И Амон:Қонунҳо баргузории ҳар интихоботеро беаҳамият кардааст

Ислоҳ нет

              

Иззат Амон: “Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат баргузории ҳар навъи интихоботро дар Тоҷикистон беаҳамият кардааст”

 

  Сӯҳбати ихтисосии Пойгоҳи Ислоҳ.нет бо Иззат Амон, раиси “Маркази ҳуқуқии муҳоҷирини тоҷик”  дар Русия

 

  Тайи чанд соли ахир шумо ба дифоъ аз масоили муҳоҷирони кори тоҷик машғул ҳастед. Оё масоили зиндагӣ ва кору фаъолияти онҳо рӯ ба беҳтаршавӣ дорад ё хайр? Яъне шароити онҳо дар Русия ба кадом самт:мусбат ё манфӣ тағйир ёфта истодааст.

 

  Мутаассифона масоили зиндагӣ ва буду боши муҳоҷирин дар ин кишвар  (Русия)  рӯз аз  рӯз бадтар гашта истодааст. Чунки иқтисоди ин кишвар рӯ ба муфлис шавӣ асту барои худи  шаҳрвандонаш ҷои кор намерасад. Ҳукумати ин кишвар низ ҳама корро карда истодааст, то буду боши муҳоҷирин мушкил гашта онҳо ба ватанҳояшон баргарданду шаҳрвандони худаш ҷои кор бо маоши муносиб пайдо намоянд.

 

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки Каромат Шарифов ва ҷойгоҳи созмониӯ,ки ба ҳимоят ва дифоъ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик машғул буд, хидматҳои қобили мулоҳиза ва кӯмакҳои муҳим барои муҳоҷирон кардааст. Аммо ҳоло чунин нест. Фикр мекунед, ки чаро. Барои мисол чанд муҳоҷири тоҷик дар ҳамин авохир бо пушти урён аксбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори аксҳо аз он вазъият ба чархиш даромад. Аммо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи тоҷикон дар Русия сокит монданд?

 

Гумонам мушкилии  ба сари  Каромат Шариф  омада низ аз фаъолиятҳои густурдаи  ӯ дар  роҳи дифоъ аз муҳоҷирин сарчашма мегирад.  Қазияи Каромат як мессеҷе буд,ба ҳимоягарони ҳуқуқи инсон, ки бингаред ҳаркӣ пояшро аз курпааш берун гузошт, чунин рузро ба сараш гардон мекунем. Мутаассифона, ҷониби ҳукуматиТоҷикистон дар ин қазия даст дошт. Дар қазияи урён намоиш додани ақаби муҳоҷирин аксарияти фаъолони ҳуқуқ садо баланд  карданд, вале ин садо баланд карданҳо ба гуши кар азон хондан  буд.

 

Вале бо вуҷуди ин эҳсос мешавад,ки ҳукуматдорони тоҷик аз фаъолияти афроде мисли Шумо, ки мушкилоти муҳоҷиронро расидагӣ ва расонаӣ ҳам мекунед, хушашон намеояд,норозианд. Ва, алайҳи мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирон ҳар гуна монеа ва садгузориҳо эҷод мекунанд? Дар кору фаъолияти шумо чи гуна бархурд сурат мегирад?

 

Дуруст аст, ҳеҷ  як ҳукумате намехоҳад, ки теъдоди бузурги шаҳрвандонаш  дар  хориҷ муттаҳид бошанду аз як гиребон сар бароваранд. Ва барои ин  ҳама аҳромҳои фишорро истифода  хоҳад бурд.Зеро, агар шаҳрвандон дар хориҷ муттаҳид гарданд, оянда имкон дорад, дардисарҳое барои ҳукуматҳояшон эҷод намоянд. Ин аст ки ҳукумати Тоҷикистон низ аз фаъолиятҳои ҳомиёни ҳуқуқ хушбин нестанд. Ҳукумати Тоҷикистон агар мушкил эҷод наменамояд, пас кумак ва ҳамкорӣ ҳам  намекунад. Мо, ки тули чандин сол аст пешниҳоди ҳамкорӣ мекунем, вале  ҷониби сафорат боре  ҳам даъвати моро қабул накардаанд. Мо ҳам ба ин хулоса омадем, ки минбаъд онҳоро ташвиш надиҳем.

 

Чанде пештар дар расонаҳои иҷтимоӣ аз таҳти таъқиб қарор гирифтани шумо  хабарҳое мунташир шуданд. Ин сару садоҳо воқеият дорад?

 

Бале, баъди муроҷиати ман  ба раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири эҷод нанамудани монеъаҳо барои риояи ҳиҷоби хоҳарони мусалмони Тоҷикистон чунин хабарҳо расонаӣ гаштанд, вале то  ҳол касе  суроғи маро нагирифтааст. Мақомоти марбута низ хабари ҷо доштани парвандаи ҷиноӣ бар  зидди маро на таъйид намуданду на такзиб. Мо ҳам эълом кардем, ки агар  дар  муроҷиати видеоии мо нақзи кадом як банде аз қонун мавҷуд бошад, омодаи ҷавоб гуфтан ҳастем. Вале  мо мутмаин ҳастем, ки дар эҷод намудани монеъаҳо барои хоҳарони мусалмон дар пушиши исломӣ чандин банди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонҳо ва кунвенсионҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон имзо гузоштааст,нақз гаштааст.

 

Дар солҳои пешин низ шумо яке аз фаъолони ҳаракатҳои озодихоҳӣ ба шумор мерафтед ва аз назару мавқеъгириҳои шумо дар расонаҳо зиёд ба нашар мерасид. Вале ҳоло камтар изҳори назар мекунед. Чаро?

 

Шояд  яке аз  сабабҳояш   дар он  бошад, ки  дар Тоҷикистон дигар расонаҳои озод боқӣ намондаанду назар додан ба расонаҳои ҳукуматӣ маъние надорад. Сабаби дигараш  ин  серкории мо аст. Баъди бознамудани  “Маркази ҳуқуқии муҳоҷирини тоҷик”  кор чанд маротиба афзуд. Рузона 40 то 50 нафар аз ҳамватанон ба марказ барои дарёфти кумак муроҷиат мекунанд. Дигар  ба  изҳори назар вақт намерасад.

 

 Ба унвони як нафари огоҳ ва рӯшанфикр интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро чи гуна арзёбӣ мекунед.

 

 

Баъди қабул намудани қонун оиди  “Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат”  ба гумонам баргузории ҳамагуна интихоботҳо маъние надоранд.  Баъди интихоботи раисҷумҳурӣ дар соли 2020 мо шоҳиди дуҳокимиятӣ дар кишварамон хоҳем  буд. Тибқи қонуни дар боло зикршуда  салоҳиятҳои Пешвои миллат  аз  раисҷумҳур бартарӣ дорад. Раисҷумҳурӣ  як  мансаби ташрифотиеро хоҳад монд, ки ҳеҷ  як  масъаларо бидуни ҳамоҳангӣ ва ризоияти  Пешвои миллат ҳал нахоҳад  кард. Яъне дар кулл мо шоҳиди як авторитаризми хашин ва дуҳокимиятӣ хоҳем буд.

 

  Ба назари шумо Русия ва Путин барои барномаи ба истилоҳ “валиаҳд” дар Тоҷикистон,меросӣ кардани ҳукумат чи гуна бархӯрд хоҳад кард?

 

 

Барои  Путин  комилан фарқе надорад, ки  дар Тоҷикистон кӣ раҳбар аст. Муҳим ҳимоя  аз  манфиатҳои Русия  дар ин кишвараст. То  ҳол, яъне тули  30 соли  раҳбарии Раҳмон ба манфиатҳои Русия ҳеҷ гуна хатар ворид нагаштааст. Ва Пути низ  мутмаин аст, ки агар валиаҳде ҳам  сари қудрат ояд манфиатҳои кишвари  ӯ  ҳимоя хоҳанд гашт. Боз ҳам такрор мекунам, ки интихоботи  2020  чизеро дар кишвари мо иваз нахоҳад  кард.  Билфарзе валиаҳде ҳам  сари қудрат ояд ин  мансаб ташрифотӣ хоҳад  буд. Масоили ҷангу сулҳ ва сиёсати дохилию хориҷиро пешвои миллат  ҳал хоҳад  кард.

 

Фаъолияти  Паймони миллии Тоҷикистон ва ояндаи онро чи гуна арзёбӣ мекунед?

 

 

   Ҳадаф аз берун намудани мухолифон аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон пароканда кардани онҳо  буд. Дар асл, кореро, ки мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар тули вақти андак дар Урупо бо таъсиси ПМТ анҷом доданд, боиси таҳсин аст. ПМТ як барномарезии мушаххас ва мукаммал мехоҳад.  Мардум  мехоҳанд ҳадафҳои ниҳоии  ин  ташкилотро бидонанду бифаҳманд.  Дар  ҳоли ҳозир ҳарфе гуфтан барои ояндаи  ин  ниҳоди тозатаъсис ба гумонам  зуд аст. Вақт довари аслӣ аст ва нишон хоҳад дод, ки ин ниҳод чӣ хидмате  ба  миллату мардуми Тоҷикистон хоҳад  кард. Оне, ки муҳоҷирини паҳну парешони тоҷик зери  як  ниҳоди босалоҳият ҷамъ омаданд, амри мусбат аст. Оянда имкон дорад ин ниҳод  аз  номи муҳоҷирини тоҷики муқими Урупо вориди гуфтугу гардад.

 

 Пешниҳодҳои шумо дар мавриди фаъолияти онҳо,ки минбаъд битвонанд бештар таъсиргузор бошанд?

 

  Ба назарам дар ҳоли ҳозир ПМТ-ро лозим аст бештар  аз таҷрибаи ташкилотҳои мисли  худ биёмузаду истифода барад. Дар қадами аввал ба донишгоҳ фиристодану омузонидани аъзо ва пайравонаш бояд бошад. Сониян, ташкил ва таъсиси диаспораҳои тоҷикӣ ва тоҷикистонӣ  дар  шаҳрҳои Урупо мебошад.  Аз  тариқи ин диаспораҳо имкони кумак ба муҳоҷирини корафтода  низ  осон хоҳад гашт. Албатта, барои амалӣ намудани ин барномаҳо вақти зиёд лозим аст.

 

Фикр мекунед, ки  имкон дошт аз баста ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ ҷилавгирӣ бишавад?

 

На, ҳеҷ имкон надошт, зеро як барномаи аз қабл рехта  ва тарҳрезишуда  дар даст буд. Дақиқан,  қабл аз имзои созишномаи сулҳ. Камтаҷрибагии сиёсии намояндагону раҳбарияти  ҲНИТ  сабаб гашт  то ҳизб бори  дуввум  дар  таърихи баъд аз таъсисаш баста ва террористӣ эълом гардад.  Баҳс тулонист ва  инҷо ҷояш нест.

 

Назари шумо ба Муҳиддин Кабирӣ ба унвони як сиёсатмадор?

 

   Новобаста  аз  мушкилиҳои ба  сари  Кабирӣ ва ҲНИТ омада ман ӯро  ҳамчун  як  сиёсатмадори муваффақи сатҳи ҷаҳонӣ мешиносаму эътироф мекунам. Дар  хеле  аз сафарҳои хориҷӣ ва нишастҳои байналмилалӣ бо ӯ якҷо будем.  Дар миёни донишмандон ва академисиюни Урупо ва Амрико аз эҳтироми хоса бархурдор аст. Тақдири ба сари ин сиёсатмадор омада фарқе  аз  дигар сиёсатмадороне амсоли ӯ  намекунад. Сиёсат  низ  дақиқан оби дарёро мемонад, ки бо ҳарчӣ аз баландиҳо ва кӯҳҳо ҷорӣ гаштан зудуда ва пок мегардад. Мисоли наздикаш ҳамоно рӯзгори устод дуктур  Рашид  Ғанушӣ, раиси ҲНИ-и Тунис метавонад буда бошад. Эшон баъд аз зиндон 21 сол  аз кишвар берун буданд. Ҳоло бошад ҲНИ Тунис аксарияти оро дар парлумони ин кишварро дар даст дорад ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад,ки дуктур Ғанушӣ номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи қарибулвуқӯи Тунис бишавад. Муваффақ будани як сиёсатмадорро бояд миллат баҳо диҳад.

 

Робитаҳои имрӯзаи Тоҷикистон ва Русияро чи хел баҳо медиҳед?

 

Гумонам равобит миёни ин ду кишвари шарики стротежӣ ва ба ҳам дӯст  ҳамеша хуб арзёбӣ мегардад. Новобаста  аз  мушкилоти ҷойдошта миёни ин ду кишвар равобит ҳамеша ҳасана будааст. Умедворам  дар  оянда  низ  ҳамин гуна боқӣ хоҳад монд. Чун мардуми мо ниёз ба ин кишвар доранд.

 

Share This Article