Ниҳоят Раҳмонов сатру ҳиҷоб-пушиши зани мусулмонро барои бонувони тоҷик қонунан мамнуъ кард.Ҷорӣ кардани меъёри зидди сатру ҳиҷоб ва риш дар қонун идомаи сиёсатҳои исломситезонаи Раҳмонов аст ва он як амали ғайриинтизор набуд. Нафаре, ки бо шиори «Нест бод ислом» ҳокимият гирифтааст, бояд ҳамин тавр ҳам мекард. Акнун сатру ҳиҷоб низ дар шумори созмонҳои исломии мамнуъа шомил ва ғайриқонунӣ эълон шуд ва ҳар бонуе онро ба бар кард, муҷозот мешавад. Воқеияти ҳам ин аст ки Раҳмонов сатру ҳиҷобро барои исломӣ буданашон мамнуъ эълон кард,на барои «бегона» ва «ғайр» будан. Агар бо ин асос либос барои занҳоро «танзим» мекард чаро «фата»-ро манъ накард, чаро миниюбкаро манъ накард?
Бешубҳа, ҳар як мусалмон, чи дар Тоҷикистон ва чи дар сартосари ҷаҳон бо шунидани ин амал ангушти ҳайрат мегазад.
Чаро ҳукумати Тоҷикистон ин қадар бо сатру ҳиҷобу риш ҷангу ҷидол мекунад? Ин ҳама танаффур ва ин ҳама хусумату хушунат бо сатру ҳиҷоб аз куҷо маншаъ мегирад ва чаро?
Ингор, ки сатру ҳиҷоб ба амнияти давлату давлатдор таҳдид мекунад, ингор,занҳои муҳаҷҷаба ва сатрпуш асокиру афсарҳои ДОИШ ва Ансоруллоҳанд,ки хобу хур ва роҳату оромиши Раҳмоновро барҳам мезананд. Вагарна ин ҳама муқобала ва мубориза ва масоф бо қудрату неруи давлат бар алайҳи сарпуши занҳо ва риши занахи мардҳо чи маъно дорад?
Як нуктаро мардуми тоҷик бояд бидонад ва шакке бар он надошта бошад. Тамоми ин моҷаро, тамоми ин мағлата, тамоми ин машғала, тамоми ин фитнаву иғвову дасиса кори касе ба ҷуз аз худи Раҳмонов нест. Ҳиҷ номусулмонтаре аз худи Раҳмонов дар ҳукуматаш нест, ҳиҷ мансабдору вазифадоре дар ин ҳукумат онгуна ки Раҳмонов бо ислому мусалмонон мушкил дорад, мутанаффир аст, нест. Бори дигар мегуям, ки иллат ва асоси мамнуъа ва муҷозот пешбинӣ кардани Раҳмонов барои пушиши сатру ҳиҷоб ба ислом марбут будани онҳост.
Дар арафаи фарорасии моҳи мубораки рамазон, рӯзи 9 марти имсол дар мулоқот бо аҳли уламо изҳор дошта буд, ки ба қонуни танзим бояд ислоҳот ворид ва мубориза бо бегонапарастиро қонунӣ кард.
«Бегонапарастӣ» ва «фарҳанги бегона» таъбиру таъвиле аст ки Раҳмонов дар нисбати сатру ҳиҷобу риш истифода кардаасту истифода мекунад. Раҳмонов ошкоро дини ислом ва фароизу аркони онро барои миллати тоҷик бегона мешуморад.
Ҷаримаи ҳангуфт ҷорӣ кардан барои пушидани сатру ҳиҷоб ва воридоту тавзеъи он далели боз як пилла болотар рафтани хусумату душмании Раҳмонов бо дини ислом аст.
Бинобар тағйироти ворида ба қонуни танзим минбаъд пушидани сатру ҳиҷоб мамнуъ ва ғайриқонунӣ шуморида шуда тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.
