Эътирофи зимнии КДАМ ба қатли муаллима Воҳидова

Ислоҳ нет

 

Банда муаллимаи марҳум Файзинисо Воҳидоваро қариб даҳ сол аст, ки мешинохтам ва ӯро як зани ҷасур ва устувор дар кораш мешинохтам. Фақад ҳаминқадар мегӯям,ки муаллима нисбати банда эҳтироми хубе доштанд ва пайваста китобҳо ва навиштаҳои маро мехонданд.Аз ман дар мавриди интишороти ҷадидам мепурсиданд,ки барояшон ирсол намоям.Пеш аз ин ҳодисаҳои охири соли 2015 наберадор шуданд ва бароям зангзада чунин гуфтанд,ки домулло ман аз навиштаҳои шумо пайваста истифода менамоям ва дар хонадони мо писарчае ба дунё омадааст, наберадор шудаанд ва мехоҳам номашро ҳамчун эҳтиром ба шумо Муҳаммадиқбол гузорам.Навзоди ҷадидро барояш табрик гуфтам ва барояшон дуъои хайр намудам.Ин андоза барои аҳли фаҳму дарк кофӣ аст,то аз муносиботи дӯстонаи ман бо муаллима Воҳидова дарак диҳад.Феълан бештар аз ин дар бораи он чи миёни мо буд намехоҳам бигӯям; дар фурсати муносиб ҳатман хоҳам навишт.

Яке аз суҳбатҳо бо муаллима Воҳидова

Соли 2018, дақиқтараш пас аз боздошти эшон аз тарафи КДАМ ва манъашон аз сафар, як бегоҳе занг заданд ва пас аз каме сӯҳбат, пешниҳоде доданд, ки аз хотирам намеравад. Гуфтанд: домулло! Чӣ мешуд бо ин ҳукумат дигар даст ба гиребон нашавед ва ба ватан баргардед ва оромона кору фаолият намоед. Ман аввал каме ба фикр фурӯ рафтам ва гуфтам: муаллима! Оё он чи мегӯед, самимона аст ва ҳарфи дили худатон аст? Воқеан мехоҳед ман баргардам ва даст аз мубориза бо ин режими золим бардорам? Муаллима гуфтанд: охир, бо инҳо мубориза фоида надорад ва инҳо ба ҳама чиз қодиранд, ба ҷони ҷавонатон зулм накунед! Боз пурсидам: муаллима! Ин суханро ман аз шумо аввалин маротиба аст, ки мешунавам ва оё ин сухани худи шумост ва ё ба шумо онро дар боздоштатон дикта намуданд, ки чунин бигӯед? Гуфтанд: хело ҳушёред домулло! Ман ба шумо гуфтам, шумо ҳам аз ман онро шунидед ва ман метавонам бигӯям, ки ман ба шумо пешниҳод намудам. Гуфтам: бале, шумо гуфтед ва ман ин пешниҳоди КДАМ-ро намепазирам ва ҳаргиз аз ин роҳам барнамегардам ва то охир пеш меравам. Каме хомӯш шуданд ва гиря карданд, ки агар ҳама мисли шумо бошанд, коре мешавад ва ман дигар ҳеч шакке надорам. Гуфтам: муаллима! Шуморо озор доданд? Гуфтанд: шумо напурсидед аз ман чизе ва ман чизе намегӯям. Гуфтам: муаллима! Саломатиятон чӣ хел аст? Гуфтанд: ман бояд бештар пиёдаравӣ кунам, вале танбалӣ мекунам. Барояшон машварат додам, то ҳар рӯз панҷ километр ҳаддиақал роҳравӣ кунанд. Бо ханда гуфтанд: ман як километр роҳравӣ кунам, поям варам мекунад, аз куҷо метавонам панҷ километр роҳравӣ кунам! Ба аҳаммият додан ба саломатияшон бештар машварат додам ва дигар пас аз он маро ба ватан баргаштан даъват накарданд.

Муаллима Файзинисо Воҳидова аз аввалин масмум шудаҳои КДАМ набуданд

Муаллимаро дар шифохона ё қабл аз он, бо маводди масмумкунандаи дертаъсир масмум кардаанд. Мо хуб медонем, ки ин аввалин қатлу аз байн бурдани режим нест, чун мо намунаҳои зиёде дорем аз ин амалкарди режим ва мақомоти амниятии кишвар. Метавонам даҳҳо исм бароятон тақдим намоям, ки онҳоро тавассути заҳр масмум намуданд ва ба қатл расониданд. Намунаҳои боризи он шодравон Устод Нурӣ, Устод Ҳимматзода, Сӯҳроб Қосимов ва чанд воломақомҳои дигари ба ҳукумат нописанд. Аммо он чи дар гузашта ҳукумат кард, дар тавони ҳамаи пайвандони бақия ашхосе, ки номҳояшон гирифта нашуд набуд, то онро ташхис менамуданд. Аммо ин се нафаре, ки тавониста буданд онро ташхис намуданд ва натиҷа ҳамон заҳрогин кардан тавассути заҳрҳои оҳиста таъсиркунанда буд. Агар Устодон Нурӣ ва Ҳимматзода бо шеваҳои гуногун яке бо саратон ва дигарӣ бо фалаҷ шудан аз дунё реҳлат намуданд.

