Э.Р “матбуотбезор” ва“сонсургар” Озодиро дикта кардани нест

Ислоҳ нет

    

Идомаи фаъолияти дафтари радиои “Озодӣ” дар Тоҷикистон номуайян ва таҳти савол қарор гирифтааст. Мулоқоти Раҳмонов ва Ҷеймӣ Флей,президенти “Озодӣ” дар Сюрихи Суис дар 7 ноябри соли ҷорӣ натавонистааст мушкилоти пешомада миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ин расонаи байналмилалиро ҳал ва шароити фаъолияти радиоро ба ҳолати одӣ бозгардонад.Ҳанӯзам,ки ҳанӯз аст 11нафар аз хабарнигорони “Озодӣ” дар Тоҷикистон аз сӯи вазорати хориҷаи ин кишвар радди ваколат шудаанд ва ба сабаби тамдид накардани парвона ва ё аккредитатсия аз иҷрои вазоиф ва масъулияти худ маҳрум мондаанд.

 

      Ба назар мерасад,ки Раҳмонов ва маъмурони ҳукумати вай “Озодӣ”-ро камтар аз як неруи сиёсӣ ва он ҳам мухолиф намешиносанд.Аз ин ҷост ки фазо ва майдонро сияҳ ва маҳдуд карда истодаанд, то инки “Озодӣ”ночор бишавад дафтари худ дар Тоҷикистонро бубандад.

 

  Раҳмонов дар мулоқот бо президенти “Озодӣ”  тазаккур медиҳад,ки ҳеҷ кас дар фикри бастани “Озодӣ” нест аммо ҳамзамон бори дигар аз мавзеъи вазорати хориҷии ҳукуматаш пуштибонӣ карда бо чини дар ҷабин ва лаҳни ғализ радиоро бар нақзи қавонини ин кишвар муттаҳам мекунад. “Президент.тҷ” “ http://prezident.tj“, сайти Раҳмонов аз ин мулоқот ба гунае хабар ба нашр расонида,ки Раҳмонов аз фаъолияти ин расонаи байналмилалӣ ибрози норизоиятӣ кардааст. Раҳмонов дар мулоқот бо Президенти “Озодӣ” аз он интиқод кард,ки бар мабнои қавонини Тоҷикистон фаъолият накардааст. Таври дигар “Озодӣ” қонунҳои Тоҷикистонро риоят намекунад. Ва далелаш ҳам ин буда,ки ба ҳукми Додгоҳи Олӣ дар мавриди ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эълоншуда  эътино накарда  дар бораи онҳо гузориш ва барномаҳо таҳия мекардааст. Дуруст ҳамон мавзеъе,ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон  то ҳамин имрӯз эълом дошта буд:

 

  ““Озодӣ” фаъолият кунад, амммо дар бораи ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 чизе нагӯяд ва ҳар хабарнигоре,ки дар бораи онҳо гуфту навишт маҳруми муҷаввиз хоҳад шуд”.

 

 

Ҳамин мавзеи нодуруст ва ғайрикорӣ ва ғайриҳирфаии вазорати хориҷаи Тоҷикистон буд,ки  мақомоти “Озодӣ” талош кард, масъаларо бо худи Раҳмонов дар миён бигзорад, ба ин умед,ки Президенти Тоҷикистон, ба унвони кафил ва зомини татбиқи Қонуни асосии кишвар,ки озодии матбуотро кафолат додааст, мушкилро бар манфиати қонун ҳал мекунад. Аммо Раҳмонов баргаштаву чунин гуфтааст:

 

“Солҳои охир радиои “Озодӣ” бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ,ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст”. 

 

Раҳмонов дар идомаи суханаш афзудааст,ки  “ҳол он ки дар баъзан аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст” ва бо лаҳни хашину хасмона илова кардааст,ки “ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие,ки набошад, новобаста аз шакли тобеияташон роҳ дода намешавад.” Ва аз президенти радиои “Озодӣ” талаб кардааст,ки “ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд”.

 

Лозим ба тазаккур аст ки дар ин чанд соли ахир васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва умуман фазои иттиллоотӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ  ва сиёсӣ дар кишвар ба шиддат тангу маҳдуд шуда ва дар ҳоли хафақон ва тоқатфарсо қарор дорад. Зиёиҳо ва рушанфикрони тоҷик  таҳти фишори шадид қарор доранд.Онҳоро ба рағми майлу хоҳиш ва ҷаҳонбиниву мавзеъи идеологӣ ба корҳое ҷалб мекунанд, ки аслан анҷом додан намехоҳанд ва таҳаммулашро надоранд. Аз инҷо буд,ки “фермаи ҷавоб” борҳо онҳоро зери тозиёнаи танқид қарор дода ва дар ҳамдастӣ бо ҲНИТ айбдор мекард. “Зиёиҳои  зархарид” ва “асолатбохтаи зиддимиллӣ” унвон додааст.Албатта, ҳеҷ аҳаде аз равшанфикр ва зиёии бонангу номус наметавонад, Раҳмонов ва ҷурму ҷиноёти хонаводаи  ӯ ва муқаррибони косалесашро,ки дар ҷароим ва дуздиҳои ӯ шариканд ва хуни халқро мисли кана ва паша мемаканд, тарафдорӣ кунад.

 

  Аммо, бо ин вуҷуд ки Раҳмонов “Озодӣ”-ро дар нодида гирифтани қонунҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад,кадом далелу рақам,ки “Озодӣ” қавонинро нақз карда бошад наовардааст. Миёни қарор ва қонун тафовут аз замин то осмон аст.Қарори Суди олӣ ва ҳатто Суди байналмилалӣ метавонад  дар зинаҳои болоӣ мавриди  муҳокимаи такрорӣ қарор бигирад. Ин як тарафи масъала аст, Тарафи дигари масъала ин аст ки “Озодӣ” дар ҳадди ақал беш аз ним соли ахир, ончуноне мушоҳида мешавад комилан рисолат ва миссияи худро адо мекунад.

 

    “ Ташвиқу тарғиб яъне чӣ?”        

 

 

   Фарзанди фарзонаи миллат, мо пайровни Пешвои миллатем, бо пешвои миллатем, Эмомалӣ Раҳмони мо, Виҷдони мо имони мо, Исмоили сомонии мо, наҷотдиҳандаи сайёра гуфтанҳову навиштанҳову суруданҳо ,дар нашрияҳо, дар телевизионҳо ва аз субҳ то шом нишон додаи ҳамон як башара,ҳамон як суроб ва ҳоло  ҳамроҳи писару духтараш ….. ин аст ташвиқу тарғиб.Магар “Озодӣ” бар фарзе ҳамин корро кард? Ва Муҳиддин Кабириро ҳамин тавр ситуд?Ин корро,ки накардааст ва карда ҳам наметавонад. На, Раҳмонов ва на Кабириро, онгуна ки расонаҳои савтиву тасвириву навиштории Тоҷикистон дар нисбати Раҳмонов мекунадро намекунад.

 

Аммо дар бораи ҳодисае,ки марбут ба Тоҷикистон аст,хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷ аз кишвар муваззаф аст,ки бигӯяд. Барои мисол сафари Раҳмон ба Урупоро инъикос кард ва хоҳад кард. Вале агарки дар ҷаласаҳои САҲУ ва СММ тарафи мухолифин, он хоҳ Гурӯҳи 24 хоҳ ПМТ ва ҲНИТ бошад ва ё ҳар хабаре марбут ба ин ҳизбу ҳаракатҳо чаро нагӯяд? Дар ҳоле,ки масъала дар сатҳи СММ баррасӣ мешавад ва як тарафи масъла марбут ба ПМТ аст чаро нагӯяд? Масалан дар бораи М. Искандаров, З.Сайид, М. Ҳайит, Б.Ёров ва чандин нафарони дигар санади махсуси СММ дар бораи раҳоии бечунучарои онҳо содир шудааст, “Озодӣ” лаб фурӯ бандад?

 

Аз сӯи дигар тамоми расона ва шабака ва нашрияҳои бузурги олам дар бораи Толибон, Ал-Қоида ва ДОИШ менависанду мегӯянд,ки онҳоро маҷомеаи байналмилалӣ ҳаросафкан ба қалам медиҳад. Аммо ПМТ ва ҲНИТ ва Гурӯҳи 24ро ба ҷуз аз Раҳмонов кӣ террорист шинохтааст?  Масалан ВКД ва КДАМ дар бораи ҳамлаи хунин дар посгоҳи Ишқободи Султонобод баёния содир карданд ва ДОИШро муттаҳам намуданд, магар “Озодӣ” дар ин бора нагӯяд? “Озодӣ” ҳам мисли тамоми бунгоҳҳои хабарпароканӣ ва иттилооърасонӣ  дар ин бора гуфт.Чун миссия ва рисолати як расона ҳамин аст.