Бар пояи тарҳи нави қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ки бо имзои Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон ироа шуда буд ва онро парлумон рузи 8 май тасдиқ кард, ҳаҷми ҷарима барои риоят накрадани ин меъёр аз 8 то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст: -барои «овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тибқи моддаи 18 лоиҳаи қонун» Дар бораи танзими ҷашну маросим «ба шахсони воқеӣ 7920, ба шахсони мансабдор 39 ҳазору 60, барои шахсони ҳуқуқӣ 57 ҳазору 600 ва барои соҳибкорони инфиродиву олимону ходимони дин 54 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекунад. Дар сурати такрор аз 46 ҳазор то 86 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд».
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим» соли 2007 қабул гардида то ба имрӯз ба он чанд навбат тағйирот ворид карда шудааст. Агар мутаваҷҷеҳ бишавему расад кунем, ба хубӣ пай мебарем, ки тамоми ин ҳама муддат, ки ин қонунро чанд навбат иваз кард, сахттару сангинтар кардааст. Сахттару сангинтар бар муқобили ислому мусалмонӣ.
Зикри нуктае барои андеша.
Ин чанд солест, ки ба ночор дар Фаронса ба сар мебарам мебинам, ки яке сатру ҳиҷобу чодар дорад, яке дигар бо либосҳои нимаурён, яке пироҳани кутаҳостин, яке бо палто, яке шим, яке бо домани кутоҳ, аммо касе ба касе кор надорад.
Дар воқеъ ин хоҳишу тасмими шахсии ҳар як кас аст ки чи бипушад ва чи напушад. Ҳар кас ба тану бадани худаш худаш хуҷаин ва соҳиб аст. На муаллим кор дорад, на табиб кор дорад-яъне дахолат намекунад ва на давлату раиси давлату парлумон, ки кӣ чи мепушаду чи мебандад. Ин кори шахсӣ ва ин ҳарими хусуси ҳамон нафар аст.
Аммо, аммо барои як зан ва як духтари мусалмон пушидани андом ва мастур будан аз чашми номаҳрам фарз аст. Агар ту як мусалмон ҳастӣ, боястӣ тавре ба бар намоӣ ва бипушӣ, ки ислом муқаррар кардааст, фармудаи Аллоҳ аст. Ончики модарону духтарону хоҳарони мо сатру ҳиҷоб ба бар мекунанд, бар мабнои ҳамин фаризаи Илоҳӣ аст, гуфтаи худост.
وَقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا ۖ وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَىٰ جُيُوبِهِنَّ ۖ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَىٰ عَوْرَاتِ النِّسَاءِ ۖ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ ۚ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
[الجزء: ١٨ | النور | الآية: ٣١]
«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони ( ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед.» (Сураи Нур, Ояти 31)
Вале чаро Раҳмонов бо онки ин ҳамаро медонад,бо онки медонад, мустақиман ва руирост бар муқобили амру наҳйи Аллоҳ мебарояд,боз ҳам хашинтар ва боз ҳам душманонатар пеш меравад? Мушкили Раҳмонов бо ислом ва мусалмонӣ чӣ аст? Беш аз пеш зиёдтар ва «громкийтар» бар зидди ислому мусалмонон дастур қарор содир мекунад. Худро як сарбози сарсупору ҷонфидои мубориза бо ислом муаррифӣ мекунад. Мегуӣ Натаняҳу дар пеши ин чизеву касе нест. Мегуӣ, ки олу уруқаш ба Абуҷаҳлу Абулаҳаб мерасад. Ҳар қадар зиёдтар ва баландтар иқдом мекунад. Мехоҳад, ки уро ба унвони як раҳбари давлате, ки душмани қасамхурда ва сарсахти ислом аст, бишиносанд.
