Фармони таъйини интихобот касеро такон намедиҳад

Дар муборизаи рӯбарӯ, дар сабқати дарёфти эътимоду бовари халқи тоҷик дар баробари ҲНИТ шикаст хӯрд ва номардона Раҳмонов даст ба силоҳ бурд ва даст ба ғиром ва номардиву ноҷавонмардӣ зад.

    

Мо интихоби мардумем,на интихоби Раҳмонов

 

    Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон-палатаи поёнии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва маҷолиси маҳаллӣ бар рӯзи якуми марти соли 2020 таъйин шуд. Фармони президент Раҳмон дар ин бора содир шуд. Тоҷикистон ба таври расмӣ вориди марҳалаи семоҳаи интихоботӣ мешавад ва тибқи маъмул боястӣ нерӯҳои сиёсӣ ва довталабҳои  мустақил ба ҷунбуҷӯш бидароянд ва фазои сиёсиро гарм бисозанд.

 

       Аммо хабароҳо ҳокист ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бармеояд,ки ин интихобот ҷалби таваҷҷӯҳ намекунад,кадом талошеро барои дарёфти маншури вакилӣ набояд интизор шуд, сабқатеву муборизае ҳам дар пеш надорем. Обе аз осиёбе нарехт. Ҳеҷ аҳаде, ҳизбу созмоне, як сӯ истад, такон нахӯрд. Чун ин интихобот интихоботе аст,ки кадом ба истилоҳ “интрига” надорад, кадом ҳаракату ҳизбе,ки ҳизби Раҳмонро ба чолиш бикашад, рӯбарӯ истад, ҷарру баҳс кунад, дар кишвар вуҷуд надорад. Дуруст панҷ соли пеш, ва ё даҳ соли пеш буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон- ҳизби умедҳо ва орзуҳо ва ормонҳои мардуми мусалмони тоҷик бо ширкат ва ҳузури рӯшану муассири худ саҳнаҳо ва корзорҳои  интихоботиро гарму диданӣ мекард. Дар ҳар толору ҷаласагоҳ, ки дебатҳои интихоботӣ бо ширкати номзадҳои ин ҳизб сурат мегирифт, таҷаммӯи мардум ба таври назаррас буд,толор моломоли интихобкунанда мешуд ва ағлаби мардум ҳам бо номзадҳои ин ҳизб суолу ҷавоб мекарданд ва барои шунидани барнома ва дидгоҳҳои ҲНИТ меомаданд. Аз инҷо буд,ки масъулини ҳокимият аз Душанбе гирифта то навоҳии дурдаст талош мекарданд барои номзадҳои ҲНИТ толорҳои хурд бидиҳанд ва бадтар аз ин аслан имкони мулоқоти номзади ҲНИТ бо интихобкунандаро надиҳанд. Борҳо шуда буд,ки дар майдонҳо, дар хиёбонҳо дидору мулоқоти наҳзатиҳо бо мардум баргузор мешуд. Ҳатто ёдам ҳаст,ки барои ҲНИТ ҷиҳати баргузории Анҷумани қабл аз интихоботӣ толори маблағаш пардохтаро нагузоштанд истифода бубарад. Бо ин ҳама фишору таҳдид, бо ин ҳама ба ҳошия ронданҳо, бо ин ҳама ба намоиш гузоридани “буққагариҳо” ҲНИТ дарсадии бамаротиб бештарии раъйи мардумро ба даст меовард. Рашку ҳасодати Раҳмонову дастгоҳи ташвиқу таблиғаш ҷону танашро мешикофт. Дар интихоботи соли 2010 беш аз 60 дар сади раъйи мардум насиби ҲНИТ шуда буд ва дар интихоботи соли 2015, то онҷо ки маълумот ва оморро дар даст доштем, бештар аз ин дарсадӣ буд.

 

Ончики ҲНИТро баста ва террористӣ кард, ин набуд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим даст ба ошӯб зад. На, тамоман на. Ончики ҳамчунин вазъиятро болои мо овард, ишқу алоқаи мардум, овози мардум ва дастгирии мардум дар интихоботҳои парлумонӣ буд,ки Раҳмонов ва дору дастаашро дар оташи рашку ҳасад сӯзонд ва чораро ба ҷуз аз бастани тӯҳмату томот ба пойи ҳизб ва мамнӯъ эълон кардану аз саҳна берун андохтани он диданд. Дар муборизаи рӯбарӯ, дар сабқати дарёфти эътимоду бовари халқи тоҷик дар баробари ҲНИТ шикаст хӯрд ва номардона Раҳмонов даст ба силоҳ бурд ва даст ба ғиром ва номардиву ноҷавонмардӣ зад.Мо дар зиндонем, мо дар хориҷаем, мо дар паноҳандагием,аммо мо интихоби мардумем, аз инҷо аст,ки ҳоло фармони таъйини интихобот касеро такон намедиҳад, фазои рокид ва муҳити мурдаро ба хурӯш намедароварад, бедор намекунад.

