Ҳиҷоб миллӣ ва ғайри миллӣ нест, набуд ва намешавад!!!

Ислоҳ нет

Ҳиҷоб миллӣ ва ғайри миллӣ нест, набуд ва намешавад!!!

Ҳиҷоб рамзи қудрат ва сирри ҳифз шудани на танҳо зани мусалмон, балки дар кулл ҷомеаи мусалмонӣ ва арзишҳои исломӣ мебошад. Ҳиҷоб ин пӯшиш аст, иззат аст, иффат аст, шараф аст ва рамзи зани боимону боҳаё аст.

«Дар Қуръони карим, ки манбаи аслии ислом аст, ҳиҷоб ба маънии парда, ҳоил ва монеа меояд. Муҳаққиқин бар ин назаранд, ки дар ҳашт ҷойи Қуръон калимаи ҳиҷоб, маҳз ба ҳамин маънӣ омада, ки намунаи он сураҳои «Аъроф» (ояи 46), «Аҳзоб» (ояи 53), «Сод» (ояи 32), «Фуссилат» (ояи 5), «Шуро» (ояи 51), «Исро» (ояи 45), «Марям» (ояи 17) ва «Мутаффифин» (ояи 15) мебошанд». Пас, хоҳарам, ҳиҷобатро ҳифз кун ва бидон, ки оғози бешараф, беиззат, беҳайсиятии зан-духтар ин риоят накардани ҳиҷоб аст!

Ва Аллоҳ субҳонаҳу таоло мефармояд: «Эй зани мусалмон ҳиҷобатро ба сар кун! » Аммо ҳокиме мақомдоре кумитаву ниҳодҳе, ки ҳамагӣ махлуқи Аллоҳанд ин амри Ӯро бегона аз фарҳангу тамаддуни хеш маҳсуб медонанду монеи он мешаванд.Вазири фарҳанги кишвар бошад зери ҳиҷоби ту маводи тарканда меҷӯяд ва аз ту метарсад. Боварии комил аст, ки ба ин афкори беарзиш ва ба ин кирдори нофармонӣ аз Холиқашон посух хоҳанд гуфт. Эй хоҳари мусалмонам! Эй занони сабуру шуҷои кишварам! Эй ононе, ки бо имон ва фидокорӣ дар муқобили ин мушкилот истодаед! Имрӯз душманони қасамхурдаи ислом сарсахтона мекӯшанд, то чодари иффату иззати туро аз сарат бардоранд, зеро онҳо аз ҳиҷоби ту метарсанд ва медонанд, то ҳиҷоби ту ҳаст наметавонанд барномаҳои шуми худро амалӣ созанд. Ин душманон, ки мисли мор ҳар лаҳза пусти худ иваз мекунанд ором наменишинанд.

Мутаассифона баъзе мусалмонони фиребхӯрда онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд. Бо шеваҳои мухталиф, бо ҳадафи аслӣ (исломситезӣ) мехоҳанд, ба ислом зарба зананд . Гоҳе шиори дифоъ аз ҳуқуқи занро баланд мекунанд ва гоҳе ҳам мусовот ва баробарии миёни зану мардро унвон менамоянд, аммо ҳадафашон баръакси шиорашон аст.

-Бале, ҳадафи онҳо ҳуқуқи зан нест, балки мехоҳанд занони мусалмони моро чун матои беарзиш бар сари бозори ҳавасронон бифрушанд ва ба вартаи бадбахтӣ ва беиффатӣ бикашанд. Дар тӯли таърих миллати тоҷик то истилои рус ҳаргиз бе ҳиҷоб ва лухту урён набуд. Ҳатто русҳо ҳам натавонистанд зану модари мусалмони тоҷикро маҷбур ба тарки ин фаризаи Илоҳӣ намоянд. Имрӯзҳо бо баҳонаи дигаре, ки он мубориза бо либоси бегона аст мехоҳанд ҳиҷобро аз ту бигаранд. Сабаби анҷоми ин ҳама корҳо дар чист? Мехоҳанд рағбатҳои шаҳвонии худро бо дидани маҳосини зебои шумо бароварда ва ишбоъ созанд. Ҳаргиз ба ин таслим машав ва то охирин рамақи ҳаётат ҳиҷобатро,ки рамзи унусият, шараф ва иззату ҳаёи туст аз худ дур масоз!!! Ислом дини Аллоҳ аст ва ин амри Аллоҳ аст, то зани озоди мусалмон худро аз чашми бегонагон мастур дорад ва худро дар маърази тамошои «ГУРГҲОИ ДАР ҶАСАДИ ИНСОНӢ» қарор надҳад.

-Бале, хоҳари гиромӣ, ҳуқуқ бо аз сар гирифтани ҳиҷоб ва ё беҳиҷобӣ ба даст намеояд. Ё ин, ки беҳиҷоб ба мактаб ҳозир шудани духтарон нақше барои ба даст овардани ҳуқуқашон намебозад. Ё худ кор кардани занону мардон бидуни риояти ҳиҷоб дар корхонаву идораҳо, яъне зери як сақф ҳуқуқи мусовӣ ва баробарӣ нест, балки боҳиҷобии зан, (ки инро худи ӯ мехоҳад) ҳуқуқи ӯст ва набояд ин ҳуқуқ поймол гардад. 
Барои исботи ин гуфтаҳо як нуқтаи ҳассосу зиндаро дар ин сархат сабт мекунам. Имрӯзҳо, ки гурӯҳе хосе дар кишвар бо амри пешвову раҳбар ин иқдоми бехирадонаи ваҳшатбор,(яъне муборизаи беамон бар зиди қонунҳои Аллоҳ)-ро пеша гирифтаанд, ҳолоти мухталифе дар саҳнаи бозору беморхона, идораву корхона, туйю маърака ва кӯчаву паскӯчаҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоёти кишвар ба назар мерасад. Якеро барои ворид шудан ба беморхона ҳиҷобашро мегиранд ва ӯ низ аз сари тарс мегӯяд: «хубш каден, ма ҳам доғи ҳами ишора бдм», дигареро дар саҳнаи бозор як гурӯҳи кормандони низомӣ, ки аслан масъули ин кор нестанд, (зеро барои маъракаи сатркашӣ ва ҷаримабандиву ба ҷавобгарӣ кашидан гурӯҳи хосе амал мекунанд) ва барои нафъи худ ба занон ҳуҷум мекунанд ва ҳатто бо фаҳштарин ҳақорат сатрашро аз сараш мегиранд ё худ духтаронро бо таҳқири ин ки «дуюм бор ба ин сатр бинемтон мегиран мебаран махкамтон мекунан.» Бовар кунед ин ҳама ҳолатҳои воқеие ҳастанд, ки ҳамарӯз, дирӯз ва ҳатто худи имрӯз сар заданд ва гуфтаҳои дар боло зикршуда нутқи айнан нақлшуда аз забони шоҳидоне ки бо чашми сар диданду бо гӯши сар шуниданд.Номаҳое ба ман менависед ва аз ин вазъият шикоят мекунед хоҳарони бо иффатам,мисли як сузан ба ман неш мезанад.Аммо ман як доъиям на мақоме дораму,на салоҳияте,то пеши ин ҷинояткоронро бигирам.Аммо ман қалам дорам ва аз шумо бо ин қаламам ҳимоят мекунам.
Душманони ислом дар пушти пардаи ин шиорҳо ҳадафҳои шуму ваҳшатноке доранд. Яқинан хоҳарони мусалмони мо фиреби ин шиорҳои кӯҳна ва аз муд афтодаро намехӯранд ва душманон ҳадафҳои палидашонро (иншоаллоҳ) ба гӯр хоҳанд бурд.
Хоҳари мусалмонам! Дар ин майдон ҳиҷоб силоҳи туст. Бо силоҳи худ ба душманони дин ва ақидаат нишон деҳ, ки ту пайрави Хадиҷа, Оишаи Сиддиқа, Фотимаи Заҳро ва Осия вориси иффату ҳашмати онҳо ҳастӣ. Бо ҳифзи ҳиҷоб ба душманони дин нишон бидеҳ, ки ҳиҷоби ту аз имони ту сарчашма мегирад. Имон ба Худованди якто, имон ба китоби Худо ва пайравӣ аз Паёмбари Худо (салавот ва дуруди Худо бар ӯ ва хонадони ӯ ва асҳоби гиромиаш бод). Ҳиҷоби ту чун теғест бурранда бар гардани душманони дину ақидаат ва ба ононе, ки худро ба тамаддуни бебанду бор ва разолати Ғарб фурӯхтаанд.

Пас, эй хоҳари мусалмон! Дар ҳифзи ҳиҷоби худ устувор бош ва онро аз сари латифат барнагир! Ҳиҷоби ту санади иззат ва сарбаландии туст. Зебоӣ ва фазлу камол дар беҳиҷобӣ ва беҳаёӣ нест, балки фазли камол дар зебоӣ ба ахлоқ ва тақво ва андешаи солим аст.

Худованди Таъоло ҳазрати Муҳаммад (салавот ва дуруди Худо бар ӯ ва хонадони ӯ ва асҳоби гиромиаш бод)-ро барои ҳидояти башарият ва даъвати онҳо ба дини ҳақ фиристод. Бар ӯ китоби муқаддас Қуръонро нозил кард, то олами башариятро аз торикиҳои ҷахлу гумроҳӣ ба нури роҳи ҳақ ҳидоят намояд. Ӯро фиристод, то мардумро ба ибодати Худои бузургвор бихонад ва амру боздоштаҳои Худовандро ба инсонҳо биёмӯзад ва эшонро аз пайравии шайтон ва шаҳвату ҳавову ҳаваси нафс боздорад. Худованди Тавоно ӯро фиристод, ки дар замони гумроҳӣ ва бадбахтӣ бо раҳнамунҳои олимонаи худ ба ҳар васила инсонро ба ахлоки некӯ даъват кунад. Аз ҷумлаи ахлоки нек, ки Паёмбари Худо (салавот ва дуруди Худо бар ӯ ва хонадони ӯ ва асҳоби гиромиаш бод) ба он даъват намуданд ҳаё аст. Худи Паёмбар (салавот ва дуруди Худо бар ӯ ва хонадони ӯ ва асҳоби гиромиаш бод) амалан намуна ва улгуи ошкори татбиқи он буданд ва онро шохае аз шохаҳои имон номиданд. Дар ин шакке нест, ки ҳаё ҷузъи фитрати инсон аст ва беҳаёӣ ҷузъи хислатҳои ҳайвонист. Ҳаё дар зан бидуни ҳиҷоби исломӣ муяссар намешавад, зеро ин шиъоре,ки дар мо расму одат шуда, ки мегӯянд дил тоза бошад, ин шиъори яҳуд аст, то мову шуморо бо ин сухан аз муҳимтарин шиори иффату номус ва покдоманӣ дур созанд. Ҳиҷобе, ки ба занон азамат, иффат ва иззат мебахшад. 
Иддае аз занони мусалмон бар ин ақидаанд, ки ҳиҷоб ҷузъи одот ва расму оини баъзе ҷомеаҳои башарӣ буда, ё ба тавассути падару бародар ва шавҳар иҷборан болои занҳо бор гаштааст ва ё аз тарафи гурӯҳе маҷбуран ба ҷомеа ворид шудааст. Дар ҳоле, ки ҳақиқат комилан хилофи тасавури чунин афкори ҷоҳилона мебошад. Зеро ҳиҷоби зани мусалмон ба ҳукми Худованд дар Қуръони Маҷид фарз буда, оятҳои зиёде шоҳиди ин ва дар исботи ин масъала омадааст. Чунончи Худованди Ҳаким ва тавоно дар робита ба занхои мусалмон чунин мефармояд:

«Эй Паёмбар! Бигӯ занони мусалмонро, то бипӯшонанд чашмҳои худро аз дидани нораво ва ҳаром ва нигаҳ доранд шармгоҳи худро аз амалҳои зишт ва бар бегона ошкор насозанд зиннати худро магар ончи зоҳир аст ва қобили пӯшондан нест. Бояд, ки бипӯшонанд гиребон ва синаи худро ва зиннат ва ҷамоли худро ошкор насозанд, магар ба шавҳарони худ ва ё падарони хеш ва ё падарони шавҳарони хеш ва ё писарони хеш ва ё писарони шавҳарон, ё бародарон ва ё писарони бародарон ва ё писарони хоҳарон ва ё занони хонавода ва ё канизони онҳо ва ё атбои хонавода, ки ба занон рағбат надоранд ва ё атфоле, ки ҳанӯз бар аврат ва маҳорими занон огоҳ нестанд. Ба ғайр аз инҳо аз касони дигар дар ҳиҷоб бошанд ва тавре пой бар замин назананд, ки зиннати онҳо ошкор шавад. Эй аҳли имон ҳама ба даргоҳи Худованд тавба кунед! Бошад, ки растагор шавед.»
(Сураи Нур, ояти 31)

Аз ин ояти муборак собит мегардад, ки ҳиҷоб, яъне пӯшондани бадан фарз мебошад.
Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне дар бораи фарз будани ҳиҷоб омадааст. Аз ҷумла Худованд чунин фармудааст:

«Эй Паёмбар! Бигӯ ба занони худ ва духтарони худ ва занҳои муъминон, ки хешро аз сар то по бипӯшонанд. Ин кор барои он аст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд, то аз таарруз(зӯроварӣ бар онҳо) ва азияти ҳавасронон озор накашанд ва ин ҳиҷоб барои онҳо беҳтар аст. Ва Худованд омурзандаву меҳрубон аст.» (Сураи «Аҳзоб» ояти 59).

Хоҳари мусалмон аз пайравӣ ба дунёи Ғарб, ки худ ғарки дар дарёи шаҳват аст бипарҳез!
Расули Худо (салавот ва дуруд бар равони поки ӯ бод) чи зебо гуфтаанд:
« Замоне меояд, ки шумо рафтори онҳоеро, ки пеш аз шумо буданд ваҷаб ба ваҷаб думболагирӣ хоҳед кард. То ҷое, ки агар дар сӯрохӣ «забб» (навъе ҷонвари саҳроӣ ё сусмор ) дохил шаванд ба дунболи онҳо шумо низ дохил хохед шуд». Саҳобагон пурсиданд: Эй Расули Худо оё манзури Шумо яҳуд ва насрониҳо аст? Эшон ҷавоб доданд: «Пас чӣ каси дигаре бошад».
Хоҳари мусалмон! Туро мебояд ба тарзи шоиста ба либосат аҳамият диҳӣ ва барои худ шахсияте, ҳайсияте ва виқоре дошта бошӣ. Ту бояд дар сарфи молу ҷон ба Хадиҷа ва дар фикҳ ба Оиша ва дар сабру нигаҳдорӣ ва ҳифзи дини Худованд ба Сумая иқтидо кунӣ! Хоҳари мусалмонам! Агар ту дорои симои зишт ва чеҳраи нозебо мебудӣ, оё касе ҳозир мешуд, ки танҳо ба ин иллат, ки зани равшанфикр ва доно ҳастӣ сурататро дар ҷилди маҷалла нашр кунад? Оё касеро пайдо мекардӣ, ки барои намоиш ва ба фурӯш рафтани маҳсулоташ тасвири чеҳраи туро ҳамчун сипар бар овезаҳо нашр кунад? Оё касеро пайдо мекардӣ, ки ба баҳонаи камбуди васоили таълиму тарбият аз ту ҳимоят кунад?
Пас бидон, ки онҳо танҳо мехоҳанд аз чеҳраи зебову садои латифи ту баҳраманд шаванд ва лаззат баранд. Ҳар гоҳ, ки ин хислатҳоро дар ту наёфтанд, мисли либоси кӯҳна ва қадимӣ, ки муддати салоҳияташ(срок годность) ба поён расидааст, туро раҳо мекунанд ва ту фаромӯш хоҳӣ шуд.

Зеботарин зани солҳои 80-умро, ки бо ҷамолаш меболид дар он солҳо пурсиданд, пас аз он,ки ту солхурда шудӣ ва ҷои туро духтари ҷавони дигаре гирифт чӣ фикр дорӣ? Дар посух чунин гуфт: Ман дар он солҳо фикр мекардам, ки танҳо маликаи ҷамол манам ва он дар ман ҳамеша аст на фикри хонавода барпо кардан доштам ва на ба фикри эътиқоде ва дине ва на фарзанде дорам ва на феълан дар ҷомеъа ҷойгоҳе ва на дар охират бозгашти хубе акнун фаҳмидам, ки танҳо аз ман истифода карданд ва маро чун мол мехариданду мефурӯхтанд. 
–Бале, хоҳарам ин аст оқибати ин моҷароҳо, пас ҳушёриатро аз ҳозир, ки фурсат дар даст дорӣ табоҳ макун ва онро василаи чанголи ҳавасронон ва шаҳватронони гургсифат насоз, зеро ҳар субҳеро шомест ва ҳар шомеро субҳест ва аз чӣ гуна омадани он касеро хабар нест ва қудрат танҳо дасти он Холиқест, ки моро офаридааст ва мо бандагони Ӯ таъолоем, имрӯз ва фардо ба дасти Ӯст ва Ӯро ҳеҷ зурманде нест.
Душманони ислом ба хубӣ дарк кардаанд, ки фасоди комили ҳар ҷомеа бо фасоди занон имконпазир мегардад.

Яке аз саркардагони ҷамоаҳои зидди динӣ мегӯяд: Ҷоми шароб ва як зани хонанда дар тахриби уммати Муҳаммад он гуна асар дорад, ки ҳаргиз ҳазор тонк аз паси анҷоми он бар намеояд. Пас онҳоро дар ишқ ба моддиёт ва шаҳват ғарқ кунед!

Яке дигар аз ин гурӯҳ мегӯяд: Бар мо воҷиб аст, ки занонро ба сӯи худ ҷалб кунем. Ҳар гоҳ як зани мусалмон дасташро ба сӯи мо дароз кунад ба натиҷаи дилхох расидаем ва лашкари ансори дини Муҳаммад -ро аз пой дароварда аз ҳам пошидаем. 
Ба ҳама касоне, ки мехоҳанд фаҳшу фуҷур ва беҳаёиву беҳиҷобӣ дар кишвари мо густариш пайдо кунад, ин амри Илоҳиро пешниҳод мекунам:
«Ба ростӣ касоне, ки дӯст доранд, то фоҳишагӣ дар миёни муъминон паҳн гардад, дар дунё ва охират азоби дарднок кашанд. Ва Худованд медонад ва шумо намедонед» 
(Сураи Нур, ояти 19)

Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар ӯ) фармуданд;
«Ду гурӯҳ аз аҳли Дӯзахро ман надидаам. Мардумоне, ки шаллоқҳои мисли думи гов(дубинка) ба даст дошта ва бо он мардумро мезананд ва заноне, ки либос пӯшидаанд, аммо аз нозукии либос бадани онҳо урён мегардад, дур аз роҳи ҳақ, дур кунандаи дигарон аз роҳи ҳақ, ки сари онҳо мисли пушти шутур аст. Онҳо ба Биҳишт дохил намешаванд ва ҳаргиз бӯи он низ ба машомашон намерасад. Ҳол он, ки бӯи Биҳишт аз масофаҳои дур ба машом мерасад.»(ҳадиси саҳеҳ)

Ин буд намунае аз ҳидоят ва иршодоти ҳакимонаи ислом, ки агар мо мусулмонон чи марду чи зан чи пиру чи ҷавон ба он амал намоем ва мисли он рафтор кунем ба дараҷаҳои олии фазилат ва саодат ва муваффақият хоҳем расид. Суроғи роҳи рост ва ҳидоятро аз Қуръон бояд ҷуст. Дар фарҷом ин ҳадиси муборак ва ин дастагули зебо, ки Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худованди маннон бар ӯ) саодати дунё ва охиратро барои занони мусалмон бо ин ҳарфи гуҳарборашон нишон додаанд, навиштаамро ба поён мерасонам.

Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар ӯ) фармуданд: «Агар зане панҷ вақт намозашро адо намояд ва моҳи Рамазонро рӯза бигирад ва иффат ва покдомании худро ҳифз намояд ва аз шавҳари хеш дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар рӯзи Қиёмат ба ӯ гуфта мешавад; Аз ҳар даре, ки мехоҳӣ дохили Биҳишт шав!»(ҳадиси саҳеҳ)
Пас эй хоҳари мусалмон! Агар воқеан тасмим бигирӣ ва аҳд кунӣ ин кор чандон мушкил нест. Кори хеле соддаву осон аст. Дарвозаҳои Биҳишт ба рӯят боз мегардад. Фақат ҳамин ҳоло аз ҷо бархез вузӯ бигир ва ду ракаат намоз бихон ва бо Худованди худ ахд кун, ки аз ин ба баъд фармонбардори Ӯ бошӣ. Агар ту аз ҳамин ҳоло ба ин кор шуруъ кунӣ ҳиҷоби исломиро, ки Худоят туро ба он амр кардааст ба бар кунӣ ва аз гузаштаҳо тавба намоӣ, мутмаин бош, ки Худованд гузаштаи туро афв мекунад. Инро худи Худованд ваъда кардааст. Дар иваз Худованд ба ту Биҳиштеро насиб мегардонад, ки аз зери боғҳо ва дарахтони он наҳрҳо ҷорӣ аст. Ҳар неъмате, ки орзӯ дошта бошӣ, дар он ҷо насибат хоҳад гашт .
Оё меарзад, ки ин умри кӯтоҳу андозашударо дар
корҳои беҳудаву нолозим зоеъ карда, машғули гуноҳу
маъсият бошем?
– Оё ба ҷуз ин умре, ки дар лаҳву бозӣ мегузаронӣ, умри дигаре ҳам дорӣ?
– Оё ба ҷуз ин рӯзҳо, ки имконияти дар киштзори
охиратат кишт кардани тухми савобу амалҳои некро
дори, рӯзҳои дигаре ҳам дар интизорат ҳаст?
– Оё аз Худованд аҳду паймоне гирифтаӣ, ки ту
ҳаргиз намемирӣ?
– На, савганд ба Худо ҳаргиз чунин нест, балки
инҳо хаёлу гумонҳои дуруғин ва орзӯҳои барабас рафтаанд:

Хоҳарам боиффату мастур бош,
Аз масири бадсириштон дур бош. 
Дар сарои донишу фарҳангу ҳуш, 
Чун чароғ андар шаби торик бош. 
Дар паи тақлиди берунӣ марав, 
Аз шиори аҷнабиҳо дур бош. 
Эй ки дори иффату покизагӣ, 
Дар шарофат ҳамнавои ҳур бош. 
Гавҳари ахлоқ бошад ифтихор, 
В-аз китоб омодаи дастур бош. 
Аз сумуми беҳаёӣ бар ҳазар, 
Дар мақоми модари машҳур бош. 
Даст аз ғафлат макун ҳарсу дароз, 
Дар ҳарос аз лонаи занбур бош. 
Аз фарози қуллаи инсоният, 
Раҳнаварди корвони нур бош.
Риштаи тазвири душман бигсилон!!! 
БАР ҲИҶОБАТ ХОҲАРАМ МАСРУР БОШ!!!

Хоҳар ва бародари бо имон дар нашри ин мақола пас аз хонданаш мисли бод амал кун.Ҳатто дақиқае дар нашри ин таъхир накун!

Пирӯзу комёб бошед бонувони афифа ва покдомани тоҷики ман. Бо арзи сипос ва эҳтиром, бародари имонии шумо

Share This Article