Дуъои пас аз асри рӯзи Ҷумъа дар беҳтарин рӯзҳои сол!

Эй Аллоҳ! Чуноне, ки Юнусро дар дохили моҳӣ, Юсуфро дар зиндон, Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи васаллам)-ро дар ғор ҳифз намуда будӣ, зиндониҳои моро, ки бидуни ҳеҷ гуноҳе, танҳо барои ақида, дидгоҳ, сухани ҳақ ва

 

Ҳамду сано бар Аллоҳ ва дуруду салом бар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ва хонадони поки ӯ ва асҳоби кироми он ҳазрат бод.

Эй Аллоҳи бузургмартаба ва дӯстдори бандагон!

Аз Ту оҷизона талаб менамоем, ки уммати исломро дар ҳифзу паноҳи худ, дар ин асри пур аз фитнаҳо ва ошубҳои дар каминбуда маҳфуз нигоҳ дор. Уммати исломро муттаҳид ва ҳамбастагиро дар миёни мо барқарор бигардон. Ҳамватанони моро, ки дар сахтарин ҳолатҳои иҷтимоӣ, нобасомониҳои гуногӯн қарор доранд, рӯзгори неку оромӣ, суботи сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоӣ арзонӣ бинмо.

Эй Аллоҳи Раҳиму бахшанда!

Моро ва ҳама уммати исломро бубахш ва ҳама гуноҳҳои ошкору пинҳонамонро, ки ҳеҷ инсон аз онҳо эмин нест, бо караму раҳмати бекаронат мавриди афву омурзиш қарор бидеҳ.

Эй Аллоҳи Мунису қарибтар аз раги гардан бар бандагон!

Аз Ту оҷизона талаб ва истидъо менамоем, ки моро ҳамеша, ҳамроҳӣ намо ва ба андозаи як мижа задан моро ба ҳоли худ вогузор накун ва танҳоямон нагузор. Мо ҷуз Ту ва раҳмати Ту ҳеҷ мунису ғамхори дигаре надорем. Агар моро ба ҳоли худамон вогузор кунӣ бидуни шак моро авоқиби вахиму нохуше интизор аст. Ин миллат на дар дохили кишвар ҳимоятгаре дорад, на дар хориҷи кишвар. Дар ҳолати парокандагӣ ва ниманобудӣ қарор дорад.

Эй Аллоҳи Қавӣ,  Ситонандаи ҳақ ва Кӯмаккунандаи мазлумон!

Мо бидуни шак мазлумем ва моро ба душмане, ки бар мо раҳм надорад вогузор накун. Ҳаққи мо мазлумонро аз золимони ситамгару бозуманд, бо иззату ҷалолалат биситон. Золимони ин миллатро нахуст ҳидояташон кун, агар лоиқи ҳидоят набошанд хору залил ва дар назди маҳкамаи ин миллат қабл аз маҳкамаи одилонаи Худат қарорашон бидеҳ ва ончуноне, ки бар бандагонат зулм ва ситамро раво диданд, дақиқан он сарнавиштро барояшон ба намоиш бигузор ва дилҳои бандагони мазлуматро дар ин дунё қабл аз охират масрур бигардон.

Эй Аллоҳи Ҳидоятгар!

Оҷизона аз Ту талаби ҳидояти умумро дорем, зеро қалбҳо дар миёни ангуштони бе мислу монанди Ту қарор доранд, ҳидояти комилро аз ту хоҳонем. Агар ҳидояти Ту марҳами бандагони гумроҳгаштаат нагардад, по дар лаби мағоки оташ қарор доранд. Умеди лутфу карами бе ниҳояти Туро дорему бо он чашм бароҳем.

Эй Аллоҳи Шифодиҳанда!

Беморӣ аз ҷониби Туст ва Шифоҳам аз Туст, ҳама бандагони дардманди ин уммати исломро дар умум ва дар ин қатор дардмандону беморони миллати моро ҳам шифои комилу оҷил ато ва насибу рӯзӣ бигардон. Он шифое, ки пас аз он ҳеҷ дарду ранҷу газанде нарасад. Шифохонаи ин миллат хароб аст ва ягона шифодиҳанда Ту ҳастӣ, даст ба сӯят мебардорему танҳо аз Ту шифоро хоҳонем.

Эй Аллоҳи Ҳофиз ва нигаҳдоранда!

Ту беҳтарин ҳофиз ва нигоҳдоранда ҳастӣ, шаҳрвандони мо, ки аз мушкилоти тоқатфарсои кишвар ба хориҷ барои касби ризқу рӯзӣ берӯн гаштаанд, онҳоро дар ҳифзу ҳимояти худ қарорашон бидеҳ. Дубора, бо сари баланд ба ватан ба назди наздиконашон баргардон.

Эй Аллоҳ, зиндониён ва асирони моро наҷот бидеҳ!

Эй Аллоҳ! Чуноне, ки Юнусро дар дохили моҳӣ, Юсуфро дар зиндон, Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи васаллам)-ро дар ғор ҳифз намуда будӣ, зиндониҳои моро, ки бидуни ҳеҷ гуноҳе, танҳо барои ақида, дидгоҳ, сухани ҳақ ва… мавриди озору шиканҷа қарор мегиранд,  аз он зиндонҳо озодашон гардон . Зиндониҳои моро, ки дар ҳар нуқтаи олам қарор доранд, аз асорат наҷоташон деҳ ва барояшон дар он зиндонҳо сабри комилро иноят фармо. Хонаводаҳои онҳоро, ки дар фироқашон чашм бароҳанд, чашмонашонро бори дигар бо дидани он мазлумон шод ва хушҳолиро барояшон муяссар бигардон. Нопадидгаштаҳои ин миллатро падидор ва ё аз ҳолати онҳо моро хабардор бигардон. Ба додгоҳҳои мо адлро ҳукмфармо баргардон, то бидуни гуноҳ миллатро зиндонӣ накунанду ин ҷиноятро анҷом надиҳанд. Агар нахоҳанд адлро татбиқ кунанд, худи он додситонҳоро вориди он зиндонҳо бигардон, то қабл аз азоби зиндони охират дарду азоби зиндонӣ буданро бидонанд.

Эй Подшоҳи Подшоҳон!

Эй Малики Мулук! Ба ин подшоҳони замин адолатро тавъам ва барояшон арзони бидор. Хоссатан ба роҳбари Тоҷикистон, ки шаҳрвандони ин кишвар дар наздаш ҳеҷ арзише надоранду ҳама ончӣ мехоҳад, дар қомус ва низоми мулкдорӣ созгор нест, ӯ раво медорад, ҳидояташ кун. Барояш дили инсонӣ, ақидаи солим, раҳму шафқати хоси инсоният, вафо дар аҳд, дур будан аз туҳмат, имон ба Худатро насибаш бигардон. Агар лоиқи ҳидоят набошад, ончунон ибрате бигардонаш, ки то рӯзи қиёмат ибрате бошад барои подшоҳони пас аз ӯ. Ҳамдину ҳамхун ва аз дарди ин миллат огоҳмардеро бароямон роҳбар арзонӣ бинмо. Ту ба ин қодирӣ ва аз ҳоли талху зори мо огоҳтарӣ.

Ин дуъоҳои мо мазлумони бе сарпаноҳи наберагони Салмони Форсӣ, Имом Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Муслим, ва садҳо бузургоне, ки ба ин дин ва уммат хидматҳои шоён намуданд, бипазир. Итминони комил дорем, ҳамаи ин миллат бо чашмони пур аз ашк ва даст ба дуъо бардошта, дар ин дақоиқи иҷобати дуъо ва беҳтарин рӯзҳои сол, ки бархе рӯзадоранд, омин мегӯянд, то Аллоҳ аз мо бипазирад. Агар аз омин навиштан тарсед, бо дил ва бидуни изҳори он танҳо бигӯед омин.  Аллоҳ аз мо мазлумон бипазир.

Рӯзи Арафаи бузург чунин дуъое хоҳем дошт,хонандаи гиромӣ пас аз зуҳр дар дуъо моро ҳамроҳи кунед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад