ДУЪОҲОИ МУҲИМ БАРОИ ҲАР МУСАЛМОН

Ислоҳ нет

ДУЪОҲОИ МУҲИМ БАРОИ ҲАР МУСАЛМОН

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳ ҳазрат нисбати дуъоҳои рӯзмарраеки дар зиндагониамон муҳиманд,илтимос чизе нависед.Мехоҳем ба сурати мақола бошад,то аз онҳо истифода намоем.Мо дар муҳоҷират қарор дорем ҳастанд китобчаҳо бо забони русӣ бароямон нофаҳмоанд.Агар матни дуъоро бо хати крилики менавиштед ва онҳоро тарҷума менамудед,хело кори савобе мешуд.
Мо дар однокласники аз навиштаҳои шумо истифода мекардем,ҳар шаб аз кор мерафтем як мақолаатонро бо ҷамъе аз ҷавнони муҳоҷир мехондем ва истифода менамудем, ҳоло нестед онҷо.Илтимос онҷо саҳифае кушоед зеро бародарон хело шуморо мепурсанд мегӯянд дар фесбук ҳастед.Мо фесбукро намефаҳмем.
Мухлисони шумо аз Рассия Смоленск.

Ва Алайкум Асалом ва Раҳматуллоҳи ва Баракотуҳу чанд дуъоро матнашро бо хати крили менависам ва тарҷумаашон менамоям.Нисбати Однокаласники феълан чизе гуфта наметавонам.Кушиш кунед инҷо дар Фейсбук бародаронро даъват намоед инҷо ҳастем.

Ислом мехоҳад, то робитаи банда бо Парвардигораш ҳамеша барқарор буда ва дар ҳама ҳол дар фикри Холиқаш бошад. Ҳама чизро аз Худо хоста ва дар ҳамаи корҳо ба ў таваккал намояд. Ба ин мақсад, дуъоҳоеро дар Қуръони карим ва суннати набавӣ дар муносибатҳои мухталифе, машрўъ намудааст ва хондани ин дуъоҳо манфиати зиёде дорад, ки аз он ҷумла аст:

1. Эътимод ва таваккал, бар Худо;

2. Наҳаросидан аз воқеъаҳои ногувори дунё;

3. Таҳаммули мушкилиҳо ва машаққатҳо;

4. Роҳати ботин ва виҷдон;

5. Эҳсоси пуштбонӣ аз Зоте, ки волотар аз ҳамагон аст;

6. Омурзиши гуноҳон;

7. Танзими вақт ва кор ва ғайра; дуъоҳое, ки дар Қуръон ва суннат омадааст ва мо дар ин ҷо ҳамон дуъоҳоеро зикр менамоем, ки мавриди эҳтиёҷи омма буда ва ба санади саҳеҳ аз Набии карим (с) ба ибодат расида бошад ва ин дуъоҳо иборатанд:

1. ДУЪОИ БАРХОСТАН АЗ ХОБ
«Алҳамду лиллоҳиллази аҳёно баъдамо амотано ва илайҳин – нушур, ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳулмулку, ва лаҳул – ҳамду ва ҳува ало кулли шайин қадир. Субҳоналлоҳи валҳамду лиллоҳи вало илоҳа иллалоҳу валлоҳу акбар, ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алийилъазим. Асбаҳа ва асбаҳал – мулку лиллоҳи асалука хайра ҳозалявми, фатҳаҳу, ва насраҳу, ва нураҳу ва баракотаҳу ва ҳудоҳу ва аузу бика мин шарри мо фиҳи ва шарри мо баъдаҳу».

«Ситоиш аз они Худост, ки зинда гардонид моро ба сўйи Ўст зинда шудан.
Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ, ягона аст, нест шарику анбозе барои Ў. Аз они Ўст мулки ҳастӣ ва барои Ўст ситоиш ва Ў ба ҳар чиз тавоност. Пок аст Худо ва ситоиш аз они Худост ва нест маъбуде барҳақ, магар Аллоҳ ва Худо бузургтар аст ва нест тавоноӣ (барои дурӣ аз гуноҳ) ва нест қудрате (барои пойдорӣ бар тоъати Худо), магар бо кўмаки Худои бузургвор».

2. ДУЪОИ РАФТАН ДАР БИСТАРИ ХОБ
Баъд аз «Бисмиллоҳир – раҳмонир – раҳим» сураи «Қул ҳуваллоҳу аҳад», «Қул аузу бираббилфалақ», «Қул аузу бириббиннос» ва «Ояталкурсӣ»-ро бихонад ва баъд аз он чунин дуъо намояд:
«Бисмика рабби вазаъту ҷанби ва бика арфаъуҳу, фаин амсакта нафси фарҳамҳо, ва ин арсалтаҳо фаҳоразҳо бимо таҳфазу биҳи ибодакас- солиҳина. Аллоҳумма иннака халақта нафси ва анта таваффоҳо, лака мамотуҳо ва маҳёҳо, ин аҳяйтаҳо фаҳфазҳо ва ин аматтаҳо фағфир лаҳо. Аллоҳумма инни асалукал – ъофията».
“Ба номи Ту, эй Парвардигори ман, паҳлўямро ба замин гузоштам ва бо номи Ту онро баланд мекунам. Агар ҷонамро гирифтӣ, пас ба он раҳм фармо ва агар онро нигоҳ доштӣ, пас ҳифзаш кун ба ончи бандагони солеҳатро ҳифз мекунӣ”.

3. ДУЪОИ ПЕШ АЗ ТАҲОРАТ
Пеш аз таҳорат бигўяд: «Бисмиллоҳ»
“Ба номи Худо”.

4. ДУЪОИ БАЪД АЗ ТАҲОРАТ
«Ашҳаду аллоилоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳуммаҷъални минат – таввобина ваҷаълни миналмутатаҳҳирина, субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду алло Илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайка».
“Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ, ягона аст, нест шарику ҳамтое барои Ў ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва паёмбари Худост. Худоё, маро дар зумраи тавбакорон ва покон қарор деҳ. Худоё, Туро ба покӣ ёд мекунам ва ситоишат мекунам. Шаҳодат медиҳам ба ин, ки нест маъбуде барҳақ, магар Ту, аз Ту омурзиш мехоҳам ва ба сўйи Ту тавба мекунам”.

5. ДУЪОИ БАРОМАДАН АЗ МАНЗИЛ
«Бисмиллоҳи таваккалту алаллоҳи ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи. Аллоҳумма инни аузу бика ан азила ав узила, ав азлила ав узлила, ав азлима ав узлима, ав аҷҳала ав юҷҳала алайя».
“Ба номи Худо, таваккал кардам бар Худо ва нест тавоноӣ (барои парҳезгорӣ) ва нест қудрате (барои тоъати Худо), магар бо кўмаку ёрии Худованд. Худоё, паноҳ мебарам ба Ту, аз ин ки гумроҳ мешавам ё билағжам ё лағжонда шавам ё зулм кунам ё ба ман зулм шавад ё азият кунам ё азият карда шавам”.

6. ДУЪОИ ДАРОМАДАН БА МАНЗИЛ
«Бисмиллоҳи валаҷно ва бисмиллоҳи хараҷно ва алаллоҳи раббано таваккално».
“Ба номи Худо даромадем ва ба номи Худо хориҷ шудем ва ба Парвардигорамон таваккал кардем”.

7. ДУЪОИ ДАРОМАДАН БА МАСҶИД
«Аузу биллоҳилъазим, ва биваҷҳиҳилкарим, ва султониҳил – қадим, минаш – шайтонир – раҷим, бисмиллоҳи вассалоту вассалму ало расулиллоҳ. Аллоҳуммафтаҳли абвоба раҳматика».
“ПАНОҲ МЕБАРАМ БА ХУДОИ БУЗУРГВОР ВА БА РЎЙИ ГИРОМИАШ ВА СУЛТОНИ АЗАЛИАШ АЗ ШАЙТОНИ РОНДАШУДА. БА НОМИ ХУДО МЕДАРОЯМ ВА ДУРУДУ САЛОМ БАР РАСУЛИ ХУДО БОД. ХУДОЁ, ДАРВОЗАҲОИ ЭҲСОНАТРО БАРОЯМ БИКУШО

8. ДУЪОИ БАРОМАДАН АЗ МАСҶИД
«Бисмиллоҳи вассалоту вассалому ало расулиллоҳи, Аллоҳумма инни асалука мин фазлика, Аллоҳумма аъсимни минаш-шайтонир-раҷим».
“Ба номи Худо ва дуруду салом бар расули Аллоҳ бод. Худоё, ман аз Ту эҳсонатро мехоҳам. Худоё, маро аз шайтони рондашуда ҳифз намо”.

