Фирор аз Душанбе ва вазъияти корупсионии шоҳроҳҳои кишвар

Ислоҳ нет

 

Фирор аз Душанбе ва вазъияти корупсионии шоҳроҳҳои кишвар

 

Хабарҳое, ки аз Душанбе ба дасти мо мерасад,воқеан ҳам изтиробовару ғамангез аст. Шаҳр дар ҳолати тарсу ваҳшат қарор дорад. Баъд аз онки пойтахти ватани азизамонро пур аз гирифторони коронавирус карданд, тоза ҳушашон омада ва ба каллаи кадуи ин раиси наркоман задааст, ки намешавад дар шаҳри холӣ аз инсонҳо риёсат кард. Зеро мардуми шаҳр даста-даста тарки хонаву кошона карда ва Душанбеи азиз холӣ шуда истодааст.

 

Пойгаи асбдавонӣ барои Анӯшервон ва сӯз додани асбҳои чандсадҳазор ва ё миллиондолларии онро акнун ин раиси наркоман натиҷагирӣ мекунад. Шашҳазор сомонӣ ҷоизаи асби Анӯшервон ҳоло сари 60 миллион доллари сокинони пойтахтро хӯрда истодааст. Шабурӯз кӯчаҳову назди хиёбону иншооти давлативу ҷамъиятӣ….хулоса боғу гулгашту ҳама -ҳамаро мисле,ки дезинфексия-назофат ва тамизкории тиббӣ кардан доранд. Ҳамон боғу гулгаштеро,ки ҳамин чанд рӯзи пеш падару писар-Раҳмонову Рустам дастқаппон тамошо карда ва тамошо карданашоро дар шабакаҳои телевизионӣ ба тамошо доданд ва тамоми даъвату дархосту илтимосу зориҳои моро,ки карантин эълон кунед, ҷилавгирӣ кунед, шӯхибардор нест, халқро беҳуда талаф надиҳед, сарфи назар карда Кабирии душман гуфтан мегирад, гуфта ана акнун имрӯз,на танҳо бемористону осоишгоҳҳо ҳамчунин қасри варзишии пойтахтро ҳам барои хобонидани коронавирусзадаҳо омода карда истодааст.

 

Мошинҳои оташнишонӣ ҳам ҷалб шудаанд. Аммо….аммо мардуми пойтахт рӯ ба самти зодгоҳу ватани бобоӣ фирор карда истодаанд. Исфарагӣ ба Исфара, дарвозӣ ба самти Дарвоз,бадахшонӣ ба тарафи Бадахшон, хуҷандӣ ба Хуҷанд,аштӣ ба Ашт ва муминободӣ ба Муминободу ғармӣ ба Рашт фирор карда истодаанд. Шаҳрро-пойтахти азиз-дили ватанро дидаву дониста,амдан гирифту касал кард. Тавсияи ҳатто Созмони беҳдошти ҷаҳониро ба инобат нагирифт. Дунё мутаҳаййир шуд,ки дар Душанбе Истиқлоли Рустами Эмомалӣ дар суперҷом бозӣ мекунад, дар ҳоле ки ҳамчунин чорабиниҳои варзишии оммавиро муваққатан,то замоне ин вабо пайи наҳс ва пойи шумаш канда нашвад мамнуъ эълон шуданд. Ҳоло акнун мардум бархеҳо хонахез, бархеи дигар солмандҳо ва зану бачаҳояшонро ба зодгоҳи бобоӣ фиристода истодаанд: аз бало ҳазар!

 

Аммо чи ҳазаре? Дар роҳи бозгашт аз Душанбе ба самти Хатлону Бадахшону Ғарму Суғд посгоҳҳи изофӣ кушодаанд. Ин посгоҳҳо посгоҳҳои назоратӣ буда тавассути ГАИ ва вазорати корҳои дохила гузошта ва контрол карда мешаванд. Тоза фаҳмидем,ки чаро дар ин чанд рӯзи ахир вазорати тандурустӣ дамаш дар дарун задааст ва ҳарфе дар бораи коронавирус намезанад. Ин вазорати корҳои дохилии Рамазон Раҳим аст ки рӯзҳои ахир баёнияҳо содир ва ҷомеаи кишварро ором мекунад, ки ин ҳама корҳое, ки мо дорем анҷом медиҳем ба хотири пешгирӣ аз коронавирус аст,аммо мутмаин бошед,ки ҳоло касе гирифтори коронавирус нашудааст ва дар Тоҷикистон коронавирус нест ва ба гапҳои ду-се иғвогари манфиатхоҳи наҳзатӣ аҳамият надиҳед!

 

Аммо чи иғвогар мегӯӣ чи ҳар ному насабе мемонӣ, бояд мардуми шарифи Тоҷикистон бидонад ва огоҳ бошад,ки тибқи маълумоти мо аллаакай садҳо нафар аз вируси короно дар Тоҷикистон ҷон додаанд. Ҳамватанони азиз Шумо дар фикри ҷони худу фарзанду хонаводаву волидони худ бошед, кор наравед, аз дар набароед, карантина кунед. На Рамазон Раҳиму на Раҳмонову на Рустам дар қиссаи шумо нестанд, балки ҳатто дар ҳамин шабурӯзони бадбахтӣ ҳам дар фикри пулкоркунианд. Як нафаре аз сокинони пойтахт,ки ба қасди ҳазар аз бало ба зодгоҳи бобоияш рӯ овардааст, дидаҳои худро дар як сафар гуфта ба мо ирсол дошт,ки бо як каме таҳрири забонӣ пешкаши шумо азизон мекунам:

 

Аз Душанбе,то Ғарм дар роҳ чи мегузарад?

 

“Ба ноҳияи Рашт сафар намудам.Дар чаҳор пост мошинамро манъ карданд. Дар пости баромади Душанбе,“Таги труба”-и Файзобод, пости Роғун ва пости Сари Ҷар. Дар ин постҳо имрӯзҳо кормандони алоҳидаи БДА-ГАИ маро манъ карданд. Хиёл мекунӣ,ки ба як минтақаи ҷангӣ ё Афғонистон дохил мешавӣ. Дар 180 ким чаҳор блок-пост. Агар бениқоби тиббӣ бошӣ як сомониатро кашида мегиранд. Як каме аз дуртар истода пули коғазиро мегиранду ба кисса мезанад аммо агар пул танга аст онро аввал дар маҳлуле мешӯянд,то маюодо сироят ба коронавирус нашаванд. Дар пеши онҳо шишаи спирт истодааст. Худашон дар димоғ моск бастаанд.

 

Дар ҳамаи ин чаҳор постҳо мошинҳоро “падряд”-яксара манъ мекунанд. Дар пости Роғун ба як сержант савол додам,ки чаро ҳамаро яксара манъ карда истодаед? Баргашту ба савол савол додки бародар дар ҳамин моҳи шарифи Рамазон маро ҳамин корҳо мефорад? Аз боло супориш шудагӣ! Гуфтам бародари азиз ҳоло дар дунё буҳрон пеш омадааст,пул нагирӣ намешавад? Гуфт инода ( барои инҳо-манзураш-боло) фарқ надорад.4 категорияи сумгирӣ ташкил карданд: 1 сомонӣ,5 сомонӣ,10 ва 25 сомонӣ”.Ин сержант гуфт,ки ҳамаи ин постҳо бо категорияҳо план-нақша доранд,ки бояд (чанқа-чи қадар) пул бисупоранд. Вале аз як ГАИ дар пости баромади Душанбе фаҳмидам,ки як коргари онҳо 1000 сомонӣ нақша дорад,то ба боло супорад.Пости дарвозаи Душанбе 6 ГАИ ва 2 корманди вазорати нақлиёт истодаанд. Худам ба худам суол пурсидам,ки ин ҳама пулҳо ба куҷо меравад? Ин ГАИ-ҳо ба ҷуз аз пулканӣ кори дигаре надоранд. Ҳуҷҷат дорӣ,надорӣ фарқе надорад.

 

Вориди Ғарм шудам

 

Хуллас,вориди Ғарм шудам. Аз бемористонаш дидан кардам. Бениқоб иҷозат намедиҳанд,ки дохил бишавӣ. Ниқобҳои тиббӣ ҳам ҳамагӣ дастидӯхт. Яктои он 3 сомонӣ нарх дорад. Як духтури беморхона ва нигоҳи саволомези ман гуфт,ки “шумо ҷон гӯед,ки бо 3 сомонӣ халос мешавед. Мо ба 180 сомонӣ сарулибоси муҳофизатӣ харидем. Моли кӯмаки ройгон омадаро барои мо ва тамоми духтурони дигар ба зӯрӣ фурӯхтанд. Чанд нафар парастору ҳамшираи шафқатро барои онки ин сарулибосро харида натавонистанд, аз кор пеш карданд. Онҳо нахариданд ва розӣ нашуданд, ки аз лаби маошашон барои ин сарулибос баргардонанд”.

 

Гуфтанд,ки супориш аз боло ҳаст.Дар шӯъбаи милиса ҳам бо ниқоб, аммо дар бозор аз ниқобу кадом чораи муҳофизатӣ хабаре нест. На ниқоби тиббӣ ва на фосилаи миёни одамҳо риоят мешавад. Мардум дар ноҳия гуфтанд аз як хона ҳафт нафар мурдааст ва аз дигре чанд нафар бемораст. Масҷидҳо руст. Мактаби деҳа кор карда истодааст. Ҳайрон шудем.Як мӯсафеди ғармӣ нақл кард,ки вазъият дар инҷо бениҳоят безеб ва мураккаб шудааст.Дар солҳои ҷанг намоз мехондем, дар ҳоле,ки онвақт ташвиш сахттар буд. Аммо ҳозир ҳатто дар хонаҳо тарсида -тарсида намоз мехонем. КДАМ фарёдамон накунад ва дар поямон ягон балоро напечонад-гуфта. Мӯсафед гуфт,ки ин кормандони КДАМ бо ҳар роҳ болои мардум мехоҳанд ҷавру ситам кунанд. Барои мисол агар фарзанди худатро дар хонаат таълими динӣ диҳӣ, тамом хок бар сарат рехт,хонаат сӯхт,капаат дуд кард. Гуфт меоянду кӯдакҳоро ба гап меандозанд-кӯдакҳои синфи 1,2 ва ё 3-ро фиребу найранг карда ва гоҳо пул ҳам дода мепурсанд,ки ягон сурае медонӣ? Вақте ӯ тасдиқ кард,аз ӯ мепурсанд,ки дар куҷо дарс хондӣ,сура азёд кардӣ? Маро ҳам бар он хона, то онҷо ҳамроҳӣ кун. Кӯдаки бечора агар гуфт,ки хонаи фалонӣ,пешандоз мекунанд ва мебаранду воҳимаву дағдаға мекунанд,ки бубин,ин кӯдак бо забони худаш гуфт,ки ту таълимоти динӣ дода истодаӣ,ки ин рафтори ту ғайриқонунӣ асту фалону беҳмони дигар. Ва аз он бечораҳо пул мекананд.

 

Нақли мӯсафедро,ки дар омади гап буд овардам

 

Аммо ҳикояти посгоҳҳо,ки ин бародар гуфт танҳо хос барои водии Ғарм набудааст. Ҳоло гуфта мешавад,ки дар роҳи самти Душанбе-Хуҷанд ҳам айнан ҳамин вазъият аст. Ходимони БДА ва милиса изофа истодаанд ва корашон ҳам хабаргирии моски ронанда ва мусофирн буда ва мошинҳоро ҳам дар ин роҳ маҷбурӣ дезинфексия карда истодаанд. Аммо ҳамааш пулакӣ. Акнун тасаввур кунед,ки бар изофаи плазаҳои пулгираки Ҷамолиддин Нурализода, боз ниқобхариву спиртшакиву тестдиҳои пулакӣ ва дезифексияҳои мошинҳо.

 

Вале боз ҳам савол ин аст ки чаро дар вақте ки лозим буд ҳамин чораҳоро наандешидед? Ба гапи тамоми дунё гӯш фаро надодед? Имрӯз кишвар ва бахусус пойтахти давлатро ба бало мубтало карда акнун дастури лағви футбол ва таътили Истиқлоли Рустамро медиҳед. Мебоист,ки дар Тоҷикистон намеомад. Пас, шумо бояд масъулият ва ҷавобгарии ҳар як ҷони аздастрафта ва ҳар як қурбонии шаҳрро бар ӯҳда бигиред.Чун шумо ҳанӯзам,ки ҳанӯз аст дар Тоҷикистон коронавирус нест гуфта истодаед. Аммо писари Низом Қосим,раиси Иттифоқи нависандагон ва узви Маҷлиси Миллӣ,ки оғози кори Маҷлиси нави Миллиро раиси карда ва дар курсии раиси Маҷлиси Миллӣ то чанд лаҳза пеш аз омадани Рустам нишаста буд касал шудааст ва низ Сайидҷаъфар Усмонов, раиси ҲДТ, ки худи ҳамон рӯз дар ҷаласаи Маҷлиси Олӣ ҳузур дошт,низ бистарӣ карда шудааст. Фикр мекунам,ки аз озмоиш ва тест гузаштани раиси Душанбе ва аъзои хонаводаи ва ба шумули волидонаш ба таври ҳатмӣ ташхис бишаванд. Онҳо зиёдтар ва бештар метавонанд,ки манбаи сироятӣ шинохта бишаванд.Тибқи хабари дирӯза афроди оилаҳои воломақом ба ин беморӣ мубтало гаштаанд ва инро бо ҳасарт баён дошт.

 

Бо ин чанд байте матлабро ба поён мерасонем.

Аз тарси Куруно “Э” гурезон шуда,

Дар Данғара ба ғоре пинҳон шуда.

Аҳли вузаро чу Пешво низ ба гурез,

Аз ваҳми Куруно ҳама сарсон шуда.

————

Аз ваҳми Куруно “Р” ҳаросон шуда,

Раҳмон ба кунҷи ғор пинҳон шуда.

Ҷибрили амин,ки ҳеҷ дасташ надиҳад.

Азроил ба қасди ҷони Раҳмон шуда.

————-

Курмӯше дар зери чоҳ дар мондааст,

Аз ҳарос дар зери коҳ сар мондааст.

Ходимонаш рӯзу шаб дар изтироб,

Саргарон бар хештан пар мондааст.

Курмӯши қатол ба чоҳи ноумед,

Андаруни гил чун хар мондааст.

 

Share This Article