Э.Раҳмон: интернетро мисли Кабирӣ як оппозитсия меҳисобад

Ислоҳ нет

 

      Э.Раҳмон ва ҳукумати “вай” дар ҳоле нархи интернетро афзуданд, ки аз хадамоти гуногуни он дар ҳар хонаводаи Тоҷикистон истифода мебаранд. Барои бештари сокинон, аз пойтахти кишвар гирифта то деҳоти дурдаст, алоқа бо пайвандон ва дарёфти хабару иттилооти нав тавассути интернет кори рӯзмарра ва ҷузъи маъмулии зиндагиашон шудааст. Бад-ин маъно интернет огоҳиҳои мардумро аз ҳар боб, аз ҷумла аз лиҳози сиёсӣ ба маротиб боло бурдааст. Аз ин ҷиҳат барои мардум интернет табиист, ки фановарии асри навин ва неъмати беҳамтое ба ҳисоб меравад.Писари муҳоҷири тоҷики ҳазорҳо километр дур аз кишвар, аз падар ва модар,ҳамсару фарзондонаш аз Русия танҳо бо ин алоқа аҳволпурсӣ мекунад ва оромона корашро идома медиҳад. Аммо барои Раҳмон интернет балои бад, фалокат, фоҷиае, ки дар роҳ аст, офате, ки нобудаш хоҳад кард, ба ҳисоб меравад.

 

         Раҳмон ва даромади муфт аз интернет

 

 Раҳмон бо афзоиши арзиши дақоиқи интернет ду ҳадафро дунбол дорад: яке ҳадафи  молиявӣ ва дуввум ҳадафи сиёсӣ. Татбиқи ин ҳар ду ҳадаф  бар зарари халқи Тоҷикистон  тамом мешавад. Корбарони шабакаҳои интернетӣ дуруст қайд кардаанд,ки бо ин васила ҳам пули кисаи мардумро ғорат мекунад ва ҳам фазоро барои масъулони ин ширкатҳо то дараҷаҳое танг месозад, ки корро қатъ кунанд ва арсаро барои Раҳмон ва қудову,духтарҳо ва домодҳояш холӣ созанд. Вагарна ширкатҳои дастраскунандаи интернет як манбаи комилан муфти даромад барои Раҳмон ва ҳукумати ӯ ҳастанд. То соли 2000 рақаме аз ҳиссаи онҳо дар ғанисозии бюҷети кишвар зикр намешуд.Ҳоло онҳо дар шумори андозсупорандаҳои калон шомил мешаванд ва солона ба хазинаи давлат садҳо миллион, яқинан миллиард  сомонӣ камтар ва ё бештар аз ин маблағ месупоранд. Ҳазорҳо нафар аз ин ширкатҳо маош мегиранд. Таъсири мустақим ба хонаводаҳо дорад. Дар ҳоле, ки ҳукумати Раҳмон ҳеҷ саҳме, ҳеҷ харҷе барои роҳандозӣ ва фаъолшавии ин ширкатҳо надошта ва накардааст. Онҳо дар ҷойи холӣ ва бо пули худашон ва вомҳое, ки худ дарёфт кардаанд, ва яқинан бо додани ришваву пора ба шумо тавонистанд, ки ҳамчунин хадамотро ба мардуми кишвар дастрас кунанд. Аммо дертар Раҳмон дид, ки инҷо пул ҳаст, пул дорад, ба он чашм ало кард.

 

    Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва падари Рамз, Рамз, масъули фурӯши картаҳои кулли ширкатҳои мобилии кишвар ва домоди 6-уми Э. Раҳмон, шавҳари Зарина, Зарина духтари 6-уми Э. Раҳмон, муовини раиси “Ориёнбонк”- и Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Э. Раҳмон ва тағои Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии Э. Раҳмон ва тағои Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон,духтари дигари Э. Раҳмон ва зани Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, соҳиби “Спитаменбонк” ва ширкати пулчинаки IRS шурӯъ аз соли 2016 бо роҳандозии “Маркази воҳиди коммуникатсионӣ” анвои хадамоти интернетӣ барои ширкатҳоро, ки қаблан аз бозори беруна ва бо баҳои арзонтар мустақиман мегирифтанд, дар тасарруфи худ даровард ва ин бозорро монополия кард.

 

  Соҳаи алоқаи кишварро, ки дар даврони вазирии Маҳмадсаид Зувайдзода яке аз  пешрафтатаринҳо дар миқёси шӯравии пешин  ба шумор мерафт, то ба нестӣ расонд. Чандин ширкатҳои арзакунандаи интернет бо қоидаҳои ғайрибозории Бег Сабур тоб наоварда, тарки Тоҷикистон карданд. Хадамоти интернетиро ба монополия табдил карда барои анвои хадамот “доля”-и худро гузошт. Як мисоли одии он  пардохти маҷбурии 8 дирам дар ҳар моҳ ба абонентҳо аст.

 

    Дар ду- се соли қабл Кумитаи андоз ширкатҳои арзакунандаи интернетро ҷаримаҳои сангин баст. Баҳси миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои Тселл, Мегафон, Билайн ва Вавилон то ба додгоҳ кашонида шуд. Ин ширкатҳо ночор шуданд ҳар кадоме аз 200 то 300 миллион сомонӣ ҷарима бисупоранд.Вале ҳеҷ яке аз ин ширкатҳо, ки молиёти ба маротиб гарон месупоранд, кадом имтиёзе аз ҷониби ҳукуматро ҳатто як бор ҳам нагирифтаанд. Дар ҳоле, ки ширкатҳои таъминкунандаи интернет аз андозсупорандаҳои бузурги Тоҷикистон ба шумор мераванд. Имтиёзро танҳо корхона ва ширкатҳое, ки дар ихтиёри фарзандони Раҳмон, домодҳо ва қудоҳояш аст, мегиранд.

 

              Раҳмон, интернет ва оппозитсия

 

    Дар асл аз ҳамон рӯзҳое, ки интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон пайдо шуд,Раҳмон илоҷ меҷуст, ки онро аз кишвар бо чи роҳе бошад берун андозад. Солҳои пеш ҳамеша аз зарару зиёни телефони мобилӣ мегуфт. Аммо тамоман баракс шуд. Ҳатто талабаҳои мактаб телефон гирифтанд. Ин нумра нагузашт. Аз он гузашта интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ба боди интиқод ва нахват кашид. Гуфт ҷойи инҳо китоб бихонед, илм(?) биомузед, мисли онки дар интернет илм набошад, китоб набошад. Аммо боз ҳам нашуд. Ва, ҳамин тавр баъди ҳаводиси “баҳори арабӣ” интернет душмани рақами аввалаш шуд. Интернет ӯро бештар тарсонд ва ба ваҳшат андохт. Сарнавишти “коллегия”-ҳояш:-Ҳуснӣ Муборак, Алӣ Абдулло Солеҳ, Муаммар Қаззофӣ ва ҳоло Бутафлиқа ва Умар-ал Башир, ки дар нагунсор шудани онҳо шабакаҳои иҷтимоӣ яъне расонаҳои интернетӣ нақши асосӣ доштаанд, ӯро гоҳо ба ҳолати ҷунун ва васвос мерасонад. Чунонеки дар инқилобҳои “баҳори араб” як шабакаи фейсбук ва Алҷазира аз як артиши бузурги муҷаҳҳаз бештар корашонро дар басиҷкардани шаҳрвандони он кишварҳо карда буданд. Ба ҳамон вусъат ва паҳно, ки интернет густариш пайдо мекунад, ба ҳамон андоза бим ва тарс Раҳмонро фаро мегирад.Албатта, ин муқтазои табиати ҳар низоми худкома ва авторитарӣ аст, муқтазои табиати “дарозумрон”-и сиёсӣ аст, ки талош мекунанд ҷомеаро дар халои иттиллотӣ, ҷудо аз ҳар навъ таҳаввулу пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ нигоҳ доранд, мунзавӣ созанд ва муҳосира кунанд.Аммо яқиндошта бошад,ки суқути режими мустабиди Раҳмон ин шо Алллоҳ бо огоҳсозии ҷомеае,ки ҳоло дар қабзаи оҳанинаш қарордорад, тавассути онест,ки аз он ҳарос дорад ва бо ин шево амалӣ мегардад.

 

 Аз ёдамон нарафтааст, ки ҳар гоҳе ба минтақаи шарқи кишвар ба водии Рашт ҳамла мекард,алайҳи Мулло Абдулло, Алии бедакиву Мирзохӯҷа Аҳмадов амалиёт мегузаронд, алоқаи мобилӣ ва интернетро қатъ  мекард. Қатъи интернет танҳо бо як ҳадаф буд. Берун набаромадани ҳар навъи иттиллоъ аз маҳалли амалиёт. Дар соли 2012 вақте ба Бадахшон юриш бурд он вақт ҳам айнан чунин тадбирро ба кор бурд. Бег Сабур гуфта буд, ки тири дайдуе боиси қатъи алоқаи интернетӣ дар Бадахшон шудааст. Ва ҳар вақте матолиби интиқодӣ ба нашр мерасид сайтҳои зери итоаташ набударо мебаст.Умед Бобохонов, муассиси “Азия плюс” гуфта буд, ки ӯ шак надорад, ки дар масдуд сохтани сайтҳо ва пойгоҳҳои хабарии интернетӣ на танҳо Хадамоти алоқа даст дорад,хадамоти амниятӣ ҳам мустақим дастрасӣ ба ин техноложӣ дар кишварро доранд. Тирамоҳи соли гузашта дар ҷараёни маъракаи нокоми табдили симкортҳо баҳонаҳое дурӯғинро ба мардум ироа карда буданд:-“ба дастри террористҳо афтодан”, ё “истифодаи ғайриқонунӣ аз ҷониби афғонҳо” ва ғайраву ҳоказоҳое, ки ба ҷуз аз чаранду паранд ва парту пало беш набуданд.  Садҳо нафар аз шаҳрвандон ҳоло танҳо барои “лайк” ва”класс” гузоштанашон дар интернет зиндонӣ шудаанд. Аксарияти онҳо афроде ҳастанд, ки нохоста ва ё нодониста ҳатто“клик” кардагонҳам вуҷуд дорад.Аммо бо моддаҳои 187, 189, 307 дар кунҷи зиндонанд. Қонунҳоро бар зидди интернет шадидтар карда истодааст. Ҳамчуноне дар солҳои пеш ҳамин гуна қонунҳои марбут ба васоити ахбори умумро сангин кард. Газетаҳоро, матбуоти мустақилро, журналистони озодандешро лаҷом зад, аз байн бурд. Ҳамаро  мисле, ки “тинҷ” кард. Аммо ҳоло барои мисол,илоҷ надорад, ки бо “Фейсбук”-яке аз ҳазорон шабакаҳои интернетӣ чи кор бояд кунад. Аз тавонаш боло аст.

