Эрдуғон – диктатор ё тараққигаро?

Бо боварии комил метавон гуфт, ки бақои Эрдуғон дар раъси ҳукумати Туркия, на фақат хоҳиши шахсии ӯ, балки туфайли сиёсати тараққипарваронааш хоста ва интихоби мардуми қомати худро аз нав росткардаи турк мебошад. Айни ҳол мардуми турк дар симои Эрдуғон як шахси меросбари Империяи Усмонӣ ва идомадиҳандаву барқароркунандаи салтанати зиёда аз 500-солаи ин империяро мебинанд.

Мувофиқи гузориши Шӯрои олии интихоботи Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон,  бори дигар бо ба даст овардани 52 дарсади орои мардум дар интихоботи президентии рӯзи якшанбе 24 июн, президенти ин кишвар интихоб шуд.

 

Ҳамчунин тибқи нишондоди гузориш дар интихоботи порлумонии Туркия, ки дар як рӯз бо якҷоякӣ бо интихоботи президентӣ гузашт, Ҳизби адолат ва тараққӣ, ки  раҳбар ва муассисаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебошад баранда шуд. Ин ҳизб бо касби бештар аз 42 дар сади орои мардум ва бо муттаҳидаш ҳизби миллигаро, ки 11,1 дар сад оро ба даст овард, аксари кулли раъйҳо дар умум 53,6 дар садро ба даст овард ва бештари курсиҳои парлумониро соҳиб шуд.

 

Эълони натиҷаи интихобот аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳокимияти мутлақ ҳадди ақал барои якчанд соли дигар ба дасти Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти феълии Туркия афтод.

 

Эрдуғон ҳам мисли ҳар диктаторҳои дигар заминаҳои боқӣ монданаш дар курсии шахси аввали кишварашро барои худ омода мекард. Чанд бор паи ҳам ба Сарқонуни ин кишвар баҳри бақои ӯ дар курсии шахси аввали Туркия тағйирот ворид карда шуд.

 

Аммо тавре, ки ба пешрафту тараққиёти босуръати Туркия дар чанд соли охир тамоми оламиён шоҳид ҳастанд, ба назар мерасад, ки ҳама кирдорҳои Эрдуғон ҳадафмандона буда, бақояш дар курсии роҳбарии як кишвар танҳо барои пиёда кардани ҳадафҳои олӣ будааст.

 

Ҳарчанд зоҳиран кирдорҳои Эрдуғон бо талоши боқӣ мондан дар курсии президентӣ монанди ҳар диктаторҳои кишварҳои дигар аст, вале вобаста ба он ки барномаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиаш бо мувафақият пеш мераванд, принсипҳои кории ӯ аз дигар диктаторҳо фарқ мекунад.

 

Дар аксари кишварҳое, ки низоми авторитарӣ ва диктотура пиёда мешавад, то рафт тамоми дороиҳо ба дасти як тудаи ҳукмрон мегузарад ва мардум торафт қашшоқтар мешавад. Раванди муҳоҷират авҷ мегирад. Буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ ба миён омада, қишри норизо аз сиёсати тудаи роҳбарикунанда то рафт зиёд мегардад. Дасти абарқудратҳо болои кишвари диктотурӣ дарозтар мешавад.

Аммо пешрафту тараққиёти Туркия баръакси нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда мебошад.

 

Аз замони ба сари қудрат омадани Раҷаб Таййиб Эрдуғон ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ рӯи даст гирифта шуд. Агар дар кишварҳои диктотурӣ ва фасодзода мардум аз порагирӣ ва фасод ба дод омада бошанд, мубориза бо фасод дар Туркия ба ҳадде расидааст, ки шаҳрвандони корафтода ба мақомот аз мушкилоти бо пора ҳал нашудани корҳояшон ҳарф мезананд. Дар замони фаъолияти Эрдуғон ҳамчун шахси аввали кишвараш сармоягузории хориҷӣ ба Туркия ба авҷи аъло расид. Сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Туркия байни солҳои 2003 ва 2012 боиси афзоиши воқеии ММД 64% ва афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ 43% -ро ташкил дод. Маҳз бо ба мувафақият расидани барномаҳои иқтисодии ҳизби Адолат ва тараққиёти Туркия, ки роҳбар ва муассисаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон мебошад, Туркия аз тамоми қарзҳои хориҷияш халос шуда, ба як кишвари карздиҳанда табдил ёфт. Айни ҳол тибқи гузориши солонаи ташкилоти британиягии Ташаббус ва тараққиёт   бо номи «Кӯмаки башардӯстона дар ҷаҳон» Туркия дар соли 2017 дар рӯйхати кишварҳое, ки ҳамасола кӯмакҳои башардӯстона мекунанд, дар ҷои аввал қарор гирифтааст.

