кораш кадом вақте Эмомалиро ҳақорат кардаааст. Кадом шарикаш навор бардошта ба раиси ҷамоати Ҷафр роҳӣ кардааст. Раиси ҷамоат,ки Искандаров Оятулло Иззатшоевич ном дорад ин наворро мебарад ва ба Нуралӣ нишон медиҳад. Баъди тамошои навор Нуралӣ ба раиси ҷамоат дастур медиҳад,ки рақами телефони он нафарро ёфта диҳад. Нуралӣ телефонро гирифта ба он одам занг зада навори сӯҳбатҳои худашро,ки дашном дошт мешунавононад.Таҳдид мекунад,ки зуд расида ояд вагарна ҳам зан ва ҳам духтаратро фалон мекунам, мегӯяд. Он одам қарз карда бармегардад.Шабошаб ба Ҷафр мерасад.Ӯро дастгир карда мебаранд ба шӯъбаи амният ва се рӯз мурданивор латту кӯб карда мегӯянд,ки ё 20 ҳазор сомонӣ медиҳӣ ё “статя” мезанему 20 сол мешинонемат.Ин одам 4 кудаки маъюб дорад. 4 говашро фурухта бурда 20 ҳазор сомониро ба Нуралӣ медиҳад.Баъди пулҳоро гирифтан Нуралӣ гуфтааст,ки мо кулобиҳоро Ҷаноби Олӣ махсус Ғарм роҳӣ кардааст,ки бояд ғармиҳоро зану мардашро фалон кунем, дигар Ҷаноби олиро ҳақорат накунед, ки ҳаминхелиатон мекунем. Ҳамин раиси ҷамоати Ҷафрро худи Нуралӣ ба вазифа мондагӣ аст. Номарди беномуси Искандаров Оятулло дар ҷони ҳама мардуми Ҷафр задагӣ аст. Аз соли 2019,ки ба ин вазифа монданаш ҳамаро мебарад дар пеши Нуралӣ мефурушад.

 

Рӯзи 15. 02. 2020 ОЯТУЛЛО рафта ҳарду масҷиди Ҷафрро “дар замок” қулф карда гуфтаааст,ки то сарбозҳоятонро омода накунед, масҷидҳоятонро намекушоем. Занҳоятонро фалон мекунам . Агар бачаҳоятонро роҳӣ накунед, духтарҳоятонро мебарам ба хизмат гуфтаааст.Ду сарбозро номнавис карда будаанд,ки онҳо дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштаанд.Оятулло ба Нуралӣ занг зада гуфтааст,ки бачаҳояшонро фирорӣ доданд. Падари ин ҳардуро Нуралӣ мебарад ва ба подвали амният маҳкам мекунад. Хешу таборҳо 16 сомонӣ ҷамъ карда бурда медиҳанд ва онҳоро ҷавоб медиҳад.Ҳозир ба баҳонаи сарбозгирӣ рӯихати ҷавонони синни аскариро тайёр карда ва бурда ба дасти Нуралӣ супоридааст. Нуралӣ падару модарҳоро фарёд карда аз онҳо 8 ҳазорсомонӣ гирифта истодааст. Ва кадомаше,ки ин пулро дод, гуфтааст,ки зуд ҳуй хуред ва инҷоҳо наистед, баромада равед Русия. Аммо кадоме,ки надошту надодааст дар масҷидҳо маҳкам карда ва болои онҳо посбон мондааст.

 

Гуфтааст,ки агар як нафари онҳо гурехтанд ҳам ин посбон бо зану кудакҳояш ҷавоб медиҳад ва ҳам падару модари он нафари гурехтагӣ.Гуфтааст,ки онҳоро то аскарӣ нараванд сар намедиҳад.Масҷидҳояшонро ҳам намекушоям гуфтааст.Кадоме бо Оятулло ҷангҷол кардааст. Дафъатан ба Нуралӣ занг задааст.Омада бурданд ва дар падвали амният то саҳар дар зери оби хунук росташ кардаанд. 2 ҳазор сомониашро гирифта сипас раҳо кардаанд.Нуралӣ дӯғу пуписа карда гуфтааст,ки ҷафрие,ки гап мезанад фалон мекунам.То вақте раиси ҷамоати Ҷафр аз Нимич буд аз Ҷафр кам одам ба хизмат мерафт. Аз рӯзе,ки Рузе хамин Оятулло раиси ҷамоат шуд ҳамаро манаполия карда писарони одамҳои камбғалро хидмат мебарад.Аммо одамоне,ки сомонӣ доранд пулашонро мегирад ва писарошонро мегурезонад.

