Генерал майори чатоқи МВД

Ислоҳ нет

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман аз муҳоҷирати корӣ, аз шаҳри …. бароятон ин номаро мефиристам. Ҳикоят дар бораи як нафар аз генералҳои тоҷик, як мақоми масъули вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Ҳодисаи дар ин нома навишташуда, ки тавассути шумо ба тамоми аҳолии Тоҷикистон ҳам расонида мешавад, саргузашти воқеӣ, қиссаи воқеъӣ аст ва ягон ҳарфу нуқтаву вергул дар он афзуда нашудааст. Ин қиссаи воқеии замони мо аст, ки ҳамин чанд соли пеш руй додааст ва он генерал ҳоло ҳам дар сари кор аст. Ин генерал чанд муддат сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳам буд. Сухан дар бораи Назарзода Қудратулло, генерал, Ин ҳикоятро яке аз дӯстонам нақл кард. Ин дӯстам ба қаҳрамони асосии ин ҳикоят ошнои наздик мебошад ва феълан дар хориҷа кору зиндагӣ мекунад. Хоҳиши ман аз шумо ин аст ки онро ба таври алоҳида чоп кунед.

Ҳикоя аз забони ба истилоҳ ҷабрдида меравад:

   Соли 2013 падарам вафот кард. Нафароне ҳастанд, ки аз падари ман қарздор буданд. Ин қиссаи қарздоронро ба як ҳамкурсам нақл кардам. Вай хуб гуш карда, гуфт, ки ман метавонам ба ту кӯмак кунам, чун одамҳои боқудратро мешиносам, рафта мефаҳмонем, дастгирӣ мекунад. Ман гуфтам бошад, агар қарзро гирам ҳамаатонро розӣ мекунам, маблағи қарз аз 35 000$ зиёд буд. Рӯзи душанбе тайёр шав назди генерал меравем, гуфт.

  Рӯзи душанбе шуд, ман омода шудам ва бо ҳамкурсам вохӯрдем ва ба назди генерал рафтем. Ин генерал насабаш Зуҳуров будааст, ростӣ номашро нагуфт, ман ҳам напурсидам. Дар мақомоти давлатӣ Идораи бойгонӣ, яъне сири давлатӣ роҳбар будаст. Ин воқеа дар соли 2014 буд. (Сухан аз генерал Саидамир меравад аммо шахсияти ӯ барои мо норӯшан аст. )

Зуҳуров марди хоксор, раҳмдил, оддӣ ба назар менамуд. Сину солаш ба нафақа буд. Ҳамкурсам ба ӯ дар бораи ман ва оилаи мо қисса кард ва дар бораи қарздорон низ нақл кард.  Муносибати Зуҳуров хеле оддй буд.  Ҳатто раҳмаш ҳам омад. Гуфт, ки духтарҷон зиқ нашав «ма генералам лекин да маям фиреб кардан, аз ман қарздор ҳастанд». Пас дасташонро ба сарашон монда ба фикр рафтанд. Мегуфтанд ба кӣ занг занам, ки ба қазияи ту расидагӣ кунад. Пас дар хотирашон кадом нафаре омаду зуд гӯшаки телефонро гирифта занг задан бо шахсе ҳамсӯҳбат шудану гӯшакро монда ба ман гуфтанд, пагоҳ соати 9:00 ба ВКД меравӣ назди полковники милитсия Назарзода Қудратулло, ин кас шогирди ман аст, кора ҳал мекунанд. Ман минатдорӣ карда аз назди генерал баромадем. Пас, ба ҳамкурсам гуфтам биё якҷоя равем ВКД, чун ман духтари ҷавонам ба чашми бад яке ба ман нигоҳ накунад. Гуфт, эй ту намедонӣ Зуҳуров кӣ аст. Аз номи ин одам меравӣ ҳама шох мешаванд. Ман хурсанд шудам.  

Рӯзи дигар соати 9:00 ба ВКД ҳозир шудам. Маро дар даромадгоҳ пурсиданд, ки назди кӣ меравӣ? Гуфтам назди Назаров Қудратулло, маро генерал Зуҳуров равон карданд. Занг зада пурсиданд.  Суханҳои ман тасдиқ шуд. Баъд иҷозат барои ворид шудан доданд. Ба дохили вазорат даромадам ва утоқи кории полковник Назарзодаро ёфтам. Вай сардори Раёсати кофтукови ҷиноӣ будааст. Аз пушт дарро куфтам, садо набаромад. Баъд даро кушодам ҳеч кас нест. Дарро пӯшиданӣ шудам, ки аз дохили як утоқи дохилӣ як нафар баромад, як марди сараш кал, қадаш паст. Ман салом додаму худамро муаррифӣ кардам ва гуфтам, ки маро генерал Зуҳуров назди шумо равон кард. 

Ин мард ба ман ҳамин хел нигоҳ мекард, ки гӯё духтарро дар умраш якум маротиба дида бошад. Маро ба нишастан даъват кард. Ман нишастам ва қиссаи қарздорро нақл кардам. Ба назарам намуд, ки вай маро гуш ҳам намекард ва ба мисли одами ташна ба ман нигоҳ мекард. 

Ногаҳон касе занг зад. Ӯ гӯшакро бардошту ручкаро гирифту дар як дафтар ба навиштан сар кард. Ман нигоҳ мекардам, ки вай ному насаби ман ва соли таваллуди маро навишт. Ман гуё нафаҳмидам, ба дигар тараф нигоҳ кардам. Ӯ хело хурсанд буд, гуё ба кадом орзуяш расида бошад. Корманодонаш медаромаданд мегуфтанд гапи махфӣ дорем, мегуфт одами худӣ аст гап задан гир. Як ҷевонро кушода аз дохили пакет як пиёла гандум гирифт ва тирезаро кушода ба кафтарҳо дод. Дар болои миз қанд буд, ба ман пешниҳод кард «биги бузан», ман гуфтам раҳмат, боз дод зад бигӣ. Ноилоҷ як қанд гирифтам. 

Хеле марди ба кори  худ қодир яъне  «специалист в своем деле» ба назар менамуд, аз уҳдаи кораш хуб мебаромад. Пас як зан омад, Назарзода маро ба ӯ  вогузор карду гуфт, мо маҷлис дорем дур наравед, тез тамом мекунему ман шуморо фарёд мекунам. Ман гуфтам ок ва аз утоқи корӣ баромадам. Ростӣ, вақте дохили вазорат шудам дар саҳни вазорат одам набуд, вақте дохили бино шудам дар он ҷо низ ягон нафарро надидам. Дар вақти маҷлис ба мисли галлаи гов мардҳои зиёде пайдо шуданду ба утоқи Назарзода даромаданд. 

Ин зан маро ба гап гирифт, номаш Заррина будааст, аз соли 1991 ё 1992 дар ВКД бо Назарзода якҷо кор мекардааст ва якдигарро хуб мешинохтаанд. Аз ман пурсид шавҳар дорӣ? гуфтам не. Боз пурсид, ки туро кӣ ба назди ин равон кард,  мард ё зан? Гуфтам мард. Аз зиндагии шахсии худаш нақл кард. Ман гӯш кардам. Зани зебо буд, аммо қиссаи зиндагиаш ба мисли худаш зебо набуд, аммо худаш розӣ буд аз ҳаёти аз сараш гузашта. Маҷлис тамом шуду  Назарзода Қудратулло маро фарёд кард ва ба як мард супориш дод, «ин кас духтари милиса ҳастанд, ба даста бурда аризаша гиреду ба даста назди ман биёреша». Он кас хуб гуфтанду маро раҳнамои карда ба утоқи кориашон бурданд. Дар он ҷо аризаи маро гирифтанду боз ба назди Назарзода маро оварданд.

Назарзода Қудратулло ба ман гуфт шумо имрӯз хаста шудед, чун хело интизорӣ кашидед маҷлиси моро. Ман худам шуморо хона мебарам. Ростӣ, ман на ҳо гуфтаму на не.   Омода шуда хест аз ҷояш ва якҷо баромадем ба мошинаш шиштем. Дар роҳ аз ман пурсон шуд, шумо фарзанд доред, ман гуфтам, не. Ман ҳоло шавҳар накардам. Ба лаҳҷаи худаш гуфт духтари катта ҳастӣ? Бале, ягон бор шавҳар накардаам. Дар роҳ мошинро манъ карда зиёд харид кард ва аз ман мепурсид мурғ харам, боз чи харам? Ман хомӯш гуш мекардам. Сеткаҳоро дар қафои мошин монду ҳаракатро давом дод. Савол медоду ман ҷавоб медодам. Ба хона расидем. Ростӣ, ман ӯро даъват накардам ба хона аммо ӯ сеткаҳоро гирифта тарафи хонаи мо аз қафои ман омад. Ба ҳавлиямон ворид шуду, ба ваҳу воҳ гуфтан даромад: «ин ҳавлира бин, ин обу ангуру дарахтора бин».

  Ман модарамро фарёд кардам. Гуфтам ин кас ҳамон шахси наздашон генерал Зуҳуров равон кардагӣ, барои қарзҳои падарам кӯмак мекунанд. Ӯ сеткаҳояшро дар болои кат гузошт. Ман дари меҳмонхонаро кушодам ӯ даромад. Модарам барои чой дам кардан рафтанд, ман бошам рафта либосҳоямро иваз кардам. Баъд даромадам, ки дар кӯрпача нишастаасту бо телефонаш смс мекунад. Маро дид, аммо давом медод навиштанро. Пас кадом нафаре занг зад. Ӯдар ҷавоб мегуфт, ки дар куҷое одамкушӣ шудагӣ будааст ӯ ҳамонҷо аст. Пас саросема хесту ман меравам гуфт. Ман модарамро фарёд кардаму гуфтам меҳмон мерафтаанд. Аз хона баромаду дид, ки дар болои кат сеткаҳояш истодаанд. Гуфт «эй ин чизҳои мара чида нагирифтен?» Ману модарам хомӯш ба якдигар нигоҳ кардем. Хулас, Назарзода бо муомилаи хуш баромада рафтанд.

Пас аз ду се рӯз Назарзода дар соати 02:00 шаб ба  хонаи мо омад, тобистон буд. Мо хоб набудем. Ростӣ шок шудем,дар ин бевақтӣ ва аз дигар тараф хурсанд будем, чун интизор будем, ки қарздорро пайдо кардааст ва маблағи қарзро овардааст.  Ӯро эҳтиром карда, ба меҳмонхона  даровардем. Назарзода Қудратуло ба хона даромад. Ман кӯрпача партофтам ва ба ӯ марҳамат  шинед гуфта нигоҳ кардам, ки ин аблаҳ худашро модарзод бараҳна кардааст. Ман аз ин ҳолат дасту почаам меларзид  ва ӯ маро зора карда, мегуфт, ки бо лаҳҷаи худаш «….. маро буфуч, пас ман аз они тура мефучам» . Ростӣ ин Назарзода бо кадом забон гап мезад, ман намефаҳмидам. Ҳатто маро таҳдид мекард, ки «агар ту …. маро нафучӣ ман аз они туро намефучам». Дар ҷавоб ман мегуфтам, не ман метарсам ин корро намекунам, ӯ мегуфт:  «натарс букун, ҳеҷ гап надорад» ва ба тарафам наздик шуд. Азбаски баданаш бараҳна буд нахостам ҳамаи дастам ба баданаш расад, фақат бо як чиликам тела намудам. Ӯ ба мисли маст тоб хӯрда ба девор часпид. Аз ӯ бӯи арақ намеомад, аммо ӯ дар ҳолати мастӣ буд, мумкин маводи мухаддир истеъмол карда пас омада буд? Модари бечораи ман барои ин аблаҳ дастархону чой омода карда, маро фарёд кард. Ман овози модарамро шунида давида аз хона берун баромадам ва ба назди модарам расидам. Аллакай вай либосашро пӯшида баромад. Модарам гуфтанд, ки нашиштед? Ман қафо гашта дидам, ки пойафзолашро мепӯшад. Ман баргашта ба наздаш омадам, пойафзолаш ба мисли пойафзоли занона 3-4 см. каблук дошт. Хело қаҳролуд пояшро мезад, аммо пойафзол дар пояш надаромад. Баъд поафзол дар нуки пояш роҳ рафту  ҳамон суханҳояшро такрор мекард «то ту аз мара нафучӣ, ман аз тура намефучам!» ва баромада рафт. Дар ҷавоб ман хомӯш истодам. 

Ин ҳодисаро ман ҳатто ба модарам қисса накардам, чун забонам пеш намеомад, ҳатто барои гапҳои ин аблаҳро такрор кардан забонам пеш намеомад. Пас аз ин воқеа ман дигар аз ин қарз дилсард шуда  аз пайаш  нашудам. 

  Дар ҳамон сол ба як мақомоти давлатӣ ба кор шурӯъ кардам. Дар рӯзҳои корӣ ҳар саҳар аз хона, ки мебаромадам як мошини ландкрузери сафед бо рақамҳои давлатӣ яъне се рақама маро нигоҳ мекард. Ман ба мошини ҷамъиятӣ ба кор мерафтам. Ӯ аз қафои ман то ҷои кор ва пас аз кор то хона меомад.

Ин чизро ман мушоҳида карда ба ҳамон ҳамкурсам гуфтам, ки ба фикрам аз қафои ман касе пайгирӣ мекунад. Ӯ гуфт номерҳояшро навис, меравем назди ҳамон кал. Ман пурсидам кадом кал? Гуфт барои қарзата ёфтан генерал Зуҳуров наздаш равон  кард буд, «ура секретный отдел гузарондагиян». 

Ман пурсидам ин секретний отдел чи вазифаро дар дӯш дорад, ӯ гуфт телефонҳора прослушка мекунанд….

Пас аз сӯҳбат ман фаҳмидам, ки нафари маро пайгирӣ мекарда ҳамин Назарзода аст, чун вақте бо телефон занг мезадам гудоки дароз мерафт, ва вақти гапзадан овоз ба мисли микрофон пасту баланд мешуд, ба мисли навозандаҳо, ки асбоби мусиқияшонро месанҷанд, ҳамин хел.

Як рӯз бо ҳамкорон ба обед рафтем. Аз дохили вазорат берун шудам. Дидам, ки вай дар мошин нишастааст рӯ ба рӯи вазорат ба ман нигоҳ мекунад. Аз ҳамин рӯз сар карда пайгирияшро возеҳ мекард, 

Рости ман эътибор намедодам, чун вазифаи сер масъулиятро ба душ доштам дар ин мақомоти давлати. Ба  модарам ин амали ӯро гуфтам, ки ин мард вазифаи сер масъулиятро ба душ дорад аммо ҳар рӯз аз қафои ман мегардад, модарам дар ҷавоб мегуфтанд ки мумкин вай туро эҳтиёт мекунад чун медонад ки ту падар надори. 

Ногуфта намонад Назарзода Қудратулло ба ғайр аз касби милисагиаш боз ба худ мефахрад, ки касби сеҳру ҷодуи кашмириро ҳам балад аст. Ӯ ҷодугар аст.

   Мақсади қисса намудани ман дар бораи ин аблаҳ дар он аст, ки аввал мехоҳам ҳама донанд генерали милитсия Назарзода Қудратулло кист, дуюм ба милитсияи имрӯза бовар накунанд. Чун, бубинед, ки ман бо кадом мақсаду ният назди ин корманди баландрутбаи ВКД омадам, ӯ бошад барои манфиати шахсии худаш маро мехост истифода барад, аз бепадарии ман мехост сӯистифода барад. Падарам дар қайди ҳайёт набошад ҳам ба шарофати дастгирии ӯ ман маълумоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар гирифтам.

Дар ин барнома:  Ҷанг дар ВКД, Рустам Ятимовро бо туфангча таҳдид кард.

шумо пештар каме ҳам бошад дар бораи ин аблаҳ маълумот дода будед.

Назарзода Қудратуллоро муаррифӣ намуда будем. Генерал майор Назарзода Қудратулло собиқ раиси ШКВД Файзобод, сипас Ваҳдат сипас Шоҳмансур 1 пас аз он 7 ум шуъбаи ВКД пас аз он сардори ШКВД Суғд ва 24.01.2020 Намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомулоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо;намояндаи ВКДТ дар Қазоқистон, дигар аз ин ҷонвар маълумоте надорем. 

Инро низ бояд зикр намоем, ки рутбаи Генерал майориро дар ноябри соли 2016 гирифтааст. Аммо ин қисса якуним сол пеш аз генерал шуданаш сурат гирифта аст.

Инро низ бояд қайд намоем,ки дар ҳайати раёсати ВКД ТҶ як ҳамнасаби ин Назарзода ҳам вуҷуд дорад ва генерал аст. Сардори раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайри қонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ Генерал Назарзода Бахтиёр Бобо. Метавонад бародари Назарзода Қудратулло Бобо бошад. Чун насаб номи падар ва зодгоҳи ҳарду як аст. Инчунин ба мақомҳои ҳарду диққат диҳед, ки назорат бар маводи мухаддир дар ВКД буда яке дар худи вазорат дигари дар Қазоқистон. Тибқи маълумотҳои расида ба Ислоҳ хоҳар ё апаи Назарзода Қудратулло ба пешво наздикие дар кадом солҳое дошта будааст. Хуб дигар додарарус, ки шуди мақомҳои равғаниро соҳиб мегарди.

Идомаи нома:

Мақсади аз қафои ман гаштанаш ба мурури замон маълум шуд, ки вай боз як вазифаи махфӣ низ доштааст. Вай папароза ҳам будааст барои чи касоне онашро намедонам ва ҳуқуқи туҳмат карданро ҳам надорам.

 Мехоҳам як мушоҳидаи худро қайд кунам, ин на танҳо аз қафои ман поида мегашт, мумкин аз қафои дигар духтарҳои ба чашм намоён низ мегашт. Ҳамон зан ,ки ҳамкораш асту гуфтам номаш Заррина мебошад саволи аҷибе дод ба ман:

Туро назди ин –яъне назди Қудратулло Назарзода зан овард ё мард?

Аз саволи Заррина хулоса кардан мумкин аст ки ба Назарзода касе духтар меовард. Ӯ онҳоро барои чи коре истифода, тақдим ва ё экспорт ба хориҷ мекард инаш мемонад як муаммо?

P.S

Дӯстони азиз ва нодустони номеҳрубони «Ислоҳ». Ростӣ гап ман дар қасди қатъи барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» будам. Аммо, вақте ин гуна номаҳо ба дасти мо меафтад, ночору ногузир аст ки ба хотири нашри онҳо барнома идома биёбад.

Исму насаб, кор ва дигар маълумоти хусусии ин духтарро муаллифи нома ба мо ирсол кард. Ҳамроҳаш дар тамос шудем. Ин ҳама ҳодисаро тасдиқ кард. Розӣ барои нашраш ҳам шуд. Фақат гуфт, ки аз ифшои ҳар гуна маълумот худдорӣ кунем.

Аммо пурсише, ки ҳам ман ва ҳоло акнун ҳам шуморо азият медиҳад ин аст ки дар МВД-ВКД чунин нафарон каманд ё зиёд? Вазорати дохилӣ, вазорати милиса, вазорате, ки бояд аз ҳуқуқи шаҳрвандон, аз нангу номуси бонувону модарон ҳимоят бикунад, дар сатҳи генерал ба чунин ҳолу аҳвол бошад, чи бояд кард?

Генерали вазорати дохилӣ як маняк аст. Фикр мекунед, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ё Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурӣ аз ин корҳо бехабаранд? Мутмаинам, садфисад бохабаранд. Чун дар зоту зурёти ин гурӯҳ ҳамин чиз ниҳуфта аст ва ғариза ё инстинкти ҳайвонии онҳо дар ҳар ҳолату дар ҳар кор аз ғаризаи инсонии онҳо бартар аст ва пешӣ мегирад. Дар тамоми кор. Онҳо аз ахлоқи ҳамида бафарсахҳо дуранд. Онҳо бояд бо ҳар роҳу ҳар васила нафси худро, чи нафси таг ва чи нафси боло қаноат диҳанд, қонеъ созанд. Ҳоло, ки инҳо дар сари қудратанд, даҳани нафси тагу болояшон  аз даҳони динозавр ҳам калонтар шудааст ва маҳол аст ки ҷуз аз хок чизе серашон кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳоло ҳеҷ монеа ва садде барои онҳо вуҷуд надорад ва то метавонанд барои ободии нафси худ ба тамоми имконот ва ихтиёрот, ки доранд, кушиш кунанд.

Акнун шумо тасаввур кунед, ки агар генералаш чунин бошад, масалан сержанту старшинааш чи кор мекунад?

Share This Article