Ин корро барои кӣ карданӣ аст? Барои Тахминаи Клеопатра? Барои Озода? Барои Рухшона? Барои Парвина? Барои Зарина? Чун онҳо бо сатру бо ҳиҷоб миёнаи хуб надоранд, «евроремонт»-ро нағз мебинанд. Шароит фароҳам оварад, ки онҳо бидуни мумониат нимабараҳна бигарданд? Магар кӣ кордор шудааст, ки Азизмо пироҳанашро бикашаду юбкаи калтакутаҳ бипушад? Поҷома сангинӣ карда бошад, лублучак кунаду гардад. Кӣ кордор мешавад?
Аммо бо пушиши зану духтару модари мардум чи кор дорад? Ин ҳамоқат ва аблаҳӣ охир дорад ё хайр? Ҳоло агар давлат демократӣ ва дунявӣ ва иҷтимоӣ буда бошад,пас пушидани навъи либос ихтиёрӣ нест, ҳақи ҳар фард нест, ки чи бипушад ва чи напушад?
Мухолафати Раҳмонов бо сатру ҳиҷоби мусалмонӣ аз солҳо пеш идома дорад. Ҳамин қонуни танзим,ки қабул кард,аслан барои ҷилавгирӣ аз ҳамин нишона ва аломатҳои исломӣ аст. Бо онки дар шумори 500 мусулмони бонуфуз ворид шудааст, бо онки соли Имом Абуҳанифа баргузор кард, бо онки панҷ бору шаш бор умра рафт, эҳром баст, бо онки дар сари мавзолейи Майрами гурсухта даст ба дуо бардошт ва бар мусулмон будани худ таъкид кард, «ташаббус» -ҳое мекунад, ки ангушти тааҷҷуб ногазида намешавад.
Қадам ба қадам, зина ба зина доираи ҳузур ва ҷойгоҳи исломро дар Тоҷикистон маҳдуд ва танг карда истодааст. Ҳамин қонуни танзимро аз аввал то ба ҳоло пайгирӣ кунед, худатон шоҳид мешавед. Масалан барои духти либоси миллӣ вазорати фарҳанг муваззаф шуд, масалан борҳо рейдҳо доир карда сатру ҳиҷобро аз сари занҳо кашида гирифт, аз муассисаҳои давлатӣ берун кард ва ҳатто дар даромадгоҳҳо эълон насб кард, ки барои ҳиҷобпушон даромадан мамнуъ аст, барои риш чандин нафарҳо ҷазо гирифтанд, хуллас корҳое кард, ки исломро дар азҳон ва афкори мардум хурду ҳақир кунад. Ва ҳоло акнун гирифту меъёри қонун кард.
Сатру ҳиҷоб намод, нишон ва фарзи исломӣ аст. Он ғурури мусулмонҳост, он ҳарими хусусии онҳост. Касе ҳад ва ҳақ надорад, ки онро аз сари як зани мусалмон бикашад.
Раҳмонов қонуни худро болотар аз қонуни худо карда истодааст. Раҳмонов қонуни худро дурусттар аз қонуни Худо дониста истодааст. Раҳмонов қонуни Худоро ноқис бароварда истодааст. Дар ҳоле ҳеҷ тағйиру табдиле дар каломи Аллоҳ нест ва ин ҳақро ҳеҷ касе надорад. Раҳмонов ба муқаддасоти мусалмонҳо, ба нангу шарафи мусулмонҳо таҷовуз ва таарруз карда истодааст.
Тоҷик мусалмон аст. Зани мусалмони тоҷик ҳиҷобу сатр мекунад. Аммо Раҳмонов онро бегона мехонад. Яъне вай гуфтанӣ аст ки ислом барои тоҷикҳо бегона аст. Вай исломро бегона мешуморад.
Баъди қабули ин қонуни зидди дастуроти Худо даҳҳову садҳо нафар аз ҳамватану ҳамзабонони мо Раҳмоновро Абуҷаҳлу Абулаҳаб ва тоғуту мушрик эълон карданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз ҳарфи лаънату нафрат ба Раҳмонов шудааст.
Аммо, ҳамчуноне гуфтем, Раҳмонов ҳисобиву нақшаӣ бар алайҳи ислом ҷанг мекунад. «Қонуни танзим»-и Раҳмонов маҷмуи танаффур ва хусумати вай, эҷоду осори пур аз кинаву кинояи вай бар муқаддасоту арзишҳои олии мусалмонҳо аст. Сартопои ин қонун зидди аҳкоми илоҳӣ аст.
Дар соли 2017 ин қонунро бо тиражи миллионҳо мунташир ва хонабахона тақсим кард. Ҳатто дастур дод, ки ба ҳар як сокини Тоҷикистон як нусхаӣ дастрас кунанд. Ҳамон сол, ки дар моҳи август ин қонунро бори дигар бознигарӣ кард, дастур дод, ки дар оянда барои риоя кардани сарулибоси миллӣ банду модда ворид кунанд. Вай он замон гуфта буд, ки «Мо намегузорем, ки дигар тақлид кунанд. Ҳамаи ин ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст».
Кадом ғамхорӣ дар ҳақи мардум? Магар «ғамхорӣ дар ҳақи мардум» кашидани румол аз сари занҳои онҳо аст? «Ғамхорӣ»-ро дар сару либоси мардум мекунӣ? Чаро барои бонуҳо ҷойи кор намесозӣ? Албатта, маълум аст ки «тақлид» гуфта вай пушидани сатру ҳиҷобро дар назар дорад. Сатру ҳиҷоб барои раҳмонов «бегона» аст. Вай дар сатру ҳиҷоб «ифротгароӣ»-ро мебинад ва гумонаш ин аст ки зани тоҷики мусулмон агар сатру ҳиҷоб кард вай ифротгаро аст. Ва «ифротгаро»-гуфта вай киро дар назар дорад маълум аст. Вай барои он сатру ҳиҷобро бегона ва аз миллат берун кардан мехоҳад, ки аз ислому аз исломиҳо сахт метарсад. Агарчи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мамнуъ ва ғайриқонунӣ хондааст, ҳамоно дар ҳар сатру ҳиҷобпушу ришдор наҳзатиро мебинад. Аслу асоси тарси Раҳмонов ҳамин аст. Сатру ҳиҷобро барои он чашми дидан надорад ва бад мебинад, ки сатрпушу ҳиҷобпушро тарафдори ҲНИТ мешиносаду меҳисобад. Ин қадар ҲНИТ-ро бад мебинад,ки намедонад сатру ҳиҷобу риш то ҲНИТ ҳам буд ва баъд аз ҲНИТ ҳам мемонад ва сатру ҳиҷобу риш фақат дар Тоҷикистон нест, дар тамоми дунёи ислом ҳаст.
Барои ҳамин аст ки сатру ҳиҷобро ҳам мамнуъ кард.
23 августи соли 2017 парлумони Тоҷикистон бо баргузори як ҷаласаи ғайринавбатӣ (ғайринавбатӣ??!!) ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид гардид.Бинобар моддаи 14-и боби 4 ,ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».
Ташаббускори ин тағйирот ҳам худи Раҳмонов буд. Раҳмонов дастури баргузории ин ҷаласаи ғайринавбатии парлумонро, ки вакилон дар истироҳат буданд дода онро баргузор кард. Аммо масъала ягон масъалаи изтирорӣ набуд, масъала масъалаи сатру ҳиҷоб буд. Ва барои бори аввал буд,ки «дар як қонуни Тоҷикистон ба зарурати танзими либос, мушаххасан, риояву ҳифзи либоси миллӣ таъкид карда шуд. Ин тағйирот дар пасманзари маъракаи сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар амри мубориза бо либосҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, пӯшидани ҳиҷобу сатр ворид гардид. Ҳамон шабурӯзҳо дар саросари кишвар сохторҳои ҳифзи қонун ва ҳам кумитаҳои умури занон ва дин рейди даҳрӯзаи (аз 3 то 13 август) сӯҳбат бо занону духтаронро баргузор карданд, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз пӯшидани ҳиҷобу сатр буд. Танҳо як бахши гурӯҳи корӣ дар Душанбе дар давоми ин муддат бо 8000 занон сӯҳбатҳо анҷом дода, барояшон дар бораи «таъсири манфии фарҳанги бегона» маълумот доданд: «Мақомоти тоҷик мегӯянд, гароиш ба ақидаҳои ифротии мазҳабӣ, ки бегона ба фарҳанги миллӣ аст, аз пӯшидани либоси ғайрианъанавӣ аз назари арзишҳои миллӣ шурӯъ мешавад. Вале онҳое, ки аз ин маърака розӣ нестанд, мегӯянд, кори мақомот дахолат ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон аст».
