Эрдуғон: Рафтори якҷонибаи Вашингтон танҳо ба манофеъи худи Амрико зарба мезанад

Иқдомоти якҷонибаи Амрико алайҳи муттаҳиди қадими худ Туркия, дар даврае, ки шарр ва бадӣ дар ҳама ҷойи ҷаҳон ба камин нишастааст, танҳо барои манофеъи худи Амрико зарба мерасонад.

Раисҷумҳури Туркия бо интишори мақолае дар рӯзномаи “Ню-йорк Таймз” навиштааст, ки рафтори якҷонибаи гомҳои Амрико алайҳи Туркия, танҳо ба манофеъи милли худи ин кишвар зарба мезанад.

 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия тайи мақолае бо унвони «Туркия ба буҳрони равобит бо Амрико чигуна менигарад?», ки дар рӯзномаи «Ню-йорк Таймз» мунташир шуда, навиштааст: Иқдомоти якҷонибаи Амрико алайҳи муттаҳиди қадими худ Туркия, дар даврае, ки шарр ва бадӣ дар ҳама ҷойи ҷаҳон ба камин нишастааст, танҳо барои манофеъи худи Амрико зарба мерасонад.

 

Эрдуғон бо ишора ба инки Туркия ба ғайр аз Амрико дорои гузинаҳои дигаре барои тиҷорат ва равобити хориҷӣ аст, таъкид кардааст.

 

 

“Вашингтон  дер нашуда бояд ин тафаккури ғалатро, ки равобити ду кишвар ҳамвора бояд беайбу нуқс бошадро канор гузошта, бипазирд, ки Туркия дар сиёсати хориҷӣ дорои гузинаҳои мутааддиде аст. Дар сурате, ки мақомоти Амрико иқдоми худписандона ва орӣ аз назокати худ дар қиболи Туркияро ба канор нагузоранд, мо низ шурӯъ ба ёфтани гузинаҳои ҷадиде дар сиёсати хориҷӣ хоҳем кард”.- навиштаст Ӯ.

 

Раисҷумҳури Туркия изҳор намудааст, ки ду кишвар аз 60 соли пеш то кунун шарики стратегӣ буда, дар давраи «ҷангҳои сард» дар канори ҳам қарор доштаанд.

 

 

“Дар чандин ҷангҳо сарбозони ду кишвар дар канори якдигар ҷангиданд. Мавзеъи Туркия дар қиболи бӯҳрони мушаки Куба, ки бо хурӯҷи мушакҳои Шӯравӣ аз Куба ва мушакҳои Юпитери Амрико аз Туркия ва Италия ба поён расид, бисёр созанда буд. Пас аз ҳамалоти 11 сентябр низ дар канори Амрико қарор гирифтем ва сарбозони худро ба ҷанг бо террористҳо дар Афғонистон дар чорчуби маъмурият НАТО эъзом кардем”- навиштааст Эрдуғон.

 

Ӯ бо ишора ба ин ки вокуниши  Амрико ба кудатои нофарҷоми кишвараш соли 2016 барои Туркия қобили қабул набудааст, навиштааст: “Мардуми Туркия пас аз кудатои нофарҷом хоҳони ибрози ҳамдардии Амрико бо худ шуданд, аммо давлати Амрико дар ин роҳ муваффақона амал накард”.

 

Дар бахши дигаре аз навиштаи Эрдуғон омадааст: “Дар сурате, ки Амрико ба ҳокимияти миллии Туркия эҳтиром нагузорад ва ба мардуми ин кишвар собит нашавад, ки Амрико мутаваҷҷеҳи таҳдидҳои пешравии Туркия аст, шарикӣ ва дустии ду кишвар ба хатар хоҳад афтод”.  

 

Раисҷумҳури Туркия бо ишора ба бурузи таниш байни Туркия ва Амрико бар сари мавзӯъи маҳкумияти руҳонии амрикоӣ Эндрю Брансон дар Измир бар истиқлоли системаи қазоии Туркия таъкид кардааст.

 

“Мо ҳамвора ба як асли мушаххас пойбанд хоҳем буд. Талош барои таҳти фишор қарор додани давлати Туркия ба манзури дахолат дар раванди қазоӣ дар тазодд бо қонуни асосӣ ва арзишҳои муштараки демократӣ миёни ду кишвар аст. Мо ба ҳеҷ як кишвар иҷоза намедиҳем, ки ба масоили дохилии мо дахолат кунад. Ингуна дахолатҳо барои мо таҳқири як кишвари соҳибистиқлол дониста мешавад”. – таъкид кардааст Раҷаб Таййиб Эрдуғон.

 

Дар ҳамин ҳол тавре хабаргузории Анадолу гузориш додааст, раисҷумҳури Туркия зимни як баромадаш дар шаҳри Ризои соҳили Баҳри Сиёҳ бо муроҷиат ба мардум гуфтааст, ки мутаваҷҷеҳи таҳримҳои Амрико алайҳи Туркия набошанд, чун ҳама кӯшишҳои Амрико бар зарари худи ин кишвар анҷом хоҳад шуд.

 

“Моро дигар намешавад бо таҳримҳо таҳдид кард. Мо ин равандро кайҳо пушти сар кардаем. Ҳаркӣ мехоҳад бо мо дӯстӣ кунад, оғуши мо боз аст. Сиёсати бо таҳдиду тарсдоданҳо ҳукмронӣ кардан кайҳо куҳна шудааст. Хусусан тарс додани Туркияи имрӯз бо таҳрим воқеъан хандаовар аст. Шумо агар пулу доллар дошта бошед, мо Аллоҳ дорем!” – гуфтааст раисҷумҳури Туркия.

 

Маврид ба зикр аст, ки баъди эъломи таҳрими Амрико алайҳи Туркия, аз паи зиндонӣ намудани руҳонии амрикоӣ Эндрю Брансон, дар ин кишвар қурби лираи туркӣ дар баробари доллари амрикоӣ уфт карда, тоҷирони туркӣ ба зарари ҷиддии молӣ мувоҷеҳ шуданд.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад