Ҳиҷоб чӣ аҳамияте дорад?

Ислоҳ нет

Зан қабл аз ислом

Қабл аз зуҳури дини ислом, зан арзишу кароматаш аз тарафи мардон поймол шуда, барои зан касе арзише қоил набуд. Зан ё модар ин ҷинси латифе, ки мебояд инсоният ҳама бидуни истисно барояш арзиши волоеро қоил бошанд. Аммо дар он замон чунон набуд.

 

Ҳиҷоб

Исломи азиз пас аз зуҳураш ва расонидани паёмҳои илоҳӣ тавассути Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пас аз 17 сол бар занони мусалмон фарз гардид. Яъне дар соли 4 ҳиҷрӣ, дар Мадинаи мунаввара, ояти фарзияти ҳиҷоб нозил гашт ва татбиқи он бар ҳама занони озоди мусалмон фарз гашт. Дақиқан, пӯшиши комили зан ин эмин нигоҳ доштани ӯ аз ҳама озору азиятҳое, ки дар ҷомеъа бар бонӯйи афифаи покдоман аз тарафи мардони чашмчарони гургсифат мебошад. Бо тамоми ҳастӣ метавонем бигӯем, ки ислом барои зан иззату кароматеро қоил гашт, ки қабл аз он барояш ҳеҷ ойни дигаре ба мисли ислом қоил набуданд. Ислом аз зан як маликае сохт, ки мисли гавҳараки чашм бояд маҳфуз нигоҳ дошта шавад. Зани мусалмон бояд ҳама зебоиҳои ҷисми латифи худро пушонад, то аз ҳар газанде эмин бимонад. Ҳеҷ марди бегонае бар зани мусалмон ҳаққи даст расониданро надорад ва бо ӯ ҳаққи танҳо буданро надорад.

 

Зани мусалмон дар назди кӣ метавонад бе ҳиҷоб бошад?

Ҷоиз аст барои зани мусалмон, ки дар назди ин ашхос бе риояти ҳиҷоби шаръӣ бошад. Онҳо маҳрамҳои шаръии ин зан мебошанд, ки шариъати ислом барояш онро иҷозат додааст. Мисли падар, бобо, падари шавҳар, писари шавҳар, фарзандони худаш, бародаронаш, фарзандони бародар ва хоҳараш, амакҳояш, тағоҳояш, бародарони ширхорааш. Албатта комилан дар ин масала дар Сураи Нур ояти 31 ба тафсил баён шудааст. Барои тӯлонӣ нашудан матни оятро намегузорам метавонед ба ин оят муроҷеа намоед.

 

Шартҳои риояти ҳиҷоби шаръӣ кадомҳоянд?

-Ҳиҷоби зани мусалмон бояд бадани занро комилан бипушонад ва аммо пӯшидани чеҳра, панҷаи даст ва қадамҳояш ҳатмӣ намебошанд.

-Ҳиҷоби шаръӣ набояд дорои нақшу нигорҳои ҷилодоре бошад, ки бинандаро ба худ ҷалб намояд.

-Ҳиҷоби шаръӣ набояд чунон танге бошад, ки бадан ва маҳосину зебогиҳояш намоён гардад.

-Ҳиҷоби шаръӣ шаффоф  ва тунук набошад, ки бадан аз рӯйи он дида шавад.

-Зани мусалмон набояд атре истифода намояд,  ки бӯйи он ба машоми мардони бегона расад ва мардонро ба худ ҷалб намояд.

-Ҳиҷоби зани мусалмон набояд мушобеҳ ва монандӣ ба мардонро дошта бошад, ки ҳукми монандшудагон ба мардонро ба худ касб накунад. Мӯйи сари зан аврат аст ва набояд намоён бошад.

 

Чанд тавсия ва насиҳат ба бонувону хоҳарон

Зани мусалмон ҳама либоси зебое, ки зинати ӯро бештар мекунад ҳаққи ба бар кард дорад, мӯйҳои худро метавонад орову торо диҳад, атри хушбӯй, ҳар зинатеро, ки мехоҳад истифода намояд ва аммо намоиши ин ҳама зебоиҳо барои мардони аҷнабӣ ва бегона манъ мебошад.

Мардони бегона аз занони бегона танҳо ишбоъи нафсҳояшонро мехоҳанд, на ин ки бо онҳо хонадор шаванд ва зиндагонӣ кунанд. Пас, набояд зани мусалмон худро ба намоиши марде гузорад, ки ӯ барояш бегона аст. Ҳамеша мардони боҳаёву баномусро занони бо иффат ва бо ҳаё мафтун месозанд ва бо онҳо мехоҳанд хонадор шаванд. Ин рӯзҳо чандин ҷавонон аз мо савол мекунанд, мегӯянд, мехоҳам издивоҷ кунам вале зане, ки табъи дил ва тобеъи дин пайдо намекунам. Дар ҳоле ин қадар зану духтарон зиёданд, иллат чист, ки ба ҷавонон барои хонадор шудан писанд нестанд.

Аз рӯи таҷрибаи он ки солҳост бо ҷомеъа кор мекунам, пай бурдаам, ки агар духтарон ва занон худро рекламасозӣ накунанд,  бештар мавриди писанд хоҳанд шуд. Чун ҷавонписарон майли бештар ба ҳамон ҷавондухтаронеро доранд, ки номи онҳоро касе вирди забони худ накарда бошад ва ё аз паи он нашуда бошад. Аз ин баръало фаҳмида мешавад, ки мардон барои издивоҷ ва хонадор шудан дар ҷустуҷӯйи духтарон ва занони орову торо дода нестанд. Агар табассуму нигоҳҳое аз тарафи ҷавонон ҳам дидед, он назарҳои шаҳвонии кӯтоҳе мебошанд, на издивоҷ ва хонадор шудан.  Бори дигар такрор мекунам, хоҳарон ва бонувони гиромӣ бо нимаурён шудан ва худро ба маърази мардон гузоштан ин пешравӣ ва ё василаи дарҳол ҷавони хостгор пайдо кардан нест. Бар акс ин хостгоронро мегурезонад ва сабаби ба таъхир афтодани издивоҷҳо мегардад. Бонувони гиромӣ! Шумо ба фармони Аллоҳ гуш диҳед ва аз ӯ итоат кунед, роҳи наҷоту хушбахтиро дар дунё ва охират бидуни шак ҳосил менамоед. Гумроҳгашта онест, ки худро ба маърази тамошо дар ҷомеа қарор медиҳад ва барои як умр ҳасрату надоматро дунбол мекунад. Аммо он бонӯе, ки бо ҳиҷобу иффат итоат аз фармони Аллоҳаш мекунад саъодату хушбахтӣ ҳам дар дунёро соҳиб мегардад ва ҳам дар охират аз ҷумлаи муқаррабон аст. Шахси оқил аз бероҳагон роҳ намепурсад. Итоат аз фармони Холиқи худ, ки ҳама хушбахтӣ ва ҳаёти шумо дар дасти Ӯст ба ӯ гуш диҳед. Аллоҳ ҳаргиз ба бандагонаш бадӣ ва гумроҳӣ ва нагунбахтиро намехоҳад. Ин бандагонанд, ки роҳи худро ихтиёр менамоянду некбахт ё бадбахт ва ё гумроҳ мегарданд

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article