 

  Интихоботе, ки  дар сукути гӯристонӣ, дар миёни халқи аз ноумедӣ пушт ба чунин маъракаҳо карда,интихоботе,ки натиҷааш дар дасти Раҳмону Озодаи духтараш аст, интихоботе, ки дигар танҳо сурат ва шамоилу шакли интихоботро дорад, мароқи киро бедор мекунад, диққати киро ҷалб мекунад?

 

 Вақте ҲНИТ аз ширкаткунандаҳо буд ва як тарафи иҷтимоъ ва як тарафи мубориза буд низ натиҷаи интихоботҳо аз қабл дасткорӣ ва ҷаъл мешуданд. Дуруст аст ки дар тӯли ин ҳама 28 сол  бо ҳамин дурӯғ ва бо ҳамин саҳнабозиву нақшофарӣ зиндагӣ интихоботҳо доир мешуданд. Аммо ҳузури аҳзоби мухолиф ва дигарандеш афкори умумиро барои ояндаи нек умедвор мекард, умеди мардум мисли шӯълаи чароғ намемурд. Аммо ҳоло чӣ? Ҳоло,ки Раҳмонов санаи интихоботрро таъйин кардааст, чи мешавад ва чи боядам бишавад?

 

  Интихобот дар кишваре,ки ҳама чизро як кас таъин мекунад, чиро ҳал мекунад? Ин сарфи беҳуда ва исрофи маблағ ва пули халқ нест? Аслан ҳамин Маҷлиси намояндагон бо 63 вакили маошхӯраш ба чи дарди мардум мехурад? Ҳатто агар то нисф ҳайати ин парлумон коҳиш биёбад ҳам чи зиёне ба давлат ва интихобкунанда мерасад? Ҳеҷ! Коре аз дасти ин парлумон сохта нест. Кадом салоҳият ва ваколате ҳам надорад.Магар инки фақат амру фармон ва қавонини Раҳмонови сархурро тасдиқ бикунад. Коре, ки мекунад ин аст ки ширкатҳои домодҳои Раҳмоновро аз аворизи гумрукӣ ва молиёт муоф мекунаду бас.Барои ин шарт аст ки 63 кас бошад? 10 кас бошад ҳам,ин корро мекунад ва 100 кас ҳам. Аммо шумори камтар дошта бошад, камтар ба ҷайби мардум зарар мерасонад. Оё як вакили Маҷлис,ки аз дасти халқ ваколат гирифтааст, медонад, ки музди моҳонаи Раҳмонов чандсадҳазор аст.Раҳмон барои худаш ин муздро бар асоси кадом меъёр қабул кардааст?

 

Оё парлумон якбор дахлу харҷи буҷаро муҳосиба кард, як бор пурсид, ки барои Роғун то ҳамин имрӯз чанд миллиард доллари халқ масраф шуд? Оё як бор пурсид, ки дар давоми даҳ соли фаъолият IRS-ширкати пулчинаки Раҳмонову домодаш аз ҷайби халқ чанд миллиард доллар ба сирқат бурд? Оё як бор пурсид ,маблағи ҷудошуда аз буҷҷа ба Фонди Президент-Раҳмонов дар куҷо ва чи тавр сарф шуд? Чаро метавонад, ки то Қонуни асосиро ба зери пойи Раҳмонов мисли кафши “сорокпоследний” мутобиқ бисозад, чаро метавонад,ки ба вай унвони Қаҳрамони Тоҷикистон бидиҳад аммо кореро,ки як парлумон, як вакили Маҷлис мекунад анҷом намедиҳад. Бубинед, ҳоло вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико импечменти Трампро дар миён кашидаанд. Лордҳои парлумони Инглис инак дар як соли ахир барои бори дуввум фишор оварда интихоботи такрорӣ доир карда истодаанд, то инки Маҷлиси вакилон ба ниёзи ҷомеа посух бигӯяд? Дар мо чӣ?

 

   Ҳоло феҳристи вакилони оянда дар дасти Саймурод Фаттоев, муовини аввали ҲХДТ омода шудааст. Дар марҳалаи бозомӯзии характеристика ва ҳасби ҳоли онҳо ҳастанд. Амният аз ҳама аввал онҳоро ташхис ва муоина мекунад. Баъдан ҳар яке аз онҳо аз муоина ва ташхиси лабараторияи Озода мегузаранд. Озода онҳоро диагноз мемонад, узӣ мекунад. Барои онки аз ин  узӣ ва аз ин диагноз варақаи солимӣ бигирӣ, танҳо бастаҳои доллар ва ё итоати бесавол мусоидат мекунад.Вагарна  чизе намешавад. Ҳама масъалаҳоро, аз ҷумла ҳайати Маҷлиси намояндагонро Озода муайян ва ҳал карда барои дарёфти ризоият падарашро дар ҷараён мегузорад. Бояд тамоми ҳайат ба табъи як кас мутобиқ ва мувофиқ карда шавад. Ва он мешавад Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.Як,ду нафарӣ аз аҳзоби сохтагӣ ва ҷайбии худ,мисли аграриву ислоҳоти иқтисодӣ ва сосиалистӣ ҳам шомил мекунанд.Барои онки нагӯянд ҳамаи вакилон аз ҲХДТ ва бинамоянд,ки дар парлумон аҳзоби дигар ҳам намоянда доранд.

 

   Ҳавза ташкил медиҳанд, участка месозанд, комиссияи интихоботӣ, кабинети овоздиҳӣ қутти сайёр…. хулоса ҳамаи декоратсияи як спектаклро месозанд.  Аммо ҳама медонанд,ки ин ҳама дурӯғ аст. Маҷлиси намояндагони дурӯғӣ, Камиссияи интихоботии дурӯғи бюллнтенҳои дурӯғӣ, нозирони ШОСу СНГи дурӯғӣ. Хокзанӣ ба чашми мардум, дурӯғи рӯирост, дурӯғе бо иштироки худи мардум. Мардум мераванд дурӯғ- дурӯғ даруни кабинетҳо мешаванд, ба дурӯғ овоз медиҳанд ва натиҷаи дурӯғро барояшон эълон мекунанд. Танҳо нозирони байналмилалӣ ва хабарнигорони омада воқеиятро,ки то имрӯз гуфта буданд, мегӯянд: ДУРӮҒ.

 

Ва, ҳамин тавр нахустин интихоботе,ки баъди Созишномаи сулҳ бидуни як тарафи он баргузор мешавад. Интихобот дар як кишвари сокит, дар як ҷомеаи рокид мисли оби кӯли мурда,мисли бодлохи матрук  ва бидуни кадом шӯру машғалае,баҳсу мунозарае.  Тоҷикистон ба як колхози бузурге  монанд шудааст,колхозе, ки раиси он фақат дар фикри дуздӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои курсии худ ва сурб рехтан ва семент ва кафшер кардани он аст, дигар ҳеҷ . Аз ин рӯ беҳтар аст,ки интихобот баргузор накунад. Фармон содир кунад ва чанд нафарро вакил бимонад. Он арзонтар ва муносибтар хоҳад буд.Дар кишварҳи дигари олам,дар кишварҳое, ки халқ соҳиби ихтиёр аст,ҳокимият, ба халқ тааллуқ дорад, ҳар аз гоҳе хост, тағйир медиҳад, нав мекунад,ИНТИХОБОТ як ниҳоди асосӣ ва сарнавиштсози мардум ва давлат маҳсуб меёбад.Ҳамагуна рушду тараққиёти давлат ва ҷомеаи кишвар,некӯаҳволии халқ ва миллат аз интихобот вобаста аст. Зеро маҳз тавассути интихобот кадрҳои шоиста ва сазовор,мутахассисон, ҳирфаиҳоро мардум баргузида зимоми умури давлат ва худро ба дасташон месупорад. Ва, онҳо ҳам,ки рӯида ва бархоста аз худи халқанд, талош мекунанд,ки хубтар ва беҳтар бо саволҳо ва мушкилоти мардум ҷавоб диҳанд ва расидагӣ кунанд.

 

Зеро онҳо муваққатианд ва медонанд,ки масъулият ва идораеро,ки ҳол бар дӯш доранд ва дар он нишастанд, фардо касе дигар, барои мисол як рафиқаш, як шиносаш ва ё  баракс як рақибаш ва як шахси комилан ношинос мегирад. Аммо вай ва ӯ ҳам қасду ҳадафаш ин аст ки боз бештар ва хубтар хидмат кунад.Чун ба ҳарфу ҳиҷои ӯ, ба барномаи ӯ,ки мегуфт аз қаблиаш беҳтар хоҳад кор кард, мардум  бовар карда овозаш доданд ва масъулият ва идораро дар ихтиёраш гузоштанд.