 

   Раҳмон интернетро як оппозитсия меҳисобад. Афзоиши ҳузури Иттиҳоди нави оппозитсиони тоҷик-Паймони миллии Тоҷикистон интернетро боз ҳам душмантар кардааст. Ӯ мехоҳад, ки аз он дар кишвар истифода нашавад. Ҳарчи камтар татҳти таъсир монанд. Барои Раҳмон интернет ҳаммаъно ва ҳамбозуи Кабирӣ шудааст.Кабириеро, ки бо сад макру ҳиял аз кишвар берун карда, умед дошт, бо ҳамин аз афкор ва азҳони ҷомеа нопадид мешавад интернет дубора соҳиби ҳамон ҷойгоҳ ва ҳамон минбар кард. Иртиботи мустақим бо ҳар як хонавода ва аъзои хонаводаро барояш маҳз ҳамин интернет таъмин кардааст.

 

Ва ҳоло дигар ӯ он Кабирии таҳаммулпеша ва собир нест. Дигар ошкоро дар бораи ӯ ҳамачиро гуфта истодааст. Ва ин интернет аст ки ҳар ҳарфу ҳар сухани ӯро нарезонида ва начаконида ба гӯши мардуми кишвар расонида истодааст.

 

 

Шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус пойгоҳҳои иттилоотиву хабарии фаъоле амсоли “Ахбор.ком”, “Паём.нет”,“Кимиёи саодат”, Ислоҳ.нет”, “ Востокнюз” “Фергана. Ру” “Бги Дега”,”Таҷ Инфо” ва даҳҳову садҳои дигар дар интернет ҳамвора аз аъмоли бади ӯ ва хонаводааш, аз ниятҳои ифлоси ӯ, аз дуздиҳои ӯ, навишта ҷомеаро беш аз пеш бо симои воқеии ӯ ошно месозанд. Аз ин ҷиҳат интернет барои ӯ ба масобаи сангар ва ҷабҳаи ҷанг аст. Аммо ин бор дар он на тиру камон, на чархболу тайёра, на  боевику муҷоҳид, дар набард аст, балки сухан ва қалам аст, хабару паём аст,  факту далел аст, наворҳо аст,ки ӯро зерурӯ мекунад.Тамоми пинҳони ӯро  “дарҳои баставу пӯшида”-и ӯро, “мӯҳри махфӣ”-и ӯро ошкор месозад, ба берун меандозад, ғиромиву найрангҳои ӯро, ҳақи мардумхӯрӣ ва ҳаққи мардумхорони ӯро, ҳисобҳои оффшории ӯро бармало месозад.

 

Минбару меҳроби азизони Худо ва бузургони умматро баст, аммо интернет минбаре бузургтар шуд.Дар ин набарди интернетӣ беш аз пеш шикаста мешавад. Дар ҳоле, ки маълумоти комил дорад, ки ҷомеаи кишвар алоқа ва иртиботашро бо Кабирӣ афзоиш  медиҳад ва сӯҳбатҳои интернетии ӯ тамошобин ва ҳавохоҳи бештар касб мекунад ва ӯ дар воқеъ муколамаи самимона бо мардумро ба роҳ мондааст, боз ҳам аз гиребони интернет мегирад. Ҳамин қимате, ки имрӯз муқарар кардааст дар Афғонистони дар ҳоли ҷанг даҳ баробар ва дар Қирғизистони ҳамсоя бист баробар арзонтар аст. Дар ҳоле, ки бар пояи маълумоти созмони байналмилалии Internet Society Тоҷикистон дар миёни 124 давлати дунё мақоми охиринро дорад.

 

   Фикраш ин аст, ки бо гарон кардани пули интернет мардумро аз оппозитсия дур месозад. Фикри хом ва ҳамоқати тасаввур нашаванда.Аммо раванди босуръат ва пуршитоби техноложии навро наметавонад  пешгирӣ кунад. Дар воқеъ барои ҳокимони худкома ва чунонеки худашонро мегуянд ба қудрат “сваркашуда” душвор аст, замони душвор омадааст. Интернет душмани онҳо аст.Иттиллоот гӯри онҳоро хоҳад канд, гӯри онҳоеро, ки Раҳмон дар ин рӯихат дар мақоми фавқ ё боло қарор дорад.

     

  

 

 

 

.

 

Share This Article