ҲИДОЯТ (қисса)

Аз фавти падар як сол сипарӣ шуд, зиндаҳои хонадон рӯзашонро мегузарониданд, аммо албатта мисли пешина қаҳ-қаҳа неву серу пур ҳам не. Чеҳраи Беҳрӯз ҳеҷ кушода намешуд. Баъзан пинҳонӣ либосҳои падарашро ёфта, бӯй мекашид ва зор-зор мегирист.

Нурияро касе чорфарзанддор намегуфт. Ҳарчанд ҳар чор писараш мактабхон буданд, хеле ҷавону шуху шаддод буд, ки парвои одаму олам надошт. Ҳавлиҳои деҳа дару девораи баланд надоранд, садои хандаи беғаши Нурия то чандин ҳавлии дигар танинандоз мегашт ва ин боис шуда буд, ки бисёриҳо ӯро дар деҳа лакаб гузошта буданд: Қаҳ-қаҳа.

Ин хандонпарӣ ғамгин бошад ҳам, чашмони хумориаш хандида меистоданд. Сода, беғубор ва бо ҳама баробар зуд забон ёфта, бо марду зани деҳа хӯш суҳбат меорост.  

 

Аммо,  маълум, ки деҳа, деҳа асту шаҳр нест. Барои нафароне, ки зиндагии дигаронро муҳокима кардан як одати маъмулист, ҳар як рафтори Нурия мавзӯъи муҳими рӯз буд. Ба такси савор шуданаш, бо ронанда гап заданаш, ҳатто дар рӯйи ҳавлии худаш дучарха (велосипед) ронданашро “мазза карда” ғайбат мекарданд. Яъне ҳар рӯз халтаи гуноҳони Нурияро афшонда, таксим карда мегирифтанд.

 

Писари калониаш Беҳрӯз зери қаноти падар даромада, дастёр шуда буд. Баъди синфи нуҳум мактабхониро бас карда, дар паҳлӯи падар кор мекардагӣ шуд. Шавҳари дӯстдори Нурия ба гапи мардум аҳамият намедод, то даме, ки дар базми арӯсии кадоме  аз ҳамдеҳагон рақси Нурия диққати ҳамагонро ҷалб намуд ва рашки шавҳарашро афзуд.
   

Як рӯз дар оила ҷанҷол шавад, чил руз баракат меравад. Ҷанҷоли зану шавҳар паёмади бад овард.  Субҳи рӯзи дигар мошини шавҳар вайрон шуд. Беҳрӯзро бедор карда, сари чанбарак шинонд, то калидро тоб диҳад ва падар пеши мошинро кушода, сабаби роҳ нарафтанашро пайдо кунад.

 

Хеле ҳаракат карданд, нохост оташаке ба зарфи пур аз бензин бархурд ва оташ мисли фаввора аланга  зад. Беҳрӯзи бо дасту пои ларзида, фавран аз мошин фаромад, бо ҳаросу фарёд либоси падарро кашид ва Нурия ҳамсояҳоро фарёд кард. Шавҳарашро ба беморхона бурданд. Як ҳафта табобат гирифт, ҷароҳати оташ шифо меёфт, аммо ҷароҳати қалби шавҳар таскин намеёфт. Беморхона беҳад хунук буд, ки бисёр он ҷо мондан хавфи шамолхурӣ ҳам дошт. Шояд аллакай шамол ҳам хӯрда буд, ки чуқур-чуқур  месулфид. Беморро бояд ба шуъбаи амрози дарунӣ мебурданд, вале розӣ нашуд. Ба хона оварданд, як ҳафтаи дигар зиндагӣ кард ва ниҳоят фавтид.

 

Аз фавти падар як сол сипарӣ шуд, зиндаҳои хонадон рӯзашонро мегузарониданд, аммо албатта мисли пешина қаҳ-қаҳа неву серу пур ҳам не. Чеҳраи Беҳрӯз ҳеҷ кушода намешуд. Баъзан пинҳонӣ либосҳои падарашро ёфта, бӯй мекашид ва зор-зор мегирист. Додараконаш беҳад шух буданд, рӯзона хаста шуда, шаб ором мехуфтанд. Беҳрӯз болои кат дароз кашида, ба хаёл фурӯ мерафт. Баъзан садои фиқ-фиқи гиряи модарашро  мешуниду худро ба нодонӣ мезад.

 

Як шаб хобаш набурд. Тобистони гарм буду барои обкушоӣ ба полезашон пул надоштанд, ҳосил бошад аз беобӣ талаф меёфт.  Фикри рӯзғор дар сари ҷавонаш ғам бор карда буд. Қарибиҳои субҳ камтарак хобаш бурда монду хоб дид. Дар хобаш як ҷӯйбори калони пуроб ва аз болояш купрук аст, ки рӯ-рӯйи он падараш давида меояд, хеле саросема, дар даст як ҷойнамоз ва як обдастаи чӯянии бобоӣ. Беҳрӯз пешорӯйи падар медавад, аз дидор хурсанд, вале дар ҳайрат монда мепурсад:  “Падар, магар соле қабл намурда будед?”
-Бале, писарам!   Лекин намозҳоямро фаромӯш кардаам, барои ҳамин баргаштам.
Падар ба дасти Беҳрӯз ҷонамозро медиҳад ва фавран ба ташноб таҳоратгирӣ медарояд, аммо ҳамон лаҳза боз мебарояду обдастаро пур аз об ба дасти писараш медиҳад ва мегуяд:
“Беҳрӯзҷон, нашуд таҳорат гирифта, дер шудааст, бояд равам”

 

Беҳрӯз парида аз хоб хест. Аз осмони ҳавлиашон охирин ситора милтирос мезад ва каме пас рӯз мешавад. Дону нодон ба таври худаш таҳорат гирифт ва ин таҳорат бори аввал ба нияти намоз буд. Ба ёдаш омад, ки болои телевизорпушакашон ба ҷойнамоз монанд аст. Аммо қибла кучо?
Ба куча нигоҳ кард, якчанд мӯйсафеди бо асову бе асо сӯйи масҷид роҳ мераванд.  Ягона ҷавони намозхон шуда, ба сафашон пайваст. Дар намози аввалинаш ба ғайри бисмиллоҳ чизи дигаре нагуфт, чунки намедонист. Он рӯз аз як марди пояфзолфурӯш,ки ҳар субҳ бомдодхонӣ меомад, сураҳо ва дуоҳои намозро навишта гирифт.

 

Рӯзи дигар аз варақи навиштааш намоз гузошт ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста равонаш ором меёфт. Як рӯз дар масҷид марди пояфзолфурӯш аз у пурсид:  “Баъди намоз каме ёрӣ медиҳӣ? Пояфзолҳоро ба мошин бор карда, ба нуктаҳои фурӯш тақсим мекунем”
Беҳрӯз розӣ шуд.  Баъди ду соат 50 сомонӣ маблағ дар даст ба хона баргашт. Ана ҳамин тавр коргар ҳам, пулёб ҳам шуд. Он мард як дукон кушода дод,  пояфзолро яклухтфурушӣ мекард. Баъди як сол Беҳрӯз соҳибкори мустақил шуд.

Ҳоло чор писар ҳавлии алоҳида доранд. Нурия бо ду писари калониаш ба сафари Ҳаҷ рафта омаданд. Халтаи ғайбати мардум пӯшида нашуд.  
Кӣ ҳаҷ равад? Нурия!
Гуноҳ шустан рафтааст.
Мо чи гуноҳ кардем, ки равем?!
… ва ғайра

Беҳрӯз мешунид, аммо аҳамият намедод. Кӯшиш мекард, ки ба ғайбаткардаҳо низ фоидааш расад, то ҳидоят ёбанд. Писари якеро оиладор кард, набераи дигареро бо пули калон табобат.

Билохира, номи модарашро аз даҳони ғайбатчиҳо шуста гирифт.

Чу дарёи раҳмат талотум кунад,
Гунаҳ соҳиби хешро гум кунад.

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Раҳмон Исфараро бе эълон фурӯхт

Раҳмон Исфара ва Ворухи сияҳпуш ва парчами зерипои қирғизҳошударо таслият нагуфт, аз замин набардошт, балки якшаба ба Қирғизистон ба Иссиқкул, куророт рафт, дамгирӣ....ба гуфти мардуми куҳистон “мурдаро монду тутхурӣ рафт”.
Идома

Ҷасади домоди Ш.Хайруллоев муҳоҷиронро ба ватан бурд

Интиқоли аҷсоди муҳоҷирин аз Маскав ба Душанберо телевизионҳои Тоҷикистон ба таври густарда бозтоб дода ва сӯҳбатҳоеро аз бастагони мурдаҳо мунташир карданд,ки бо шукргузорӣ аз “ин иқдом”-и инсонпарваронаи Раҳмонов ҳарф мезаданд
Идома

Пешниҳод ба муассиси “Ҷоизаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои саҳм дар рушди демократя

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат ва Раиси тоҷикони дар ба даре, ки дар ҳама ақтори олам муҳоҷиранд ва барои баргаштан ба ватан ва дидори наздикон орзӯӣ заволи ҳукмати ӯро доранд. Мо аз хадамоти Ҷаноби олӣ, хоссатан дар се соли ахир дар сутуҳем. Ҳаргиз миллати мо чунин пароканда ва парешон нашуда буд. Ҳатто дар солҳои 1992-1997 ин миллат чунин парокандагиро надида буд, ки ҳоло дар он қарор доранд.
Идома

Истирдоди М.Кабирӣ ба Душанбе ҳақиқат ё ҳамоқат?

Эмомалӣ Раҳмонов то ҳамин имрӯз даст аз таъқиб ва ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон барнадоштаанд ва оянда ҳам ин ҳадафи худро мураттаб пайгирӣ хоҳанд кард. Ин як ҳақиқати бебаҳс аст, аксиома аст.