Ин иқтибоси нисбатан муфассал аз интернет барои он оварда шуд,ки шумо бифаҳмед Раҳмонов чи тавр ва бо чи ҳиллаву хидъва ва бо ҳарчи бештар ҷо кардани тарсу ҳарос дар дили мардум хоста ва таваққуъоти худро қадам ба қадам дар матни қонун ҷо кардаасту ҷо мекунад. Агар дар аввалҳо танҳо дар баромаду суханрониҳояш мегуфт вале батадриҷ онро вориди қонун карда ва акнун барои муроот накардани он мардумро наказат мекунад. Яъне ирода ва султаи шахси худро болои мардум ва дар чаҳорчуби қонун дорад бор ва пиёда мекунад ва акнун, ки қонун кард, дигар мақомот пайи татбиқи он мешаванд ва намунаи рушани он ҳамин навори ҳоло дар тамоми дунё дастрасе аст ки занҳоро дар як бемористон намегузоранд,ки ворид шаванд ва ҳатто як мард мегуяд,ки барои як румол шуда 3500 сомонӣ ҷарима насупор.
Раҳмонов ҳар аз гоҳе аз миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун ва таърихи ҳазоруандсолаи тоҷик ҳарф мезанад. Аммо агар ин миллат ҳамон тавре, ки Раҳмонов тавсиф ва таъриф мекунад бошад чаро тули ин ҳама муддат куртаву эзору румолашро муайян ва мушаххас накард,ки акнун Раҳмонов таъин ва таҳия мекунад.Гуфтем,ку дар чаҳорчуби ҳамин сиёсати «сарулибоси миллӣ» ва зиддисатру ҳиҷобаш ҳатто вазири вақти фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода маҷбур шуда буд,ки моделйерҳо ва хайётону бурандаву дузандаҳоро маҷлис карда духтану сохтани куртаву эзори миллӣ бифармояд.
Бинобар навиштаи расонаҳо Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки «воқеан, ин зарурат аст ва ҳоло мубодилаи афкор ҷараён дорад. Эродҳо низ ҳастанд. Барои инки мо либоси миллиро риоя кунем, бояд намунаи либоси миллӣ дошта бошем.Хулосаи охирин, ки либоси миллии мо кадом аст, то ҳозир муайян нашудааст ва баҳсу талошҳо асосан дар заминаи ин ба вуқӯъ меоянд.»
То Эмомалӣ Раҳмонов ин мардум чи мепушид? Бараҳнаву урёну лублуч буд?
Масалан Майрами гурсухта, Қурбонбӣ, Узбакбӣ чи мепушиданд. Поҳояшон лич, мисли Рухшона буданд? Сарҳояшон лич, мисли Парвина буданд,шиму шорт мепушиданд, мисли Таҳмина, ё чоки гирбенашон мисли пешобағали бози Озода,ки чун теппаи куҳони уштури султон Увайси қаранӣ барҷаставу паҳну фарох буд? Сару сурату муи сару баёзи гарданашон пушида набуд?
Ин дигар яқин шуд, ки Раҳмонов як худонобовар аст,ба ҳеҷ чиз арзишу муқаддасоте эътиқод надорад. Мегуяд, ки «Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу риш». Э, руҳот лахча, сиёҳи куни дег, э аблаҳи аҳмақ. Ин сатру ҳиҷоб фарз аст, фарз. Боз ҳам руят сиёҳ бо ин худошиносӣ! Худошиносе,ки ту бошӣ.
