Дуъои миллати мазлум дар охирин ҷумъаи моҳи шаъбон

Ислоҳ нет

 

Ҳамду ситоиш он Аллоҳеки моро ба охири ин моҳи бузурги аз моҳҳои ҳаром расонид ва ба оғози моҳи мубораки рамазон наздик намуд.Салавот бар Муҳаммади Амин (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва бар хонадону асҳоби эшон бод.

Эй Аллоҳи бузург мартаба ва корсоз туро ҳамду ситоиш менамоему танҳо аз тӯ талаб менамоем,ки ҳоли уммати исломро накӯ соз.Уммати парешони исломро муттаҳид ва мунсаҷиму якпорча ва бо иззат бигардон.Ҳама бало ва офоту газандҳои муҳлики худро аз сари ин уммат дур бигардону, моро аз он офоту балоҳо солим нигоҳ дор.Ба гуноҳи сафиҳону,ҷоҳилони ин уммат моро мубталои сахтиҳо ва шиддатҳо нагардон. Ҷавонони ин уммат ва миллатро мойл ба ҳақ ва дур аз ботилу хурофоту ширк бигардон.Ботилро дар назари мо комилан намудор ва аз он дур,ҳақро дар назари мо намудор ва ба он чангзананда ва устуворамон бигардон. Муҳаббати Худ ва Паёмбари Худро дар аъмоқи дил ва равону тору пудамон ҷойгузин бигардон.Чангзанандагони ба ду асли ин дин Қуръон ва Суннати мутаҳҳар бигардон,то он вақтеки ҷон дар баданҳоямон дорем.Барои  мо аз ҷинси ин миллат роҳбарони фарзона ва дорандагони ғам,идроки қавӣ ва матин ирода ато бинмо,ки манофеъи миллат ва диниамонро бартар аз манофеъи шахсӣ ва оилавӣ ва хоҷагони хориҷияш донад. Қабл аз марг чунин роҳбаронро бо чашми сар бубинем ва бо онҳо дар сохтани миллат ва ватан, дар атрофашон сарҷамъ ва якпорча гардему, созанда бошем на сузанда.Иффати бонувонӣ ин миллати моро бештар бигардон,то дар домонашон бузургмардоне тарбият ва ба воя бирасанду тақдими ин миллат бигардонанд.Ҳисси ватандӯстии ҳақиқиро барои мо ато бинмо,на инки як фардеро ҳам ватан бидонему,ҳам миллат ва ҳам пешво,ки аслан фоқидӣ он бошад.Ба афроди низомии мо ва қувваҳои амниятиамон имон,тақво,ҳисси ватандӯстӣ,муҳаббат ба ин миллат ва кишварро ато бинмо.Чашмҳои онҳоро бикушо,то бидонанд дар хидмати кӣ қарор доранд ва бар алайҳи кӣ истодагарӣ доранд.Чунонеки миллати мо ба ин дин хадамоти шоёне анҷом дода буданд бар асли хеш ин миллатро баргардон. Бузургсолони моро ҳимматбаланд,ҳақиқатталаб, ростқавл, матинирода,созанда ва собир бигардон.Ҷавонони ин миллатро эҳтироми волидайн,дин ва бузургсолонро иноят бифармо.Зиндониҳои асири ин миллат ва умматро аз зиндонҳои золимони бадгуҳар озод бигардон ва барояшон,то озодӣ сабр ва истиқомат ато бинмо.Хоинони аслии ин уммат ва миллату сарзаминро, барои ҳамагон ошкор ва чеҳраи махуфи онҳоро барои ҳама аҳли ватан намоён ва расонаӣ бигардон, дар дунё қабл аз охират ба намоиш бигузор.Бе фарзандони моро фарзанд,фарзанддорҳои моро тарбияти фарзандон насибу рӯзӣ бигардон. Беморони моро шифои комил ва оҷил насибу рӯзӣ бигардон.Гузаштагони моро,ки имсол бо мо нестанд, раҳмат ва қабрҳояшонро пурнӯру аз мо бозмондагонашон розӣ ва хушнӯд ва қабрҳояшонро боғе аз боғҳои ҷаннат бигардон.Муҳоҷирони иҷбории моро ба ватан бо сари баланд ва ҳамёнҳои мамлу аз неъматҳоят баргардон,онҳоро дар ғурбат аз ҳама газанду офот нигоҳ ва маҳфуз дор.Олимони моро каромат,шарофат, ростқавлӣ,устуворӣ,гӯяндагони сухани ҳақ,намунаи хубе барои мо ва ояндагонамон бигардон,на аз ҷумлаи китмонкунандагони ҳақ ва ҷонибдорони золимону мустабиддони аср.Онҳоеки барои мубориза бар алайҳи мустабиддону золимон ба по хеста ва аз ҳаққи ҳалолашон садо баланд намудаанд муваффақ ва ба мақсуд бирасон агар воқеан барои мубориза бо ботил ва маҳви зулм ба по хестаанд.Ҳаргиз моро аз гуфтани сухани ҳақ дар баробари ҳар мустабиду ситамгаре хомӯшамон нагардон ва бароямон қуввату малакае иноят фармо.Дуздони сармояи миллат ва кишварро дар назди ин миллат сархам ва сармояи дуздидаашонро ба миллат ва ватан баргардону,шарикони ин ҷинояти нангинро ақл, имон,амонат ва идрок ато бинмо,то аз якҷо будан бо он дуздони бузурги аср даст бикашанд.Ҳар шахсе,гурӯҳе, ҳизбе, давалте бар алайҳи ин миллат ва ватан нақшаи шуме дошта бошад онро хунсо ва онҳоро шармандаву расво бигардон. Хоинонро ҳарчӣ зудттар дар маҳкамаи ин миллат қарор бидеҳ ва ҳама он мақому, ҷойгоҳ,пешвандҳои болохонадори дурӯғинашонро шармандавор биситону чеҳраҳои аслиашонро бар ин миллат ба намоиш бигузор.Дигар он оби дидаи модару падари ин миллати мазлумро,ки барои ҷигарбандонашон,ки аз зулму шиканҷа дар рухсор доранд бо лутфу карами худ хушк бигардон.Ононеки онҳоро ба ин ҳолат қарор додааст дар қабзаи маҳкамаи одилонаи худ дар дунё, қабл аз охират қарор бидеҳ ва маъвои он мазлумон бош.Онҳоеки аз ин золимон мехоҳанд бо баҳои андаки ин дунё ҳимоят намоянд,барояшон фаҳми ҳақиқатро иноят фармо,то дунё ва охирати хешро хароб накунанд.Ин моҳест ҳама аъмоли солонаи бандагонат ба наздат арза ва тақдим мегардад,моро ба ин ҳолате,ки ҳастем,то соли оянда ва дақиқан ин моҳ дар ин ҳолат боқӣ магузор ва ба доди мо бандагонат бирас.Ҷуз Тӯ моро ҳеҷ додрасе,хоҷае,ниҳоде, давлате нест,то аз мо ҳимоят намояд ва танҳо аз Тӯ мехоҳем ва аз Тӯ оҷизона талаб менамоем ва аз мо мазлумон бипазиру моро аз бандагони мухлиси Худ бигардон.Салавот бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хонадони поки ӯ ва асҳоби гиромии эшон бод,Аллоҳума омин ё муҷибаддуъо бигӯед омин.

 Ҷумъа 25 Шаъбони 1439

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article