Идеологияи ҳукумати Тоҷикистон чӣ бошад?

Ислоҳ нет

Идеологияи ҳукумати Тоҷикистон чӣ бошад?

Ҳар ҳукумате дар олам аз қадим,то ба имрӯз барои худ як идеологяе дорад.Масалан ҳукуматҳои аврупои идеологяашон дини Насоро ё масеҳият буд.Калисо дар он мақоми хосси худро дошту подшоҳ ё ҳоким аз он пайрвӣ менамуд.Мардуми он кишварҳоҳам ба он пойбанд буданд,то ба имрӯзҳо ин равиш идома дорад.Мардуми форс нахуст оташпараст буданд ва ойни Зардуштро аз ҳокимонаш,то мардуми одди пайравӣ менамуданд.Вақте ислом омад ва он ҳама муваҳҳид гаштанд ва пайрави аз дини якто парастӣ Исломи азиз намуданд.Мардуми шибҳҷазираи Ҳинд пайрави беш аз ҳазор дин буданд ва,то ба имрӯз бо он динҳои ботили худ ҳастанд магар онҳоеки дини исломро пазируфтанду мусалмон шуданд.Муҳим ҳукумати Ҳиндустон пайрави дини хоси худ,ки аксарият ба он муътақиданд амал менамоянд.Агарчӣ ба динҳои ақаллияти дигар эҳтиром мегузоранд аммо дин ва идеологяашон муъаян аст.
Дар асри бист ҳукумати болшевики ё комунисти кишварҳои моро истило намуд.Мардуми минтақаи моро,ки ҳама мусалмон буданд бо ҳар роҳу равишҳои гуногӯн мисли қатл,тройка,виселка ва таҳдиду фишор ин ақида ё идеоогияи бе Худоиро мунташир сохт.Низоми давлатдориашро зери ин ғояҳои ба мо бегона таҳмил ва таҳти як низоми пурқуввати полиси беш аз ҳафтодсол ҳукумат намуд. Миллати тоҷик ва мардумони ин минтақа ба замми ин ҳама фишор,таъқиб,бадарға,зиндоншуданҳо дини исломро раҳо накард ва ба ин динаш содиқ ва мутамассик боқи монд.

Тибқи як омореки як нависандаи яҳуди навиштааст чунин менигорад. “Русҳо дар осиёи миёна танҳо қишри босавод ва руҳони ва уламои ин минтақаро бо дасти навкаронашон. Дурустараш онҳоеки аз тарафи ҳукумати Шуравӣ ба вазифаҳои раиси кунанда таъин ё гумошта шудаанд қарибки ба кулли куштанд,бадарға,зиндони ,хоини миллат эълон намуданд ё ба ҷанги дуввуми ҷаҳони фиристоданду дигар барнагаштанд. Ин ҳама бо амру фармони НКВД Русҳо иҷро мешуд,то касе дар муқобили русҳо натавонад мардумро басиҷ ва ба мубориза даъват намояду ба набарди муқаддас фаро хонад.Ҳамеша барои ҳар мутаҷовиз қишри босаводи он минтақа хатарзо буда барои пурра ҳар кишвареро мехоҳанд зери тасарруфи худ дошта бошанд.Нахуст олимон,руҳониён, мутафаккирон, сармоядоронашро пурра бидуни истисно нобуд, сипас мешавад оромона бар мардуми одди ҳукумат намуд.Русҳо айнан чунин карданд ва беш аз 70 сол ҳукумат карданд” Сабаби нақли қавл аз ин олими яҳуди дар он буд,ки нагӯянд ин сухани кадом муллое ё арабе буд.

Худоро сипос гузорам Ҳукумати Мустабид ва бе Худои рус бо ин идеологяи пусидаи Марксизму Ленинизмашон ноком гашта кишварҳои моро шармандавор тарк намуда ба ватанҳои худ баргаштанд.Ин як чизи табиъи ва оқибати ҳар истилогару мутаҷовизе ҳаст,ки ба ҳар кишваре ба қасди кишвар кушои ва ғорату тороҷи он мамлакат ворид мегардад.

