Фатвои хӯрдани рӯза, Раҳмоновро манфуртарин душмани ислом унвон кард

Ислоҳ нет

 

Фатвои хӯрдани рӯза Раҳмоновро манфуртарин душмани ислом унвон кард

 

Чанд рӯзе аз даҳаи аввали моҳи мубораки Рамазон сипарӣ мешавад.Пас аз паёми рамазонии Раҳмонов ,ки ба ҷойи табрик, мардуми мусалмони тоҷикро амр ба хурдани рӯза кард. Мехостам матлабе нависам вале машғули корҳои дигар будам ва фурсаташро надоштам. Кушиш мекунам дар ин матлаб ончи пас аз ин паём гузашт онро арзёбӣ кунам. Аз як нигоҳ,то имрӯз нанавиштанам хуб буд, чун пас аз навиштан ва нақду назарҳои дигарон масаларо аз зовияи дигар метавонем бозгӯ ва тақдим намоем.

 

Шукри Аллоҳи меҳрубон, ки ҳеҷ яке аз кишоварзу деҳқону коргари тоҷик даъвати Раҳмоновро барои нагирифтану надоштани рӯза қабул накард. Агар солҳои қаблӣ ҳама ошхона,тарабхона ва амокини хурокхури боз буданд,имсол 90% онҳо бастаанд. Мардуми тоҷик, алалхусус кишоварзону коргарони он дар ин рӯзҳои баҳорӣ, ки ҳаво ҳам фораму тафсон нест ва рӯзҳо дар қиёс бо рӯзҳои тамузи тобистонӣ дароз нестанд, ин ибодати мубораки илоҳиро анҷом дода истодаанд. Ва аксарияти онҳо агарки даъвати Раҳмонов барои ба рӯзҳои баъд мавқуф гузоштани моҳи муборакро як варсоқии як мӯсафеди бетавфиқ хонда камтарин эътино надоданд, шумори зиёде аз онҳо ҳам гуфтаанд: “гапи туву ғусли кучук”. Аммо ин бори аввал нест,ки Раҳмонов ҳамчунин баёнияҳои зиддишаръӣ медиҳад, ки боиси таҳқири миллионҳо мусалмони рӯи замин мешавад.

 

Соли гузашта ҳам айнан бо ҳамин забон ба коргарони нерӯгоҳи Роғун дастур дод,ки бояд рӯзаашонро бихуранду ҳарчи зудтар ва тезтар кор кунанд ва як дурӯғросткуни дигар бо номи Ҳусейн Мусозода ин суханони ӯро наъузубиллоҳ аз рӯй қуръон гуфта тавҷеҳ ҳам намуда буд. Худои бузург коре кард,ки садамаро оварду эътирози худро бар тааррузи Раҳмонов бар ҳарими худ ошкор кард. Аммо имсол ҳанӯз деҳқону кишоварз сари саҳро нарафта нарху наво гарон шуд ва номаълум аст ки наҳсиву касофатии Раҳмонов болои мусалмонҳои тоҷик чи мусибатҳое дигарро бор хоҳад овард. Вай ингор мардуми тоҷикро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард. Аммо чи табрике. Ин табрик набуд, ин таҳқиру дашном ва таҳрифи ислому мусалмонон,балки даъват барои надоштани рӯза буд. Ҳоло аз гуфтаи ӯ иқтибос меоврам:

 

“Аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми кишвар, инчунин, таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд”.

 

Раҳмонов номи ҳеҷ як аз фақеҳи исломӣ ва маъхазу сарчашмаи истинботу истидлолу истихроҷи ин ҳарфҳошро тазаккур надодааст. Зеро ҳеҷ донишманду фақеҳи исломӣ ҳамчунин дастур ва фатвое,ки муқобил ва зидди аслу зоти ислом бошадро содир накардааст. Магар инки Сайидмукаррам ва Шӯрои уламои ӯ. Сайидмукаррам дар як баромадаш аз чоркитоб далел овард,ки “дар зарурат раво бувад”. Дилам ба ин бахтбаргашта ҳам месӯзад вале дигар намедонам ба ӯ чӣ гӯям.

 

Қуръони карим ва талабу таълимоти он дар тӯли 1400 сол ва то ба рӯзи қиёмат тағйир накарда ва нахоҳад кард. Ҳоло як фиръавне аз заъф ва аҷзу нотавонии мардуми як гӯшаи андак ва кӯчаки ҷаҳони ислом истифода карда бар ирзу нангу номуси динии онҳо тохтутоз мекунад, муқаддасоти ононро таҳқир месозад. Бар тибқи майлу муроди худ ҳарфу масъала мегузорад. Ва ин нафар, ки маълум нест, дар тӯли тамоми умр як бор шуда рӯза дошта бошад ё хайр, як бор шуда сараш ба саҷда хам шуда бошад ё хайр танҳо бо рамзи намоишкорона дар ҳаҷ чанд саҷдаи риёкоронае кардааст,то ки ӯро мусалмон донанд. Ӯ аз мардум даъват карда истодааст,ки ба хотири кишту кори лӯбиёву кадуву наску бодимҷону нахӯду картошкаву сабзиву пиёз…. хулоса барои кишту ҳосил рӯзаашонро бихуранд, охираташонро бисӯзанд. Танҳо ин ки бо тасодуфҳое курсии риёсати ин мардумро дар ихтиёр дорад. Мушкил ва масъулияти худро,ки дар таъминоти ин мардум марбут аст бори дӯши Рамазон ва рӯза карданист.

 

-магар то соли 2020 ҳамин маҳсулот кишту кор намешуд?

 

-магар бори аввал аст ки мавсими кишту кор дар моҳи шарифи Рамазон омадааст?

 

-магар дар олами ислом танҳо кишоварзу коргару деҳқони тоҷик аст ки дар мавсими кишту кор рӯза мегирад?

 

-кишоварзу деҳқони қирғиз,узбак,қазоқ,туркман,озарбойҷонӣ,покистонӣ,эронӣ,афғонистонӣ чи кунанд?

 

-чаро Сооронбой Ҷеенбеков,Шавкат Мирзиёев, Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Илҳом Алиев, Имронхон ва ё Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло ба кишоварзу коргарони худ ҳамчунин дархосту тавсияе накарданд?

 

-чаро маҳз Раҳмонов ҳамин гуна сӯҳбатҳои зиддидинӣ мекунад ва онро ҳам ба унвони табрикоти моҳи Рамазон эълон мекунанд?

 

Чун дар воқеъ ва ҷаҳонбиниву идеологияи дигар дорад,ба рӯзи охират,ба дунёи боқӣ бовар надорад. Вай ба худову расулу китоби муқаддаси он бовар надорад. На танҳо нахондааст,ки ҳатто мисли як ношунида гап мезанад. Агар ӯ шахси шунида буд, ҳамчунин ҳарфҳои бехудӣ мезад? Вай мардуми тоҷикро ба рӯзахӯрӣ ва ҳамин тавр риоят накардани фаризаи динӣ ва хориҷ шудан аз дин ташвиқу таблиғ карда истодааст. Наметавонад, ки ошкоро бигӯяд,ки дин барои мо лозим нест, бояд,ки барои дунёямон биандешем, охирате даркор нест, ҳамааш дурӯғ аст, аммо то ба ин андоза гуфтанро ҷуръат надорад. Вале ончики мехоҳад, ҳамин аст.

 

Раҳмонов бовар надорад,ки Парвардгори тавоно динашро барои мову шумо комил карду фиристод.

 

Раҳмонов бовар надорад,ки Муҳаммад саллалоҳу алайҳи вассалам ончи такмилу комилшударо барои мову шумо иблоғ кард ва аз инҷост,ки расули худост ва рисолаташ ҳам расонидани ҳарфу сухани Аллоҳ буд.

 

Ё мумкин аст фикр мекунад дар тули ҳукуматрониям ҳарчи куштам ва зиндонӣ кардаму туҳматкардам ин мусалмонон буданд. Ҳар коре зидди инҳо кардам Худои инҳо маро коре накард ва ман ҳаминхел идома медиҳам ва пойро фаротар мегузорам.

 

Раҳмонов бовар надорад,ки саҳобаи киром ноқилони ин дин ин ҳамаро барои мову шумо дастрас карданду тавзеъу ташреҳ намуданд.

 

Аз ин ҷост, ки вай дар осори мукаммали Аллоҳ мисли фиръавни асри навин ислоҳот даровард ва дастур дод,ки Рамазонро гузоред канор ба вақти дигар ва ҳол ончи ман мегӯямро иҷро кунед: шалғам бикоред, лубиё бикоред, картошкаро 40% зиёд кардам, картошка бикоред. Рамазонро, ки касе аз бандааш, то ҳамин Расули Худо-бандаи баргузидаи Худо низ ҳад ва ҳақ надорад,ки “переносит” кунад? Рӯзу моҳу шабашро тағйир бидиҳад. Аммо ин раиси собиқи колхоз,ки гузаштаи худро фаромуш кардааст, аз ҷойи баромадагиаш ёдаш рафта қаламу қиртос гирифту даст ба таҳриф бурд,боз чӣ таҳрифе?

 

Нақли қавлҳо дар мавриди фатвои охири Раҳмонов

 

Айнан нақли қавл мекунам чун ҳарчизе гӯям мегӯянд,ки шумо мухолиф ҳастед ва суханонатон бар алайҳи Раҳмонов мебошад. Биёед аз дигарон ва онҳое холис мебошанд хонему шунавем,ки чӣ гуфтаанд:

 

Барои афроде, назири Раҳмонов беҳтарин посухро аз қавли як донишманди исломӣ бишнавед,ки чи мегӯяд?

 

“Имом Молик раҳимаҳуллоҳ дар шарҳи ҳадиси паёмбар (с),ки дар мавриди “навоварӣ дар дин” мегӯяд,касе агар дар дин бидъат(навоварӣ) эҷод мекунад,як чизеро нав ҷорӣ мекунад, фаразан ин ақидаҳо,ки аз ҳама муҳимтар аст ва баъд аз он ҳамин бидъати ҷӯркардаро ҳасана медонад, некӯ мешуморд, Расулуллоҳ салаллоҳи алайҳи вассаламро дар иблоғи рисолаташ хоин медонад. Ва воқеан ҳамон рақам аст.

Оё Расулуллоҳ салаллоҳи алайҳи вассалам динро ба сурати комил ва ҳамаҷониба барои мо иблоғ карда ва ё накарда? Ҳоло,агар як нафаре ҳамин кора карда, як нафаре фикр мекунад, як коре ҳаст ҳасана ҳаст, хуб ҳаст,ки наузубиллоҳ паямбар накарда, мо меоем ибтикор мекунем ихтироъ мекунем.Ана ҳамин ибтикор ва ихтирои ҷадиди худро дар дин некӯ ва ҳасана мешуморем.Наузубиллоҳ ду ҳолат дорад:- ё як нафаре Аллоҳро муттаҳам мекунад,ки Аллоҳ ёдаш рафта буд, инро нозил накардааст,ки паямбар иблоғ мекард. Парвардигор фаромушкор нест.

 

Дуввум вазифаи таблиғи дин бар ӯҳдаи кӣ буд? Бар ӯҳдаи Расулуллоҳ салаллоҳи алайҳи вассалам.Оё Расулуллоҳ салаллоҳи алайҳи вассалам инро иблоғ карда ва ё накарда? Бидуни шак иблоғ карда. Гап ба сари он боқӣ мемонад,ки ҳамин бояд барои мову шумо бирасад.Тавассути кӣ дин барои мову шумо расида? Саҳоба. Пас,агар як нафаре, як чизеро дар дин эҷод мекунад,ки ӯро боз некӯ мешуморад, дар ҳоле,ки дар замони саҳоба набуд ва паямбар ӯро барои мо нагуфтанд, се эҳтимол вуҷуд дорад, наузубиллоҳ. Эҳтимоли аввал ин аст,ки фикр мекунад Аллоҳ ёдаш рафта буд, ки куфр аст. Эҳтимоли дигарӣ, фикр мекунад, ки паямбар инро иблоғ накарда,ки куфри дуввумист ва эҳтимоли саввумӣ, фикр мекунад,ки саҳоба инро ..карданд инҷо ҳам кофир мешавад.Чаро?Ба хотире,ки агар касе саҳобаро ба умум дар расонидани дин муттаҳам бидонад,ин ҳамкофир мешавад.Чаро? Ба хотире,ки тазкияи саҳоба ба сурати умумӣ дар Қуръони карим сароҳат дорад.”

 

Дар ин масала доктори улуми шаръӣ Нур Муҳаммад Ҷумъа дар навори шаш дақиқагияшон зери унвони “ Достони ҳамоқати Фиръавн ва вазифаи хармагаси сармаст” Раҳмоновро як фиръавни аҳмақ ва хармагаси бе фаҳм унвон карда ва ӯро зери тамасхур қарор додааст ба хотири ин фатвои ҷоҳилонааш дар мавриди “хурдани рӯза”. Метавонед онро дар фейсбук бубинед ва онро ба хотири тулонӣ нашудани матлаб наменависам.

 

Аслан Раҳмонов кӣ аст ки фатво медиҳад. Ӯ худашро чи тасаввур карда истода бошад? Ҷавобгарӣ ва масъулияти бандаҳоро дар пешгоҳи Худо бар ӯҳда гирифта истодааст? Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳимаҳуллоҳ, ки миллиард-миллиард мусалмони мурдаву зинда пайрави мазҳаби ӯст, ҷуръат накард,ки мансаби қазовати хилофатро бар дӯш бигирад ва муҳрдори он бошад чун аз Худо метарсид,ки мабодо ҳоким амре кунад,ки он иштибоҳ бошад ва ман ночор онро тасдиқ кунам ва ё бегуноҳеро ҳукм ба қатл кунад ва ман онро ночор мисли Сайидмукаррам тасдиқ кунам,аммо ин калламуши собиқ ҳоло бар худаш иҷоза додааст,ки фаризаи илоҳӣ ва ё як рукни панҷгонаи исломро тағйир бидиҳад. Оё ин нақизотро кӣ дидаву ёд дорад,ки ба муносибати моҳи Рамазон табрик намоӣ ва гӯӣ, ки рӯза нагиред! Чун ташнаву гушна мемонеду ҳосил талаф меёбад. Агарчи бо сароҳат ва итминони комил мегӯям,ки Раҳмонов мункири панҷ рукни ислом аст ва бар алайҳи панҷ рукни ислом фармонҳои махсӯс ҳам дорад ва онҳо амалӣ гаштаанд.

 

Эй,гумроҳи Худо! Ҳоло, ки ҳатто мавсими ҳосил ҳам нест. Дигар инки73 дар сади аҳолӣ дар деҳот аст ва кишоварзу чорвопарвару деҳқон.Чи кор бикунад ин миллионҳо мусалмон? Коргарони роғунро соли гузашта водор кардӣ,ки рӯзаашонро бихуранд.

 

Баъд аз онки Раҳмонов ҳамчунин суханронии рамазонӣ кард,на танҳо тоҷику тоҷикистонӣ дар берун аз қаламрави Тоҷикистон ҳам форсигӯёни оламро хашмгин сохт. Як нафар бо исми Муҳаммадориф Мансурӣ корманди вазорати хориҷии Афғонистон ба дастури ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон мабнӣ бар маоф сохтани деҳқонон аз рӯза гирифтан чунин гуфтааст:

 

Диктотур ҳадду марзе намешиносад. Диктотур касе ҳаст,ки худро ақли бартар ва тасмимгирандаи кулл медонад. Ва ба ҳамин далел дар ҳеҷ мақом ва мавқеияте басанда накарда, боло ва болотар меравад. Аз омади мутлақулинони як кишвар то адои фиръавнӣ ва шарокат дар умури илоҳӣ.Рӯза яке аз таклифи пурмашақати баданӣ аст.Аллоҳи азза ва ҷалл дар канори фарз гардонидани он бар мӯминон ҷавониби рухсати онро возеҳ сохта ва далелашро ҳамчунин гуфтаааст, ки манзураш таҳмили душворӣ ва машаққат бар бандагон нест. Имрӯза бар иловаи фақеҳон духтурҳо низ ҳаққи ибрози назар дар мавриди адои рӯза ва ё адами онро аз манзари маслакашон ба таври муваҷҷаҳ дороанд. Шароити душвори куруноӣ низ раҳбарони мазҳабӣ ва уламои диниро водор ба бознигарии фиқҳӣ ва риояти ҳоли мусалмонон намудааст.

Аммо инки диктотури нобихрад ва ҷоҳиле чун Имомалӣ Раҳмон,ки тоза пасванди “оф” аз насабаш ҳазф шуда ва алифбои динро ҳам намедонад, ба худ ҳаққ медиҳад то дар баробари ҳукми илоҳӣ густохӣ ва даҳанкаҷӣ намояд. Авҷи диктотурӣ ва маншаъи истикбори ӯро нишон медиҳад. Дар даврони ҳукумати муҷоҳидин,ки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуълавар буд,устод шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ ва Масъуди шаҳид талош доштанд дастони мудохилагари покистонӣ ва Ҳикматёрро дар таҳрики неҳзати исломии он кишҳвар кутоҳ намоянд ва заминаи мусолаҳа ва оштии миллиро дар Тоҷикистон фароҳам намоянд. Дар яке аз давраҳои музокира,ки Абдулло Нурӣ,раҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон Ва Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури он кишвар шабро дар вилояти Тахор, меҳмони устоди шаҳиданд, сӯҳбатҳо рӯи масоили динӣ миёни устод Раббонӣ ва Абдулло Нурӣ матраҳ мешавад, Раҳмонов ба хотире,ки аз қофила пас намонад ба устод Раббонӣ мегӯяд, ки ман ба арабҳо гуфтам,ки танҳо шумо арабҳо дар рушди тамаддуни исломӣ талош накардаед. Имом Бухорӣ дар навиштани Қуръон ҳазрати Муҳаммадро ҳамкорӣ кардааст. Устод ва Абдулло Нурӣ аз рӯи адаб ба рух наёварданд.”

 

Ана ҳамин тавр,як мояи хиҷолат ва сарафкандагӣ ва шармсорӣ моро ва миллати моро инак 28 сари сол аст ки роҳбарӣ мекунад ва дорад ба тамоми муқаддасоти мо тохтутоз меоварад.

 

Шайх Аҳмад Карима, устоди фиқҳи Донишгоҳи Алазҳар, дар суханони худ дар як барномаи телевизиюнӣ дар иртибот ба ин моҳи муборак сӯҳбат карда ва “Кимиёи саодат” нақли қавл кардааст,ки инҷо меоварам: “Ҳатто рӯза гирифтан дар тамоми умр наметавонад ҷойи рӯзаи моҳи Рамазонро бигирад ва касе ҳам наметавонад бедалел рӯзаи моҳи Рамазонро бихӯрад ва касе, ки ин корро анҷом диҳад, гуноҳи бузурге муртакиб шудааст. Зеро рӯзаи моҳи Рамазон воҷиб ва аз аркони ислом аст ва кучак шумурдани он ҷоиз нест.”

 

Бубинед,ки дар ҳеҷ ҷое гуфта нашудааст,ки кори кишоварзӣ ба ҳадде ранҷовар буда бошад, ки рӯзадорро водор ба хӯрдан ва муртакиби гуноҳ шудан бикунад. Аммо,хуб,ки маризӣ ва беморӣ,ки ҳарфи дигар аст ва инҷо ҳам кадом баҳсе вуҷуд дошта наметавонад, чун ин масъала дар ҳамон оғоз ҳаллу фасл шудааст.

 

Инҷо Раҳмонов на танҳо мухолифати дарунии худ бо Рамазон ва дар умум исломро ошкоро мекунад, балки бими ӯ ҳамеша аз қиёми исёни тӯдаи гушнаҳои тоҷик аст. Барои ҳамин дар ҳамин табрикот дақиқтараш таҳқири рамазониаш ҳам пинҳон надошта ва гуфтааст,ки “… агар имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳс ба вуҷуд меояд. Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд”.

 

Имрӯзҳо сокинони кишварро маҷбур ба хонаҳояшон зада даромада амр мекунанд,ки картошка коред,ки дар замистон мемуред.

 

Акнун ёдатон нарафта бошад,ки вақте Рустамро ба ҷоййи Убайдуллоев раиси шаҳр таъйин кард чи гуфта буд? Гуфта буд,ки “ту сер”. Хуб,агар ки шумо бо Рустам сер бошед пас ин мардум ба умеди шумо хоҳанд шуд ва боке нест,ки агар як моҳи Рамазон мардуми тоҷикро,ҳадди ақал зиндониҳоро ҳар бегоҳ ифтор диҳад. Аммо на аз ҳисоби кадом коммерсант,аз ҳисоби худаш. Вале баъид аст ки ин корро шумоҳо анҷом диҳед. Шумо ҷаноби Пешво ва Пасво ба ҳадде нодида, чашмгушна, носерам ва дар қаҳтиву қаҳтзадагӣ дармондаед,ки розиед гуноҳи ҳазорҳо кишоварзу чорводорро фардо дар пеши худо бигиред,аммо барои имрӯзи дунё ва дунёдориатон мушкил надошта бошед. Ҳамин гуфта худ нишона ва аломати равшани он аст ки шумо то чи ҳад пойбанди дин ва аркони он ҳастед ва оё пеши худ як бор шуда суол кардед, ки ман кӣ ҳастам,ки дар ҳарими Худо дастдарозӣ мекунам?

 

Share This Article