 

Оятулло ба чанд нафар пул предлагат кардааст,ки дар Русия кадоме Ҷаноби олиро ҳақорат мекунад ё камерааш ё запс карда равон кунед. Зеро бо ин васила ӯ якҷо бо Нуралии сиёҳ бизнес карда пул кор карда истодаанд.Ин Оятулло ҷияни Мирзошои Акобир аст. Ин як боғбон аст дар ноҳияи Рашт. Мирзошо умуман мусулмон нест.Худаш ошкоро мегӯяд,ки зардуштиям. Оятуллои ҷиянаш ва Нуралии сиёҳ бачаҳои ҷавон ва наврасонро ба баҳонаи онки ҳаждаҳсола нестанд намегузоранд,ки по ба масҷид ниҳанд.Кадомеро,ки дар масҷид меқапад аз 500 сомонӣ то 1000 сомонӣ ҷарима мекунад. Даҳҳо нафарро бо ҳамин баҳона пулҳояшонро кашида гирифтааст.

 

Мирзошои Акобир 27 гектар замини Ҷафрро бо фанду фиреб гирифтааст.Ҳамроҳ бо ҳамин Оятуллои ҷиянаш як дирам ҳам ба давлат андоз намесупорад. Чунки Нуралии сиёҳ дар он боғ истироҳат ва фароғат мекунад, бева мебарад.Барои ҳаминМирзошои Акобирро,ки рости гап бузи ҳаминҳо ҳам ҳаст, “кришават” мекунад.

 

Манбаъи мо чунин мегӯяд: Чанд масҷиде,ки дар ноҳияи Рашт баста шудаанд маҳз бо талошҳо ва фишорҳои Нуралии сиёҳ будаанд.Махсусан дар Ҷамоати Қалъаи Сурх масҷидҳоро мисли дигар масоҷид бастанд ва пас аз он Нуралӣ аз имомҳои масоҷиди ин ҷамоат 2000$(дуҳазор доллари) талаб кардааст,то дубора масоҷидашонро иҷозати кушодан диҳад.Аммо ҳангомеки прокуратура аз кушодашудани масоҷид огоҳ мегардад мераванд ва имомони он масоҷидро ба прокуратура меоранд.Онҳо мегӯянд,ки ба мо Нуралӣ Муродов гуфт пул диҳед,то иҷозати кушодашудани масоҷидатонро гирем ва мо ба ӯ пул додем ва масоҷидамонро кушода намоз гузоридем. Ҳангомеки Нуралӣ Муродовро ба прокуратура даъват мекунанд,то ба ин кораш посух гӯяд.Нуралӣ Муродов дар назди прокуратура ва он муллоҳо мегӯяд занам сеталоқ,ки ман аз инҳо пул нагирифтаам ва меравад.Он имомҳои масоҷид боз ба прокуратураи ноҳия пул медиҳанд ва ҷони худро халос мекунанд ва дубора масоҷиди ин ҷамоатро мебанданд.

 

Поёни бахши чорум ва ин “Досияи сиёҳи Нуралӣ Сиёҳ “ идома дорад.

 

Дар бахши панҷум ҷиноятҳои Нуралӣ дар “Ҷамоати Навобод” бо раиси ин ҷамоат Раҷаби Дод инчунин аз “Ҷамоати Қалъанак” ки раиси он Ҳомид ва дигар ҷиноятҳои марбут ба “Облава” дар ин ноҳия мегузарад хоҳем навишт.Инчунин агар маълумоте доред бароямон ирсол намояд,то онҳоро дар “бахши панҷум” илова намоем.

 

Пойгоҳи Ислоҳ ҷиноятҳои мақомдоронро мӯшикофона идома медиҳад ва онҳоро ба миллат тақдим менамояд,бо мо бошед.

Share This Article