Ҳиҷрат ба Ҳабаша (бахши саввум)

Ислоҳ нет

Ҳиҷрат ба Ҳабаша

(бахши саввум)

 

Ислом овардани Наҷҷошӣ.

Наҷҷошӣ ислом пазируфт ва нубуввати Паёмбар (с)-ро тасдиқ намуд, агарчи имонашро аз қавмаш пинҳон медошт, зеро ӯ медонист, ки қавмаш бар ботил ва гумроҳӣ пофишорӣ мекунанд ва медонист, ки онҳо бар ақидаи ботил ҳарчанд бо ақл ва нақл мухолиф бошад, таассуб меварзанд. (1)

Дар ривояте аз Абӯҳурайра (р) омада аст: «Дар он рӯз, ки Наҷҷошӣ чашм аз дунё пӯшид, Паёмбари Худо (с) мусалмононро ба ҷанозагоҳ бурд ва намози ҷанозаи Наҷҷоширо ғоибона хонд ва дар намоз чаҳор такбир гуфт». (2)

 Аз Ҷобир (р) омадааст, ки гуфт: «Вақте Наҷҷошӣ фавт намуд, Паёмбари Худо (с)  гуфт: «Имрӯз марди покдомане фавт намудааст, бархезед ва бар бародаратон намоз гузоред…» (3)

 Назди бештари таърихнигорон вафоти Наҷҷошӣ дар соли нӯҳум аст ва инчунин гуфта шудааст, ки марги ӯ дар соли ҳаштуми қабл аз фатҳи Макка буд.

Суд ва андарзҳо.

Дар ду мақолаи тӯлонӣ ҳиҷрати ба сӯйи ҳабашаро хондем,дар ин бахш мехоҳам баёни суд ва андарзӣ ин ҳиҷратро дар бисту се бахш баён намоям.Аҳамияти ҷидди диҳед,то масала бароятон комилан равшан ва мушаххас гардад.

 1. Пойдорӣ ва устувории муъминон бар ақидаашон, пас аз анвои шиканҷа ва сахтиҳои гуногун, далел бар сидқи имон, ихлоси ақида ва баландҳиматии онҳост, ки роҳати рӯҳу замир ва маънавии хешро болотар аз азияту шиканҷаи бар тан мешуморанд. Сайтара ва мутеъсозии муъминони содиқ ва хидматчиёни мухлис ҳамеша бар рӯҳи онҳо мебошад на бар танашон, аз ин рӯ онҳо ҳамеша ҷавобгӯи матолиби рӯҳи хеш ҳастанд ва бар он чӣ, ки ҷисму баданашон аз лаззату роҳат мехоҳад аҳамият намедиҳанд. Ва бо ҳамин роҳу усул даъватҳои ба сӯи Худо нусрат меёбанд ва бо ҳамин роҳҳо ҷамъият аз гумроҳӣ ва ҷаҳолат раҳо меёбад.

 2. Аввалин чизе, ки бар зеҳни банда аз ин ҳиҷрат бармеояд, шафқат ва раҳмати Паёмбар (с) бар саҳобагон ва ҷустани ҷои пурамн барои онон аст. Аз ин рӯ Паёмбари Худо (с) онҳоро ишорат намуд, ки ба сӯи подшоҳи одил бираванд, чун ҳеҷ кас назди ӯ ситам намешавад. Паёмбар (с) Ҳабашаро барои он ихтиёр намуд, ки пойгоҳи эҳтиётие дар нашри даъват гардад, то агар маркази раисӣ зери хатар уфтад, Ҳабаша паноҳгоҳ ва маркази даъват ва паноҳгоҳи исломпазируфтагон бошад. Хидматчиёни ростини дин сарвати ҳақиқии даъват мебошанд, ки ҳама саъю кӯшиши онҳо барои ҳимоят ва нашри даъват аст ва як муъмини ростини ба Худо болотару бартар аз ҳама инсонҳоест, ки берун аз дини Худо ва тавҳид ҳастанд.

3. Ҳадаф аз ҳиҷрати ба Ҳабаша дар чанд нуқта қарор мегирад. Аз ин ваҷҳ, Паёмбар (с)  чанд нуктаи муайянеро ба монанди қазияи ислому мавқифи Қурайш дар он қонеъ гардонидани афкори умумӣ ба адолат ва барҳақ будани қазияи ислом ва ё ҳаракатҳои сиёсӣ, ки бархе аз кишварҳои кунунӣ барои шарҳи қазияҳои худ ва ба даст овардани ҳимояти афкори умумӣ анҷом медиҳанд (4) ва ҳамчунин ҳадафҳои дигаре  ба монанди кушодани сарзамини нав барои даъват дар назар дошт. Бинобар ин сарони саҳобагон дар оғоз ҳиҷрат карданд ва сипас дигарон ба онҳо пайвастанд ва сарпарастии умур ба Ҷаъфар (р) супурда шуд.

 4. Вуҷуди писарамаки Паёмбар (с), Ҷаъфар (р), домодаш Усмон (р) ва духтараш Рӯқая (р) дар муқаддимаи муҳоҷирон ишорат бар он аст, ки хатар ва ранҷро аввалан наздикон ва аҳли пешво бояд таҳаммул намуда ба дӯш бигиранд, аммо агар мақсад ин бошад, ки афроди ба роҳбар риштаи қаробат дошта аз хатар дур бошанд ва афроде, ки ба роҳбар нисбати хешовандӣ надоранд дар маърази хатар қарор гиранд, чунин карда ва равиш бо шева ва равиши Паёмбари Худо (с)  фосилаи дур ва бузург дорад. (5)

 5. Машруъияти берун шудан аз ватан ба хотири ҳифозати дин, гарчи он ватан Макка бошад, бо он ҳама фазилате, ки дорад ва агарчӣ ҳиҷрат ба сарзамини ғайри исломӣ бошад, чунончи ҳабашиён масеҳӣ буданд ва Исои масеҳро парастиш мекарданд ва муътақид набуданд, ки Исо (а) бандаи Худост ва ин матлаб дар ҳадиси Умми Салама, ки дар гузашта баён гардид, равшан шуд ва мусалмонон бо ин ҳиҷрат муҳоҷир номида шуданд ва онҳо дубора ҳиҷрат карданд ва ба хотири сабқат карданашон мавриди ситоиши Парвардигорашон қарор гирифтанд.

Дар китоби тафсир омада, ки онҳо касоне ҳастанд, ки дар байъати Ризвон мушорикат кардаанд (6) ва бубин, ки чӣ гуна Худо ба сабаби ин ҳиҷрат онҳоро ситоиш намуда, ки онҳо аз Байтуллоҳи ҳаром ба дори куфр, баҳри нигаҳдошти динашон ва ба умеди Худоро дар осоиш парастидан берун шуданд. Ин ҳукм то қиёмат идома дорад, ки ҳар гоҳ ҷаҳолат ва бединӣ дар сарзамине ғолиб ояд ва муъмин ба хотири динаш мавриди озор ва шиканҷа қарор гирад ва умед бар он дошта бошад, ки сарзамини дигаре вуҷуд дорад, ки он ҷо метавонад Парвардигорашро парастиш намояд, ҳар сарзамин ва кишваре бошад бояд ба он ҷо ҳиҷрат намояд, чунончи Худованд мефармояд:

«Машриқу Мағриб аз они Худост. Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ кунед, ҳамон ҷо рӯ ба Худост. Худо фарохраҳмат ва доност!».(Сураи Бақара, ояти 115)  (7)

 6. Мусалмонро ҷоиз аст, ки дар набудани роҳи дигар зери ҳимояти ғайримусалмон қарор гирад, баробар аст, ки он шахс аз аҳли китоб (монанди Наҷҷошӣ, ки дар он замон насронӣ буд ва сипас мусалмон шуд) ва ё аз аҳли ширк бошад, монанди онон, ки мусалмононро пас аз бозгашти Ҳабаша ба сӯи Макка зери ҳимояти худ қарор дода буданд. Аз ҷумла, Абӯтолиб амаки Паёмбар (с) ва Мутъим ибни Удай, ки Паёмбар (с) пас аз бозгашташ дар Макка зери ҳимояти ӯ қарор гирифта буд. (8)

 Албатта пазируфтани ҳимоят дар сурате муносиб аст, ки зарар ва ё тағйире дар аҳкоми дин эҷод накунад ва ё дар ҳолати поймол намудани баъзе аз муҳаррамот хомӯширо ихтиёр нанамояд, зеро дар чунин ҳолат мусалмонро ҷоиз нест то чунин ҳимоятро бипазирад. Чунончи Абӯтолиб аз Паёмбар (с) хост, то аз он чӣ, ки ӯро тавоноӣ нест, даст бикашад ва худоёни мушриконро ба бадӣ ёд накунад. Паёмбар (с) аз ҳимояти амакаш берун шуд ва напазируфт, ки хомӯш бимонад ва даст аз таблиғи ҳақ бардорад. (9)

 7. Ҳабашаро сарзамин ҳиҷрат ихтиёр намудани Паёмбар (с) ишорат ба макони муҳимме дорад, ки ин интихоб дар партави шинохти Паёмбари Худо (с) аз давлатҳо ва манотиқи перомунаш сурат гирифта буд. Ӯ (с) аз вазъи ҳоким бар кишварҳои ҳамсоя огоҳӣ дошт ва шароити ҳоким бар онҳоро аз равобити хубу бад ва ситамгару додгар буданашон медонист ва ин шинохт ӯро кӯмак мекард то ҷои амне барои ҳиҷрати саҳобагонаш ихтиёр намояд. Пас, ҳар як роҳбару хидматчии дини ҳақро мебояд аз он чӣ, ки дар атроф ва перомуни вай мегузарад ва аз аҳвол ва авзои миллатҳо ва ҳукуматҳо огоҳ бошад.

 8. Ҳиҷрати дастаи аввали аз муъминон ба сӯи Ҳабаша ба таври пинҳонӣ сурат гирифта буд, то мушрикони Қурайш аз ин моҷаро огоҳ нагарданд ва ба таъқиби онон даст назананд. Шумораи онҳо аз шонздаҳ нафар беш набуд ва ин миқдор нафар вақте як нафарӣ ва ё ду нафарӣ пинҳонӣ аз Макка берун меомаданд, таваҷҷӯҳи касеро ба худ ҷалб намекарданд ва аз тарафи дигар тез ҳаракат кардани чунин шумораи андак осон буд. Чун ҳар лаҳза эҳтимоли зери таъқиб қарор гирифтани онҳо вуҷуд дошт. Шояд пинҳонӣ сурат гирифтани ин ҳиҷрат боис шуд, ки Қурайш аз он беиттилоъ монд ва қурайшиён баъдан, ки аз моҷаро огоҳ гардиданд дар пайи таъқиб ва баргардонидани онҳо баромаданд, аммо муваффақ нашуданд. Ва хидматчиёни содиқи дин ва ҳаракатҳои даъватиро мебояд, ки ҷониби эҳтиётро муроот намоянд ва набояд душман аз ҳар ҳаракати онҳо огоҳ гардад, то битавонад ба ҳаракат ва даъват осебе бирасонад.  (10)

 9. Қурайш ҳаргиз намехост, ки муъминон ҳиҷрат намоянд ва эҳсос мекарданд, ки ин хатар дар оянда манофеи ононро таҳдид хоҳад кард, зеро мумкин буд бо афзоиши шумораи муҳоҷирон, онҳо ба нерӯи таҳдидкунандае табдил ёбанд. Бинобар ин мушрикон барои баргардонидани муҳоҷирон аз тамоми васоил истифода менамуданд ва мекӯшиданд ин мавқеияти ҷадидро аз дасти онҳо бигиранд. Чунончи расонидани ҳадяҳо ва дилгарм сохтани наздикони дарбор аз ҷумлаи ин барномаҳо буд. Дар асри ҳозир муъминон ниёз доранд, то дар садади шиносоии душман ва барномаҳои онҳо бароянд ва омодагии комилро барои муқобила бо иқдомот ва нақшаҳои фиребкоронаи онҳо дошта бошанд. (11)

 10. Агарчӣ Қурайш нақша ва барномаи комилеро барои бозгардонидани муҳоҷирон рӯи кор гирифтанд, вале шикаст хӯрданд, зеро Наҷҷошӣ, ки мусалмононро паноҳ дода буд напазируфт то бидуни таҳқиқ онҳоро таслим намояд. Ба ин сурат барои муҳоҷирон фурсате фароҳам шуд то қазия ва оини худро пешкаш намоянд.

 11. Вақте фиристодаи Наҷҷошӣ назди муҳоҷирон омад ва аз онҳо хост, ки ба назди Наҷҷошӣ ҳозир шаванд, муҳоҷирон миёни худ ҷамъ омаданд ва бо ҳам машварат намуда, ба баррасии вазъият пардохтанд. Ба ин сурат кори мусалмонон бо машварат анҷом гирифт ва ҳар амре, ки аз роҳи машварат сурат бигирад эҳтимоли муваффақияти он бештар мегардад, зеро шӯро шӯридаи ақлҳо ва андешаҳои зиёде аст. Дар поён онҳо ба ин иттифоқ намуданд, ки исломро он гуна, ки Паёмбари Худо (с)  овардааст, арз намоянд ва натиҷа ба ҳар ҳоле, ки мехоҳад бошад ва тасмим гирифтанд исломро қотеъона ва ошкор пешкаш намоянд, агарчи ин кор ба нобудии онҳо бианҷомад. (12)

 12. Паёмбари Худо (с)  бар авзои дохилӣ тассалути комил дошт. Аз ин рӯ Ҷаъфар ибни Абӯтолибро амир ва роҳбари мусалмонон дар ҳиҷрат интихоб намуд ва муҳоҷирон низ ӯро сухангӯи худ дар назди подшоҳ ихтиёр намуданд, то ба пурсишҳои Наҷҷошӣ посух бигӯяд ва дар баробари макру ҳилаҳои марди тезҳуш ва зираки араб Амр ибни Ос муқобила кунад. Ҷаъфар ибни Абӯтолиб аз хусусиёти хосе бархурдор буд. Аз ҷумла, ин ки Ҷаъфар наздиктарин шахс аз рӯи насаб ба Паёмбари Худо (с)  буд ва бо Паёмбари Худо (с)  аз зери як бом берун омада буданд ва дар шинохти сарвари олам миёни муҳоҷирон ӯро бартарӣ буд ва танҳо ӯ мебоист дар ҳузури Наҷҷошӣ бо балоғат ва шевоӣ сухан мегуфт. Ҷаъфар аз сулолаи бани Ҳошим буд, ки Худо Ҳошимро аз Кинона ва Паёмбар (с)-ро аз бани Ҳошим баргузида буд. Бани Ҳошим дар миёни қабилаҳои Қурайш аз назари насаб маъруф буд. Онҳо дорои фасоҳати забон ва насаби олӣ буданд. Ҷаъфар, ки писарамаки Паёмбари Худо (с)  буд, шинохти бештар нисбат ба Паёмбари Худо (с)  дошт ва ҳамин чиз сабаб гардид Наҷҷошӣ бештар ба ӯ эътимод ва итминон кунад. (13)

 Ҷаъфар ибни Абӯтолиб аз рӯи ахлоқ ва офариниш ба Паёмбари Худо (с)  шабеҳ буд, ки Паёмбари Худо (с)  ба ӯ мегуфт: «Ту аз рӯи офариниш ва ахлоқ ба ман шабоҳат дорӣ.» (14)

 Пас, ин намояндаи ислом, ки дар баробари Наҷҷошӣ қарор гирифта буд, барои ҳамаи намояндагон ва сафирони мусалмон, ба хотири фасоҳату хушрафторӣ, сабру ҳикмат, ғайрату ҷасорат, мазҳари ҷаззоб ва ҳикмату зиракӣ пешво қарор гирифт. (15)

 13. Амр ибни Ос, ки он замон ҳанӯз ислом напазируфта буд, бо макру ҳушёриаш ба Худо ва Паёмбараш душманӣ менамуд. Ӯ қабл аз омадани Ҷаъфар ба назди Наҷҷошӣ аз ҳама макру ҳилаи медонистагиаш истифода бурда, ӯро аз чӣ гунагии вазъи Макка огоҳ намуд ва ҳушдор дод, ки даъвати мусалмонон ва пайравони Муҳаммад (с)  онҷоро фасод намудаанд ва дар зимн ӯ худро сафири Макка ва намояндаи онҳо ба назди Наҷҷошӣ муаррифӣ кард. Инчунин ба Наҷҷошӣ гӯшзад кард, ки агар муҳаббат ва дӯстии Қурайш бо Наҷҷошӣ намебуд, онҳо ранҷу хастагии ин сафарро таҳаммул намекарданд ва афзуд: «Шумо дӯсти воқеии мо ҳастед, рафтори шумо бо мо ба хубӣ ва меҳрубонӣ аст ва бозаргонони мо назди шумо аз амният бархурдор ҳастанд». Пас, кам аз кам дар муқобили хубӣ хубӣ бояд кард. Камоли ҳусни ҳамҷаворӣ ва иртиботи Макка ва Ҳабаша инро металабид, ки бояд подшоҳро аз ин фитнаи ҷадид барҳазар дошт ва хатарноктарин кори  мусалмонон ин аст, ки инҳо бар зидди ақидаи Наҷҷошӣ бархоста ва ба он куфр варзидаанд, зеро онҳо гувоҳӣ намедиҳанд, ки Исо (а) писари Худо аст, онҳо на бар дини қавми худ боқӣ мондаанд ва на дини туро пазируфтаанд, онҳо касоне ҳастанд, ки танҳо фитна эҷод мекунанд, шуморо пасту ночиз мешуморанд, ба далели инки ин даста агарчи ба сарзамини ту паноҳ бурдаанд ва ту ононро ҷой дода сарпаноҳе гаштаӣ, бо ин ҳама назди ту саҷда карданро раво намедоранд, пас чӣ гуна онҳоро назди худ ҷой медиҳӣ? Акнун Ҷаъфарро мебоист то ба ҳама ин иттиҳомоти ботиле, ки сафири Қурайш, Амр ибни Ос бар онҳо бастааст, посухе пайдо намояд. (16)

 14. Рад ва посухи Ҷаъфар бар пурсишҳои Наҷҷошӣ дар баландтарин нуқтаи ҳушёрӣ ва маҳорати сиёсӣ қарор гирифта буд, ки чунин аст:

 Айб ва камбудиҳои даврони ҷоҳилиятро шумурд ва онро он гуна арз намуд, ки шунавандаро аз он нафрат бармеояд ва мақсад аз он ташвиҳ ва бад сохтани Қурайш назди подшоҳ буд ва аз сифатҳои зиште ёдовар гардид, ки ба ғайр аз тариқи нубувват бо дигар роҳ онҳо аз миён намераванд.

 Арз намудани шахсияти Паёмбари Худо (с), ки чӣ гуна ӯ (с), ки соҳиби насаби пок, амонату садоқат, иффату покист, миёни муҷтамаи дур аз Худо ва пур аз разоил ҷойгир шуда, ки чунин ҷомеаро ғайр аз рисолати илоҳӣ чизи дигаре пок намесозад.

 Ҷаъфар (р), некӣ ва ахлоқиёти исломиро, ки ҳамонанди ахлоқиёти даъвати анбиёи гузаштаанд, аз қабили: решакан кардани бутпарастӣ ва пайравӣ аз ростгӯӣ, амонатдорӣ ва пайвастани силаи раҳм ва муомилаи ҳамсоядорӣ, даст кашидан аз маҳорим ва хунрезӣ ва намоз гузоридану рӯза доштан аст, иброз намуд. Чун  Наҷҷошӣ ва ҳамнишинонаш аз ойини масеҳият иттилои комил доштанд, аз суханони Ҷаъфар пай бурданд, ки ҳама он чизҳоеро, ки Ҷаъфар зикр намуд, аз рисолати паёмбарон ҳаст, ки Мусо (а) ва Исо (а) низ ба он фиристода шудаанд.

 Ҷаъфар (р) душмании Қурайшро нисбати мусалмонон ба сабаби имонашон ба Худои ягона ва раҳо кардани бутпарастӣ ва имон ба он чӣ, ки бар Муҳаммад (с)  нозил шудааст баён намуд ва инчунин ороста гардидани занони мусалмонро ба ахлоқ ва кирдори нек дар назди Наҷҷошӣ ёдовар шуд.

 Наҷҷоширо накӯ хонд ва иброз дошт, ки назди ӯ касе ситам намешавад ва ӯ касест, ки адлро миёни қавмаш ҷорӣ намудааст.

 Ҷаъфар (р) иброз намуд, ки муъминон Наҷҷоширо аз дигарон бартар шумурда, аз ситами Қурайш фирор намуда, ба ӯ паноҳ овардаанд. Ва ба ҳамин роҳ Ҷаъфар (р) марди тезҳуши араб Амр ибни Осро шикаст дод ва бар ақлу андешаи Наҷҷошӣ ва ҳамнишинонаш таъсири бузурге гузошт.

 Вақте Наҷҷошӣ хост аз он чӣ, ки бар Муҳаммад (с)  нозил шудааст тиловат намояд, Ҷаъфар аз сураи «Марям» тиловат намуд. Наҷҷошӣ ва мушовирону коргузорони масеҳияш ҳама аз шунидани оятҳои Қуръон мутаассир гашта, ашк аз чашмонашон сарозер шуд, ки аз сабаби он ришу китобҳояшон тар шуд. Сураи «Марям»-ро ихтиёр намудани Ҷаъфар далолат бар тезҳушӣ ва ҳикматшиносии ӯ мекунад, ки ин сура аз Марям ва писараш Исо (а) ҳикоят мекунад.(17)

 Посухи Ҷаъфар (р) дар мавриди қазияи Исо (а) баёнгари ҳикматшиносӣ ва ҳушёрии камназири ӯ буд. Ӯ дар посух гуфт: «Мо Исо (а)-ро Худо намедонем ва на инки монанди дурӯғгӯён дар покдомании Марям рахна бизанем, балки Исо (а) калиматуллоҳ аст ва рӯҳаш бар Марями дӯшизаи пок илқо шудааст».

 Ва Ҷаъфар (р) баён намуд, ки мусалмонон дорои эътиқодеанд, ки ба ғайри Худои ягона касеро саҷда намекунанд ва аз ҳамин рӯ бар Наҷҷошӣ ҳеҷ гоҳ саҷда нахоҳанд кард ва ҳеҷ гоҳ касеро ба Худо баробар нахоҳанд хонд. Аммо подшоҳро низ кам нахоҳанд шумурд, балки ӯро мавриди эҳтиром хоҳанд гирифт ва чунончи бар Паёмбарашон салом мекунанд, ҳамон гуна салом хоҳанд намуд. Наҷҷошӣ росткории ононро тасдиқ намуд ва яқин донист, ки онҳо ростгӯёнанд ва тасмим гирифт то дар хидмати Паёмбари Худо (с)  бошад, паёмбаре, ки фариштае назди ӯ меояд, ҳамонанди фариштае, ки назди Мусо меомад ва тасмим гирифт, то бо ҳимояти ёрони Паёмбари Худо (с)  худро ба Худо наздик намояд. Бинобар ин, ба Амр ибни Ос гуфт: «Тиҷорат ва моли Қурайш ва қатъи алоқа миёни онон ӯро ҳеҷ зараре нахоҳад бахшид».

 15. Қурайш дар ин ҷабҳаи сиёсию маънавӣ ва таблиғотӣ дар баробари муқовимат бо мусалмонон бо нақшаҳои пешгирифтаи худ шикаст хурд.

 16. Мавқифи Ҷаъфар ва ёронаш мисдоқи ин фармудаи Паёмбари Худо (с)  аст, ки фармудааст: «Ҳар кас бо нохушнуд кардани мардум, ризомандии Худоро биҷӯяд, Худованд аз ӯ розӣ мегардад ва ҳар кас бо нохушнуд кардани Худо ризомандии мардумро биҷӯяд, Худованд ӯро ба мардум месупорад.» (18)

Бинобар ин, муҳоҷирон дар сарзамини Ҳабаша дар садади хушнудии Худованд буданд. Бо ин ки аз зоҳири амр чунин мерасид, ки масеҳиён аз суханони онҳо норозӣ шаванд, аммо натиҷа ин шуд, ки Худованд қалби подшоҳи ин сарзаминро барои онҳо мусаххар намуд, то ин ки ӯ сухани ҳақро, ки бо даъвати Паёмбар (с)  мувофиқ буд, ба забон овард. (19)

 17. Бархе аз насоро имони дуруст бар дини худро даруни сина пинҳон медоштанд, зеро саёдат ва роҳбарият зери дастони касоне буд, ки дар дини мунҳарифшуда фурӯ рафта буданд. Ва аз ҷумлаи онон, ки эътиқоди дуруст даруни сина дошт ва танҳо барои мадоро бо қавми худ ва пойдорӣ бар мулкаш эътиқоди худро пинҳон менамуд Наҷошии одил буд. Аммо вақте дар ин озмоиш қарор гирифт имонашро ошкор кард то Парвардигорашро розӣ кунад ва виҷдонашро роҳат бахшад ва аз муъминон пуштибонӣ намояд. Наҷҷошӣ бо гирифтани чунин мавқиф номи худро дар радифи родмардони бузурги таърих гузошт.

18. Ва дигаре аз пандҳои ба даст омадаи аз ҳиҷрат ба сарзамини Ҳабаша ин аст, ки пардохтан ба масоиле, ки нисбат ба бархе аз аҳкоми ислом дар авлавият қарор дорад, муҳимтар аст. Донишманде аз олами ислом мегӯяд: «Пас аз ҳиҷрат ба Мадина ба намози ҳазар (ва қасди иқомат карда шуда) афзуда шуд ва афроде, ки аз Паёмбари Худо (с)  дур буданд, монанди касоне, ки дар Макка ё дар сарзамини Ҳабаша буданд, ҳоло ҳам ду ракъат мехонданд ва пас аз ин ки огоҳӣ пайдо карданд Паёмбари Худо (с)  онҳоро нафармуд, ки намозҳои ду ракъатӣ гузоридаашонро иода кунанд».(20)

Заҳабӣ мегӯяд: «Гуноҳе вуҷуд надорад, магар пас аз донистан ва қиёми ҳуҷҷат, саҳобагон ва ёрони Паёмбари Худо (с), ки ба Ҳабаша ҳиҷрат карда буданд, оятҳое, ки дар мавриди ҳаром будани бархе аз масоил нозил мегардид, пас аз чанд моҳ ба онон мерасид. Бинобар ин онҳо дар ин умур ба иллати огоҳ нагардиданашон аз дастуроти ҷадид маъзур шумурда мешуданд, то инки нас (ҳукми Қуръон) ба онҳо мерасид.» (21)

 19. Дигаре аз дарсҳои ҳиҷрати ба Ҳабаша ин аст, ки ҳар ҷиҳод бар ҳасби ниёз аз дигаре дорои бартарӣ аст. Бинобар ин, агар ҳиҷрат ба Мадина ҷиҳоде буд, ки Худованд фазилати муҳоҷирони Мадинаро зикр намудааст, пас ҳамон фазилатро соҳибони ҳиҷрат ба сӯи Ҳабаша низ дарёфтаанд, агарчи пайвастани онҳо бо Паёмбари Худо (с)  дер воқеъ шуд ва то фатҳи Хайбар натавонистанд ба ӯ (с)  бипайванданд, зеро ӯ (с)  худ дастур дода буд то муҳоҷироне, ки дубора ба сарзамини Ҳабаша ҳиҷрат карда буданд ҳамон ҷо бимонанд.

 

Аз Абӯмӯсои Ашъарӣ омадааст, ки гуфт: Асмоа бинти Умайс назди Ҳафса бинти Умар, ҳамсари Паёмбар (с)  ба қасди дидор ворид шуд. Умар (р), ки назди Ҳафса омад, Асмоаро дид ва пурсид: «Ин кист?». Ҳафса гуфт: «Ин Асмоа бинти Умайс аст». Умар (р) гуфт: «Оли Ҳабашӣ ҳамин аст? Ҳамин аст, ки аз роҳи баҳрӣ омада аст?». Асмоа гуфт: «Бале». Умар (р) гуфт: «Мо дар ҳиҷрат бар шумо сабқат кардаем ва мо ба Паёмбари Худо (с)  наздиктар ва сазовортарем». Асмоа дар ғазаб омада гуфт: «Савганд ба Худо, ки чунин нест! Шумо назди Паёмбари Худо (с)  будед, ба гуруснаатон таом мерасид ва нодонатон панд мегирифт ва мо ба хотири Худо ва Паёмбараш дар сарзамини дурдасту ғурбат, дар Ҳабаша будем. Савганд ба Худо чизе нахоҳам хӯрд ва чизе нахоҳам нӯшид, то он ки Паёмбари Худо (с) -ро аз он чӣ, ки гуфтӣ огоҳ насозам. Мо зери тарсу азият қарор доштем. Савганд ба Худо, чизеро каму беш накарда, аз Паёмбари Худо (с)  савол хоҳам кард». Вақте ба назди Паёмбари Худо (с)  омад, гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с)! Умар чунин суханоне гуфт». Паёмбари Худо (с)  гуфт: «Пас, ту чӣ гуфтӣ Асмоа гуфт: «Ман ба ӯ чунину чунон гуфтам». Паёмбари Худо (с)  гуфт: «Ӯ нисбат аз шумо ба ман наздиктар ва сазовортар нест, ӯ ва ёронаш як бор ҳиҷрат кардаанд, вале шумо аҳли киштӣ ду бор ҳиҷрат кардаед.»

Асмоа мегӯяд: «Абӯмусо ва соҳибони киштиро медидам, ки даста-даста ба назди ман омада, аз ин ҳадис савол мекарданд ва чизе дар дунё барои онҳо хушкунанда ва бузургтар аз он чӣ, ки Паёмбари Худо (с)  барои соҳибони киштӣ гуфтааст, набуд». (22)

 20. Ислом овардани Амр ибни Ос аз сарзамини Ҳабаша оғоз шуд ва бе шубҳа ин аз осори ҳиҷрати ба Ҳабаша ба шумор меравад ва баёнгари дастовардҳои даъват аст, ки муҳоҷирон дар вақти иқоматашон дар он сарзамин ба таҳқиқ расонида буданд. Бештари ривоёт бар онанд, ки Амр ибни Ос ба дасти Наҷҷошӣ мусалмон шудааст. Ба қавли Ибни Касир ин машҳуртарин ривоят аст. (23) Рӯзқонӣ мегӯяд: «Чӣ латифу зебост, ки исломи саҳобӣ ба дасти тобеъӣ (яъне Наҷҷошӣ) ба даст омадааст». (24) Бархе гуфтаанд: «ислом овардрни Амр ба дасти Ҷаъфар будааст».

 21. Издивоҷи Паёмбари Худо (с)  бо Умми Ҳабиба иртиботи ногусустание бо ҳиҷрати Ҳабаша дорад ва издивоҷи ӯ бо яке аз занони пойдори муҳоҷир, маъно ва мафҳуми бузурге дар бар дорад. Умми Ҳабиба дар сарзамини Ҳабаша буд, ки ба ақди Паёмбари Худо (с) даромад ва ин қисса дар китобҳои ҳадис зикр гардидааст. Дар «Сунан»-и Абӯдовуд аз Умми Ҳабиба бо санади саҳеҳ омадааст, ки ӯ ҳамсари Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш буд, аммо вақте Убайдуллоҳ дар он сарзамин вафот кард, Наҷҷошӣ Умми Ҳабибаро ба ақди Паёмбари Худо (с)  даровард ва ба ӯ чаҳор ҳазор маҳрия дод ва ӯро ҳамроҳи Шураҳбил ибни Ҳасан ба назди Паёмбар (с)  фиристод. (25)

 Он чӣ, ки аз ин ҳодисаи бузург ба даст меояд ба ин натиҷа мерасем, ки Паёмбари Худо (с)  аз аҳвол ва авзои муҳоҷирон пайгирӣ мекард ва дар ғамашон шарик буд ва ононро ташвиқ мекард. Умми Ҳабиба аввалин ва танҳо зани муҳоҷире набуд, ки ӯ (с)  ба ӯ таваҷҷӯҳ дошт ва дар мусибаташ бо ӯ ҳамдардӣ кард, балки қабл аз он бо Савда (р) чунин карда буд. Вақте Савда (р) бо ҳамсараш Сакрон ибни Амр аз Ҳабаша ба Макка баргашт, Амр вафот кард. Чун Савда (р) иддааш тамом шуд, Паёмбари Худо (с)  касеро назди ӯ фиристод ва аз ӯ хостгорӣ кард. Савда (р) гуфт: «Амри ман ба дасти шумост, эй Паёмбари Худо (с)!». Паёмбари Худо (с)  фармуд: «Мардеро аз қавми худ барқарор намо, то валӣ дар зивоҷи ту гардад. Савда (р) Ҳотиб ибни Амр ибни Абдушамс ибни Абдувудро вакили худ қарор дод ва тавассути ӯ ба ақди Паёмбари Худо (с)  даромад. Савда (с)  аввалин зане буд, ки Паёмбари Худо (с)  пас аз Хадиҷа (р) бо ӯ издивоҷ намуд. (26)

 Ва ин ду ҳодисаи бузург ишорат бар он дорад, ки Паёмбари Худо (с)  эҳтимоми бузурге ба занони муъмин доштанд ва ин наздиктар аз он аст, ки бархе мегӯянд: «Паёмбари Худо (с)  ҳадаф аз издивоҷ намуданаш бо Умми Ҳабиба ин буд, ки аз душмании Бани Умая ва хусусан аз роҳбари онон Абӯсуфён, ки падари Умми Ҳабиба буд тахфиф намояд. (27)

 Паёмбари Худо (с)  барои ҳидоят ёфтани қавмаш алоқаманд буд ва мекӯшид аз ҳар василае, ки тазоде бо арзишҳои исломӣ надошта бошад, барои ҷалби онҳо ва мутаваҷҷеҳ сохтанашон ба ислом, истифода намояд.

 22. Баъзе аз пажӯҳишгарон бар онанд, ки Паёмбари Худо (с)  худ намехост, ки ба сарзамини Ҳабаша ҳиҷрат намояд ва барои ин гуфтаашон далелҳое баён кардаанд, ки чунин аст:

  Чунончи Паёмбари Худо (с)  дар хоб (зикри он баён хоҳад шуд) сарзамини ҳиҷрати худро дида буд, ки сарзамине аст, ки дорои дарахтони хурмо ва дар байни ду дашти сӯхта қарор дорад ва ӯ (с) гумон мекард, ки сарзамини Ҳаҷр (Иҳсо) бошад.

  Агарчи подшоҳи Ҳабаша бартар аз дигар подшоҳони олам буд, аммо вазъияти ҷуғрофиёӣ он тавре буд, ки интишори даъват ва густариши ҳокимияти онро бар ҷаҳон, дучори мушкил мекард.

  Интихоби ҷазираи Араб ва хусусан Макка ва пас аз он Мадина барои нузули ваҳй ва интишори даъвати дин аз рӯи иттифоқ набуд, балки ба хотири бархурдорӣ аз вижагиҳои зиёде интихоб шуда буд. (28)

  Ва дигар инки мардуми Ҳабаша намегузоштанд ин дин, ки дар он сарзамин ворид гаштааст, дар канори масеҳият рушд кунад. Инчунин румиҳо, ки бар масеҳияти ҷаҳон фармонравоӣ мекарданд, чунин иҷозае ба ҳабашиҳо намедоданд. (29)

 23. Ҳиҷрат ба сарзамини Ҳабаша ҷойгоҳ ва маконати Қурайшро назди дигар арабҳо кам намуд, зеро арабҳо ба паноҳ додани шахси бегона ва ноошно ва гиромидошти ҳамсоя ва паноҳанда ифтихор мекарданд ва дар ин кор бо якдигар рақобат менамуданд ва хилофи он амал карданро ба худ ору нанг медонистанд, аммо бо ҳиҷрати мусалмонон ба Ҳабаша ин нукта исбот гардид, ки дар ин замина ҳабашиҳо бар Қурайш сабқат намудаанд. Зеро онон шарофатмандон ва ғарибу нотавононеро, ки Қурайш бо онон бадрафторӣ намуда берун ронда буд, паноҳгоҳ муҳайё кард ва аз онон пуштибонӣ намуд. (30)

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Маъхазиҳои истифодашуда:

  1. Бухорӣ, 1245. Муслим, 951\62, 63.
  2. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 309.
  3. Бухорӣ, 3877.
  4. Азвоу ъала-л-ҳиҷрат, Тавфиқ Муҳаммад Сабъ, саҳ. 427.
  5. Тарбияту-л-қиёдия, Ғазбон, 1\333.
  6. Тафсири Табарӣ, 11\6 ва Тафсири Ибни Касир, 2\331.
  7. Равзу-л-анф, Суҳайлӣ, 2\92. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 312.
  8. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 316.
  9. Фиқҳу-с-сират, Бутӣ, саҳ. 126. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 317.
  10. Сирату-н-набавияту қироатун лиҷавониби-л-ҳазари ва-л-ҳимоя, саҳ. 101.
  11. Ат-тарбияту-л-қиёдия, ҷ. 1, саҳ. 317.
  12. Таъриху-л-исломӣ, Ҳамидӣ, 2\92.
  13. Тарбияту-л-қиёдия, 1\335.
  14. Бухорӣ, 2699, Тирмизӣ, 3765.
  15. Суфароу-н-Набӣ, Маҳмуд Хаттоб, 2\252 то 317.
  16. Тарбияту-л-қиёдия, 1\319, 340.
  17. Сирату-н-набавияту қироатун ли ҷавониби-л-ҳазари ва-л-ҳимоя, саҳ. 106.
  18. Тирмизӣ, 2414. Ибни Ҳаббон 276.
  19. Таърихи исломӣ, Ҳамидӣ, 2\105.
  20. Фатовӣ, 22\43.
  21. Кабоир, саҳ. 12.
  22. Бухорӣ, 4230. Муслим, 2502, 2503.
  23. Ҳиҷрату-л-уло фи-л-Ислом, саҳ. 167.
  24. Шарҳу-л-мавоҳиб, 1\271.
  25. Абӯдовуд, 2107.
  26. Табақот, 8\3.
  27. Сирату-н-набавияту фӣ завъи масодири-л-аслия, Маҳдӣ Ризқуллоҳ, саҳ. 706, 707.
  28. Ғурабоу-л-аввалун, саҳ. 169, 170.
  29. Азвоу ъала-л-ҳиҷрат, саҳ. 156 то 161. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 320.
  30. Ғурабоу-л-аввалун, саҳ. 170, 171.

 

 

 

 

Share This Article