 

Танҳо дар соли 2017 Туркия ба маблағи 8.07 миллиард доллари ИМА кӯмаки башардӯстона кардааст, ки ҳатто аз кумаки башардустонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6,68 миллиард доллари ИМА), Бритониёи Кабир ( 2,52 миллиард доллар), Иттиҳоди Аврупо ( 2,24 миллиард доллари ИМА)  зиёд мебошад.

 

Дар муқоиса бо кӯмакҳои башардӯстона ба тавлиди нохолиси дохилӣ низ,  Туркия дар миқёси ҷаҳон, дар ҷои аввал қарор гирифтааст, ки баробар ба 0,85% мебошад. Бо ин нишондиҳанда Туркия саховатмандтарин кишвар дар ҷаҳон дониста шудааст. Ин ҳама дар ҳолест,  аксар кишварҳои диктотурӣ ва авторитарӣ, ки роҳбаронаш бештар барои бақои курсӣ ҷонканӣ мекунанд, дастнигару гадо ва садақахур мебошанд.

 

Айни замон сиёсати феълии Туркия  бештар ба манфиатҳои милливу мардумӣ нигаронида шудааст. Аксари намудҳои фаъолияти соҳибкории хурде, ки ба истеҳсолоти саноати сабук машғул ҳастанд, то меъёри муайяни вусъати фаъолияти соҳибкорӣ аз андоз озод карда шудааст. Соҳибкорони хурде, ки дар қади кучаю гузаргоҳҳо ва бозорҳо ба чаканафурӯшӣ машғул ҳастанд ва нуқтаи статсионарӣ ( дукони доимии тиҷорат) надоранд, ҳатто барои тиҷорат,  аз идораи андоз гирифтани иҷозатнома барояшон ҳатмӣ нест. Ин аст, ки аксари мардуми ин кишвар бо шуру шавқ ба истеҳсолоту тиҷорат машғул ҳастанд. Дар шаҳрҳои саноатии Туркия, дар таҳхонаи аксар биноҳои истиқоматӣ коргоҳҳои шахсии дузандагӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ресандагӣ, коркарди ашёи хом барои корхонаҳои истеҳсолии бузург ба роҳ монда шудааст. Аксари коргоҳҳои истеҳсолӣ дар назди коргоҳи худ фурӯшгоҳҳои худро доранд.  Бо ин ҳол хусусан молҳои саноати сабуки Туркӣ бо нархи арзону дастрас ва сифати баланд истеҳсол ва ба кишварҳои дуру наздик содир мешаванд. Ногуфта намонад, ки дар даҳ соли охир Туркия бо ин сиёсати дастгирии мардумиаш ва тараққиёти саноати сабук, ба яке аз беҳтарин кишварҳои содиркунандаи молҳои саноати сабук дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳатто ба Тоҷикистон ҳам, Туркия сеюмин кишваре мебошад, ки аз ҳама бештар моли худро ворид мекунад.

 

Ин ҳама дар ҳолест, ки агар карру фарри кишварҳои ҳамсояаш аз содироти газу нефт бошад, Туркия газ ва маҳсулоти нефтиро аз кишварҳои ғайр ворид мекунад ва ҳамагӣ 15-20 сол пеш, Туркия як кишвари ба қарз ғутида ва тараққиёти истеҳсолоташ шахшуда ба ҳисоб мерафт.

 

Маврид ба зикр аст, ки ҳуқуқу озодиҳои эътиқодмандон ба таври зарурӣ дар Туркия таъмин буда, ҳатто мактабҳои миёнаи махсуси динӣ, ки эътиборашон баробари мактабҳои дунявӣ мебошад, дар ҳама гушаву канори ин кишвар фаъолият мекунанд.

 

Дар тараққиёти фарҳангу маданият низ дар даҳ соли охир Туркия ба мувафақиятҳои назаррас ноил шудааст. Хусусан пешрафти соҳаи филмофарӣ сазовори таҳсин аст. Дар даҳ соли охир силсилафилмҳои туркӣ бозори тамоми кишварҳои силсилафилмофари аврупоиро дар кишварҳои шарқ касод кард.

 

Соҳаи сайёҳат ва туризм бошад ниёз ба муаррифӣ надорад.

