Ду “терорист” яке 65 сола ва дигаре10 сола дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуданд

Ислоҳ нет

Модар, духтар ва бародари Шабанам Худойдодоваро мақомоти амниятӣ аз сафар ё парвоз ба самти Қазоқистон тавқиф намуданд. Аз соати 5 саҳари имрӯз 4-август то ба ҳоло Гулҷамиламои 65 сола ва Фотимаи 10 сола дар боздошт қарор доранд.

 

Дар ин бора ба мо Шабнам Худойодова, собиқ фаоли сиёсӣ, ки кайҳост дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дида намешавад, хабар дод.

 

Азимҷон Қадамов, навбатдори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар фурӯдгоҳ ба Шабнам Худойдова зимни сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки ин ду нафар наметавонанд аз Тоҷикистон берун раванд.

 

“Бо амри махсуси раёсати Кумитаи амният ин ду зери муроқибаи вижа қарор доранд ва ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд”. – гуфтааст Азимҷон Қадамов 

 

Чуноне, ки пештар дар ин бора хабар дода будем, як ҳукумат бо як зан Шабнам муқобила дорад. Барои гуфтани сухани ҳаққ модар ва духтарашро ҳамчун асир нигоҳдорӣ мекунанд.

 

Шабнам Худойдодова мегӯяд, ин таҳдидҳоро агарчӣ қаблан ба ман мекарданд, вале ман дар умум ба онҳо оддат карда будам.

 

“Ҳафтаи гузашта, ҳолати аҷибе ба ман рух дод. Дар Варшава бо Алим Шерзамонов, узви аршади Анҷумани Озодандешони тоҷик дохили як мағоза шудем ва дидам, ки аз пушти мо се ҷавони тоҷик наззора доранд. Ба Алим Шерзамонов гуфтам. ки ако инҳо ҳатман амниятиҳо мебошанд ва  моро наззора доранд. Бо ҳамин гузашта рафтем вале пас аз ин моҷаро, модарамро ба кумитаи Амнияти шаҳри Кулоб бурданд ва ба ман занг заданд”.

 

Шабнам шарҳ дод, ки сабаби занг задани корманди кумитаи амният ва эҳзори модараш ба Кумитаи давлатии аминяти шаҳри Кулоб, барои иштирок дар овоздиҳие, ки Темур Варқӣ, рӯзноманигори машҳури тоҷик барои озодии асири хурдсол Ҳамзаи Тиллозода ташкил карда буд, будааст.

 

“Он сухане, ки дар боло гуфтам бо Алим Шерзамон буданамро аз забони раиси Кумитаи амнияти шаҳри Кулоб шунидам. Ба ман гуфт охир ту ба мо ваъда кардӣ, ки дигар бо мухолифон ҳамроҳ намебошӣ ва дар чорабиниҳои онҳо иштирок намекунӣ. Чаро дар овоздиҳӣ иштирок кардӣ? Боз туро бо Алим Шерзамонов дидаанд дар Варшава. – нақл мекунад Шабнам Худойдова.

Замоне, ки ин хабарро ба мо мерасонид, Шабнам бо алам гиря мекард ва дар охир таъкид намуд, ки “дар ҳолати иҷозаи сафар нашудан ба модару духтарам назди сафорати Тоҷикистон рафта хайма мезанам ва тамоми муҳоҷирони тоҷик, созмонҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба кумак даъват мекунам. Солҳост модару духтарамро надидаам”. 

 

Ҳушдор ба Оила ва афроди бо нуфузи он

Тибқи маълумоти таъйидшуда, дар Аврупо ҳам мақомоти амниятӣ мухолифонро таъқиб мекунанд. Дар ин бора зимни суханронӣ дар конфронси бахшида ба сулҳ. дар Дортмунди ОлмонМуҳиддин Кабирӣ низ гуфта буд ва лозим ба бозгӯйи он нест.

 

Аз инҷо бар меояд,ки инҳо чӣ амали сангину хатарнокеро аз мушоҳидаҳои ошкори мухолифон ин “Агентҳои 001 Ятимов” дар Аврупо анҷом доданӣ ҳастанд. Агар онҳо як тори мӯи сари як мухолиф ё муҳоҷири тоҷикро беҷо кунанд, он рӯз мусибате бар сари ин ҳукумати Эмомалӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ меоранд, ки ҳеҷ собуне сарашро дигар намешӯяду пок намекунад.

 

Терорист будани ин рижим ба ҳама олам намоён мешавад ва ин амал аз як нигоҳ барои ҳақ будани мухолифон ва терорист будани ре жими кунунӣ беҳтарин далел ва ҳуҷҷат мегардад. Аммо то имрӯз ҳеҷ амалиёте чуноне, ки мегӯянд “Безарар гардонӣ”-ро Саймумин Ятимов ва афроди вобаста ба ӯ дар Аврупо шурӯъ накардаанд ва ё анҷом надодаанд.

 

Хотиррасон мекунем, ки агар аъзои “ОИЛА” хосстан Рустам, Озода ва дигар афроди бонуфузи оила ба корҳои Саймумин Ятимов назорат накунанд, дар ояндаи наздик дарди сарҳои зиёде, ки Эмомалиро дар сатҳи байналмилал ба курсии ҷинояткорон менишонад  наздик шуда истодааст. Он рӯзе,ки “Раиси оила” ба курсии ҷинояткорон нишаст ҳатман оила пароканда мегардад.Он тарафашро шарҳ намедиҳем, шумо ақл доред худатон фикр кунед ҷанобон афроди “ОИЛАИ ПЕШВО”!

Share This Article