 

   Раҳмонов тақозо дорад,ки азбаски бо қарори Суди олӣ ҲНИТ ва ПМТ ва Гурӯҳи 24 террористӣ шинохта ва фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ шудааст,нагӯяд.Инҷо мехоҳам як таърихи ҳамин чанд солаки пештарро ба ёди Раҳмонов ва мағзҳои мутафаккир ва роҳнамои он биоварам.Ин бори аввал нест,ки дар даврони ҳукуматдории Раҳмонов бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҲНИТ ва бақия нерӯҳои милливу мардумӣ ва озодандеш баста шуд. Дурусту дақиқ ҲНИТ, ҲДТ, Растохез ва Лаъли Бадахшон дар соли 1993 манъ карда шуданд. Ин як қарори  ҳуқуқӣ набуд ва сиёсӣ буд.

 

Аммо аз ҳамон сол ва ба таври расмӣ аз апрели соли1994 то моҳи июни соли 1997 ҳамроҳи ҲНИТ ва ин ҳизбу созмонҳо Раҳмонов ва ҳукумати вай сари мизи музокирот нишаста  роҳи сулҳу оштиро ҷуст. Бале дар шароит ва вазъияте,ки ин ҳама аҳзоб ва ҳаракатҳо бар пояи қарори Суди олӣ мамнуъ эълон шуда буданд.Яъне чӣ? Чаро пас ,ҳукумати Раҳмонов бо онҳо нишасту музокира кард ва ногузир шуд оштӣ кунад ва соли 1999 Суди олӣ ҳукумашро лағв ва фаъолияти ҳизбу созмонҳои фавқуззикрро иҷоза бидиҳад. Дар омади гап бояд бигӯям,ки барои онки ҲНИТ дар соли 1999 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок кунад чи қадар таваллову зорӣ кардед. Ёдатон ҳаст ҷаноби “наҷотдиҳандаи сайёра”? Давлати Усмон  ба ягон санад ҳамчун довталаби курсии президентӣ  имзо накарда буд. Ҳатто шаҳодатномаи номзадӣ нагирифта ва ҲНИТ барои сабти номи номзадаш ҳатто 1 имзо ҷамъ накарда буд. Ҳама аснодро тақаллубӣ кардед.

 

Барои онки интихобат машруият касб кунад рафтӣ ба пойи устоди равоншод Нурӣ афтодӣ. Магар ҳамаи ин моҷаро фаромуш шуд? Инҳо ки афсона нестанд. Ҳақиқатанд. Ҳоло ҳам ҲНИТ ҳақиқат аст. Сақфи осмону зери замин нарафтааст.Он замон ҳам “Озодӣ” ҳамаи ин ҷараёнотро мунъакис кардааст ва имрӯз ҳам, ки ногузир аст ахбору маълумотро интишор бидиҳад. Инки ташвиқу тарғиб нест?

 

Ташвиқу тарғиб чист, дар боло,ки гуфтем. Беш аз ин ин нашрияҳои даврии Тоҷикистон  ва “фермаи ҷавоб”-анд,ки  ҲНИТу ПМТ-ро доранд ташвиқу тарғиб мекунанд. Бигзор,ки интиқод ва тавҳину туҳмат мекунанд, аммо бидуни мақола ва навиштае дар бораи ҲНИТ ба чоп намерасанд. Пас, онҳо чи кор карда истодаанд? Ҳар рӯз ва ҳамарӯз гуфта истоданд. Чаро бо онҳо мушкил надоред?

 

 Пас,мушкилатон бо “Озодӣ” чӣ аст? Чаро бо ин расона мушкил месозед? То ҳадде,ки раиси ҷумҳурӣ мудохила мекунад ва бармешуморад, ки 18 коргари “Озодӣ”парвона гирифтааст.Бале, дигар “Озодӣ” аз таҳти контрол берун шуд. Радиои “Озодӣ” дорад миссия ва рисолати худро иҷро мекунад.Агар аз ҲНИТва ПМТ гуфт, таблиғи онҳо нест. Воқеият аст.

 

 Миннатгузории Раҳмонов,ки баъзан кишварҳои ҳамсоя “Озодӣ”-ро бастанду мо набастаем ҳам як сухани пуч аст. Чун ҳоло  хабарҳо аз он мегӯянд,ки дар Узбакистон “Озодӣ” дигарбора ба фаъолият мепардозад.

 

   “Озодӣ” ҳанӯз дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз задухӯрдҳои ҳарду тараф,аз сангарҳои муқовимат ва ҷиҳод  гузоришҳо мунташир мекард.Ҳам бо ҷониби ҳукумат сӯҳбатҳо мекард ва ҳам бо роҳбарони Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик. Дар раванди музокирот ҳам ҳамчунин мавқеъ ва назари ҳарду тарафро мунъакис мекард.Дар замони баъди ҷангӣ ва фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ низ. Дар идомаи фаъолияти худ низ “Озодӣ” ҳамвора аз ҳаводису иттифоқоти кишвар, гузоришҳо ба нашр мерасонд ,албатта бо риояти тавозун. Аммо бо рӯи кор омадани Соҷидаи Мирзо вазъият дар “Озодӣ” комилан тағйир кард. Расонаи байналмилалӣ ба як мошинаи пропаганда ва мубаллиғи ҳокимияти худкома ва як диктотури тамомайёр мубаддал шуд.

 

Талош ва бетобии Раҳмонов ва дору дастааш ҳам ҳамин аст ки сиёсати роҳандозикардаи ин хонум имрӯз ҳам идома биёбад. Соҷида беҳтарин хабарнигорони “Озодӣ”-ро бо сабаб ва ё бо дасти ҳамин мақомот аз кор барканор кард.Ҷойи онҳо афродеро ба кор ҷалб кард,ки барои онҳо дарёфти парвонаи вазорати хориҷа кадом мушкил надорад.Агар Раҳмонов ва мушовирону мутафаккирони вай пушти пур доштанд ва агар Раҳмонов ва ҳокимияти вай бар асоси раъй ва иродаи мардум буд ва тавассути интихоботи озоду шаффоф ҳокимиятро соҳиб мешуд, ҳеҷ ҳаросе на аз ҲНИТ дошта буд ва на аз “Озодӣ” ва на аз “САҲА” ва на аз “СММ”. 

 

 Аммо ҳоло барои Раҳмонов он давру давроне,ки роҳбарияти пешинаи “Озодӣ” фароҳам оварда буд нест.Сӯҳбатҳои  президенти “Озодӣ”  барои Раҳмонов руку рост буд ва вай ин интизорро надошт,ки ҷаноби Флей мегӯяд иҷоза нахоҳад дод,ки дар кори ин расона мудохила сурат бигирад ва бештар аз ин ва бартар аз ин мегӯяд,ки мо ҳукуматҳо ва мақомотро ба чолиш мекашем:

 

“ Агар мехоҳад,мо дар Тоҷикистон фаъолиятамонро идома бидиҳем,чунин муносибат ғайри қобили қабул аст,чун мо дар чунин шароит корро идома дода наметавонем”.

 

Ин ҳарфу  сухани Президенти радиои “Озодӣ” ба ин маъно аст ки мо худамон дафтарро хоҳем баст,агарки шумо ба ин шаклу шева фишорро афзоиш бидиҳед:

 

 “Агар мо дар Тоҷикистон монданӣ бошем ва дафтари худро дар Душанбе боз нигоҳ дорем, бояд муносибат ва шеваи рӯзмарраи рафтори  ҳукумат бо он тағйир ёбад.”

 

Ва  ошкоро ва бо сароҳат иброз ва эълон медорад,ки

 

“…мансабдорони ҳукуматро ба чолиш бикашем ва назарҳои ҳамаи тарафҳо ва ҳамаи зовияҳоро бозтоб диҳем.”

 

 Ҳоҷат ба тавзеҳ ва ташреҳ нест,ки “назарҳои ҳамаи тарафҳо ва ҳамаи зовияҳоро бозтоб диҳем” посух ба кадом қисмат аз иддао ва диктаи Раҳмонов аст,ки дар фароварди суҳбаташ ночор шудааст ба президенти “Озодӣ” бигӯяд,ки ба шумо “дикта “ карданӣ нестам. Охир чи тавр метавонӣ дикта бикунӣ? Сахттарин ва дурушттарин ва хушунатбортарин коре,ки мекунӣ дафтари “Озодӣ”-ро мебандӣ, ки инро бароят Президенти “Озодӣ”  ошкоро гуфт,ки кори бо чунин шароит даркор нест ва дафтари “Озодӣ” дар Тоҷикистон мутаваққиф хоҳад шуд. Аммо бахши тоҷикӣ,ки кори худро идома хоҳад дод.Президенти “Озодӣ”  дар мусоҳибааш  мавзеъи Раҳмоновро ба хубӣ дарк кардааст:

 

  “ Онҳо талош доранд,назорат кунанд,кадом хабарнигор иҷоза дорад,аз дохили кишвар барои мо гузориш диҳад,кӣ ба кор гирифта шавад ва кӣ не.Ва ман гуфтам,ки чунин шароит қобили қабул нест ва агар вазъ бетағйир монад, мо маҷбур мешавем,қарорҳои сахте дар бораи фаъолияти ояндаи худ дар Тоҷикистон қабул кунем.”