Бинобар гуфтаҳои боло, бо боварии комил метавон гуфт, ки бақои Эрдуғон дар раъси ҳукумати Туркия, на фақат хоҳиши шахсии ӯ, балки туфайли сиёсати тараққипарваронааш хоста ва интихоби мардуми қомати худро аз нав  росткардаи турк мебошад. Айни ҳол мардуми турк дар симои Эрдуғон як шахси меросбари Империяи Усмонӣ ва идомадиҳандаву барқароркунандаи салтанати зиёда аз 500-солаи ин империяро мебинанд. Туркия шомили 20 кишвари аз ҷиҳати иқтисодиёт пешрафтатарини ҷаҳон мебошад.

 

Аммо бар замми ҳама ин пешрафту тараққиёт ва дастовардҳо бояд гуфт, ки аллакай эҳсос мешавад, ки дар раъси ҳукумат ба солҳои дароз боқӣ мондани як шахс мардумро хаста мекунад. Хусусан барои мардуми кишваре, ки ҳам дар илму маориф ва ҳам дар иқтисодиёт ба таври назаррас пеш рафтаанд, бақои як нафар дар раъси ҳукумат ба солиёни дароз  таҳаммулнопазир аст. Чун мардуми огоҳ медонад, ки ҳазорон кадрҳои арзанда омодаи хидмат ба халқу ватани хеш ҳастанд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки аз ҷониби мардум бори дигар интихоб шудани Эрдуғон ҳамчун президент, маҳз огоҳии мардум аз барномаи рӯи дастгирифтаи ӯ ва баҳри амалигардонии ин барномаҳояш мебошад. Табиист, ки агар Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ, мисли ҳар диктаторҳои дигар фақат дар ғами худ ва атрофиёнаш мешуд, кайҳо мардуми огоҳ ва истиқлолу ислоҳотхоҳи Туркия ӯро аз ин курсии ба ӯ бовар кардаашон дур мекарданд. Гирдиҳамоиҳо ва тазоҳуротҳои ислоҳотхоҳонаи пай дар пай дар Туркия метавонад далели ин гуфтаҳо бошад.

 

Бино ба гуфти худи Раҷаб Таййиб Эрдуғон зимни як суханронияш дар шаҳри Стамбули Туркия, “мардуми ин кишвар хотирҷамъ аз он аст ҳастанд, ки бо рафтани Эрдуғон аз сиёсат ё дар ҳолати ӯ ба ҳодисаи нохуше дучор шудан ва ё фавтиданаш, на кам аз 100 нафар нухбагони сиёсие дар Туркия ҳастанд, ки метавонанд хубтару беҳтар аз Эрдуғон ин кишварро роҳбарӣ кунанд”.

 

Бояд таъкид намуд, ки на фақат Туркия, балки дар ҳар кишвари дигаре ҳам бо ҳар роҳу василае нухбагон ва шахсони фарзонаро метавон пайдо намуд, ки лоиқи вазифаву мақоми идоракунанда бошанд, аммо ин диктаторҳои худкома ҳастанд, ки умеди шаҳрвандонро ба ояндаи нек аз байн мебаранд. Бо талоши бақои худ дар вазифаву мақом ва авлодӣ намудани ҳукумат шуру шавқи пеш рафтан ва ба боло ҳаракат намудани шаҳрвандонро  ба яъсу ноумедӣ табдил медиҳанд.

 

Раҷаб Тайиб Эрдуғон айни ҳол 64 – сола мебошад. 26 феврали соли 1954 дар маҳаллаи Қосимпошои ноҳияи Истамбул Бейоглу дар оила корманди ҳифзи соҳили баҳри Сиёҳ ба дунё омадааст.

 

 

Эрдуғон соли 2003 ба мансаби нахуствазирии Туркия расид ва аз соли 2014 муддати чор сол аст, ки президенти он кишвар аст.

Интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия рӯзи 24-уми июн баргузор шуда, бино ба маълумотҳои расонаишуда, шаш нафар, аз ҷумла Салоҳиддин Димиртоши зиндонӣ, довталаби курсии президентӣ буд. Дар Туркия тақрибан 60 миллион нафар аз ҳаққи раъй бархӯрдор аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз низоми президентӣ ҳимоят мекунад.

 

Бояд гуфт, ки  интихоботи Туркия дар шароите баргузор шуд ва Эрдуғон баранда шуд,  ки ин кишвар дар моҳҳои охир бо мушкилоте чун коҳиши арзиши асъори миллӣ рӯ ба рӯ шудааст.

 

Инчунин, баъди табаддулоти нокоми июли соли 2016, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар кишвар вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кард. Даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла журналистони мунтақиди давлат боздошт шуда, садҳо ҳазор коргари давлатӣ ҷои кори худро гум карданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама мардум ба ӯ бовар карда, раъй дод.

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад