ба панҷоҳумин солрӯзи таъсиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.
«Лозим аст барои бедории наслҳои оянда ва ҷилавгирӣ аз ғалатнависии муғризона, нависандагони ҳақиқатнигор бо диққати тамом ба баррасии амиқи таърихи Наҳзати Исломии Тоҷикистон бипардозанд. Имрӯз қаламҳои масмум дар садади таҳрифи воқеъият ҳастанд ва бояд нависандагони амин ин гуна қаламҳоро бишкананд.» Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ
ПЕШГУФТОР
Панҷоҳ сол муқаддам аз ин рӯз, дар як манзили оддие дар шаҳри Қурғонтеппа панҷ нафар аз муллобачаҳои бедордил ва рӯшанфикри тоҷик бо як эҳтиёту пинҳонкории тамом ва дар шароити мутлақо махфӣ ҷамъомаде баргузор ва созмонеро бино ниҳоданд, ки солҳо баъд бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба расмият даромад ва ба як ташкилоти пурқувват ва пурнуфузи сиёсӣ-динӣ бадал шуд.
Аммо, инро ҳам бигӯем, онҳое, ки дар 20 апрели соли 1973 даст ба ташкили ин созмон зада буданд, ба ҳеч сурат наметавонистанд, ҳатто ҳадс бизананд, ки баъди ҳамагӣ 19 сол, яъне камтар аз ду даҳаи фаъолият, ки асосан дар шароити пинҳонӣ ва зери фишору таъқиби мудовим тай шудааст, постҳоеро дар ҳокимияти марказӣ соҳиб мешаванд. Бидуни тардид ин кор ба афсона монанд аст, ки панҷ нафар муллобачаи куҳистонӣ ба ҳамчунин муваффақияте даст ёбанд. Бовараш бисёр ҳам сахт аст.
Вале ин воқеият аст.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон соҳибони қудрат ва ҳукуматро ба ҳадде ба чолиш кашиду зӯр овард, ки маҷбур шуданд ду бор бо вай курсиҳоро тақсим кунанд.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тӯли ин ним қарн ҳеч гоҳ оромиш ва осоиш надошт ва ҳамеша рақибону душманони ошкору ниҳон, дохиливу хориҷӣ дошт ва ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, дар ҳамин гуна ҳолат қарор дорад.
Айни замон даҳҳо тан аз бузургони ин ҳаракати бузурги сиёсӣ дар зиндонҳои режими Душанбе, бидуни кадом ҷурме маҳбус мебошанд ва баъзе аз онҳо ҳукми абад гирифтаанд.
Ин ҳизб бори нахуст дар соли 1992 рӯ ба ҳиҷрат овард, ки то соли 1997 идома кард ва бори дуввум шурӯъ аз соли 2015 то ба имрӯз даврони ҳиҷратро пушти сар мекунад. Агар аз соли 1992 то соли 1997 раҳбарияти он бо шумули муассисонаш дар Давлати Исломии Афғонистон паноҳанда шуда буданд, ҳоло кишварҳои ғарбӣ роҳбарият ва масъулони аз зиндони режими Раҳмонов эмин мондаро пазируфтааст.
Ин ташаккули сирфан миллии тоҷикӣ тайи ним қарни фаъолият аз ҳалқаҳои дарсии махфиёна оғоз кард ва то ба конфронсу Анҷуманҳои ошкоро ва расмӣ расид, панҷоҳ сол пеш бо фаъолиятҳои пинҳонӣ шурӯъ намуд ва то ба маъракаҳои муҳимму сарнавиштсози сиёсӣ ҳузур пайдо кард, замоне ҳам дар даст силоҳ гирифту сангарнишинӣ кард ва замоне ҳам ба ҳукумат расиду вазорату идораҳоро дар ихтиёр гирифт ва намояндаҳои он дар ҳокимияти қонунгузор-Маҷлиси Намояндагон мақом ёфтанд.
Замоне ин созмон ба кор пардохт, ки ҳукумати Шӯравӣ дар айни авҷи қудрат қарор дошт. Ниҳодҳои таҷассусӣ ва амниятии он метавонистанд, пари пашаро дар тори ҳаво нишон гиранд ва хурдтарин харакати афродро зери назар дошта бошанд. Аммо ҳамин панҷ муллобача, ки ҳатто ПТУ –омузишгоҳи касбӣ дар он солҳоро нахонда буданд, коре мекарданд, ки КГБ ва ҷосусону хабарчинонаш дарак намеёфт. Албатта, дарак ёфтанд, вале дигар дер карда буданд. Чунки дар ин фосила ин созмон ҳам номашро ва ҳам роҳашро ва ҳам ҳазорон раҳравону пайравонашро пайдо карда буд.
Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон он ҳалқаҳои дарсии сунатиро ба ячейкаҳои аввалия табдил карда барнома ва ҳадафи худро пиёда мекарду пеш мебурд. Шогирдону раҳравони ин созмон ба ҳадде пинҳонӣ ва махфиёна амал мекарданд, ки барои мисол падар намедонист, ки писараш узви ин гурӯҳ аст ва ё писар вақте падарашро ташвиқ ба узвият мекунад, ки падараш қабл аз худи ӯ узви ин гурӯҳ будааст. Бад-ин минвол Наҳзати ҷавонони Исломии Тоҷикистон на танҳо дар Қурғонтеппаву Душанбе, дар Кулобу Хуҷанд ҳам ворид мешавад ва аъзову ҳаводору пайравон пайдо мекунад. Аввалин нашрия-варақаҳои ғайрирасмӣ ва хилофи мафкураи ҳокимро ҳам маҳз ҳамин Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон мунташир мекунад. Мунозираву мубоҳиса бо руҳониёни муҳофизакор, бархурду муқобала бо ҳукумат ва бахусус КГБ, дастгиршавиҳову зиндон шуданҳо ва баргузории аввалин тазоҳуроти сиёсӣ дар густураи шӯравӣ барои наҷоти рохбар, ошкоршавию даъвои дарёфти маншури расмии фаъолият ва ниҳоятан ба даст овардани санади иҷозаи фаъолият аз мароҳиле мебошад, ки таййи ин ним қарн Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пушти сар кардааст.
Аммо барои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон даврони ҳиҷрати ӯ ба Афғонистон сарнавиштсоз омад. Афғонистон ва ҳиҷрат дар Афғонистон ҲНИТ-ро оламгир кард. Истиқболи раиси ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон аз роҳбарияти ҲНИТ ва пазироии шоиста ва сазовори онҳо, макону манзил, обу нон додан ба беш аз садҳазор аз мусалмони гурезаи тоҷик бар нуфуз ва ҷойгоҳи ҲНИТ азамату шукуҳи дигар бахшид. ҲНИТ маҳз дар Афғонистон нишон дод, ки вай як ҳукумат аст бо тамоми маъно. Аз инҷо буд, ки то ба сатҳи Созмони Милали Муттаҳид фиристодаҳои он пазироӣ мешуданд. ҲНИТ дар Афғонистон ба як субъекти байналмилалӣ бадал шуд.
ҲНИТ бо тамоми маъно қудрат ва азамати худро ба кор бурд ва кишварҳои бузурги дунё, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ бо вай сари мизи музокира нишаста ва роҷеъ ба ҳолову фардои Тоҷикистон табодули назар мекарданд.
Таърихи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар воқеъ мисли як рӯди дамону ноором аст. Ҳамеша пур аз туфону пур аз талотум.
Мо, дар ин навишта таърихи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ба панҷ давра ҷудо кардем. Ва, ин панҷ давра аз замони ташкилёбӣ то ҳиҷрати дубора ва аз нав пардохтан ба муборизаро дар бар мегирад.
Давраи аввал: -ташкил ва таъсис, фаъолиятҳои зеризаминӣ ва талошҳо ба дарёфти маншури фаъолияти расмӣ;
Давраи дуввум:-дарёфти иҷозаи расмӣ то таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ;
Давраи саввум:-ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат ба Афғонистон, ҳукумати дар табъиди ҲНИТ ва оғози муқовимати мусаллаҳона;
Давраи чаҳорум: шуруъи музокирот, бозгашти сарбаландона, Комиссияи оштии миллӣ ишғоли 30%- тақсими ҳукумати марказӣ, дарёфти дубораи иҷозаи расмӣ;
Давраи панҷум:-фаъолияти ошкорои сиёсӣ, ширкат дар маъракаҳои сиёсӣ ва ҳузур дар Маҷлиси намояндагон, кудетои Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳиҷрати дуввум ва ниҳоятан оғози фаъолият дар Аврупо.
Ним қарн яъне панҷоҳ соле, ки ҲНИТ тай кард. Тайи ин ним қарн бар сари ин ташкилоти сиёсии динӣ чи ҳаводису иттифоқоте, ки наомад. Аммо, на ба ҳангоми таъсису ташкилёбӣ, ки дар айни авҷи салатанати комунистони бехудо сурат гирифт, на дар даврони муборизаҳои пинҳонӣ ва бархӯрд бо хадамоти амниятӣ, на дар даврони бозсозӣ ва перестройкаи Горбачев ва на дар ҳиҷрату сангару ҷиҳод ва на дар замони фаъолият дар ҳокимият ва на ҳолову на баъд, аз роҳу ҳадафаш як ваҷаб ҳам берун нашудааст. Бо азму ирода, тобу тоқат, сабру таҳаммул, ирода ва имони мустаҳкам, ҷуръату ҷасорат пеш рафтааст.
Худоро гувоҳ мегирам ва бо тамоми вуҷудам шаҳодат медиҳам, ҳар касе, хоҳ тоҷик, хоҳ ғайри тоҷик, хоҳ мусалмон ва хоҳ ғайри мусалмон таърихи фаъолияти ин ташаккули сиёсиро холисона ва беғаразона бихонад, аз муборизаву муҷодила ва кору пайкори он лаззат мебарад. Нуктаи муҳим ва умдае, ки дар ин таърих бисёр ҳам ҷаззобу ҷолиб аст ин аст ки ин ташкилоти сиёсӣ сирфан тоҷикӣ аст. Як адад далел ва мадрак надоранд, ки бигӯянд сохта ва маҳсули хориҷиҳост. Барои ҳамин ин ҳизб ҳизби тоҷикӣ ва миллист. Ба ҳадде пухтаву расида буд, ба ҳадде ҳадафманд ва омода буд, ба ҳадде неруманд ва мутмаин буд, ки идеяи таъсиси ҲНИ-и Иттиҳоди шуравӣ ҳам аз ӯ бархоста аст.
Дар солҳои охир ҲНИТ амалан ба ҳизби дуввуми Тоҷикистон бадал гашта ҳудуди 50 ҳазор аъзо дошт. ҲНИТ, нашрия, шабакаи телевизионӣ, маҷалла, сайтҳои зиёдеро ҳам дар интернет фаъол карда осори чопии худро дар нашриёти худаш мунташир мекард. Аз лиҳози молиявӣ ҳам худкифо буд ва дар чорабиниҳои давлатӣ, масалан маъракаи саҳмгузорӣ дар бунёди неругоҳи Роғун ва кумак ба зарардидаҳои офоти табиӣ ва низ додани ҳадоё ба варзишкорони тоҷик ширкати фаъолона мекард.
Аммо бо онки шикастанд, сухтанд, канданд, бастанд, қат карданд боз ҳам мисли ахгари зери шуъла, мисли мурғи самандар зинда ва ҷамъу ҷур шуд, садо баланд кард, пеш рафт.
Муқобили душман дар ҳиҷрати аввал сангару силоҳу ҷиҳод кор бурда шуд. Ин бор дар ҳиҷрати дуввум силоҳ ва сангар фазои маҷозӣ ва расонаҳои интернетӣ аст.
Наҳзат ва саргузашту сарнавишти он як пораи муҷалло ва дурахшони миллати мусалмони тоҷик аст ва онро наметавон бо дасти фаромушӣ биспорид. Ин ҳаракат ва созмон чӣ ва кӣ будани тоҷики асилро мешиносонад ва намоён мекунад. Тоҷик ҳар қадр, ки сахтҷон аст ба ҳамон андоза сахткӯш ва сахтгир аст. Мурури таърихи ҲНИТ ин ҳақикатро собит мекунад. Давраи аввал:
(ташкил ва таъсис, фаъолиятҳои зеризаминӣ ва талошҳо ба дарёфти маншури фаъолияти расмӣ)
Бахши аввал, давраи аввал
Таъсис
Ҷаласаи муассисони ҲНИТ дар шаҳри Қурғонтеппа дар манзили зисти яке аз панҷ нафар аз бунёдгузорони ин ҳаракати исломӣ баргузор мешавад.
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода, соҳиби манзили мазкур ва мизбони ин ҳодисаи таърихӣ ва яке аз панҷ асосгузори ҲНИТ дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотиаш мегӯяд, ки як рӯз қабл аз баргузории ҷамъомад хонаро аз бастагонаш тахлия кард ва аъзои хонаводаашро ба манзили хешовандонаш мунтақил дод. Вай иқрор ва эътироф мекунад, ки он замон барои баргузории ҷамъомади аввал метавонистанд хонаи дигареро интихоб кунанд, аммо бар аминиву зинҳордории соҳиби хона ҳамакаса муътақид буданд ва ӯ ҳам барои онки ҳеч аҳаде пай набарад, шарфаи пойе ин нахуст нишастро безобита накунад, зану фарзандонашро як рӯзи пеш ба ҷойи дигар бурд:
«20 апрели соли 1973 дар он нишаст камина мулло Қаландар, мулло Абдуллоҳ, мулло Неъматуллоҳ ва қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид, мулло Ҷумъабег ширкат доштем ва бо қироати Қуръон ҷаласаро ифтитоҳ намуданд. Баъди дуо риштаи суханро домулло Неъматуллоҳ гирифт ва гуфт: «Мусалмонҳо дар ҳар ҷое, ки бошанд шахсеро барои худ сардор таъин мекунанд, сардор касе мебошад, ки ҳам аз ҷиҳати синну сол ва ҳам аз ҷиҳати дониш аз он ҷамоъат болотар бошад ва аз уҳдаи ҳимояи он ҷамоъат баромада тавонад. Худоро шукр, ҳамаро мулло Абдулло дорад». Бародарҳо ҳама ризоияти худро зоҳир намуданд. Мулло Абдулло як лабханди ширин намуду гуфт: «Ҳар чи ки ҷамоат бихоҳад, ман рад карда наметавонам, лекин ман илми сиёсатро нахондаам». Аз сиёсат чанд нафар ҳарф занад ман ҳарфи мобайнашро қабул дорам. Сиёсат барои ман он қадар мақбул нест, баъдан мулло Неъматуллоҳ изофа намуда гуфт: «Ин роҳеро, ки мо асос гузоштем, ҷанбаи маъорифпарварӣ ва иҷтимоӣ дорад.”
Ба ҳамин масъалаи якум кори худашро ба итмом расонид, лекин мулло Абдуллоҳ гуфт: “тамоми масъалаи сиёсӣ ва мушкилоте, ки дар он ба вуқуъ мепайвандад, ба зимаи шумост ва аз шумо хоҳем пурсид.”
Аз рӯи масъалаи дуввум қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид баромад намуда гуфт: «Шогирдонро руҳбаланд карда тарҷимаи Қуръони каримро ба роҳ мондан, дарсҳои ҳадисро зиёд намудан ва онҳоро ба ҷойи хурду хурок, китобҳои дарсӣ таъмин намудан лозим аст.»
Мулло Ҷумъабег чанд маротиба ба он тарафи хона рафтуо намуда гуфт: «Ман барои даъват ба роҳи ҳақ аз касе тарс надорам. Аз ин пас, мо ҳама ҷавонони боистеъдодро ба сӯи ин ҳаракат даъват хоҳем кард».
Ман гуфтам, бародарони азиз, Худованд моро муваффақ намуд. Ончизеро, ки дар орзуяш будем ва пинҳон медоштем имрӯз ошкораш намудем, ман аминам, ки хилофи қонун коре накардем. Умедворам аз ин пас саросема нашуда бо кумаки донишмандон ва домуллоҳои калон ба тадриҷ пеш равем, боз ҳам андешаи созмонро як муддате пинҳонӣ нигоҳ дорем, ку чи садоҳо мешунавем. Бародарон ба сӯи ман назар карданд ва гуфтанд: Раёсати дохилӣ ба зиммаи шумост. Албатта, ин нақшаҳо дар аввал ҳам рамзӣ буд. Бо ҳамин нишаст кори худашро анҷом дод.
Ҳикмати Худованд буд, ки дар поёни ҳамон нишаст ҳама тарсу ҳарос аз дили мо дур гардид. Ҳадаф якто буд, тарзи таълим ва усули навро дар қаламрави Тоҷикистон ба роҳ мондан. Дигар усули таълим вуҷуд надошт, ки кас хоҳиши хондан дошта бошад, ба назди устод биравад. Баракс, устод ба назди шогирд мерафт. Ӯро ва ҳам атрофиёнашро дарс медод».
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин: «ҲНИТ: Сабзиш, лағжиш, пешрафт». Душанбе-2013 Нашриёти «Муаттар»
Ва, худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори ҲНИТ ҳам дар суханрониаш дар ҷамъомади бошукуҳе бахшида ба сивумин солгарди таъсисёбии ҲНИТ дар соли 2003 дар Душанбе бо як ифтихору ризоият ёдовар мешавад, ки онҳо панҷ нафар аз ёрони ҳамфикру ҳамназар буданд, ки баъди борҳо баркашидану чен кардани авзоъ ва тавону зарфиятҳои худ ба ин натиҷа расиданд, ки ҳамчунин созмонеро бояд таъсис бидиҳанд:
«Он рӯзи муборак иттифоқан мутобиқи солшумории мелодӣ рӯзи мавлуди ҳазрати Расули акрам(с) низ будааст. Мо панҷ нафар будем, монанди бинои мусулмонӣ:
1) Банда, ки дар хидмати Шумо ҳастам.
2) Қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид ( раҳматуллоҳи алайҳӣ)
3)МуллоҶумъабек.
4 Ҳоҷӣ Қаландар.
5) Эшони домулло Неъматуллоҳ.
Ҳар яке масъулиятеро ба дӯш гирифтем, масъулияти таълиму тарбия, иршоду даъват, хазинадорӣ ва амният ба дӯши дигарон вогузошта шуд.
Бандаро ба масъулияти роҳбарии ин ҳалқа муваззаф сохтанд. Ҳадафи мо дарёфти озодиҳо ва наҷот аз зулми бегонагон буд. Роҳҳои расидан ба ин аҳдоф аз ду чиз иборат буд: таълиму тарбия, даъват ва таблиғоти исломӣ». «Ормони мардуми мусалмони кишвар». Душанбе-2003. Суханронии Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҷашни 30 солагии ҲНИТ.
Ҳамаи муассисон ва нафарони насли аввали ҲНИТ бо як овоз гуфтаҳои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода роҷеъ ба санаи ташкилёбӣ ва шахсиятҳои муътабари бунёдгузорро таъйид кардаанд. Аммо танҳо нафаре, ки назари дигар дар мавриди ҲНИТ ва бунёдгузорони он баён ва ривояти муғойир бо ҳақиқатро матраҳ кардааст, марҳум эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аст. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар як сӯҳбати матбуотиаш тавре тавзеҳ кардааст, ки яке аз он панҷ нафари муассисони ҲНИТ худи ӯст:
«Соли 1972 дар манзили падари эшон (падари устод Нурӣ дар назар аст. М.С) соатҳо нишаста суҳбат кардем ва ба як тавофуқ расидем. Мо аз хушӣ бархостем ва баланд-баланд гиристем ва ба худ аҳд кардем, ки ин корро шуруъ мекунем. Дар ҳамин вақт дарвоза боз шуд ва бародари устод Ҳабиб дохил шуд ва ин ҳоли моро шоҳид буд. Аз он ба баъд мо барои пайдо кардани дӯстони хуб барои ин ҳаракат шуруъ намудем. Як сол баъд боз панҷ нафар нишастем ва барои таъсиси ҳаракат сӯҳбат кардем, ки дар он сӯҳбат марҳум устод Нурӣ, қори Муҳаммадҷон, бародар Неъматуллоҳ, бародар Қаландар буданд. Пас, машваратҳо соли 72 дар манзили падари эшон яъне Мулло Нуриддин ва бо ҳам тааҳҳуд кардани ману Устод ва билахира таъсиси он дар манзили ҳоҷӣ Қаландар нишастани мо панҷ нафар соли 73 сурат гирифтааст.» «40 соли Наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ». Душанбе-2013. «Муаттар».
Аммо бори дигар мегуем, ки ин ривоят ва ё назаре аст, ки танҳо ҷаноби марҳум эшони Саид Қиёмуддини Ғозӣ баён доштааст, дигар касе аз сарону сарварони Наҳзат дар ҳеч ҷое эшони марҳумро дар шумори муассисони ҲНИТ ном набурдааст. Ва ҳеч санаду шавоҳиде ҳам дар даст надорем, ки ба ҷуз аз он панҷ тани зикршуда нафари дигареро дар шумори муассисон ном бурда бошад.
Давлати Усмон, яке аз собиқадорони ҲНИТ ҳам дар як суҳбаташ бо рӯзноманигори фақид Султони Ҳамад мегуяд:
«Ҳамон замон дар Қӯрғонтеппа дар атрофи устод Нурӣ Холиди Абдусалом, Қорӣ Муҳаммадҷон, мулло Амриддин Табаров, мулло Муҳаммадрасул, Эшони Неъматуллоҳ, мулло Қаландар Садриддинов ҳалқаҳои худро доштанд. Соли 1978 мо бо устод Нурӣ шинос шудем.
Дар ҳамон вақт ҳафт нафар фаъоли ҳаракат инҳо буданд:
Устод Нурӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, Холиди Абдусалом, Эшони Неъматуллоҳ, Каландари Садриддин, Мулло Муҳаммадрасул, Абдуллоҳи хурдӣ.
Ҳалқаҳо аз панҷнафарӣ иборат буданд. Як роҳбар буд, як нафар масъули таълиму тарбия буд, як нафари дигар масъули таблиғу иршод, як нафар масъули иқтисод, нафари дигар масъули таъмини амнияти аъзо ва раҳбарият буд.
Дар Душанбе системаи ҳалқавӣ набуд. Иборат аз 27 нафар раёсат буд, ки ҳаракатро роҳбарӣ мекард».
Инчунин худам аз падарам пурсидаам, ки Эшони Қиёмиддини Ғозӣ бо шумо дар ҷаласаи таъсисии созмон ширкат дошт? Падарам посух доданд на, аслан эшон на инки ширкат ва хабар надошт, балки он солҳо мухолифи ин ҳаракат ва аз руҳониҳои мухолифи мо буданд. Инчунин аз Домулло Неъматуллоҳи Эшонзода пурсидам, ки Эшони Қиёмиддин бо шумо буданд дар таъсиси ҳизб. Посух чунин буд. На, эшони Қиёмиддин бо мо набуд ва дар шумори мухолифони мо қарор доштанд. Ин суханро метавонанд оқои Холид ё Одинабеки Абдусалом, ки ҳоло зинда ҳастанд, тасдиқ кунанд. Мо ҳаргиз таҳриф дар таърихро намепазирем ва ҳаводису руйдод чуноне буд, бе каму кост баён менамоем.
Барои ошноии бештар ба зиндагиномаи ин панҷ нафар аз муассисони ҲНИТ лозим донистем ба таври фишурда дар бораи онҳо бигӯем.
Ибтидо инро бигуям, ки аз он панҷ нафар ҳоло ду нафарашон зинда ва дар ҳаётанд. Одинабеки Абдусалом ва домулло Неъматуллоҳ Эшонзода.
Ду нафари онҳо шаҳиди Қорӣ-Муҳаммадҷон дар ҳиҷрати аввал дар Афғонистон дар Толиқони ҷон ба ҷонофарин таслим кард, ки худам шахсан дар ҷанозаи эшон ширкат доштам ва пас аз дафн Қуръон ҳам хонда будам ва ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, падари бузургвори банда дар Лаҳистон дар марти 2019 дар дори ғурбат-ҳиҷрати дуввум дорулфаноро тарк карданд.
Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар сини 59-солагӣ, дар Душанбе вафот карданд. Маросими дафни ӯ бо беш аз 20.000 ҷанозахон доир шуд. Дар ҳоле ки мақомот аз рӯи ҳасодат тамоми роҳҳои вурудӣ ба Душанберо масдуд карда ва ҳазорон нафарро иҷозат надод дар ин маросим ширкат варзад. Дар зимн, Маҳмадсаийд Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар маросими тадфини устод ширкат ва номаи таслияти Раҳмоновро ҳам қироат кард.
- Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 15 марти соли 1947 дар деҳаи Иштиёни ноҳияи Сангвор (Тавилдараи имрӯза) дар оилаи диндор ба дунё омадааст. Аҳли хонадони эшон ба Вахшонзамин кӯчонида мешаванд. Соли 1965 мактаби миёнаро хатм карда, дар курси муҳандисии назди омӯзишгоҳи омори шаҳри Қӯрғонтеппа таҳсил намуда, дар ҳамин идора ба унвони муҳандис-геодезист кору фаъолият мекунад. Устод дар назди падари худ домулло Нуриддин ва сипас дар назди махдуми Сиёмиддини Наҷмиддин таҳсили улуми исломӣ карда ва баъдан ба назди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ ба илмомӯзӣ идома медиҳанд.
Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамроҳ бо чаҳор нафар ҷавони равшанфикр «Созмони Ҷавонони Исломии Тоҷикистон» ро таъсис медиҳад.
Моҳи июни соли 1986 аз ҷониби мақомоти амниятии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дастгир ва моҳи феврали соли 1987 аз рӯи моддаи 203-и Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон бо иттиҳоми “Паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлати сотсиолистиро бадном мекунанд”, ба муддати 1,5 сол аз озодӣ маҳрум мегардад ва ба Сибир табъид мешавад.
Баъди озод шудан дар солҳои 1989-1992 сардабирии маҷаллаи “Минбари Ислом”, нашрияи Идораи мусалмонони ҶТро ба ӯҳда дошт.
Декабри соли 1992 ба Афғонистон ҳиҷрат мекунад.
Дар соли 1993 дар ҳиҷрат Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис медиҳад. Дар соли 1995 Иттиҳоди Неруҳои Оппозитсияи Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад.
Аз июли 1997 то охири марти 2000 устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раёсати Комиссияи Оштии Миллиро бар уҳда мегирад.
Сентябри соли 1999 ба раисии ҲНИТ интихоб мешавад
Муаллифи чандин асарҳои илмӣ, сиёсӣ ва диниву фалсафӣ, аз ҷумла китобҳои «Дар он сӯи сиёсат» (соли 1996), «Имрӯзу фардои Тоҷикистон» (соли 2000) «Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом», «Оштинома», «Истиқлол чӣ мафҳум дорад?», (соли 2001) ва тафсири «Сураи АлМӯъминун» мебошад.
Барандаи ордени «Исмоили Сомонӣ» ва ордени «Зарринтоҷ» аст. 8 августи соли 2006 бар асари беморӣ, дар синни 59 дунёи фониро падруд мегуяд.
Як назари Ӯ:
«-Ман тарафдори ин назар ҳастам, ки ҳизб бояд марбут ба шахсият набошад. Масалан, ҷаноби Тӯраҷонзода ва Давлати Усмон, ки рафтанд ва ҳоло бо мо кор намекунанд, аз ин ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ зиён ва зарар ворид нагаштааст. Ман шахсан аз ин чиз хеле хурсандам. Агар худи ман хаста шавам ва ё натавонам, ки кор бикунам ва ё биравам, чун системма ҳаст, ҳар каси дигар биёяд, метавонад кор кунад. Мехоҳам посухи ин суолро бипурсам, чаро ҳизбҳои ғайриисломӣ, ки ҳамеша афродашон тағйир меёбад ва ё дар давлатҳои ғайри низоми исломӣ як нафар президент мешавад аз мақом мераванд, ё вазир истеъфо медиҳад ҷояшро каси дигар мегирад, чизи ғайритабиие иттифоқ намеафтад, баръакс, ҳама хурсанд мешаванд. Вале чаро дар кишварҳои исломӣ аз ин амри оддӣ ва падидаи табиӣ проблема месозанд, ки чаро ва барои чӣ фалонӣ рафт ва даҳҳо суоли дигар ба миён мегузоранд. Ин шахсиятҳое, ки Шумо ёдовар шудед, ба ақидаи банда, аз лиҳози фаъолияти ҳизбӣ мутаваққиф шуданд, аммо ҳамчун фарди мӯъмину мусалмон барои нафъи ислом кор мекунанд. Модоме ки онҳо дар ҳар куҷое, ки ҳастанд ва ба манфиати ислому имони хеш фаъолият мекунанд, ҳеҷ вақт аз чаҳорчӯбаи аҳдоф ва сиёсати ҳизби мо берун нестанд.»
2.) Домулло Неъматуллоҳ Эшонов, соли 1949 дар деҳаи Ҳоити минтақаи Рашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Домулло Неъматуллоҳ улуми ибтидоии диниро аввал дар назди падараш омӯхт. Ҳамчунин амакаш Мулло Сайидаҳрориддин низ дар таълим додани ӯ нақши муҳим доранд. Сипас домуло Неъматуллоҳ дар назди мулло Икром, баъдтар дар назди домулло Таваккал касби илму маърифати исломӣ намуд. Соли 1965 мактаби миёнаро хатм намуд ва аз соли 1967 ба мақсади шогирди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ шудан, ба шаҳри Душанбе омад. Дар ибтидо дар назди домуло Сиёмиддин таҳсил намуд ва баъдтар дар назди худи Мавлавӣ. Замоне, ки дар назди Мавлавӣ таҳсил менамуданд, аз тарафи КГБ Домуло Неъматуллоҳ ва 11 нафар аз шогирдони Мавлавӣ, ки дар миёни эшон Устод Нурӣ низ буд, дар маҳаллаи Ипподром дар ҷои дарс дастгир мешавад. Соли 1973 Домулло Неъматуллоҳ ҳамроҳ бо устод Нурӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, Одинабек ва Ҳоҷӣ Қаландар Созмони ҷавонони исломии Тоҷикистонро ба таври пинҳонӣ таъсис медиҳанд. Домулло Неъматуллоҳ оиладор ва соҳиби шаш фарзанд мебошад.
Як назари Ӯ:
«Мо мутмаин будем, ки ҳизби коммунист замоне шикаст хоҳад хӯрд ва миллати мо рӯзе ба озодӣ хоҳад расид, вале аз он дар ҳарос будем, ки агар ҳамин шогирдон дар руҳияи онрӯзаи устодони худ тарбия гиранд шояд омилҳои ихтилофи онҳо бартараф нашавад, балки афзоиш ёбад. Ҳадафи мо дар аввал он буд, ки шогирдон дар назди ҳар муллое таҳсил кунанд, новобаста аз ин ки миёни устодони онҳо ихтилоф аст, ё иртибот, бояд ин ҷавонон бо ҳам алоқаи дӯстӣ ва бародарӣ дошта бошанд ва барои пешбурди дин бо ҳам муттаҳид шаванд. Бинобарин мо хостем ҳаракат ва созмони ҷавононро ташкил диҳем, то ҷавонони мусалмон ихтилофоти устодони худро ба мерос набаранд, балки тамоми ихтилофот пурра қатъ шавад. Албатта, дар он замон имкони аз шахси аз хориҷа омада таълим гирифтан вуҷуд надошт, вале тавассути расонаҳо ахбори олами исломро пайгирӣ менамудем ва аз матолиби руҳбахши он нерӯ мегирифтем».
3.) Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода рӯзи таваллуд тибқи санадҳо 28-12-1948 аст. Аммо ӯ 15-03-1951 дар деҳаи Яхаки нохияи Комсомолободи собиқ Нурободи кунунӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро онҷо ба поён расонида соли 1968 ба шаҳри Қурғонтеппа омада ва то ҳиҷрат онҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад.
Соли 1979 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба факултаи молия ва қарз шомил ва онро ғоибона соли 1984 ба поён мерасонад.
Фаъолиятҳои сиёсиашро аз соли 1970 шуруъ намуда дар моҳи марти соли 1973 ҳаракати ҷавонони мусалмонро ташкил намудаанд. Мақсад ва маромашон бештар иҷтимоӣ, озодӣ ва истиқлолият аз Иттиҳоди шуравӣ ва Кремл буд. Дар он солҳо ҳатто чунин фикр намудан ҷиноят маҳсуб мешуд, аммо ирода ва матонати ин чавонони ҳушёр хело қавӣ ва устувор буд. Ин илҳомро тибқи гуфтаи худашон аз ҷавонбухориёне, ки бар зидди Рус истодагарӣ намуданд, гирифта буданд.
Дар 24-уми июни 1986 таҳти таъқиби Кумитаи давлатии бехатарӣ (КГБ) қарор гирифтанд, ки худам шоҳиди он рӯзҳо будам. Агарчи тули ин солиёни дароз зери муроқаба ва назорати ин ниҳод қарор доштанд, вале дар ин рӯз расман ба хонаи мо омаданд ва хонаро аз субҳ то шом кофтукоб намуданд.
Ҷурми падарам ин танқиди ӯ аз вуруди артиши шӯравӣ ба Венгрия ва Чех, инчунин соли 1979 ба Афғонистон буд. Яъне “пропагандаи антисоветӣ”. Мухолифи бурдани тоҷикписарон ба ҷанги Афғонистон буданд, ки он “Анти советский пропаганда” маҳсуб мешуду муҷозоти сангине ҳам дошт. Дар ҳамин қазия бар алайҳи падарам делои ҷиноӣ кушоданд ва онро расонаӣ намуда дар рӯзномаи “Комунист Таджикистана» ба чоп ҳам расонида буданд.
21 давлати ҷахон озодии падарамро талаб намуда буданд. Бо супориши раиси Шӯрои вазирони Иттиҳоди шуравӣ Рыжков Николай Иванович озодии падарам дар рӯзи муҳокимаи додгоҳӣ ба даст омад. Инчунин падарам ягон гапу ҳарфи задаашро инкор намекард, ҳатто дар суд ҳам. Судя Мирзоев пурсид, шумо мухолифи ворид шудани Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистонед? Гуфт, бале ман мухолифам, ки тоҷикбачаҳо ба ҷанг бурда шаванду ҷасадҳояшонро ба ватан оранд. Боз мепурсад, ки Шумо намоз мехонед ва дарси Қуръон медиҳед? Ҷавоб медиҳад, ки бале, намоз мехонам ва дарс ҳам медиҳам.
Ва боз мепурсад: Шумо радиоҳои хориҷиро гуш мекунед? Бале, гуш мекунам, посух медиҳад падарам.
Ман шоҳиди он ҳолат будам ва судя Мирзоев таҳдидомез гуфт: “ ҳа, мулло весилкат мекунем, Сибир меравӣ дарахтбурӣ, боз зидди сиёсати давлат гап мезанӣ ва нотарсида дар суд мегуӣ онро, инҳо ба кӣ такя доранд намедонам”
Суд ба утоқи машваратӣ ворид шуду аз онҷо пас аз андаке хориҷ шуд. Ҳама фикр мекардем ҳукми суд барои чанд соле содир мешавад. Аммо комилан чизи дигаре сурат гирифту падарам ба “Гласност” афтод. Манзур таҳти сиёсати “Гласност”, ки Горбачев эълон намуда буд. Яъне ҳамчун боздоштшудаи сиёсӣ ҳукмаш бекор шуд.
Пас аз ин ки падарамро аз толори суд озод намуданд. Кумитаи давлатии бехатарӣ ( КГБ ) падарамро дубора даъват намуда ба падарам номаҳои масъулони беш аз 21 кишвари дунёро супориданд. Муҳтавои ҳамаи он номаҳо озодии бе қайду шарти падарам буд, ки зиндонии сиёсӣ маҳсуб мешуданд. Мақсад аз супурдани КГБ ин номаҳо ба падарам ин буд, ки падарам бояд посух бидиҳад ба он номаҳо, ки ӯ зиндонӣ нашудаасту озод аст. Ман худам шоҳиди он номаҳо ҳастам, ки номи падарам навишта шуда буд ва флешмоби он солҳо барои зиндониёни сиёсӣ як шамъе буду месӯхт ва дар гирдаш симхоре кашида шуда буд. Озодӣ ба Қаландар Садурдинов навишта шуда буд.
Инро низ бояд зикр намоям, ки чанд давлати аврупоӣ, ки падарам аз сиёсати ғалати Иттиҳоди Шуравӣ интиқод мекард, пешниҳод ва талаб доштанд, ки падарам ва хонаводаашро паноҳгохи сиёсӣ бидиҳанд.
КГБ ҳатто розӣ шуд ва гуфт агар хоҳиши рафтан дошта бошед ва дигар даст аз интиқоди давлат бардореду метавонед равед. Аммо падарам пас аз зиндон озод шуданашон ва дақиқан пас аз он Устод Нурӣ ва чанде дигар аз ҷавонон, ки бо эшон зиндонӣ шуда буданд тасмими берун шудан аз кишварро надоштанд. Баръакс истоданду корашонро давом доданд. Падарам дар як навиштаашон он солҳоро чунин гуфта буданд: “Дар он солҳо итилоъ ёфтан аз ахбори ҷаҳон имконоти хело кам вуҷуд дошт. Чун васоити ахбори оммаи Иттиҳоди Шуравӣ ҳама маълумотҳоро таҳриф ва ончи ба суди худ бударо нашр менамуд. Мо ягона роҳи итилоъ ёфтанро аз радиоҳои хориҷӣ чун BBC,радиои “Садои Олмон”, радиои Озодӣ , Садои Амрико дастрас менамудем. Дар миёни ин радиоҳо радиои Озодӣ бо забони тоҷикӣ хело хабарҳои муассир бароямон мерасониду аз онҳо огоҳ мегаштем. Инчунин аз радиои BBC ҳам хело аз маълумотҳоро метавонистем пайгирӣ намоему огоҳ гардем. Инро низ бояд зикр намоям, ки Садои Олмон бо забони русӣ бисёр хабарҳои ҷолибро ба мардум мерасонид. Мо ба воситаи ин радиоҳо асли он ҳодисаҳое дар Иттиҳоди Шуравӣ ба амал меомад дастрас менамудем.”
Соли 1990 ба зиёрати хонаи Худо ва адои фаризаи ҳаҷ мушарраф гардидааст. Солҳои 1992-1997 дар қаламрави Афғонистон дар ҳиҷрат ба сар бурда, масъулияти дафтари намояндагии Ҳаракати Наҳзати исломиро дар шаҳри Ҳирот ба ӯҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Ватан баргашта, ба ҳайси коршиноси зеркомиссияи муҳоҷирини КОМ ифои вазифа намудааст. Аз соли 2000 то соли 2010 масъулияти раёсати шуъбаи ҲНИТ дар Вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт. Пас аз он дар академияи ҲНИТ ва узви РО ҲНИТ буданд, то вафоташон. Моҳи май соли 2017 дар шуъбаи корҳои дохилии Бохтар бераҳмона зери шиканҷа қарор мегирад ва бар асари он инсулт мешавад. Баъди се моҳи бистарӣ будан бо ҳолатҳои вахим аз кишвар бо роҳи заминӣ хориҷ мешавад ва моҳи сентябри ҳамон сол ба Лаҳистон паноҳанда мешаванду пас аз як солу шаш моҳ дар 22 марти 2019 дар сини 68 солагӣ аз олам мегузаранд. Аллоҳ раҳмат намояд қиблагоҳи моро омин.
Таълифот:
- Бихишти накд, ин китоб қисмати аз таърих ва аввалин кофилаи ҳаҷ аз Тоҷикистон ва баъзе ҳодисоти он замонро бозгу менамояд, соли чоп 2002.
- ҲНИТ: Сабзиш, лағжиш, пешрафт». Душанбе-2013 Нашриёти «Муаттар»
- Таърихи Бухоро аз асри 15 аз авали сулолаи Шайбониён то асри 19 охири Сулолаи Манғитиён.
- Бартарии ҳукумати бухороиён бар сафавиён, ин китоб то ба ҳол нашр нашуда аст, вале омода ба нашр аст.
- Хукумати 17 солаи Амир Умархон омода ба нашр аст.
Мақолаҳои таърихӣ: “Тоҷикон дар масири таърих”, “Ҳахоманишиҳо, қабилаҳои портӣ, ашкониён, ориёиҳо киҳоянд”, ин мақолаҳо дар рӯзномаҳои даврии кишвар нашр шудаанд.
Як назари Ӯ:
«Тақрибан ин кор ҳудуди ду сол сиррӣ буд ва ҳатто баъди ду сол ҳам натавонистем аз таъсиси ин созмон ошкоро суҳбат намоем, балки мо барномаҳои худро бо ин ё он шакл ошкор менамудем. Барномаҳои мо низ сирф сиёсӣ набуданд, балки барномаҳои аввалини мо, ин алайҳи баъзе расму ойинҳое, ки барои мардуми фақир мушкилоти моддӣ меовард, мубориза бурдан буданд. Аз қабили кам намудани сарфу харҷ дар маъракаю маросимҳо, ба танзим даровардани дарсҳо ва истифода аз баъзе китобҳои наве, ки бо ҳар роҳ ба дасти мо мерасид ва мо дар он ниёзи ҷомеаро медидем. Як чизеро, ки дар барномаҳои дарсӣ илова намудем, ин аҳамият додан ба тарбияи шогирдон дар баробари таълим буд, ки мавриди дастгирии аксари уламо, ба хусус ҷавонон гардид. Ҳатто мавзӯъи суҳбатҳои нахустине, ки мо дар маъракаҳо анҷом медодем, даъвати мардум ба одобу ахлоқ буд, ки агар мақомоти амниятӣ ин суҳбатҳоро мешуниданд, ягон суханони зиддиқонуниро дар он пайдо карда наметавонистанд»
4.) Одинабеки Абдусалом 25 ноябри соли 1954 дар деҳаи Пилдони ноҳияи Ҷиргатол дар оилаи руҳонӣ ба дунё омадааст. Соли 1960 дар сини шашсолагӣ ба мактаби миёна рафтааст. Солҳои 1970 -1971 дар Олмон хидмати артиши Шуравӣ намудааст. Маълумоти диниро дар назди бобои худ омӯхтааст. Солҳои 1972 барои идомаи таҳсили улуми динӣ ба назди устод Нурӣ меравад ва муддате дар назди эшон таҳсил мекунад. Соли 1973 ҳамроҳи чор нафар ҷавонони бедору ҳушёр созмони Наҳзати ҷавонони исломиро таъсис медиҳанд ва муддате масъулияти амниятии ин созмонро ба уҳда мегирад. Соли 1978 ҳамчун масъули равобит аз тарафи Наҳзат ба кишварҳои собиқ Шуравӣ сафарҳо намуда, дар эҷоди иртибот миёни рӯҳониёни ин минтақаҳо саҳми арзандае дорад. Солҳои 1992-1997 ҳамчун муҳоҷир дар кишвари Афғонистон зиндагӣ намудааст.
Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ солҳои 1997-2000 ба ҳайси узви зеркомиссии низоми КОМ фаъолият мекунад. Баъди ба фаъолияти дубора шуруъ намудани ҲНИТ дар Анҷумани таъсисӣ соли 1999 узви Раёсати Олии ҲНИТ интихоб мешавад. Оиладор соҳиби 6 фазанд аст.
Як назари Ӯ:
«Ростӣ, ману қорӣ Муҳаммадҷон ҳамсол будем. Аз хурдӣ дар суҳбатҳои илмии бобоям, ки олим буданд, бисёр менишастам. Эшон аз ҷумла дар мавриди ҷавонбухориҳо ва ҳадафу мароми онҳо суханҳои зиёде гуфта буданд. Барои ман ин як омӯзиш буд. Инчунин вақте дар Олмон дар сафи Армияи Шуравӣ хидмат мекардам, дидам, ки миллатҳои дигар чӣ қадар аз озодии худашон меболанд. Моро ба унвони сарбозони бегона, ҳамчун иғвогар медонистанд ва ба мо бо нороҳатӣ нигоҳ мекарданд. Ман дарк менамудам, ки озодӣ ва сарнавишти худро худаш таъйин кардани як миллат барояш чӣ қадар арзиш дорад. Қорӣ Муҳаммадҷон низ ҳамхизмати ман буд. Вақте ба Тоҷикистон баргаштем, аллакай ҷаҳонбинии мо дигар шуда буд, бо ҳам мегуфтем, ки чунин зиндагӣ кардан дигар маъно надорад.”
5.) Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов
Қорӣ Муҳаммадҷон писари Муҳиддин паҳлавон аз Заргари Қурғонтеппа, соли таваллудаш 1954 аст. Яке аз панҷ муассисони ҳизб дар соли 1973 мебошад. Дар он солҳо 19 сол дошт ва дар қатори ин панҷ муассис ду ҷавони 19 сола, яке Одинабеки Абдусалом ва дигари Қорӣ Муҳаммадҷон буданд. Ман маълумоти бештаре аз зиндагономаи эшон надорам. Аммо Қорӣ Муҳаммадҷонро аз хурдсолиям хуб мешинохтам. Чун ҳамеша дар хонаамон бо падарам ӯро медидам. Як шахси ҷиддӣ ва бо ҷазабае буданду суханронияшон возеҳ ва балиғ буд. То ҷое медонистам дар Намангони Узбекистон ҳифзи Қуръони карим намуда буданд ва забони узбакӣ ва арабиро хуб балад буданд ва шогирдони зиёде ҳам доштанд. Дар митингҳо хело суханварӣ мекарданду шефтагони зиёде ҳам доштанд.
Дар митингҳо шиори :“Золимин, золимин марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон” ва “Иттиҳод рамзи пирӯзӣ” ва дигар шиорҳоро ӯ мегуфту дигарон аз пушташ такрор мекарданд.
Ӯ дар Қурғонтеппа дар соли 1992 захмӣ мешавад. Ин ҳолатро бо чашмонам дида будам, дар қисмати шикамашон буд он захм. Пас аз он ночор ба ҳиҷрат ба Афғонистон шуданд, мисли ҳазорҳо сокини вилояти собиқи Қурғонтеппа, вале оилаашро натавониста буд бо худ бубарад. Оилааш ба манотиқи Рашт гуреза шуданд. Дар Толиқони Афғонистон ҳамеша дар Ситоди марказии Ҳизб эшонро медидам, ки хело ноором буданд. Иллаташро мепурсидам мегуфтанд, ки касе ба ӯ гуфтааст, ки яке аз наздиконашро дар он манотиқ ҷанговарони “Фронти халқӣ “ таҷовуз кардаанд. Ин дард ӯро ором нагузошту аз фикри зиёд ҳамеша зикр мекарду роҳ мегашт ва наменишастанд ва пас аз чанд моҳи ҳиҷрат дар соли 1993 дар Толиқони Афғонистон дар ҳамон мақарри ҳизб вафот карданд. Дар ҷанозаи ӯ шахсан ҳузур доштам ва болои қабри эшон худам қуръон ҳам хонда будам. Ончӣ шахсан медонам ин буд. Аллоҳ ҳазрати Қорӣ Муҳаммадҷонро раҳмат карда бошад омин.
Собиқадорони ҷаласаи дуввум:
Яке дигар аз собиқадорони ҲНИТ домулло Саидимрон Неъмонов ҳам, ки даҳ соли қабл дар арафаи рӯзҳои таҷлил аз 40-умин солгарди таъсисёбии ҲНИТ дар соли 2013 сӯҳбат кардааст, таъйид мекунад, ки муассисони ҲНИТ онҳоеанд, ки Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ва устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ зикр кардаанд. Домулло Саидимрон ҳамчунин аз нишасти дуввуми муассисони ҲНИТ ёдовар мешавад:
«Аввалин ҷаласаи таъсисӣ соли 1973 бо ширкати Устод, домулло Неъматуллоҳ, қорӣ Муҳаммадҷон, ҳоҷӣ Қаландар ва Холид (Одинабеки Абдусалом) сурат гирифтааст ва шояд дуюмин ҷаласа ҳамин ҷаласаи мо буд. Дар ин ҷаласа барои мо вазифаҳо тақсим карда шуд ва ҳар яки мо масъулияти мушаххас доштем. Абдумуқаддир масъулияти таълиму тарбия, Абдулғаффор масъули иршод, мулло Саидумар масъули мол ва бандаро масъули амниятӣ таъин намуданд ва роҳбариро худи устод Нурӣ ба зимма гирифт. Ҳар моҳ ҷаласа доштем ва ҳар яки мо оид ба масъулияти худ гузориш медодем. Як чиз, ки ҳамагон ба он иттифоқ намуда будем, ин буд, ки аз даромадҳои молии худ ҳиссаи муайянеро ба масъули молӣ месупоридем ва агар касе даромади молӣ намедошт, ақаллан се сӯми онвақта ба хазинаи ҷамъият тақдим менамуд».
«40 соли ҲНИТ. Хотира, андеша, дидгоҳ» Душанбе-2013»
«ҳалқа»- ё ячейкаҳои аввалия
Ба ин тартиб Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон ташкил ва масъулият ва вазоифи он мушаххас ва муҷриён аз пайи татбиқи аҳдоф мешаванд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва бақия аз собиқадрони ҲНИТ на як бору ду бор аз он гуфтаанд, ки мақсади онҳо бозгардонидаи омузиши аркони дин ва маорифи исломӣ буд, ки ҳукумати давр имкону иҷоза намедод. Барои ин кор онҳо аз ҳамон усул ва ё шеваи сунатии омӯзиши улуми дин, яъне ҳуҷра ва ҳалқаҳои таълимӣ истифода карданд. Дар солҳои аввали ташкилёбии Наҳзат тамоми фаъолиятҳои он дар чаҳорчӯби ҳамин ҳалқаҳои дарсӣ амалӣ мегардид. Албатта, ин ҳалқаҳои дарсӣ то таъсиси ҲНИТ ҳам дар тамоми гушаҳои Тоҷикистон амал мекард. Вале ҳалқаҳои дарсии ҲНИТ аз ҳалқаҳои сунатӣ фарқ доштааст. Зеро дар онҳо ҳам кутуби нав буд ва ҳам усулу услуби нав ба кор бурда мешуд.
Марҳум домулло Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустраиси ҲНИТ ва яке аз ёрони устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз сӯҳбатҳои расонаияш дар соли 1992 бо хабарнигори «Чароғи рӯз» гуфтааст, ки яке аз сабабҳои рушд ва инкишофи ҳаракати исломихоҳони ҷавони наҳзатӣ дар он солҳо китобҳое буданд, ки дар хориҷ аз кишвар чопу нашр мешуданд:
«Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд. Дар ин маврид донишҷӯёне, ки муҳассили мамолики хориҷӣ буданд, ба мо кӯмакҳои хубе карданд, кутубу рисолоти пешгомону пешвоёни давлат ва ҳаракатҳои исломии олам Шайх Ҳасани Банно, бародарон Сайид Қутб ва Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво ва Абулаълои Мавдудӣ боис гардиданд, ки мо ба хубӣ роҳ ёбем, тарзу усули муборизаро биомӯзем. Ислом танҳо иборат аз ибодат нест. Ислом ҳам дин, ҳам давлат, ҳам сиёсат, ҳам дунё ва ҳам охират аст». «Чароғи рӯз» (45)№24.1992
Барои бисёриҳо имрӯзҳо ҳам савол ин аст ки чи гуна бунёдгузорони ҲНИТ тавонистанд, ки тайи се-чаҳор соли фаъолияти махфиёна ва таҳти тарсу ҳарос дар тамоми қаламрави кишвар нуфуз пайдо карда соҳиби садҳо шогирд ва ҳамақидаву ҳамназар бишаванд.
Дар ҳақиқат ҳар нафаре, ки бо корҳои сиёсӣ ва таблиғу ташвиқ машғул аст, ангушти тааҷҷуб мегазад, ки инҷо чи сирреву ҳикмате ниҳуфта аст, ки ин қадар зуд тавсеа ва густариш метавон пайдо кард, ин ҳам дар ҳоле, ки барои таблиғу ташвиқ на минбареву на расонае доштанд.
Аммо вақте ба таърихи фаъолиятҳои ҲНИТ дар замони пинҳонкориаш мутаваҷҷеҳ мешавед, аз ин роз ва ҳикмат огоҳ хоҳед шуд. Бидуни шак, ин лутфу марҳамати илоҳӣ будааст, ки соликони роҳашро башорат додаву ҳидоят кардааст. Ҳамчунин ин тарафи масъала ҳам ҳаст, ки дар воқеъ наҳзатиҳо бисёр ҳам ҷонфидо ва сарсупурда будаанд.
Ҳамин домулло Саидимрон Неъмонов, ки чандин сол ва дар Афғонистон низ бештари фаъолиятҳояш дар ҲНИТ дар бахши амнияти ин ташкилот сипарӣ шудааст, дар идомаи сӯҳбаташ аз як равиши сунатии омӯзиши улуми исломӣ ёдовар мешавад, ки онро наҳзатиҳо на танҳо ба синфхонаи тадрис, ҳамчунин ба курси сиёсӣ бадал кардаанд:
«Мо пайгирӣ менамудем, ҳар куҷо ҳалқаҳои дарсӣ вуҷуд дошта бошад, ба назди онҳо мерафтем ва оҳиста-оҳиста онҳоро ба ҷамъияти бародарон ҷалб мекардем. Аз ҳама ҳалқаи сарсахте, ки барои ҷалби он хело заҳмат кашидем, ҳалқаи дарсии домулло Абдуғаффори Южнигӣ буд. Дар ин ҳалқа бародар Азизхӯҷа ва домулло Саъдиддин низ буданд ва билохира муваффақ шудем, онҳоро низ ҷалб намудем». «40 соли ҲНИТ.Хотира, андеша, дидгоҳ» Душанбе-2013»
Воқеият ин аст ки маҳз ҳамин «ҳалқа»-ҳо будаанд, ки ҳаста, зербино, таҳкурсӣ ва пояҳои ин иншооти бузурги мазҳабиву миллиро ба вуҷуд оварда боиси инкишофу ташкилёбии ин ҳаракат шудаанд. Сабаб ва далели ҲНИТ шудани ҲНИТ ҳамин ҳалқаҳо будааст.
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, имомхатиби ноҳияи Панҷ бо Наҳзат то давраи ҳиҷрат ба Афғонистон ҳамроҳ набудааст. Вай, ки то охирин лаҳзаҳои фаъолият дар ҲНИТ ба ҳайси раиси Комиссияи тафтишот амал мекард, ёдоварӣ аз ин ҳалқаҳо карда пинҳон намедорад, ки ҳанӯз дар ҳамон давра ба ҳалқаҳои наҳзатӣ ва усули тадриси таълими он шефтаву маҷзуб шудааст:
«Барои мисол мадрасаеро, ки Зубайдуллоҳи Розиқ таъсис дода буд, яке аз мадрасаҳои ҳамин ҷавонон буд ва мо гоҳ-гоҳ барои намозхонӣ ба он масҷид медаромадем ва медидем, ки тартиби дарсхонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Маҳз дар ҳамин мадрасаҳо ҷавонон бо шавқу завқ таълим мегирифтанд ва низоми ин мадорис хеле ҷолиб ва диққатҷалбкунанда буд. Илова бар низоми дуруст ва мураттаб ҳалқаҳои дарсӣ ба монанди занҷира буданд. Шогирд ҳатман бояд шогирд медошт ва шогирдонаш ҳам бояд шогирд мегирифтанд. Дар ҳамон замон барои ҳар ҳалқа масъуле вобаста буд. Ман агарчи дар ҳиҷрат ба ин ҳаракат пайвастам вале дар баъзе ҳалқаҳои онҳо пеш аз ҳиҷрат аҳёнан ширкат мекардам ва аз он лаззат мебурдам». “40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ.” Душане-2013 «Муаттар»
Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, яке аз собиқадорони ҲНИТ, ки феълан бо муҷозоти ҳукми абад беш аз 7 сол аст дар зиндон ба сар мебарад, мегуяд, ки он солҳо ҳалқаҳои дарсии шаҳри Қурғонтеппа миёни толибилмон бисёр ҳам машҳур шуда буд ва ҳар ҷавони толиби илм ҳаваси мушарраф шудан ба ин ҳалқаҳоро дошт:
«-Солҳои 1975 Қурғонтеппа ба як маркази таълимоти улуми динӣ ном бароварда буд ва ҳар донишҷӯи исломӣ орзуи рафтан ба онҷоро дар дил дошт. Чун ба онҷо расидам, як мактаб ва донишгоҳи воқеии исломиро пайдо намудам, агарчи ғайрирасмӣ буд. Ҳалқаҳои муназзам озмуну мусобиқаҳо ва таҳсили шабонарӯзӣ амал мекард.
Банда вақте ба Қурғонтеппа рафтам сарпарасти ҳамаи толибилмони домулло Саидумрон мулло Абдуллоҳи хурдӣ буд. Ӯ низ тақрибан ҳамсинну соли мо менамуд. Вале бисёр донишманд ва дорои ахлоқи накӯе буд. Ӯ баъдан яке аз аркони бузурги ин ҳаракати исломӣ гардид ва дар соли 1992 ба дасти ҷанговарони Фронти халқӣ ба шаҳодат расид. Шахсони зиёде дар он айём аз муҳассилини ин мактаб буданд, ки барои мисол метавонам аз чанд нафари онҳо ёдовар шавам. Шомаҳмад, Маҳмуд, Алӣ, Мирзошо, ки аз ҷумлаи олимон буданд ва аъзои ин ҳаракат. Бародари дигар мулло Аҷик, ки олими забардаст шуд ва билохира ба шаҳодат расонда шуд ва даҳҳо олимону равшанфикрони дигар». «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ». Душане-2013 Муаттар.
Аммо ба гуфтаи яке дигар аз собиқадорони ҲНИТ ҳалқаҳои дигар як каме дертар бо ҳалқаҳои дарсии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мулҳақ мешаванд ва Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон беш аз пеш густариш пайдо мекунад. Давлати Усмон муовини собиқи раиси ҲНИТ ва як аз мубтакирони ба расмият шинохтани ҲНИТ дар суҳбате бо сомонаи «Рӯзгор» ин ҳолатро чунин ҳикоят кардааст:
«Охири соли 1975 ва аввали соли 1976 вақте мо дар Душанбе ҳаракатро ташкил кардем, яке аз вазифаҳое, ки дар назди худ гузоштем, ин буд, ки ба назди муллоҳои машҳур рафта коре карда онҳоро ва агар нашавад шогирдони онҳоро ба ин ҳаракат ҳамроҳ кунем. Он вақт мо аз мавҷудияти ҳалқаҳо дар атрофи устод Нурӣ хабар надоштем. Тибқи ҳамин нақшаву бо ҳамин мақсад ман пеши домулло Ҳикматуллоҳ рафтам. Бо ӯ сӯҳбатҳои зиёд дар мавзӯи сиёсат кардам. Мақсаду ҳадафро низ ба ӯ фаҳмондам. Бисёр хурсанд шуд. Ҳатто гуфт, ки майлаш ман ҳам аъзои шумо мешавам, вале бояд касе аз ин хабардор набошад. Ин охири соли 1977 буд. Ман аз байни шогирдонам шогирдони болаёқатро ҷудо карда ба шумо тавсия мекунам. Домулло Ҳикматуллоҳ ду навъ шогирд дошт, одамони бузургсол ва ҷавон. Ба бузургсолон эшони Саидашраф, мулло Қиёмиддини хатиб, ки дар солҳои 1997-1998 ба шаҳодат расид, умуман 17 нафар дохил мешуданд.
Ба инҳо дарси «Талвиҳ», «Тафсири қозӣ», «Тавзеҳ» дода мешуд. Мо ҷавонон дар дарсҳои инҳо низ ширкат мекардем. Дар гурӯҳи ҷавонон дарсҳои «Талхис»-у «Мухтасар-ул-маъонӣ» мехонданд. Дар гурӯҳи ҷавонон эшони Бурҳониддин, мулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва дигарон таҳсил мекарданд. Хулоса, аз байни ҷавонон домулло Ҳикматуллоҳ 12 нафарро ҷудо кард ва мо дар онҷо ҳалқаеро таъсис додем, ки Зубайдуллоҳи Розиқ раҳбарашон буд. Ҳангоме, ки мо аз мавҷудияти ҳалқаҳои атрофи устод Нурӣ бохабар шудем, бо устод Нурӣ дар тамос шудем. Бо устод Нурӣ алоқа кардани мо бидуни машварат бо домулло Ҳикматуллоҳ сурат гирифт. Мо ӯро дар ҷараён нагузоштем, ки чунин ҳалқаҳое дар атрофи устод Нурӣ ҳаст. Баъдҳо домуллои мӯҳтарам дар чанд ҷой аз ман шикоят кардааст, ки «Давлатхӯҷа омаду шогирдони маро гирифта бурд». Дар асл бошад аз мавҷудияти ҳалқаи атрофи домулло Ҳикматуллоҳ на масъулини ҳаракат дар Душанбе хабар доштанд, на устод Нурӣ. Ман пеш аз ба хизмати аскарӣ рафтан бо ҳамроҳии мулло Зубайдуллоҳи Розиқ омадам назди устод Нурӣ ва ӯро аз мавҷудияти чунин ҳалқа хабардор кардам ва хоҳиш намудам, ки сарпарастии он ҳалқаро низ ба дӯши худ бигирад.»
Домулло Саъдиддини Рустам, мушовири пешини раиси ҲНИТ ва аз аъзои Раёсати олии зиндонии ҳизб ҳам мегуяд онҳо он замон омода буданд ,ки ҷони худро барои густариш ва ривоҷи ақидаашон қурбон кунанд ва барои ҳамин аз ҳеҷ таҳдиду хатаре бим надоштанд:
«Мо бо як шавқу завқ ба фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ дар байни гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи ҷомеъа пардохтем. Зеро мо ҷавонон будем ва бо ғайрати ҷавонӣ ин масъулияти муҳимро ба уҳда гирифта дар ин роҳ кӯшишҳо ба харҷ медодем. На шабро шаб ва на рӯзро рӯз мегуфтем. Ҳамеша дар талошу фаъолият будем. Масалан, як бегоҳ дар ноҳияи Қубодиён ҷамъомаде буд. Ба онҷо рафтем ва мавъиза кардем, амри маъруф ва наҳйи мункар намудем ва шабона баргашта субҳи рӯзи дигар ба ноҳияи Кофарниҳон рафта дар маъракаи дигар ширкат варзидем. Ҳазорон нафар мардум суханони моро бо қаноатмандӣ гӯш мекарданд. Яъне ба қадри тавоноӣ дар густариши ҳаракати ислоҳотхоҳии исломии Тоҷикистон хидмат кардем». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»
Ҳамин тариқ Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон дар байни мардум нуфуз пайдо кард ва фаъолиятҳои онҳо то ба ҳадде пешрав шуд, ки руҳониҳои сунатӣ дар симои онҳо рақибони худро диданд. Зеро ин муллоҳову муллобачаҳои ҷавони наҳзатӣ даст ба иқдомоте заданд, ки бесобиқа буд, балки хеле аз корҳои дар умури дину мазҳаб роиҷи он замонро инкор мекарданд.
Онҳо мубориза бо хурофот, назири “оши саритахта”, масрафи беш аз ҳадд дар худоиҳо, тақсим кардани иртиш ё тоқивор дар маросими дафн ва тақдиси авлиёву мазорҳо шуруъ карда ин ҳамаро бидъату навоварӣ ва одоти ғайришаръӣ эълон карданд.
Онҳо ба домуллову эшонҳо дар ҷомиа пурнуфуз ҳамла мекарданд, ки Исломро ба як манбаъи даромад табдил додаанд.
Ин ҳама дар ниҳоят рӯҳониёни суннатгароро дар муқобили онҳо қарор дод.
Ҳаводорони ҷунбиши ҷадид дар ҳалқаҳои махфии панҷгонае муттаҳид мешуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз ифшо шудани ҳаракат, аъзои як панҷгона аз панҷгонаи дигар дарак надошт. Шамсиддини Саид, аз собиқадорони ҲНИТ, ки соли 1980, ҳанӯз дар 16-солагиаш ба ин ҷунбиш пайвастааст, мегӯяд, ӯ фақат баъди 3 сол дарак ёфт, ки падараш низ узви ин ҳаракат аст: “Як рӯз хостам, ки падарамро низ ба ин гурӯҳ даъват кунам. Падарам як табассум карду гуфт, баъдан сӯҳбат мекунем. Баъди чанд рӯз даъватам карду гуфт, ки ман ҳам чанд сол боз узви гурӯҳи шумо ҳастам. Ҳалқаҳои дарсии Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон умдатан аз панҷ нафар таркиб меёфт ва бо онҳо чунин масъулиятҳо дода мешуд:
1.Роҳбари ҳалқа: Масъулияти умумии ҳалқа ва иртибот ба ҳалқаҳои болоиро ба дӯш дошт.
2.Масъули иршод: Барқарор намудани иртибот бо уламо, ташкили суханронӣ ва даъватҳои исломӣ дар ҷашну маъракаҳоро ба зимма дошт.
- Масъули молӣ: Ҷамъоварии ҳаққулузвият, хайрияҳо, табъу нашри китобҳо ва таълифу тарҷумаи китобҳоро ба дӯш дошт.
- Масъули таълиму тарбия: Кашфи истеъдодҳо, тавсияи толибилмон барои хондани ин ё он китоб, роҳнамоии онҳо ба донишгоҳҳо, барномарезии дарсҳо, баргузор намудани имтиҳонот ва мусобиқаҳоро ба уҳда дошт.
- Масъули амниятӣ: Таъмини амнияти ҷои дарс, тарзи ҳузури талабаҳо ва устодон, муҳофизати низому тартибот дар маъракаҳоро ба зимма дошт.Чанд соли баъд, ки дигар доира ва доманаи фаъолияти Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон вусъат пайдо кард боз як бахши дигар изофа шуд:
- Масъули кор бо донишҷӯён: ин бахш соли 1982 таъсис дода шуд ва вазифаи он ҳамоҳангӣ бо масъули таълиму тарбия дар ташвиқи толибилмон барои дохил шудан ба донишгоҳҳо, роҳандозӣ намудани ҳалқаҳои дарсӣ дар миёни донишҷӯён ва ошно намудани онҳо бо аҳдофи Наҳзат буд.
Ихтилофи ҲНИТ бо руҳониёни сунатӣ ё муҳофизакор
Як сабаби зуд маъруфият касб кардани ҲНИТ он буд, ки онҳо бар муқобили хурофот ва бидъатҳо ва бахусус хароҷоту масрафоти камаршикан бархостанд, ки руҳонияти муҳофизакор аз вуҷуди ин гуна урфу одот манфиат мебардоштанд. Ихтилофи руҳониёни анъанавӣ бо руҳониҳои ҷавон батадриҷ аланӣ ва аз маҳофил берун омада дар маърака ва маросимҳои бо анбуҳу издиҳоми мардум ҳам буруз мекард.
Мавлавӣ Айёмиддини Саттор дар як суҳбаташ аз он айём ва мавориди баҳсҳои байни руҳониҳо чунин ёдоварӣ кардааст:
«Дар сафи намози ҷаноза нишаста будем, ки чанд нафар ба тақсими тоқивор ё худ иртиш машғул буданд. Дар паҳлуи ман мулло Амриддин буд. Қаблан ӯро мешинохтам. Вале он қадар аз наздик шинос набудам. То омадани тақсимкунандагони тоқивор мулло Амриддин ба ман саволҳои кундаланг дод, ки нисбати чунин расму оинҳо чи ақида дорам, оё иртишро дурусту шаръӣ меҳисобам? Ман низ изҳори ақида кардам, ки мо ҳам аз чунин расму оин розӣ нестем, чунки онҳо асли исломӣ надоранд. Суҳбатамон ба охир нарасида буд, ки тақсимкунандаи иртиш омада дар қатори дигарон дар пеши мулло Амриддин ва ман пул гузошт. Он кас бо як дуруштӣ ва густохӣ пулро рад кард. Одамон суханони ӯро шунида мутаваҷҷеҳ шуданд. Маълум шуд, ки чунин воқеа борҳо дар ҷанозаҳо руй дода будааст ва онҳо аз ин рафтор тааҷҷуб ҳам накарданд. Тақсимкунанда бори дигар қасдан омада дар пешаш пул гузошт, ки оё мегирад ё намегирад. Вақте ки дар назди ман пул гузошт ман рад накардаму онро гирифта ба муйсафеди дар паҳлуям нишаста додам. Он кас хурсанд шуда пулро ба кисааш гузошт ва ба ман изҳори ташаккур ҳам кард. Мулло Амриддин дар ҳамон лаҳза мегуфт, ки бо чунин рафтор муқобилият нишон додан даркор аст, то ки чунин расму оини хурофотӣ, ғайрисломӣ аз байни мардум решакан карда шавад».
Мавлавӣ Айёмиддини Саттор дар ҳамон суҳбаташ ёдовар мешавад, ки дар оғози кор вақте муллоҳои ҷавони наҳзатӣ муқоболи бархе аз урфу одатҳои зараровар ва пурхарҷ мавзеъгирӣ карда буданд, ҳокимони вақт аз онҳо истиқбол карданд:
«Ба ростӣ, ҳукуматдорони вақт худ мехостанд то дар ҷомеаи кишварамон ислоҳот ҷорӣ намоянд, дар марҳалаи аввал тарафдор, ҷонибдори мо буданд. Чунки расму оинҳои серхарҷ барои мардум миёншикан гардида буд. Вақте мо дар ҷамъомадҳо бисёр расму одатҳоро ғайриисломӣ, ғайришаръӣ ва хурофотӣ ҳисобидем ҳукуматдорони вақт дар симои мо як навъ такягоҳи худро дар ҷодаи ислоҳи ҷомеа пайдо карданд ва моро ҷонибдорӣ намуданд. Вале онҳо баъдтар иштибоҳи худро пай бурданд. Чунки неруҳои навхези исломӣ на танҳо муқобили расму оинҳои ғайришаръӣ мубориза мебурданд, балки ба мавзуъҳои сиёсӣ, аз ҷумла татбиқи аҳкоми ислом дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои мусалмонон низ даст мезаданд, ки ин рафтор ба табъи онҳо созгор набуд. Ниҳодҳои қудратӣ ва идеологии шӯравӣ гумон мекарданд, ки ҲНИТ аз хориҷи кишвар идора ва таъсис гардидааст. Лекин аз рӯи ҳақиқат ин хел набуд. Ҳизби мо ҳеҷ гоҳ дастпарвар ва дастнишондаи созмонҳои хориҷӣ набуд ва бо итминони комил мегӯям, ки имрӯз ҳам нест». Мавлавӣ Айёмиддин Саттор. «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп».
Дар мавриди ихтилофоти руҳониҳои анъанавӣ ва ҷавонмуллоҳо ё ҳамин наҳзатиҳо Давлати Усмон низ дар ҳамон сӯҳбаташ бо сомонаи «Рӯзгор» чунин ёдоварӣ мекунад: «Масалан як мулло Сафаралӣ мегуфтанд аз Қӯрғонтепа ва домулло Ҳикматуллоҳ дар масъалаи гузаронидани маросимҳои рӯз ва рӯзҳои баъди вафоти мусалмон ихтилофҳо доштанд. Баъд истилоҳи ваҳҳобӣ пайдо шуд. Бояд гуфт, ки домулло Ҳикматуллоҳ ва домулло Муҳаммадии ҳоитии алайҳираҳма аввалин нафароне буданд, ки зидди додани тоқивору оши сари тахтаву ғайра баромад карда буданд. Маҳз барои аз байн бурдани ҳамин мухолифатҳо ман охирҳои соли 1978 буд бо мулло Ҳомидхӯҷа, ки дар назди домулло Ҳикматуллоҳ дарс мехонд, маслиҳат кардам ва як рӯз устод Нурӣ, домулло Қаландар ва эшони Неъматуллоҳро гирифта ба деҳаи Яккатут ба хонаи домулло Ҳикматуллоҳ омадем. Баҳсу мунозираҳо хеле тезу тунд ва тӯл кашид, аммо, мутаассифона, мувофиқае ҳосил нашуд, бенатиҷа анҷомид. Дар ҳамин баҳс домулло Ҳикматуллоҳ зидди мубориза бурдан алайҳи додани иртиш, харҷҳои зиёдатӣ дар маросими ҷаноза ва расмҳои дигари баъдӣ, ки бо ёдбуди майит иртибот доштанд, буд. Ӯ инчунин мухолифи таблиғи ошкорои исломӣ буд. Яъне бо ибораи дигар бигӯем ӯ мухолифи ба сиёсат гаравидани муллоҳои ҷавон буд.
Поёни бахши Аввал-и «Даври аввал»