9. ДУЪОҲОИ БАЪД АЗ НАМОЗ
«Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳ. Аллоҳумма антас-салому ва минкас-салому ва илайка ярҷиус-салому таборакта раббанно ва таолайта ё залҷалоли вал-икроми. 
Ло Илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул – мулку ва лаҳул ҳамду юҳй ва юмиту ва ҳува ало кулли шайин қадир. 
Аллоҳумма ло мониъа лимо аътайта вало муътия лимо манаъта, вало янфаъу залҷадди минкалҷад, ло Илоҳа иллаллоҳу вало наъбуду илло ийёҳу, мухлисийна лаҳуддина ва лав кариҳал – кофируна» 
«субҳоналлоҳ», «алҳамду лиллоҳ», «Аллоҳу акбар» 33 маротиба, ло Илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳулмулку ва лаҳул – ҳамду ва ҳува ало кулли шайин қадир».

“Аз Худо омурзиш металабам, аз Худо омурзиш металабам, аз Худо омурзиш металабам. Худоё, саломӣ ва саломатӣ аз Ту аст, бисёр бобаракат ҳастӣ, Эй соҳиби бузургӣ ва бахшиш.
Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳи ягона, нест шарике барои Ў, аз они Ўст мулк ва аз они Ўст ситоиш ва Ў ба ҳар чиз тавоност. Бор Илоҳо, нест боздорандае, аз он чи хоҳӣ ато фармоӣ, ва нест диҳандае аз он чи хоҳӣ манъ намоӣ ва суд надиҳад тавонгарро тавонгарияш назди Ту”.

10. ДУЪОИ ИСТИХОРА
Ду ракъат намози нафл бихонад ва баъд аз он ин дуъоро бихонад:
«Аллоҳумма инни астахирука биъилмика, ва астақдирука биқудратика ва асалука мин фазликал – азими фаиннака тақдиру ва ло ақдиру, ва таъламу вало аъламу, ва анта алломул- ғуюби, Аллоҳумма ин кунта таъламу анна ҳозал – амра (масалан: сафар рафтан, издивоҷ намудан, харидани хона ва ё ҳар кори дигаре, ки бошад, зикр намояд) хайрул- ли фи динӣ ва маъоши ва оқибати амри, фақдирҳу лӣ ва яссирҳу ли, сумма борик ли фиҳи ва ин кунта таъламу анна ҳозал – амру шаррун ли фи динӣ ва маъошӣ, ва оқибати амрӣ, фасрифҳу анни, васрифни анҳу, вақдир лиялхайра, ҳайсукона сумма арзини биҳи».

“Худоё, ман ба илми Ту, аз Ту талаби хайр мекунам ва ба қудрати Ту аз Ту талаби қудрат мехоҳам эҳсони бузургатро, ҳароина Ту тавоноӣ ва ман нотавон ва Ту медонӣ ва ман намедонам ва Ту донандаи умури пинҳонӣ. Худоё, агар медонӣ, ки ин кор (ва ҳоҷаташро номбар мекунад), барои ман дар динаму дунёям ва саранҷоми корам дар ҳоли ҳозир ва ояндаи корам хайру нек аст, пас онро бароям муқаддар ва муяссар фармо ва сипас дар он кор бароям, баракат деҳ ва агар медонӣ, ки ин кор барои ман дар дину дунёям ва саранҷоми корам, дар ҳоли ҳозир ва ояндаи корам шарр ва бад аст, пас боздор онро аз ман ва боздор маро аз он, бароям ҳар гуна хайре, ки ҳаст, онро муқаддар фармо, сипас маро ба василаи он розӣ гардон”.

11. ДУЪОИ ТАБРИКИ ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНДИ НАВ
«Боракаллоҳу лака филмавҳуби лака ва шакартал- воҳиба ва балаға ашуддаҳу ва рузиқта бирраҳу ».
“Худованд бароят дар он чи ба Ту додашуда баракат диҳад ва бахшандаро шукр гузор ва навзод ба камоли қудрат расад ва рўзиат шавад накўии Ў.