Аммо пас аз худ дар кишварҳои мо ин Русский медведҳо ба осони ва бе ҳадаф кишвари моро тарк накарданд. Ашхосеро,ки дар тарбияи идеологяӣ пусидаи бе Худои КПСС ,ВЛКСМ, тарбият ёфта буданд ҷоигузини худ намуданд.Албатта онҳо тоҷикзодагонанд вале афсус,ки тоҷики мусалмон дар наздашон хело бад ва дар симои тоҷики мусалмон ҳама чизро мушоҳида менамоянд.Терорист,экстримист ва ҳама кодекси ҷиноятии кишварро дар ӯ мебинанд.Дини исломро аз русҳо карда ин боқимондагони русҳо аз онҳо карда бад мебинанду,то имрӯз исломро дини арабҳо ва ё дини ақибмонда меҳисобанд барои миллат қалаамдод менамоянд.Агар ислом аз ин миллат бегона мебуд ҳатман пас аз онки арабҳо хориҷ шуданд тоҷик дубора ба дини оташпарасти бар мегашт. Мислеки русҳо аз кишвар хориҷ шуданд ақида ва ҳизбу идеологяи бе Худоияшон бо худашон не ҳатто қабл аз хориҷ шуданашон тоҷикистони моро тарк намуда буд. Тоҷикро ҳаргиз аз ислом дур карда ва ҳатто тасаввур карда намешавад.Вақте русҳо натавонистанд бо он қудрату иқтидорашон бар алайҳи ин дин мубориза баранду ин динро ба кулли аз минтақа маҳв намоянд.Пас мубориза бурдани боқи мондагони русҳо бо ин дин як ҳамоқати ошкор ва вожгунсохтани тахти қудрат ва арши ҳукматашон мебошад.

Пас бояд ҳар ҳукумат ва низоме дар ҳар кишваре ҳукумат менамояд хуб дарк намояд,ки бо эътиқод ва дину идеологяи он мардумеки бар онҳо ҳукумат менамоянд мубориза набаранд.Агарчӣ ҳимоят кунандааш абарқудрати бегонаеҳам бошад.Чун ҳимоят кунандаи ин дин Холиқи башарият ва маҳв созандаи ҳар абарқудрату бозӯманде мебошад.

Ин саволро мехоҳам дар охир аз шумо бипурсам.
Ҳукумати имрӯзии мо чӣ идеологияе дорад?

Бо сароҳат ислом ҳамчун идеалогияи ҳукумат нест.Агар мебуд ҳаргиз чунин мавонеъе барои ин дин ва пайравонаш,ки беш аз 97% кишварро ташкил мекунанд эҷод намекарданд.Ҳатто ин рӯзҳо ба олимону кормандони муасисаҳои илмии кишвар амр шудааст,ки мақолаҳо нависанд,ки дар тоҷикистон ислом хело нуфузаш кам гашта ва ҳатто пайравони ин дин камтар аз 90% и кишварро ташкил мекунанд.Ин хобатонро ба об гӯед ва ислом мисли пештар дар аъмоқи вуҷуди ҳар фарди ин миллат маъво гирифтааст.Дидгоҳи худро ҳаргиз бар ҷомеъа ва миллати мусалмони тоҷик таҳмил накунед ва худро бештар расво накунед.

Пас идеологяи имрӯзаи кишварро мехоҳед мисли даврони шуравӣ Ленинизм Сталинизм буд. Ҳоло мехоҳед онро иваз Барои Пешвои Миллат, Барои Ҷаноби Олӣ, ё амсоли инҳо иваз ва ҷойгузин намоед?

Ислом дини охирони Аллоҳ дар замин аст ҳама ончӣ мехоҳад худро ҷойгузини ин дин намояд ба зудиҳои зуд маҳв мегарданд.Ҳолоҳам дер нашудааст Статус ҷойгоҳи исломро чунонеки ҳаст дубора бар гардонед ватану кишварро аз ин ботлоқи бе диниеки мехоҳед идома пайдо кунад бираҳонед. Ҳеҷ тоҷик барои номи шахсе, фарде, қаҳрамоне, асосгузори сулҳе,раисҷумҳури якумрае намехоҳад ҷони худро фидо намояд. Зеро дар ивазаш чизе мақоме,ҷойгоҳе ӯро интизор нест. Аммо ҳама ин миллат худро барои Аллоҳаш, динаш, паёмбараш, ақидааш,имонаш,ҳифзи сарҳадоти ватанаш аз муҳоҷими бегонаи бе дине омодааст фидо намояд.Сабаб барои ин ҷонфидои ҷойгоҳу, мақоми волое,ки Аллоҳ барояшон ваъда намудааст интизор аст.Аллоҳ ҳаргиз ваъдаашро тағйир намедиҳад.

Share This Article