Фабрика ва “ММ” ҲНИТ-ро дар барканории Соҷидаи.М гунаҳгор меҳисобанд

Ислоҳ нет

 

 

Рондани шармандавори Соҷидаи Мирзо аз мақоми мудири шӯъбаи тоҷикии радиои “Озодӣ” барои  “бонувон”-и “фабрика” -Лейла Азизӣ, Маҳтоби, Райҳона Шарифова, Зебунисои Танҳо,Гуландом Набиеваро шарики ғам кардааст, ки дар хонаву ҷойи корашон маросими азо кушодаанд. Тармашаҳои фейкии фабрика, “мухолифи мухолифин”ва худи “подабони пир” аламу  дарду доғашонро ин бор ҳам рӯи Ҳизби наҳзати исломӣ  рехтанд.Гӯиё ин бонуи “афифа”-ро Наҳзат аз кор ронда бошад. То ба ҳадде аз шиддати дард бемор шуданд, ки мегӯянд, дар ин кор барои наҳзат Эрон ва хадамоти он кӯмак кардааст. Бо хаёлу пиндори бемоя ва аблаҳонаи худ талош доранд, хонандаҳои шабакаҳои иҷтимоиро бифиребанд. Гӯё департаменти давлатӣ ва комиссиони махсуси таҳқиқи фаъолияти шӯъбаи тоҷикиро  Кабирӣ харида бошад. Чи музахрафоте, ки нагуфтанд:

   “Аз баҳсҳои ҳайати раҳбарии радиои “Озодӣ” бо Соҷидаи Мирзо эҳсоси ифтихор ва шукуҳмандӣ кардам. Дар радиои муътабари сатҳи ҷаҳонӣ кор карда Соҷидаи Мирзо ин олиҳаи зебоӣ ва поккорӣ, инсони шариф ва тоҷики содиқ мондааст”…

“ … но совсем скоро американскому госдепу может быт совсем не до смеха. Так как, одураченный иранскими спецслужбами ин Корпусом стражей иранской революции(КСИР)США финансирующий «Озоди» сам может остаться в круглых дураках….И тогда, Соджидаи Мирзо, которая никогда недопускала публикации в поддержку террористов  (что сегодня ставится ей в упрёк), руководство радио «Свобода» будет вспоминать как профессионального, объективного журналиста.

 

   Ҳатто як Донкихоти сиёсат навиштааст, ки “табаддулоти исломӣ” шуд. Ба навиштаи  ин “аъзои дастаи ҳаваскорони сиёсат” “Шоҳдухтари мулки Озодӣ” бо пули оятуллоҳои Эрон аз тарафи лобистҳои кофар аз тахт вожгун шудааст. (Курсии мудирӣ барои ӯ мақоми тахтро доштааст. Аҷаб) Соҷида дар Озодӣ инқилоб кардааст: “сомонаи нав, телевизион,фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мултимедиа ва…. бюро кушодаасту …..тарс аз он доштааст, ки бо рафтанаш бюро баста мешавад.  

 

  Радиои “Озодӣ” то Соҷида бюро надошт? Ин ҳарфи хандаоварро барои кӣ мегуфта бошад? Баракс, аз иҷораи пешинааш бурду ба Ҳасан Асадуллозода –додарарӯси Раҳмон “квартирант” кард. Рӯшан хоҳад шуд, ки дар пайи чӣ муомилае, бо чи доду гирифте, ин кор сурат гирифтааст. Як раҳ, барои мисол сафҳаи бахши қирғизӣ, ё арманӣ, ё русӣ ва ё озарӣ, фарқ намекунад, ҳар кадоме аз сафҳаҳои бахшҳои дигарро боз куну бубин, ки аз сафҳаи тоҷикӣ чӣ тафовут доранд. Кадом мултимедиа, кадом ТВ. Ин ҳама маҳсули кори тими текникии ин расона аст ва ҳама сафаҳоти забонҳои гуногуни ин расона якрангу якнамуданд ва як дизайну як шакл доранд, фақат инки забонҳо фарқ дорад.

 

  Ин мотамгирифтаҳо аз ҷумла Зебунисои Танҳову Райҳона бо гиряҳои зору хунборашон  тасдиқ карданд, ки миси кори “кадр”-ашон баромад ва дасташ рӯ шуд. Департаменти давлатӣ эълон кард, ки ин шоҳдухтари наъузубиллоҳ олиҳаи Озодӣ ходим ва асаси КГБ-и Тоҷикистон ва чокари хонаводаи Раҳмон будааст. Ва гуфтаи як мухолифи собиқадор  тасдиқ шуд:“майор Ҷаҳфарова” .

 

Маълум аст, ки баъзеҳоро зикри хоси исми ҲНИТ дар изҳороти раҳбари “Озодӣ” бетоқату  ошуфта ва пуралам кардааст. Як айбе, ки сабаби ронда шудани Соҷида шудааст. Онҳо бахилони Наҳзатанд. Онҳо ҳоло пушти даст ба дандон мекананд, ки чи шуда, ки як радиои амрикоӣ Наҳзатро дастгирӣ кардааст. Якеаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки дар чанд варақ барои раҳбарияти марказии “Озодӣ”  дар ин хусус навиштааст. Манзур чаро таваҷҷӯҳи хос ба Наҳзат доранд?

 

  …ҳанӯз хеле барвақт аст, гуфтан, ки аз кор рафтани Соҷида пирӯзии исломиҳо аст. Дар кори Озодӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ ошкор шуданд, вале дар  як маврид ба шумо ҳамфикрам, ки Озодӣ дар мавриди ҲНИ на ончуноне “беинсофӣ” кардааст, ки олимони ғарбӣ мегӯянд. Ин нуктаро бо далелҳо  ба маъмурияти марказии Озодӣ расондам.

 

  Ҳай тарсидем, ҳай тарсидем, ки навиштаеду дигар моро  ва дар бораи мо-ҲНИТ наменависанд. Кӯж мешавед ё ружд, дар хобед ва ё дар бедорӣ, дар ҳар ҷо ва ҳар ҳолате, ки бошед, бидонед, ки  то он рӯз, ки офтоб мебарояд Аллоҳи меҳрубон дини покашро  дар дасти бандаҳояш ҳифз хоҳад кард ва аз миёни бандаҳояш боз афродеро вомедорад, ки на танҳо руҳ, танашро ҳам фидояш кунад. Мо аз ҳамон тоифа ва аз ҳамон гурӯҳи маъмурем, ки то худо ҷонамон додааст новобаста ба инки моро танқид, тамҷид, таблиғ аз масир мунҳариф намешавем.

 

  Инҳо фикр мекунанд коре аз дасташон хоҳад омад. Шумо як чизро фаромуш кардед, ки ҲНИТ ва барои амрикоиҳо як ташкилоти номаълум ва ношинохта нест.Хуб мешиносанд. Ҳоло агар ман бароятон бигӯям, ки тамоми мақомоти амрикоӣ ва урупоӣ,ки Тоҷикистон меомаданд дидор бо роҳбарияти ҲНИТ дар барномаи сафарашон аз қабл таъйид шуда буд, чихоҳед гуфт. Ҳоло агар Комисиони ҳуқуқи башари СММ ва ҳамчунин ниҳодҳои ҳамсони амрикоӣ раҳоии наҳзатиҳо ва вакили наҳзатиҳо аз зиндонро аз ҳукумати Тоҷикистон суроғ дорад чи хоҳед гуфт? Магар дурӯғ гуфтам? Фарзи мисол, бо худи банда ҳам, ки тайи ин чаҳор соли таъбид мақомоти мухталифи амрикоӣ ва урупоӣ дидору мулоқот доштанд, ба чи хотир буд? Чун ман ҳам яке аз аъзои ҲНИТ ҳастам .Чизе барои пӯшидан надорад ҲНИТ.Моро ҳамчун узви наҳзат мақоми паноҳандаи сиёсӣ доданд урупоиҳо. 

 

   Радиои “Озодӣ” чун ҳама расонаи байналмилалӣ принсипҳои худро дорад. Яке аз он бетарафӣ ва тавозун дар таҳия ва тақдими гузоришҳо аст. Ана ҳамин тавозун ва бетарафӣ аз сӯи ин бону нақз шуд. Радиоро ба баландгӯяк ва минбари як режими машруияти мардумӣ надошта табдил дод. Қабл аз ин ҳам садҳо нафар аз рӯзноманигорон, ки ба Наҳзат кадом иртибот надоштанд, гуфта буданд, ки  “Озодӣ” “Ховар” шудааст.

 

                              “Буз агар хирман бикӯбад…

 

   Дар ҳаминҷо мехоҳам дар бораи нависандаҳои  “фабрикаи ҷавоб”, ки чанде пештар дар бораи навиштаҳояшон як посухи муфассал навишта будам, бори дигар бинависам. Онҳо дар баробари чанд нафари ангуштшуморе, мисли ман, ки заҷри муҳоҷират, мусофират ва паноҳандагиро кашида истодаанд, оҷиз омаданд. Онҳо дар навиштаҳояшон аз мадор ва мувозинат хориҷ шуда истодаанд. Онҳо, ки як идораанд, маоши собит мегиранд, дар ватан ҳастанд, мушкили ғурбат надоранд, аммо чун ҳамагӣ ғуломи як нафар ва чокари подабони пиранд, барояшон сафед то сиёҳ бефарқ шудааст. Барои онҳо Ватан, Миллат ва Тоҷикистон барои шумо муродиф ва ҳаммаънои Раҳмон шудааст. Барои шумо ҳифзи манфиати “Фароз”, “Ориёнбонк”, “Спитаменбонк”,ки ин бонкро барои пулҳои Бобаки Занҷонӣ хилофи таҳримоти Амрико бунён гузоштаанд ва бо ҳамон бонк ҳудудан се милларди Эронро ҳаллу ҳазм кардаанд.Эрон бояд ба василаи идораҳои байналмилалӣ ин маблағро аз ин дуздон вопас ситонад. Ин бонк аз кӣ аст ва ӯро кӣ идора мекунад мо хуб медонем. “Сафеддара”, роҳи пулакии “Душанбе-Хуҷанд”, хуллас ҳама чизу чораи дуздии рӯирости Раҳмон ва хонаводааш ҳифзи манфиати Ватан, Миллат ва Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Шумо миёни давлат, ватан ва Раҳмон ва ҳоло Рустам тафовут қоил нестед.Ба ҳадде ҷуръату ҷасорати мардӣ ва шарофату ҳайсияти инсониатонро аз даст додаед, ки дигар ба як робот табдил шудаед. Раҳмон бо пуррӯӣ ва бешармӣ писару духтар, домод ва ҷиянҳоро ба постҳо оварда истодааст, шаба шаб нагуфтаву рӯза рӯз нагуфта ин шайкаи ба гуфтаи ҳамон мухолифи мухолифин – “Алибаба и 400 разбойник” молу ҳоли халқро дуздидаву амбор мекунад, шумо пушти дари ӯ лаб мелесед. Агар бо ин ҳама хадамот ӯ қадратон мекард, ку гапе надоштам. Вале  қазияи Бобоҷон Бобохонов-собиқ Прокурори генералӣ шояд бароятон сабақ нашуд, ки мисли саги вафодор хидмат кард вале як рӯз аз толори ҷаласа ронду писарашро,ки прокурори Ҳисор буд,  ба маҳбас партофт.

  Шумо мисли кампирони сари дук, ки алочабофиву карбосресӣ мекунанд, дар фабрикаатон шишта, мақоларесӣ ва мақолабофӣ мекунед.

   Навиштаҳои шумо худ баёнгари он аст ки аз таодул ва тавозун берун меравед. Гоҳо ҳатто фаромуш мекунед, ки шумо “подперекритий” кор карда истодаед ва набояд фош кунед. Яке менависед, ки “мо ин мекунем мо он мекунем”.  Охир, ин гапҳоро фақат ё милиса мегӯяд ё амният. Худатонро контрол кунед Агарчанде, медонам хеле бароятон душвор аст.

  Ҳарфи дурушту сақат,тавҳин,  таҳқир дашном аз забони муаллифоне,ки давлатро намояндагӣ мекунанд, ҳимиёни қонунанд, инро чи тавр метавон фаҳмид.Аз мадор хориҷ мешавед, ба ғазаб меоед, ба ҷаҳл фурӯ меравед, бадахлоқиву бадзабонӣ мекунед, Бӯи бад аз даҳонатон ҳамаҷоро фаро мегирад. Ин маълум аст, ки барои наҷот додан, сафед кардан, беайб нишон додан чизе дар даст надоред. Ончики аён аст, онро чи тавр воруна нишон медиҳед?

 

  Ӯ дузд аст, Ӯ аз ҳукумат рафтанӣ нест, Ӯ писарашро ба ҷояш оварданӣ аст, Ӯ ба мардум свет намедиҳад, Ӯ исфарагӣ мурад ва ё ҳар тоҷике дигар, дар гумонаш намегузарад, консерт меравад, хуллас ӯ аст, ки ҳамаро ,аз ҷумла шумоҳоро ба пули пучак намехарад. Ҳамаи ин манзараро пеши чашм доред. Аммо мешинеду бояд дурӯғ нависед. Навиштани дурӯғ кори сахт мушкил аст. Мо мебинем ва ё мешунавему менависем . Шумо чизеро менависед, ки нест,вуҷуд надорад. Мо таассурот менависем, шумо тасаввурот.Ана барои чи кори шумо аз мо карда кори сангин аст. Навиштан дар бораи чизи набуда, чизе, ки  вуҷуд надорад.Дигар инки худатон медонед, ки дурӯғ мегӯед. Носазоворро сазовор қалам медиҳед.Ин ҳам як азоби дигари шумо ҳаст.Барои ҳамин ҳафту ҳашт мегӯед.Муқобили виҷдони инсонӣ кор мекунед.Виҷдонатон азоб медиҳад.

 

   Ва дигар инки, аз лиҳози инсонӣ ва аз лиҳози касбият ҳам бигирем, ҳоли шумо сахт азоб аст. Охир як мавзӯъро чанд бор менависед? Маълум, ки худи шумо ҳам безор шудаед. Бовар кунед, ҷумлаҳо, абзатсҳо ва андешаву фикрҳоятон, ҳоло ҷудо аз таъну лаънатон, моли як кас ё ду кас, хуб бигирем се кас аст. Мисли ҳамон талабаҳое, ки нақли хаттӣ ва кори контролиро аз болои дафтари талабаҳои аълохон рӯбардор мекарданд: саросемавор, тез-тез, пур аз хатову ғалат. Такрор андар такрор.

 

    Як бор ба натиҷаҳои навиштаҳоятон мутаваҷҷеҳ бишавед.Навиштед,ки ман ба тарафи қирғизҳо мақола навиштааму ҳукумати худамро танқид.Магар мешавад ончики аён астро пинҳо кард. Бубинед, ҳоло ҳукумат ва парлумони қирғиз чи кор кард.Барои он се нафари дар Исфара маҷрӯҳ шудааш ҷоиза ва ҷубронпулӣ медиҳад. Ҳатто қонун қабул карданианд дар робита ба ҳамин ҳодиса. Шумо чӣ? Баракс афроди захмӣ ва зиёндидаро ба амнияту милисаву прокурор мекашед. Дар ҳар сурат ҳукумати Қирғизистон бо мардумаш аст. Ҳукумати мо бо мардумаш нест. Нияти бад дорад. Мардум намехоҳад, аммо зӯрӣ дорад, ки бачаашро ба ҷояш президент монанд.

 

  Дар ин ҷавоби бесарунӯг кинояҳо кардаед, ки дар навиштаи ман қирғизҳо таърифу тавсиф шудаанд ва имкон дорад барои худ он кишварро маҳалли паноҳгоҳи оянда қарор доданӣ бошем. Акнун мехоҳед ё не, то он замоне, ки шароити бозгашт фароҳам нашавад, тамоми дунё ватани мост, ки Бишкек ҳам порае аз он аст. Аммо инки шумо мегӯед Ӯзбакистон манотиқи узбекнишинро дар баҳс бо қирғизҳо бой дод, воқиан ҷойи нигаронӣ дорад.Ин аллакай маълум аст ки шумо “здаватса” кардагиед. Пешопеш гуфтан доред, ки Ӯзбакситон да қирғизҳо бохт,мо чӣ аз дастамон мебиёяд. Аммо, ҳоло бубинем, ки чи кор карданиед, аммо посух надодед, ки чаро  дар рӯзи дуввум аз мардум дар баробари муҳоҷимон дастгирӣ накардед.Гузоштед, ки нафар кушта ва хонаҳо ба оташ кашида шаванд?

 

  Ва ё инки аз гиребони Мирзо Салимпур  мегиред, ки маошу нафақаи Ҳошим Гадоро нодуруст кам навиштааст.Магар худи пайғоми видеоии  Ҳошим Гадо, ки худ ба даҳони худ аз вазъи асафбораш мегӯядро Мирзо Душанбе рафта сабт кард? Аммо воқеан шумо дар дасти подабони пир ё ҳамон фабрикант, мисли гладиаторҳои Рими қадаим шудаед.Илоҷ надоред. Подабон пир мепурсад:- Имрӯз чандто истеҳсол кардӣ? Подабони пир аз онки шумо чӣ рақам зиндагӣ доред, аслан парво надорад.

 

Шинеду ҷавоби Салимпур, М.Садриддин, С. Истаравшаниро диҳед, алайҳи ҲНИТ ва Кабирӣ бинависед, росту дурӯғ нависед. Хомӯш наистед. Дар ҳақи онҳое, ки кадом гуноҳ накардаанд, мазлуманд,бӯҳтон мезанед,кизбу томот менависед. Шояд  опер, шояд следовател, шояд уголовник , шояд завотдел, замзавотдел, шояд ваколатдори калон, хулоса дар вазифаву масъулиятҳое будед, ки “доход” дошт.Аммо ҳоло чӣ? Имрӯз бо як маоши “қоқ” дар фабрика маҷбуред реседу бофед.

   Дар интиҳои ин навишта боз ҳам ба он нафар, ки мегӯяд ҳанӯз ронда шудани Соҷидаро пирӯзии ҲНИТ наҳисобед ва ӯ ба роҳбарияти ин расона нома навиштааст, гуфтаниам, ки як бори дигар нависед. Як бори дигар номаи дигар ҳам нависед.  Аммо инро мехоҳед ё не бо ҳарфу ҳиҷои мо ҳисоб мекунанд. Ва, шумо боз ҳам дар бораи мо менависед, шумо дар бораи мо “коршинос” мешавед ва шумо маҷбуред, ки аз вақтатон бизанед, аз нури чашматон бикоҳед, то бинависед. Шумо  моро тафсир мекунед, шумо моро ташреҳ мекунед, шумо ончиро, ки мо ғалат мегӯем, ғалат мешуморед. Барои мисол навиштед, ки“  дар муборизаҳои сиёсӣ ва идеологии худ бо мухлифин…аз номи мустаор(фейк) баромад мекунанд..дар пушти ин фейкҳо ва гумномҳо, ки бо сурату сирати ваҳшӣ ва хилофи ҳама меъёрҳои инсонӣ ва ахлоқӣ…баъзе мақомдорону масъулони давлат ва муборизаҳои дурӯғин, масхараомез аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд”.

 

 Зеро мо медонем, ки бо вуҷуди ҳасодат ва бахилӣ эътироф мекунед, ки дар воқеъ ҳукуматдорон дар муборизоти майдони маҷозӣ ҳам дар баробари мухолифин шикаст хӯрдаанд.

Ман худам шаҳодат медиҳам,ки дар соли 2016 аз назди Софтҳотели Варшава аз макони баргузории конфронси САҲА ки аз он ҳайати ҳукумати бо сардории Зариф Ализода шармандавор рафти конфронсро тарк ва аз конфронс фирор карда буданд.Ман ба Тоҳири Сафар занг задам аз телефони бародар Илҳомҷон Ёқубзода,то рафти митинги эътирозии беш аз 100 тоҷикро ҳамчун хабар дар радиои Озодӣ нашр кунед.Аммо барои ҳамагон маълум аст,ки ончӣ Ховар ва расонаҳои дигар нашр карда буданд радиои Озодӣ онро нашр кард.Дар ҳоле,ки ҳама муҳтавои суҳбат ва баёнияҳое,ки хондем дар дасташон хдамон қарор дода будем.Ин гуфтаро Тоҳири Сафар метавонанд тасдиқ кунанд,агар аз ӯ пурсед.Агар инкор кунанд мо онро сабт намудаем ҳамчун далел метавонем нашр кунем, бо як моҳа хабарҳоеки Озодӣ он шабу рӯз нашр намуда буданд.

 

  Чун аз Соҷида шурӯъ шуд бо ӯ хотима медиҳем. Соҷида бо сари баланд нарафтааст. Соҷида бо домони пур аз гуноҳ ва сари хамида рафт. Зан аст мард аст, фарқ надорад. На барои зан будан на барои мард будан дар ин расона имтиёзе алоҳида дода нашудааст. Ҷулу пӯстакашро ҷамъ кардаасту рафтааст. Касе ҳам ӯро бадрақа накардааст.Манзур аз роҳбарият. Ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худ ариза нанавиштааст, ки аз кор хоҳад рафт. Ӯро пеш карданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “чоҳкандаро чоҳ дар пеш”.  

 

 

 

Share This Article