 

 Дар мо чӣ? Инак 28 сол мешавад,ки мардуми мо дар зери асорати як хонавода мондаанд. Шӯрбахтона хонаводе,ки ҳеҷ гоҳ халқ варо интихоб накарда буд  ва накардааст.Ин оилаи бадбахти хунимардумхор Тоҷикистонро аз тамоми ҷаҳон канда карда ва дар он қонунҳои ҷангларо ҷорӣ карда ва тӯли ин ҳама солҳо сари мардум кулоҳ гузоштааст.ДарТоҷикистон мисли ҷангал зӯр нозӯрро мехурад. Барои нозӯр дар инҷо ҷой нест. Зӯр барои худаш ҳамаро нозӯр ва камзӯр ва мутеъ месозад. Ду кишваре ҳаст бо номи Куриёи ҷанубӣ ва Куриёи шимолӣ. Дар яке аз онҳо давлат бо низоми мардумсолорӣ пеш меравад ва дар дигаре бо низоми пусидаи коммунистӣ, яъне яккаҳокимиятӣ. Ҳоло бубинед,ки дар дунё кадоме аз онҳо муҳтарам аст ва сатҳу сифати зиндагӣ дар кадоме аз онҳо беҳтар.

 

Чаро?

 

Чунки инҷо институти асосии низоми демократӣ:-интихобот ниҳодина шудааст. Ҷо уфтодааст,қоим шудааст ва ба урфу расми мардум табдил ёфтааст. Аммо дар Куриёи шимолӣ,ки аз падар ба писар ва аз вай ба бачааш гузаштааст, мардум зори нонанд.Онҷо айни Тоҷикистон аст, шабоҳати тамом дорад.Афту башараи президенти имрӯзаи Куриёи шимолиро,ки аз падараш ба ирс бурд, бубинед? Чиро ва киро мебинед?

 

 Эмомалӣ  Раҳмонов ва оилаи вай барои мардум тағйир ва ивазшавии оромона ва бидуни хушунатро кайҳо гирифтаанд. Вай фикраш ин аст ки ин халқ абадулобод мисли гӯсфанд боқӣ мемонад.Вай фикраш ин аст ки абадулобод мардум аз вай метарсанд. Вай фикраш ин аст ки ҳамин тавр бо маърака ва бозиҳои маснӯиву сохта ҳамвора фиреб карда аз об хушк мебарояд. Аммо ҳоло Қурмонбек Боқиев куҷост? Аскар Акаев чӣ? Муаммар Қаззофӣ бо садҳо миллиард доллар ва чиҳил соли ҳокимият куҷо шуд?Ин намунаро метавон идома дод. Аммо…

 

  Садои эътирозии Раҳматулло Зоиров,раиси ҲСДТ,танҳо ҳизби мухолиф аст,ки имрӯз дар фазои кишвар,дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру пахш шуд.Аммо он ба гӯши кар азон гуфтан аст. Раҳмонов бидуни шакку тардиде ҳеҷ гузаште нахоҳад кард,магар инки зӯраш наоваранд. Аммо ҷомеа то куҷо тоқат ва таҳаммули ӯро хоҳад кард.

 

Худо кунад,ки интихоботи баҳорӣ хазони диктотурро ба армуғон оварад.

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Султон Абдулҳамиди II (сонӣ) охирин халифаи усмонӣ

Султон Абдулҳамид ҳукуматро бо тадбирҳои сиёсӣ ва малакаи идории қавияш ба болотарин сатҳ дар арсаи байналмилал мерасонад. Хадамоти ӯро дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии раият ё шаҳрвандоне, ки ба ин хилофат мутеъ буданд воло медонанд. Мум фарш кардани ҳама роҳҳои пойтахти кишвар, Истанбул ва марокизи шаҳрҳои тобеаш медонанд. Сохтани мадориси динӣ ва донишгоҳҳое, ки ҳеҷ фарқе аз донишгоҳҳои аврупоӣ надоштанд.
Read More

Оё қотили Усмон(р) Муҳаммад ибни Абубакр буд

Табаронӣ дар Муъҷами худ аз тариқи Абдулмалик ибни Маҷшун аз қавми Имом Молик(раҳ) нақл мекунад, ки “ Пас аз шаҳодати ҳазрати Усмон (р), ҷасади ӯ ба муддати се шабонарӯз дар миёни хасу хошоке ва ахлотҳои Бани Фулон раҳо шуда буд”