Ба ин саволҳо ҷавоб бидеҳ. Ҳамин Рустам нобурид аст? Сомон нобурид аст? Исмоили пингвин нобурид аст?
Масалан Фируза, Озода, Тахмина ва … многоточек-мулнуқта..ба шавҳарони расмиву қонуниашон бидуни никоҳ зифоф карданд?
Ҳоло фикр мекунӣ,ки бо ҷорӣ кардани якчунин маҳдудият метавонӣ орому осуда бошӣ? Ҳиҷ гоҳ орому осуда буда наметавонӣ, ҳатто агар тамоми занҳои Тоҷикистон мисли Заринаву Фарзона сару руяшонро луч кунанду сатру ҳиҷобашонро бикашанд ҳам. Чунки ин як кори зуракӣ ва маҷбурӣ аст ва бо муҷарради расидани камтарин фурсати мумкин бо ҳамон сатру ҳиҷоб ва шояд бо ягон либоси дигарашон танобе баста гарданатро дар посутуни қасри миллат овезон кунанд…Он вақт хоҳӣ фаҳмид,ки дастдарозӣ бо нангу шараф ва муқаддасоти мардум чи паёмаде доштааст….
Ps: Дар охир ба нухбагону уламои дохили ватан ва хориҷи он хитоб мекунам,ки дигар нагуед,шумо аз динатон ва нангу номуси зану духтаронатон ҳимоят мекунед! Қонунан Раҳмонов шуморо даюс кард ва дигар ба сина назанед, ки мардеду имон доред! Раҳмонов шуморо мисли худаш бе номус ва дайюс кард ва боз шарм нокарда ҳиҷоби сиёҳ ва танги туркӣ гуфта худро табраа мекунед. Ҳайфи ин мусалмонии шумо ва мард гуфтани худатон! Ин хитоб ба онҳое дар ҷомеъа суханашон таъсир дошту дорад ҳаст. Онҳое дар хориҷ аз ватанед медонам ҳолатон хуб нест ва дар фикри ҳифзи ҷонатон ҳастед. Аммо ба шакле эътирози худро бояд иброз дореду аз ин қонуни дайюссозии Раҳмонов интиқод кунед. Зинда мондану дайюс зистан? Аз ин зиндагонӣ марг бартар аст. Акнун шумо дар хориҷ ҳастед вале зану хоҳару модару наздиконатон дар ин бе шарафӣ бояд бизиянд. Оё туӣ дар хориҷ қарор дошта ба ин розӣ ҳастӣ ? Ҳаргиз не.
Аммо он ба ном муллоҳое ва имомҳое, ки дар дохилед беҳтарин роҳ ин аст ки аз минбарҳое дар ихтиёратон додаанд поён фароед ва раҳо кунед он минбарҳоро, вагарна шумо кумак кунандагони ин дайюс маҳсуб хоҳед шуд. Фарқ намекунад, ту кӣ будӣ ва кӣ ҳастӣ! Ёрирасони Раҳмонов набош. Таъовун дар исму удвонро медонед чист, дигар ба шарҳ ва тафсире ниёз надоред.
Аммо Сулаймон Давлатов бидон, ки номи ту дар таърихи ин миллат бо хати сиёҳ сабт хоҳад шуд ва тоза кардани он ғайри имкон аст. Агар имон дорӣ ҳарчи тезтар истеъфо деҳ!
Сайдмукаррам агар имон дорӣ истеъфо деҳ. Айни вақт аст ки дар назди Аллоҳ собит намоӣ, ки кӣ ҳаст?
Эй, уламои дар, минбарҳо қарор доред, медонед коре карда наметавонед. Беҳтар аст истеъфо диҳеду худро дар назди Аллоҳ ва халқи Худо шармандатар накунед!
Мо яъне миллат ин ҳолатро назорат хоҳем кард!