ҲИҶРАТ БА ҲАБАША (бахши дуввум)

Ислоҳ нет

ҲИҶРАТ БА ҲАБАША

(бахши дуввум)

Хонадаи азиз! Ҳатман бахши дуввуми ҳиҷрати мусалмонони Маккаро бихон ва ҳимояти як подшоҳи масеҳии ҳабаширо аз мусалмонон, гиряи ӯро аз таъсири шунидани оятҳои Қуръон ва эътимоду итминонашро аз шунидани сухани ҳақ бубин.Албатта дар ин бахш баъзе муғолатаҳо ё шоеъоти ғалате дар ин ҳиҷрат  вуҷуд дорад миёни муаррихон, нахуст ба онҳо мепардозам сипас меравам сари асли матлаб.Сабаб аз таҳқиқи ин бахш ва рӯйи коғаз оварданам, шабоҳати ҳолати имрӯзии бархе муҳоҷирони тоҷикро мебинам.Инчунин талоши баргардонидани муҳоҷирон ба ватан аз тарафи мақомоти имрӯзии кишварҳам ба чашм мехурад.Таърих гоҳ гоҳе такрор мешавад ин бахш хело ба ҳоли имрӯзии мо шабоҳат дорад. Дар хондани ин бахш ҳаргиз кутоҳӣ макун, зеро қиссаи подшоҳи Ҳабаша, Наҷошӣ хеле муассир аст ва муҳим аз ҳама идомаи ин бахш ислом овардан ва мусалмон шудани ӯст. Пас, бо мо буданро фаромӯш ва аз мо дур шуданро пеша масоз.

 Сабаби ба Макка баргаштани мусалмонон аз ҳиҷрати аввал.

1. Шубҳа дар бозгашти муҳоҷирин ба сабаби қиссаи Ғарониқ.

Бархе аз таърихнигорон ва муфассирон дар бораи баргашти муҳоҷирон аз ҳиҷрати аввал аз сарзамини Ҳабаша ба сабаби афсонае, ки перомуни он сухан бисёр гуфтаанд ва мусташриқон саҳифаҳои зиёде дар китобҳои душманонаи худ барои бадном сохтани даъват ва дини Худо онро тарвиҷ дода, мехоҳанд, ки он афсонаи аз ҳақиқат дурро ба ҳақиқат наздик намуда, таърихи даъвати исломро бо ранги сиёҳ доғдор бисозанд.

Ва он афсонаи бардурӯғ чунин аст.

Паёмбари Худо (с) рӯзе назди Каъба нишаста буд ва сураи Наҷмро тиловат мекард ва чун бар ин оят расид:

 

  «Оё Лот ва Уззоро дидаед? Ва манот, он бути саввуми дигарро?». (Сураи Наҷм, оёти 19 – 20)

 

Пас аз он чунин хонд: «Инҳо баландмартабаанд, ки ба шафоаташон умед меравад.»

Мушрикон гуфтанд: Ҳеҷ гоҳ Муҳаммад худоёни моро қабл аз ин ба некӣ ёд накарда буд ва медонистем, ки Худо рӯзӣ медиҳад, мемиронад ва зинда мегардонад ва аммо худоёни мо назди ӯ шафоат мекардаанд ва чун Паёмбари Худо (с)  ба ояти саҷда расид, саҷда намуд ва ҳама мусалмонон ва мушрикон бо ӯ сачда намуданд, магар пирамарде аз Қурайш, ки як каф аз сангрезаро ба пешонии худ гузошт ва болои он саҷда намуд. (1) Мушрикон бо Паёмбари Худо (с)  муомила ва алоқаашонро нек карданд ва аз озору шиканҷаи муъминон даст кашиданд ва ин хабар миёни мардум паҳн гашт ва ҳатто, ононе, ки дар сарзамини Ҳабаша буданд, аз ин хабар огоҳ гаштанд ва бо умеди иқомат ва ибодати Худо дар Макка ба ватанашон бозгаштанд».

 Ин буд хулосаи афсона ва инчунин лозим ба ёдоварист, ки мавзеи касоне, ки ба зикри ин достон пардохтаанд мутафовит ва дигаргун аст, чунончи бархе гуфтаанд: Вақте қурайшиҳо ба Паёмбари Худо (с)  гуфтанд: «Агар ту барои худоёни мо низ баҳрае қарор бидиҳӣ, мо ҳамроҳи ту хоҳем буд». Ин сухани онон бар Паёмбари Худо (с)  гарон омад ва дар хонаи худ то шом нишаст. Ҷабраил (а) ба наздаш омад ва сураи Наҷмро бар ӯ (с)  хонд. Пас аз он Ҷабраил (а) гуфт: «Оё ман ин ду калимаро («Инҳо баландмартабаанд, ки ба шафоаташон умед меравад») ба ту оварда будам? Ва Паёмбари Худо (с) аз ин гуфтаҳо ғамгину андӯҳгин гашт ва аз Парвардигораш тарсид ва Худо ин оятро нозил намуд: (2)

«Мо пеш аз ту ҳеҷ расул ё набиеро нафиристодаем, магар он, ки чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе (шубҳа) афканд. Ва Худо он чиро, ки шайтон афканда буд, насх (рад) кард, сипас оёти хешро устуворӣ бахшид ва Худо донову ҳаким аст!». (Сураи Ҳаҷ, ояти 52)

 Ва пас аз он Паёмбари Худо (с)  айбҷӯии худоёни ононро аз сар гирифт ва мушрикон бар озору шиканҷи муъминон бозгаштанд.

2. Дурӯғ ва ботил будани ин афсона.

Бисёре аз уламои ислом дар гузашта ва ҳозир ин қиссаро ақлан ва нақлан инкор намудаанд, чунки ин худ муқобили исмати Паёмбар (с), балки таън дар нубуввати ӯ (с)  аст ва ҳамчунин ин достон бар асоси пажӯҳишҳои илмӣ беарзиш аст. Ва дар мавриди ботил будани ин достон метавон ба муҳимтарин далелҳои нақлӣ ва ақлӣ ишора намуд:

Далелҳои нақлӣ бар ботил будани ин қисса.

1. Қуръони карим баён намуда, ки Паёмбар (с)  наметавонад суханеро аз назди худ ба Худо нисбат диҳад. Чунончи Худованд мефармояд:

«Агар Паёмбар баъзе суханонро бофта бар Мо мебаст, ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем, сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем».(Сураи Ҳоққа, оёти 44 – 46)

 Ва Худо хабар дода, ки Ӯ таъоло Қуръонро нозил намудааст ва аз ҳар таҳриф ва нуқсон онро ҳифз хоҳад намуд. Чунончи мефармояд:

 «Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва Худ нигаҳбонаш ҳастем». (Сураи Ҳиҷр, ояти 9)

Ва агар чунин пиндорем, ки Паёмбари Худо (с)  дар вақти тиловаташ ин ду калимаи зикршударо хондааст, пас дар Қуръони карим чизе ворид мешуд, ки аз он набуд, пас китобашро ҳифз ва нигоҳ доштани Худо сурат нагирифт, ки ин худ мухолиф бо насси Қуръон аст.

Худованд мефармояд:

 «Шайтонро бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Худо таваккул мекунанд, ғолибияте нест». (Сураи Наҳл, ояти 99)

 Оё касе дар миёни башар дурусткортар ва содиқтар аз анбиё вуҷуд дорад ва хусусан хотами паёмбарон Муҳаммад (с)?! Ва шайтон худ иқрор намуда, ки ӯро ҳеҷ султоне бар бандагони мухлис нест, чунончи Худованд мефармояд:

Гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ки ҳароина, ҳамагонро гумроҳ мекунам, магар онҳо, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд». (Сураи Сод, оёти 82 – 83)

Қози Аёз мегӯяд: «Ҳар ки аз муфассирон ва ғайри муфассирон ин қиссаро зикр намудаанд, санади муттасиле барои он ироа накардаанд, магар ривояти Баззор, ки худи ӯ баён намудааст, ки ин достон аз тариқи дигар ривоят нашуда ва танҳо ҳамин як санадро дорад, ки холӣ аз ишкол нест».(3)

Ва раъйи Ибни Ҳаҷар чунин аст: «Содир шудани саҷда аз тарафи мушрикон ба сабаби он, ки шайтон дар аснои қироати Паёмбари Худо (с)  илқо кард, ақлан ва нақлан дуруст намебошад».(4)

Ва раъйи Ибни Касир чунин аст: «Бисёре аз муфассирон ин ҷо қиссаи Ғарониқро зикр намуда ва ба далели ин ки гӯё мушрикони Қурайш мусалмон шудаанд, муҳоҷирон аз сарзамини Ҳабаша ба Макка бозгаштанд, мурсал мебошад ва ҳеҷ ривояти саҳеҳе дар он намебинам».(5)

Ботил будани ин қисса аз нигоҳи ақл.