 

   Зимнан ин нукта қобили таъкиди хос аст ки бахши тоҷикии “Озодӣ” ба ин шиддат  ва устуворӣ дар рӯбарӯи як диктотур ва мақомоти вай сари по наистодаст. Қаблан ҳам ҳамчунин ҳолатҳо бо ин расона иттифоқ афтода буд. Аммо инки ин масъала аз сатҳи худи расона берун бишавад, пойи вазорати хориҷии Амрико, намояндагони Конгрес ва Маҷлиси намояндагон расонаҳои муътабаре чун “Вошингтон пост” Иттиҳоди Аврупо, САҲА кашонида бишавад собиқа надоштааст.Раҳмонов  дар соли қабл аз интихобот,Раҳмонов дар шароите, ки СММ ва САҲА ва ИМА масъалаи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро  дар парвандаҳои калон сафҳабандӣ кардаанд, боз бо як мушкили дигар мувоҷеҳ шуда истодааст, ба гумони зиёд аслан инро худаш намехоҳад. Раҳмонов ба ин ҳама миёнаравҳо метавонад “не” гӯяд вале ҳукумати Амрико ва бахусус Трамп, ки ҳар навъи коҳиши ҳузури Амрико дар арсаи байналмилалиро  таҳаммул надорад, на танҳо як лоиҳаи 34 миллион долларии кӯмак, балки куллия лавоеҳи ҳамсонро мутаваққиф хоҳад кард. Ҳатто дар сурати таъсир накардани ин ҳама тадобир бастани “Озодӣ” ва ё тавқифи он аз ҷониби худи “Озодӣ”  ирояи ин кӯмакҳоро ғайриимкон мекунад. Афзун бар ин Раҳмонов ба унвони як дарозумри сиёсӣ ва диктотур як барчаспи дигар, “матбуотбезор” ,“сонсургар”-ро дар соли қабл аз интихоботаш  ба худ ихтисос хоҳад дод ва беш аз пеш таваҷҷӯҳи расонаҳои оламро ба худ ва интихоботаш ҷалб мекунад. Дар ҳоле,ки Раҳмонов қасд дорад интихоботи соли 2020 то ҳадди имкон баҷоӣ ва сахт бесарусадо доир бишавад.

 

 Бо ин ҳол ин эҳтимол вуҷуд дорад,ки дафтари “Озодӣ” дар Душанбе ҳам аз тарафи Раҳмонов баста бишавад ва ҳам аз тарафи худи радио. Аммо рӯсияҳӣ ба “Озодӣ” неву ба Раҳмон мемонад,чун иллат ва сабаб ва омил Раҳмон аст.

 

Аммо мусалламан бахши тоҷикӣ баста намешавад.Идома медиҳад.Меваи мамнуъа ширин мегӯянд, боз ҷаззобу ҷолибтар  мешавад. Яке ду соли пас имкон дорад,ки хадамоти интернет тавассути давлатҳои бузург комилан бепул ва дар ҳамаҷо дастрас бишавад. Раҳмонове, ки аз курсӣ рафтанӣ нест,Рустамро оварда диктатураи хонаводагӣ ташкил карданист, бо инки “Озодӣ”-ро мебандад,дар воқеъ барои худ як оппозитсияи мустаҳкам ва устуворро ташкил хоҳад кард, ки оқибат “сваркаҳо”-ро аз зери поҳояш бархоҳад канд.

 

Дар охир мумкин аст хонанда бигуяд чаро ман аз “Озодӣ” ҳимоят дорам?  Ин севумин матлаби ман дар мавриди ин “Озодӣ” мебошад.Ҳамагон шоҳидед ин радио назар ба дигар расонаҳо матолиби моро нашр накарда ва ҳатто матолиби Пойгоҳи “Ислоҳ”-ро пушишҳам надодааст.Дар ҳоле расонаҳои русӣ,Амрикоӣ,Аврупоӣ,Англисӣ аз мо расман иҷозат гирифта ва таҳлилҳои моро бо зикри манбаъ нашр намудаанд.Аммо “Ислоҳ” ҳамеша дар гуфтани ҳақ ва баёни андешаи солим сарфи назар накардааст.Ҳаркуҷо нақзи ҳуқуқ ва сӯи истифодаро нисбати ҳар расона ва афроде бубинем қарзи имониӣ  ва рисолати худ медонем,то аз онҳо ҳимоят кунем.

 

Share This Article