Масмум кардани Суҳроб Қосимов сабабаш  бад бинии Эмомалӣ ба ӯ буд

Ҳамчун мисол ҳолати марги Сӯҳроб Қосимов яке аз фармондеҳони аршади “Фронти халқӣ”-робароятон меорам,ки хело фоҷеъанок буд. Он нафари наздик ба Сӯҳроб Қосимов чунин қисса мекунад, ки ончунон ҳолаташ қабл аз марг вахим будааст, ки касе ба назадаш дохил шудан наметавонист ва ҳатто хостем муллое қабл аз қабзи руҳаш ба ӯ Қуръон хонад, вале ин имконпазир набуд.Танҳо як саге дошт бо номи Бонӯ ӯро ҳамроҳӣ мекард ва дигар касе наметавонист ҳамроҳаш бошад. Чун дохил шудан ба наздаш номумкин буд. Танҳо пас аз марг дохил шудем ва ончунин ҷон канданаш вахим будааст, ки ҳатто аз шиддати ҷон кандан мехҳои поли хонае, ки онҷо бандаш намуда будем, бо дандонҳояш канда буд. Полҳои хонаро мегуфта бошӣ бо он асбоби мехкан канда бошед. Яъне чунон заҳре хӯронида будандаш, ки ба ин ҳолат ӯро қарор дода буд.

Эмомалӣ Суҳроб Қосимовро бад медид, ман худ шоҳиди як ҳолат будам, дар Фахробод вақте ба онҷо рафта буд. Кӯдакон дар тан либоси ҳарбӣ доштанд ва вақте Эмомалӣ аз як кӯдак, ки ҳунарнамоӣ мекард пурсид номат чиая? Кӯдак гуфт: Сӯҳроб. Эмомалӣ каме нимханда кард ва чунин гуфт: Отат дигар ном наёфт Сӯҳробат ном кард ва рӯяшро ба тарафи дигар карда зери лаб чизе гуфт. Ин ҳам барои ин ки оне, ки Эмомалӣ бадаш бинад, ӯро бо чунин ҳолати фаҷеъ мекушад барояш фарқ намекунад, ки ӯ аз Данғара аст ва аз ҳомиёнаш аст ё на. Яъне хело марди кинагир ва қотили нобакоре ҳаст ин мард.

КДАМ пас аз анҷоми ин ҷиноят роҳи халосӣ меҷӯяд

КДАМ мехоҳад ҷинояташро дар қатли муаллима рӯпуш намояд Пас аз ин моҷарои марги мармузи муаллима ва сару садоҳои мардум дар мавриди масмум шуданаш, дигар КДАМ ҷинояти анҷом додаашро кашфгардида пиндошт ва шитофт ба фишори пайвандони муаллима Файзинисо Воҳидова. Шавҳарашро фишор оварданд, то аз КДАМ ҳимоят кунад ва бигӯяд, ки ӯро накуштанд ва худаш бо марги табиӣ аз олам гузаштанд. Охир пайвандонаш гуфтанд, бо пойи худашон аз хона рафтанд ва ҷасадашро ба хона оварданд. Пайвандонаш шифохонае онҷо буд ӯро иваз намуданд, чун дар онҷо ҳолати хуби муаллима бад шуд ва эҳсоси баде доштанд, онро хостанд иваз кунанд, вале аллакай дар рагҳои муаллима он заҳр тазриқ шуда буд ва кори худашро карда буд. Ин амалкардҳои КДАМ ҳама фарзияҳо ва ҳадсу гумонҳоро дар мавриди масмум шудани муаллима ба яқин мубаддал кард ва яқинан метавон гуфт, ӯро заҳрогин карда ва куштанд.

Дақиқан ин ҳолатро мехостанд бар падарам бикунанд

Он чи бар падарам карданд идомаи ин қатлҳои занҷираии КДАМ буд ва то ҳол ин равиш идома дорад. Падарам майи соли 2017 ҳолаташон бад шуд, он ҳам пас аз хориҷ шудан аз ВКД вилояти Хатлон. Модарам мегӯяд, падаратро даъват карданд, вақте қариби субҳ омад, лабҳояш кабуд буд ва дохили хона шуд ва ғайри маъмул дар назди паҳлӯдарӣ нишастанд, ки ҳаргиз ин корро намекарданд. Вақте пешаш рафтам, гуфтам, чӣ шуд, бо дасташ бозам дошт ва гуфт, пешам наё, ки ҳолам хуб нест. Ва бистарашро паҳн намудам ва рафту хобид. Зуҳр ними баданаш аз кор монд. Духтур бурдем ва гуфтанд, фишораш боло рафтааст ва паралич мешавад агар табобат накунем. Муҳим, табобат гирифтанд ва дар ин асно бародарам мегӯяд, қариби аср буд, ки марде вориди палата шуд, ки ман ӯро қаблан надида будам. Дар танаш халати духтурӣ дошт, вале дар сараш кулоҳи духтурӣ надошт. Дар дасташ папкаи дигар ҳам дошту аз папка уколро берун кард ва хост укол кунад падарамро. Дар ин вақт духтури аслӣ ворид шуд ва ин мард бо папкааш машғул шуд ва гуфт, ҳозир меоям, вале дигар наомад. Аз духтур пурсидам, ин духтур буд? Гуфт, ман намешиносам ӯро, муҳим инҷо духтурон мушаххасанд ва аҳамият диҳед ба падаратон. Пас аз ин ки аз ватан берун шуданд, аз падарам пурсидам, дар ВКД Қӯрғонтеппа чӣ карданд ба шумо? Падарам гиристанд ва чунин гуфтанд: баччам! Аллоҳ касеро ба назди онҳо дохил накунад, онҳо ваҳшӣ ҳастанд ва дар сарашон бо дубинка ва буталҳои плостикии об мезадаанд. Дигар ҳар чи хостам донам, ки боз чӣ кор карданд, мегирянд ва чизе намехоҳанд бигӯянд.

Ҳодисаи дигар солҳоеки Бузмаков дар ВКД Хатлон буданд падарам,ки раиси шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар Хатлон буданд.Дақиқан пас аз интихоботи порлумонии 2010 буд ва ман дар Қурғонтеппа будам.Падарамро як мошин омад ва ба ВКД вилоятӣ бурданд,тақрибан 1 соат гузашт баргаштанд ва хело ҳолаташон нохуб буданд.Чеҳраашон аз он шаҳодат медод,пурсидам тенҷӣ аст падар? Гуфтанд: Бузмаков маро даъват карда будааст ва дар тан либоси варзишии сафед дошт ва барои натиҷаи интихобот суҳбат карданд ва суҳбаташон ин ду мушт дар шикамам задан будааст ва гуфт: натиҷаи интихобот дуруст аст ва ман намегузорам ҲНИТ-и вилоят аз натиҷаи он норозӣ ва ба суде ё кумитаи марказии интихоботӣ шикояте кунад,ман бояд повешенны равам ва туҳам коре намекунӣ Ҳоҷибобо!

Аз Аллоҳ умед дорам он муштҳои задаи Бузмаков ва он шиканҷаҳое,ки бар падарам кардаанд рӯзе тавассути қонун аз ин золим хоҳам гирифт.Ҳақ ба ҳақдор мерасад ва дар мавриди озори наздикони дигарам намехоҳам чизе бигӯям,дар фурсати муносиб ҳаркадом ҷинояткорони рутбадорро рӯйи сафҳа меорам,то онҳоро хубтар шиносед.

 Ин ҳам ду  намунаи дигари осори таъзиб ва шиканҷаву фишор болои мухолифон дар дохил буда солҳои оромӣ ва пас аз соли 2015 ба пайвандони мухолифони сиёсӣ ва онҳое, ки аз онҳо каме тарс доранд, ки мардумро метавонанд бар алайҳашон басиҷ ва муттаҳид намоянд. Ростӣ, намехостам чизе нависам, вале чун мебинам ҳолати бозгӯ кардан аст, онро ногузир навиштам, то бидонед, ки ин золимон ба ҳама фаҷоеъ қодиранд ва ҳама чизро аз ин режим интизор шудан мумкин аст.Агар мақомоти амниятӣ ҳар рӯз навор сабт кунанд ва ба мардум ба намоиш гузоранд,ки дар ин қатл даст надоранд,ин амалашон онҳоро пок намесозад.Даст аз қатли озодандешони миллат бардоред ва номаи аъмоли сиёҳу хашини ин ҳукуматро бештар аз ин сиёҳтар ва нафрати миллатро бар худ аз инҳам бештар накунед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article