Ҳамаи уммати мусалмон бар маъсум будани Паёмбар (с)   аз ин гуна ботилҳо муттафиқанд, зеро, агар чунин амреро дар мавриди Паёмбари Худо (с)   бипазирем, пас дурӯғ гуфтанро барои ӯ (с)   бояд мумкин бидонем, аммо дурӯғ гуфтан аз ҷониби Паёмбар (с)   аз ақли хирадманд берун аст ва содир шудани чунин қисса аз ҷониби Паёмбар (с)   амри маҳол ва номумкин аст ва агар бигӯем, ки аз рӯи хато содир шуда бошад, пас ӯ (с)   маъсум нахоҳад буд. Дар ҳоле, ки ӯ ба иттифоқ дар амри таблиғи шариат маъсум аст ва аз тарафи дигар низ ин қисса бо ақидаи тавҳид ва яктопарастӣ, ки Худо паёмбарашро барои он фиристодааст, мухолиф аст.

Ботил будани ин қисса аз нигоҳи луғат.

Ва ҳеҷ гоҳе чунин нашуда, ки араб худоёни худро ба номи «ғарониқ» дар шеър ва на дар наср васф карда бошад, аммо он чӣ, ки дар луғат омадааст, «ғурнуқ» паррандаи обист, ки рангаш сиёҳ ва ё сафед аст ва дигаре аз маънои «ғурнуқ» ҷавони сафедпӯст ва зеборо гӯянд.(6) Ҳеҷ яке аз маънои луғавии «ғурнуқ» ба маънои худоён ва ё бутон дар сухани араб наомадааст, пас чӣ гуна мушрикон ба ин сухан хушнуд мегарданд ва онро зикри нек бар худоёни худ мешуморанд?!(7)

 Қиссаи «Ғарониқ» на аз нигоҳи нақлӣ ва на аз нигоҳи ақлӣ ва луғат собит нагаштааст ва он мухолифи насси Қуръони карим аст. Ин далолат бар он мекунад, ки қиссаи «Ғарониқ» афсонаи бофта ва дурӯғ аст, ки зиндиқиҳо онро аз худ бофта, мекӯшиданд, ки фасоде дар ақида ва дин ворид намоянд ва таъне бар сайиди башар ва анбиё ва сарвари паёмбарон ворид намоянд.(8)

3. Сабаб ва ҳақиқати бозгашти мусалмонон.

Пас аз се моҳи зиндагии мусалмонон дар сарзамини Ҳабаша тағйироти бузурге дар ҳаёти мусалмонони Макка ба вуҷуд омад, ки қабл аз он чунин ҳолате дар мусалмонон дида намешуд. Ҳамза ибни Абдулмутталиб амаки Паёмбар (с)   ислом пазируфт. Худо дили ӯро ба сӯи динаш боз намуд, ки ӯ (р)   ғаюр ва боиззатарини ҷавонони Макка буд. Ва чун Ҳамза (р)  ислом пазируфт ба Қурайш чунин вонамуд шуд, ки Муҳаммад иззат ва дастгирие пайдо кард, мушрикон аз он чӣ, ки бар ӯ (с)   аз озор ва шиканҷа раво медонистанд, аз он даст кашиданд.(9)

Пас аз Ислом овардани Ҳамза (р), Умар ибни Хаттоб (р) низ мусалмон шуд ва ин ду нафар ҳамчун пояи даъвати ислом гаштанд ва бар Қурайш ғолиб омаданд. (10) Исломи ин ду марди бузург пас аз ҳиҷрати мусалмонон ба сӯи Ҳабаша таъсири чашмрасе дар таъмини амнияти саҳобагон ва ёрони Паёмбари Худо (с)   дошт. Ислом овардани ин ду бузургмарди таърихи ислом, пас аз ҳиҷрати мусалмонон ба сарзамини Ҳабаша сурат гирифт ва мусалмон шудани онҳо сабаби нерӯманд шудани мусалмонон ва камзӯр шудани мушрикон гардид ва низ ба ислом гаравидани онон сабаби ақидаи худро ошкоро баён карда тавонистани саҳобагон ва ёрони Паёмбари Худо (с)   гашт.

 Ибни Масъуд (р) мегӯяд: «Ислом овардани Умар ибни Хаттоб (р) фатҳе барои ислом, ҳиҷрати ӯ нусрат ва хилофат ва ҳукумати ӯ раҳмате буд ва мо то замоне, ки Умар мусалмон нашуда буд, қодир набудем канори Каъба намоз бигузорем, аммо вақте ӯ ислом пазируфт, бо Қурайш даргир шуд то инки назди Каъба намоз гузорид ва мо низ бо ӯ намоз гузоштем».(11)

Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегӯяд: «Вақте Умар (р) ислом пазируфт, гуфт: «Кадоме аз қурайшиҳо бештар сухан мегӯяд?». Гуфтанд: «Ҷамил ибни Маъмар Алҷумаҳӣ». Чун фардо шуд аз пушти падарам рафтам, то бубинам ӯ чӣ мекунад ва чун ба назди Ҷамил ибни Маъмари Ҷумаҳӣ расид, гуфт: «Оё медонӣ, эй Ҷамил! Ман ислом овардам ва ба дини Муҳаммад (с)   ворид шудам!». Ҷамил аз гиребони падарам кашида, ӯро ба назди Каъба бурд ва чун ба назди дарвозаи масҷид наздик шуд, бо овози баланд фарёд зад: «Эй қурайшиҳо, Ибни Хаттоб аз динаш баргашта дини дигаре пазируфтааст». Умар аз пушташ мегуфт: «Дурӯғ мегӯяд! Аммо ман ислом пазируфтам ва гувоҳӣ медиҳам, ки нест Худое магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад бандаи Худо ва фиристодаи Худост». Мушрикон бархоста, ӯро мезаданд ва ӯ низ бо онон посух медод, то онки офтоб болои сарашон қарор гирифт ва падарам, ки аз идомаи заду хурд хаста гардида буд, ба замин нишаст ва мушрикон болои сараш истода буданд ва ӯ мегуфт: «Ҳар кореро дӯст доред, анҷом диҳед, савганд ба Худо, вақте шумораи мо ба сесад нафар бирасад, ё мо Маккаро тарк мекунем ва ё ин ки шумо онро тарк хоҳед кард».(12) Пас аз он вазъи мусалмонон аз он гуна, ки қабл аз ҳиҷрат ба сӯи Ҳабаша буд, дигаргун гашт ва ба ислом гаравидани Ҳамза (р) ва Умар (р) садди роҳи азияти мушрикон бар мусалмонон шуд ва муъминонро фурсате буд, то назди Каъба намоз гузоранд, ки дар чунин ҷое гузоридани намоз барои мусалмонон амри ношуданӣ буд. Мусалмонон пас аз ба ислом гаравидани Ҳамза (р) ва Умар (р) аз дори Арқам ибни Абӯарқам берун омаданд то инки вориди масҷид шуданд ва аз қурайшиҳо дигар монанди гузашта ба онон озор ва шиканҷа намерасид. Бинобар ин, дар вазъияти мусалмонон дигаргуние эҷод шуд, ки шароити онон нисбат ба шароити пеш аз ҳиҷрат ба Ҳабаша беҳтар шуда буд. Пас бо таваҷҷӯҳ ба мавориди зикргардида, оё чунин шароите барои касе пинҳон мемонад? Ва оё хабари дигаргуние, ки дар зиндагии мусалмонони Макка ба вуҷуд омада, аз тариқи мусофирони баҳрӣ, ки аз Ҷидда убур мекарданд, ба сарзамини Ҳабаша нарасида буд? Албатта хабари ин ҳама дигаргуниҳо дар вазъи мусалмонони Макка ба муҳоҷирони Ҳабаша расида буд ва шакке нест, ки онҳо чун бар асари ин моҷароҳо аз ватан ва наздикони худ дур афтода буданд, бо шунидани ин хабар хушҳол гардиданд, ки боз ба Макка бармегарданд.»(13)

 Қурайшиҳо пас аз ислом овардани Ҳамза (р)  ва Умар (р) ва пурзӯр гаштани мусалмонон, тадбир ва нақшаҳои нав меандешиданд, ки ҳилагарӣ ва фиребкорӣ аз як сӯ ва хушунат ва сангдилӣ аз сӯи дигар дар он ошкор буд ва қурайшиҳо илова бар истифода аз хушунаткорӣ бар мусалмонон тадбири дигаре андешиданд, ки он таҳрими иқтисодӣ бар Паёмбари Худо (с)   ва саҳобагонаш буд, ки қаблан аз он сухан гуфтем. Пас ин мавқифи талх ва хушунатовар мусалмононро водор намуд, то бори дигар ва бо шумораи бештаре ба сӯи Ҳабаша ҳиҷрат намоянд.(14)

Ҳиҷрати дуввуми мусалмонон ба Ҳабаша.

 Ибни Саъд мегӯяд: «Вақте асҳоби Паёмбар (с)   аз ҳиҷрати аввал ба Макка бозгаштанд, хушунат ва бадрафторӣ бар онҳо бештар гардид. Паёмбари Худо(с)   ба онон иҷозат дод, то бори дигар ба сарзамини Ҳабаша ҳиҷрат намоянд, ки ҳиҷрати дуввуми мусалмонон пурмашақатар аз ҳиҷрати аввал буд. Қурайшиҳо хабари икрому иззат шудани муҳоҷирон аз тарафи Наҷҷоширо шунида ҳасад бурданд ва хушунатро бар муҳоҷирон афзуданд. Усмон ибни Аффон ба Паёмбари Худо (с)   гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с)  ! Ҳиҷрати аввал сипарӣ шуду ин ҳиҷрати дуввум аст ва ту ҳамроҳи мо нестӣ?». Паёмбар (с)   гуфт:  «Шумо муҳоҷир ба сӯи Худо ва ба сӯи ман ҳастед ва подоши ҳарду ҳиҷрат ба шумо мерасад.»

Усмон (р) гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с), моро ҳамин (савоби ҳиҷрат) басанда аст».(15)

 Дар ҳиҷрати дуввуми мусалмонон ба сарзамини Ҳабаша афроди бештаре ҳамроҳи онҳо ҳиҷрат намуд, ки бештари онҳо касоне буданд, ки дар ҳиҷрати аввал ҳамроҳашон набуданд. Ибни Исҳоқ дар мавриди шумораи онон мегӯяд: «Адади муҳоҷирон ҳаштоду се мард буд, агар Аммор ибни Ёсир шуморида шавад ва агар на, пас адади онон ҳаштоду ду мард ва ҳаждаҳ зан буд». Суҳайлӣ мегӯяд: «Ин шумора назди сиратнигорон ба монанди Воқидӣ ва Ибни Уқба ва дигарон дурустар аст. (16) Шумораи занон низ ҳаждаҳ нафар буд, ки ёздаҳ каси аз онон қурайшӣ ва ҳафт зани ғайриқурайшӣ буд, ки дар ин шумора атфол ва онҳое, ки он ҷо таваллуд шудаанд, шуморида нашуда аст».(17)

Талоши Қурайш барои бозгардонидани муҳоҷирон.

 Вақте Қурайш медид, ки саҳобагони Паёмбар (с)   чӣ гуна бо озодӣ ва амн дар сарзамини Ҳабаша зиндагӣ менамоянд ва аз касе ба онон озор ва шиканҷа намерасад ва озодона Худои худро мепарастанд, миёни худ машварат карданд, то барои баргардонидани мусалмонон намояндагонеро  назди Наҷҷошӣ бифиристанд, чун мусалмонон бо рафтанашон назди Наҷҷошӣ робитаи подшоҳи Ҳабаша ва Қурайшро дур кардаанд. Аммо макри қосидони Қурайш, ба нафъи ислом ва мусалмонон тамом шуд, зеро макру ҳиллаҳои Қурайш  назди Наҷҷошӣ сабаб гардид, то гуфтугӯе миёни яке аз муҳоҷирон, яъне Ҷаъфар ибни Абӯтолиб ва подшоҳи Ҳабаша анҷом гирад ва ин гуфтугӯ ба мусалмон шудани Наҷҷошӣ ва дар амнияту озодӣ қарор гирифтани мусалмонон анҷомид.(18)

Аз Умми Салама бинти Абӯумая ибни Муғира ҳамсари Паёмбар (с)   омада, ки фармуд: «Вақте ба сарзамини Ҳабаша омадем, дар паноҳи беҳтарин ҳамсоя (Наҷҷошӣ) қарор гирифтем. Бар дини худ устувор ва дар амн Худоро мепарастидем. Касе ба мо ҷафо намекарду сухани бад ҳам намешунидем. Вақте ҷамоаи Қурайш аз вазъияти мо хабардор гардиданд, миёни худ машварат намуданд ва ду марди барӯманд Абдуллоҳ ибни Абӯрабиъа ибни Муғираи Махзумӣ ва Амр ибни Ос ибни Воили Саҳмиро бо ҳадяҳои гаронбаҳо, ки аз пӯст сохта шуда буданд назди Наҷҷошӣ фиристоданд ва ба онҳо гуфтанд: «Пеш аз он ки бо Наҷҷошӣ вориди сухан гардед, ҳар киро аз паҳлавонон ва саркардагону коргузорони  Наҷҷошӣ дар роҳ дидед, ба ӯ ҳадяе бахшед ва пас аз он назди Наҷҷошӣ даромада ҳадяҳоро наздаш гузоред ва аз ӯ бихоҳед, то пеш аз он, ки бо муҳоҷирони мусалмон сухан гӯяд, онҳоро ба шумо таслим намояд».

Онҳо қабл аз онки бо Наҷҷошӣ мулоқот намоянд, бо ҳар ки аз саркардагону коргузорони Наҷҷошӣ дар роҳ мулоқот менамуданд, ҳадяе ба ӯ мебахшиданд ва мегуфтанд: «Чанде аз ҷавонони камақли мо дини қавми худро тарк карда ба сарзамини шумо омадаанд ва дини шуморо ҳам напазируфтаанд ва динеро пазируфтаанд, ки мову шумо онро намедонем ва моро шарофатмандони қавм, падарони онҳо фиристодаанд, то онҳоро ба наздашон баргардонем ва чун мо ба назди подшоҳ ворид гардидем, шумо низ қабл аз он ки подшоҳ бо онҳо сухан бигӯяд, ишорат намоед, то онҳоро ба мо таслим намояд». Пас аз он Абдуллоҳ ибни Абӯрабиъа ва Амр ибни Ос ҳадяҳои худро ба назди Наҷҷошӣ гузоштанд ва чун Наҷҷошӣ ҳадяҳоро пазируфт гуфтанд: «Эй подшоҳ! Чанде аз ҷавонони камақли мо дини қавми худро тарк кардаанд ва дини шуморо ҳам напазируфтаанд ва динеро пазируфтаанд, ки мову шумо онро намедонем ва моро шарофатмандони қавм, падарони онҳо фиристодаанд, то онҳоро ба наздашон баргардонем».

Чизе сахтар бар Абдуллоҳ ибни Абӯрабиъа ва Амр ибни Ос аз он набуд, ки Наҷҷошӣ ба суханонашон гӯш надод ва далолати саркардагону коргузорони Наҷҷошӣ ҳам барояшон коромад нашуд, ки мегуфтанд: «Рост мегӯянд, эй подшоҳ! Қавмашон пазмони онон шудаанд, онҳоро таслим намо, то ба кишвар ва назди қавмашон баргарданд». Наҷҷошӣ аз ин сухан дар ғазаб шуда гуфт: «Савганд ба Худо, касонеро, ки назди ман омада ва маро бар дигарон бартарӣ додаанд, ҳаргиз таслим нахоҳам кард, то он, ки онҳоро ба назди худ хонда аз он чӣ, ки ин фиристодагони Қурайш дар бораи онҳо мегӯянд, савол накунам? Агар чунон бошад, ки инҳо мегӯянд, онҳоро таслим намуда, ба назди қавмашон мефиристам ва агар хилофи он чӣ, ки мегӯянд бошад, онҳоро назди худ нигоҳ дошта, бо онҳо некӣ хоҳам кард».(19)

2. Гуфтугӯ миёни Ҷаъфар ва Наҷҷошӣ:

 Наҷҷошӣ шахсеро назди муҳоҷирон фиристод, то онҳоро ба наздаш бихонад. Вақте расул ва намояндаи Наҷҷошӣ ба назди муҳоҷирон омад, муҳоҷирон ҷамъ шуда, бо якдигар гуфтанд: «Дар назди ин мард чӣ хоҳем гуфт? Ва бо худ гуфтанд: Ҳар чӣ ки ҳаст ҳамонро мегӯем.» Вақте назди Наҷҷошӣ ҳозир шуданд, Наҷҷошӣ усқуфҳои (олимони насорои) худро  наздаш хонд ва онҳо дар ҳузури Наҷҷошӣ ҷамъ шуда ва инҷилҳои худро боз карданд. Наҷҷошӣ аз муҳоҷирон пурсид: «Ин чӣ динест, ки ба хотири он аз қавми худ ҷудо шудаед ва на дини маро пазируфтед ва на яке динҳои дигар умматонро?»

 Умми Салама гуфт: «Ва он ки бо Наҷҷошӣ сухан гуфт, Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р) буд, ки гуфт: «Эй подшоҳ! Мо як қавми нодону ҷоҳиле будем, ки бутпарастӣ мекардем ва худмурдаро мехӯрдему дар фавоҳиш даст доштем, қатъи раҳм намуда бар ҳамсоягон бадӣ мекардем, пурзӯру бақуввати мо камзӯру камқуватро зулм мекард ва бар чунин ҳол будем, то он ки Худо бар мо паёмбаре фиристод, ки мо насабу ҳасаб, сидқу амонат ва иффату покдомании ӯро медонем. Ӯ моро ба ибодати Худои ягона фаро хонд ва аз он чӣ, ки ғайри Худо аз сангу бутҳо мепарастидем манъ намуд ва ба ростгӯӣ, адои амонат, силаи раҳм ва некӣ ба ҳамсоягон амр намуд. Ӯ моро аз хунрезӣ, аз фоҳишагиву сухани дурӯғ, аз хӯрдани моли ятим ва тӯҳмат задан бар занҳои пок наҳе намуд. Ӯ моро амр намуд, то Худои ягонаро парастиш намоем ва ба Ӯ таъоло чизеро шарик наорем. Моро амр намуд, то намоз гузорему закоти молҳоямонро бидиҳем ва рӯза бидорем. Мо ӯро тасдиқ намудем ва ба ӯ имон овардем ва ба ҳар он чӣ, ки аз ҷониби Худо овардааст пайравӣ намуда, Худои ягонаро парастиш кардем ва он чӣ, ки ҳаром намудааст ҳаром ва ончӣ, ки ҳалол намудааст ҳалол шумурдем. Бинобар ин қавми мо бар мо душманӣ намуданд ва моро зери озору шиканҷа қарор доданд ва мехоҳанд моро аз динамон ба сӯи бутпарастӣ баргардонанд. Ва чун моро мавриди ғазаб ва озори худ қарор доданд ва нагузоштанд, то бар дини худ бимонем, туро аз дигарон бартар шумурда,  ба умеди дарёфти озодӣ ба назди ту омадем».(20)

 Умми Салама мегӯяд: «Наҷҷошӣ ба Ҷаъфар гуфт: «Оё чизе аз он чӣ, ки Худо ба ӯ (Муҳаммад (с)) нозил карда, доред?». Ҷаъфар ба Наҷҷошӣ гуфт: «Бале». Наҷҷошӣ гуфт: «Бароям онро бихон». Ҷаъфар порае аз сураи «Қоф Ҳо Ё Ъайн Сод»-ро қироат намуд. Наҷҷошӣ он қадар гиря намуд, ки ришаш аз ашк тар шуд ва инҷилҳои уламои насоро низ аз ашкони сарозери усқуфҳо тар гардид. Пас аз он Наҷҷошӣ гуфт: «Савганд ба Худо, он чӣ, ки ӯ тиловат намуд ва он чӣ, ки бар Мусо омада, аз як мишкот (чароғдон, таҳмон, олате, ки дар он қандил ва чароғ мегузоранд) бармеояд». Пас ба Абдуллоҳ ва Амр гуфт: «Баргардед! Савганд ба Худо, онҳоро ҳаргиз ба шумо таслим нахоҳам кард».

Бори дигар дасиса андохтан миёни муҳоҷирин ва Наҷҷошӣ.

Умми Салама гуфт: «Вақте Амр ибни Ос ва Абдуллоҳ ибни Абӯрабиъа аз назди Наҷҷошӣ берун омаданд, Амр ибни Ос гуфт: «Савганд ба Худо, фардо назди Наҷҷошӣ омада, дарахти ҳаёти онҳоро решакан хоҳам кард». Абдуллоҳ ибни Рабиъа, ки беҳтар аз Амр буд гуфт: «Ин корро накун! Агарчи бо мо ихтилоф доранд, аммо онҳоро низ фарзанд ва наздикон аст». Амр гуфт: «Савганд ба Худо! Ба Наҷҷошӣ хабар хоҳам намуд, ки онҳо иддао мекунанд, ки Исо (а) як банда аст». Чун субҳ шуд, ба назди подшоҳ омад ва гуфт: «Эй подшоҳ! Ин мардум дар ҳаққи Исо (а) сухани бузурге мегӯянд. Наҷҷошӣ гуфт: «Ба назди онон шахсеро мефиристам, то аз онон дар бораи Исо (а) суол намояд». Умми Салама гуфт: «Наҷҷошӣ ба назди мо шахсеро фиристод ва мо то ҳанӯз ба ин гуна суол мувоҷиҳ нагашта будем. Ҳама ҷамъ омаданд ва ба якдигар мегуфтанд, ки агар Наҷҷошӣ дар бораи Исо (а) савол намояд, чӣ посух хоҳем гуфт? Гуфтанд: «Ҳар он чӣ, ки Худо ва Расулаш (с)   гуфтаанд». Вақте ба назди Наҷҷошӣ ворид гардиданд, Наҷҷошӣ гуфт: «Дар бораи Исо ибни Марям чӣ мегӯед?» Ҷаъфар ибни Абӯтолиб гуфт: «Он чиро мегӯем, ки бар Паёмбари мо (с)   гуфтааст: Исо ъалайҳи салом бандаи Худо, фиристода ва рӯҳи Ӯ таъолост, ки калимаашро бар Марями душизаи покдоман илқо намуд».

Умми Салама гуфт: «Наҷҷошӣ дасташро бар замин зад ва чӯберо бардошт ва гуфт: «Савганд ба Худо, ки чунин аст, ҳарчанд шумо қилу қол кунед». Ва ба мусалмонон гуфт: «Биравед! Шумо дар амон ҳастед ва ҳар кас ба шумо носазо бигӯяд, муохаза мешавад. Дӯст надорам, ки кӯҳе аз тилло дошта бошам ва дар муқобил фарде аз шуморо озор диҳам». Ва гуфт: «Ҳадяҳои Қурайшро баргардонед, мо ба онҳо ниёзе надорем». Савганд ба Худо, замоне, ки Худованд подшоҳиро ба ман бозгардонид, аз ман ришва нагирифт, ки акнун ман дар баробари анҷоми корҳое, ки лозими подшоҳӣ аст ришва бигирам ва дар иртиботи бо ман, аз мардум итоат накард, ки ман дар иртибот бо Ӯ таоло аз мардум пайравӣ кунам.

Умми Салама мегӯяд: «Ва он ду нафар намояндаҳои Қурайш шармандаву сархам аз назди Наҷҷошӣ берун омаданд ва он чӣ, ки оварда буданд, ба онҳо бозгардонида шуд ва мо дар назди Наҷҷошӣ беҳтарин рӯзҳоро сипарӣ намудем»… (21)

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Маъхазҳои истифодашуда:

  1. Мухтасари сирати Расул , саҳ. 84.
  2. Фатҳу-л-қадир, 3\416. Фатҳу-л-борӣ, 8\355. Асбобу-н-нузул, Суютӣ, 2\16. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 296.
    1. Аш-шифо, 2\117.
    2. Фатҳу-л-борӣ дар шарҳи ҳадиси рақами 4862.
    3. Тафсири Ибни Касир ва Бағавӣ 6\600, аз рӯи китоби Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръон, саҳ. 298.
    4. Қомусу-л-муҳит, 3\281.
    5. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 298, 299.
    6. Сирату-н-набавия фӣ завъи-л-Қуръони ва суннати, Абӯшаҳба, 1\372.
    7. Мухтасари сирати Расул W, саҳ. 90.
    8. 10.  Сирату-н-набавия, 1\294.
    9. 11.  Сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом, 1\365.
    10. 12.  Субулу-л-ҳудо ва-р-рашод, Солиҳӣ, 2\498-499.
    11. 13.  Таамулотун фӣ сирати-р-Расул , Муҳаммад Сайид Вакил, саҳ. 59. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 302.
    12. 14.  Қавлу-л-мубин фӣ сирати саййиди-л-мурсалин, д. Муҳаммад Наҷҷор, саҳ. 111. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 302.
    13. 15.  Табақоти Ибни Саъд 1\207,
    14. 16.  Равзу-л-анф, Суҳайлӣ, 3\228.
    15. 17.  Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 303.
    16. 18.  Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 304.
    17. 19.  Инро Аҳмад (5\290) зери рақами 22498 ихроҷ намуда гуфта аст, ки иснодаш саҳеҳ аст.
    18. 20.  Муснад, Имом Аҳмад, 1\202, 203.
    19. 21.  Аҳмад, 1\202-203. Ибни Ҳишом, 1\357362.

 

 

 

Share This Article