12. ДУЪОИ ҶАВОБИ ТАБРИКИ ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНДИ НАВ
«Боракаллоҳу лака ва алайка ва ҷазокаллоҳу хайран, ва разақакаллоҳу мислаҳу ва аҷзала савобака».
“Худо бароят баракат диҳад ва бар ту баракат ниҳад ва Худованд ба ту подоши нек диҳад ва Худо монанди онро рўзият кунад ва савобатро зиёд кунад”.

13. ДУЪОИ ХАБАРГИРИИ БЕМОР
«Ло баъса таҳурун иншоаллоҳ, асалуллоҳал – ҷазила раббалъаршил – ъазими ай- яшфика».
“Боке надорад, поккунандаи гуноҳон аст, агар Худо хоста бошад ва аз Худо, ки Парвардигори Арши бузург аст, хоҳони шифоёбии туам”.

14. ДУЪОИ ТАЪЗИЯ
«Инна лиллоҳи мо ахаза ва лаҳу мо аъто ва куллу шайин индаҳу биаҷалим – мусаммо, фалтасбир, валтаҳтасиб», «аъзамаллоҳу аҷрака, ва аҳсана азоака, ва ғафара ли майитика».
“Аз они Худост ончи гирифт ва барои Ўст ончи дод ва ҳар чиз назди Худо дорои вақти муайян аст…. Пас шикебо бош ва аҷрашро дар назди Худо ҳисоб намо.
Худо савобашро зиёд кунад ва бурдбориҳоятро некў созад ва фавтшудаашро биомурзад”.

15. ДУЪОИ ДИДАНИ МОҲИ НАВ
«Аллоҳу акбар, аллоҳумма аҳиллаҳу алайно бил амни вал – имони, вас-саломати вал-ислом ват-тавфиқа лимо туҳиббу, раббано ва тарзо, раббуно ва раббукаллоҳу».
“Худо бузургтар аст, Илоҳо, баровар моҳи навро бар мо, бо амният ва имон ва саломатӣ ва Ислом ва муваффақият дар ончи дўст дорӣ, эй Парвардигори мо ва хушнуд мешавӣ, Парвардигори мо ва Парвардигори ту (эй моҳ), Худо аст”.

16. ДУЪО БАРОИ АҲЛИ ҚАБРИСТОН
Ассалому алайкум аҳлад – диёри миналмуъминина вал муслимина ва инно иншоаллоҳу бикум лоҳиқуна (ва ярҳамул лоҳул – мустақдимина минно вал мустаъхирина) асалуллоҳа лано ва лакумул офията».
“Салом бар шумо бод, эй мўъминону мусалмонони аҳли ин диёр ва Худо хоҳад мо ҳам бо шумо мепайвандем ва Худо гузаштагону ояндагони моро биомурзад, аз Худованд барои мо ва шумо офият металабам”.

17. ДУЪОИ ТАЪОМ ХЎРДАН
«Бисмиллоҳ» ва агар дар аввал фаромўш карда буд, ҳар вақт, ки ёдаш омад бигўяд, «Бисмиллоҳи аввалиҳи ва охириҳи».

«Бисмиллоҳ» “Ба номи Худо” ва агар дар аввал фаромўш карда буд, бигўяд: «Бисмиллоҳи аввалиҳи ва охириҳи» “Ба номи Худо дар аввали он ва охири он”.

18. ДУЪОИ БАЪД АЗ ХЎРДАНИ ТАЪОМ
«Алҳамду лиллоҳиллази атъамани ҳозо ва разақани мин ғайри ҳавлин минни ва ло қувватин».
“Ситоиш аз они Худост, ки ин хўрокро ба ман дод ва рўзиям кард онро бидуни тавоноӣ ва қудрате аз ман”.

19. ДУЪО БАРОИ АҲЛИ ХОНАЕ, КИ ИФТОР КАРДА БОШАД
«Афтара индакумус – соимуна ва акала таъомакумул – аброру ва саллат ъалайкумул – малоикату».
Ифтор кард наздатон рўзадорон ва хўрд хўрокатонро некўкорон ва дуъо намояд бароятон малоика.

20. ДУЪОИ АТСАЗАНАНДА
«Алҳамдулиллоҳ» ва шахси ҳозир бигўяд: «Ярҳамукаллоҳ» ва атсазананда бигўяд: «Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳ болакум».
Ҳар гоҳ яке аз шумо атса занад, бигўяд «Алҳамдулиллоҳ, яъне “Ситоиш аз они Худост”. Ва бародараш ё дўсташ (ҳар шунавандаи мусалмоне) ба ў бигўяд, «Ярҳамукаллоҳ» (яъне «Худо туро бибахшояд»). Ва ҳар гоҳ ба ў гуфта шавад: «Ярҳамукаллоҳ», бигўяд: «Яҳдикумуллоҳу ва юслиҳ болакум» (яъне «Худо шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад ва некў созад ҳолатонро»).

21. ДУЪО БАРОИ ИЗДИВОҶКУНАНДА
«Боракаллоҳу лака ва борака алайка ва ҷамаа байнакумо фи хайрин».
“Худованд барои ту баракат диҳад ва баракат диҳад ба ту ва шуморо ба некўӣ гирд оварад”.

22. ДУЪОИ ХАТМИ МАҶЛИС
«Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду алло – илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайка».
“Ба поки ёд мекунам Туро, эй Худо ва ситоиш мекунам Туро, шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде бар ҳақ, магар Ту, омурзиш металабам аз Ту ва ба сўйи Ту тавба мекунам”.

23. ДУЪО БАРОИ НЕКЎКОРОН
«Ҷазокаллоҳу хайран».
“Худо ба ту подоши неку диҳад”.

24. ДУЪОИ САВОР ШУДАН БАР МАРКАБ
«Субҳоналлази саххара лано ҳозо ва мо кунно лаҳу муқринина ва инно ила раббино ламунқалибуна».
“Ба номи Худо, ситоиш аз они Худост. Пок аст, он ки барои мо ин маркабро мусаххар сохт ва (агар Худо инро бароямон мусаххар намекард, товоноии тасхири онро надоштем) ва ҳароина мо ба сўи Парвардигори хеш боз мегарде”.

25. ДУЪОИ САФАР
Аллоҳумма инно насалука фи сафарино ҳозал – бирра ваттақво ва миналъамали мо тарзо, Аллоҳумма ҳаввин алайно сафарано ҳоза ватвиъанно буъдаҳу, Аллоҳумма анта-соҳибу фиса – фари, валхалифату фил – аҳли, Аллоҳумма инни аъузу бика мин ваъсоисса – фари ва каобати – манзари ва суил – мунқалаби филмоли вал – аҳли».
“Илоҳо, ҳароина мо дар ин сафарамон некўӣ хоҳонем ва парҳезгориро ва аз кирдор он чи мояи хушнудии Ту аст. Худоё, бар мо ин сафарамонро осон гардону дурияшро бар мо кўтоҳ соз. Худоё, Ту ҳамроҳ дар сафар ва сарпараст дар хонаводаӣ. Худоё, ман ба Ту паноҳ мебарам аз сахтии сафар ва манзари ғамангез ва аз бозгашти бад ба сўи дороӣ ва хонавода”.

26. ДУЪОИ ШАХСИ МУҚИМ БАРОИ МУСОФИР
«Аставдиъуллоҳа динака ва амонатака ва хавотима амалика, заввадакаллоҳут – тақво ва ғафара занбака ва яссара лакал – хайра, ҳайсу мо кунта».
“Ба Худо месупорам динат ва амонатат ва оқибати коратро. Худо туро ба тақво муҷаҳҳаз кунад ва гуноҳоятонро биомурзад ва осон фармояд бароятон некўиро ҳар ҷо, ки ҳастӣ”.

27. ДУЪОИ ШАХСИ МУСОФИР БАРОИ МУҚИМ
«Аставдиъукумул – лоҳаллази ло тазиъу вадоиъуҳу».
“Шуморо месупорам ба Худое, ки зоеъ намешавад супурдае назди вай

28. ДУЪОИ БОЗГАШТ АЗ САФАР
«Лоилоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул – ҳамду, ва ҳува ъало кулли шайин қадирун, ойибуна, тоибуна, ъобидуна лираббино ҳомидуна». 
«Нест маъбуде барҳақ, магар Аллоҳ, ягона аст ва шарику ҳамтое надорад. Аз они Ўст ҳастӣ аз они Ўст ситоиш ва Ў ба ҳар чиз қодиру тавоност. Мо бозгардандагон, тавбакунон, ибодаткунону ситоишкунон барои Парвардигорамон бармегардем.

Ва охиру даъвоно анилҳамду лиллоҳи раббил – ъоламина ва саллаллоҳу таъоло ва саллома ало Сайидино ва Набийино ва ҳабибино Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъина.

Share This Article