ҲИКМАТҲОИ САБҚАТ Ё ПЕШДАСТӢ ДАР МАДДОҲӢ

Ислоҳ нет

                                                                                                                    

Сабқат ё мусобиқа гуфта, мо одатан талоши инсонҳоро барои ноил шудан ба мақоме ё ҷоизае дар чорабинии муайян мефаҳмем. Масалан сабқати ҷаҳонии футбол, ки чанд рузе баъд баргузории қисмати поёнии он дар шаҳрҳои Русия дар назар аст, дастаҳои беҳтарини имрузаи дунёро дар тубзанӣ муайян хоҳад кард. Ё бигирем озмуни қориҳои Қуръонро, ки ҳамасола дар манотиқи гуногуни олами ислом баргузор мегарданд ва сабқати хубест. Шаклҳои мусобиқа, то ҳаде бешуморанд, ки фақат овардани номгуйи ҳамаи онҳо дар як мақола, ғайриимкон аст. Чун баъзе аз мусобиқот таърихи ҳазорсолаҳо доранду баъзеи дигараш шояд ҳамин ҳоло бори аввал созмон ёфта бошад. Олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорону давлатмардон, фарҳангиёну адибон… хулоса ҳама ақшори ҷомеаи башарӣ расмиву  ғайрирасмӣ, пинҳону ошкор байни ҳам мусобиқа доранд.   Ғолибони мусобиқаҳои расмӣ одатан бо ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд ва камтарини он шояд қарсакзаниву офарингуйии ҳаводоронашон бошад. 

Талошу мусобиқа дар асли хеш амали хубест ва аз омилҳои  пешрафту тараққиёт маҳсуб мешавад, зиндагиро зеботар месозад. Вале, агар сабқат одилона сурат гирад ва бидуни   зулм ба худ ва атрофиён анҷом ёбад,  хуб аст. Ба ибораи дигар, сабқат бояд тибқи қавоиди саҳеҳе сурат бигирад, вагарна он шабеҳи ҷанги даррандагон мешавад. Худованд дар Қуръони маҷид бандагонашро ба сабқати амалҳои солеҳ даъват карда, ба ғолибон саодати дунёву охиратро ҷоиза ваъда додааст.

أُولَٰئِكَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ

“Инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва  дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд”

(Сураи Муъминун,ояти 61)

Агар чуқуртар андеша бикунем, тамоми ҳаёти аҳли башар шабеҳи мусобиқаест беохир. Ва “қоидаҳои сабқат”-ро Худованди Ҳакиму Алим ва Одилу Меҳрубон дар Китобу Суннати Паёмбаронаш муқаррар кардааст.           

        Равоншиноси машҳуре фармудааст, ки теъдоди умумии ғаразу ниёзҳои инсон аз адади панҷаҳои ду дасташ бештар нест: солимии ҷисму  умри дароз, сарват ва ончи бо пул харида мешавад,  хобу истироҳат, оилаву шаҳват, фарзандони хуб, саодати охират ва “эҳсоси шахсияти муҳим ва муҳтарам будани худ”. Ғарази охирини номбаршуда дар назари аввал камарзиш ва дуюмдараҷа метобад, вале маҳз ҳамин ғариза инсонро вориди “сабқати шуҳрат” мекунад. Онро файласуф Зигмун Фрейд “хоҳиши бузургӣ” ва ҷомеашиноси дигаре “хоҳиши саҳеҳ шинохта шудани шахсияти хеш” номидааст. Кушишҳои ҳарчи бештар ҷамъ кардани сарвату дороӣ, расидан ба мансабу унвони  болотар, харидории  молу колои қиматбаҳо ва амсоли онро ҳамин ғариза ба соҳибаш водор мекунад. Ғолибан бештари “сабқаткунандагони шуҳрат” имон ба Худову рузи ҷазо надоранд ва аз маҳдудаҳои муқарраркардаи Худованд огаҳӣ надоранд. Агарчи онҳо аксари  сарватҳои моддии ҷаҳонро золимона соҳибӣ кардаанд, вале аз лиҳози маънавӣ нодору фақиранд. Пас, наздиктар ба олами вуҳушу анъоманд, агарчи одамизоданд. Ҳама бадбахтиҳои олам аз чашми гуруснаи онҳо маншаъ мегирад. Барномарезу таҳиягари кулли ҷангу фитнаҳо дар дунё маҳз ҳаминҳоанд.

     Боиси тассуфу нигаронист, ки аз маризии шуҳратпарастӣ аҳли ислом низ эмин намондаанд. Чи басо сарватмандону зимомдорони кишварҳои мусалмоннишин ҳатто золимтар аз ҳамтоёни ғайридини хеш гаштаанд…    Дар ин авохир дар кишвари азизамон Тоҷикистон сабқати  чоплусию маддоҳӣ ба ҳаде ривоҷу равнақ ёфтааст, ки назирашро дар таърихи башар кам метавон пайдо кард. Ин мусобиқа, боз чанд сабқати дигареро низ зодааст, ки яке бадтар аз дигаранд: сабқати дуруғу туҳмат, сабқати душному ҳақорат, сабқати фасоду ришва, сабқати бадбиниву бадгумонӣ, сабқати хабаркашиву таҷассус, сабқати зулму шиканҷа, сабқати риштарошиву ҳиҷоббарафканӣ, сабқати динситезию масҷидхаробӣ, сабқати мунофиқию беимонӣ, сабқати худкушиву ҳамдигаркушӣ…

Ба андешаи инҷониб, маҳз чоплусию маддоҳии сарсарӣ боис гашта, ки роҳбарон аз масири адлу инсоф мунҳариф гашта, аз боқӣ дардҳои ҷомеа хуруҷ кардаанд. Намедонам, ки бештар мардуми авом маддоҳӣ мекунанд ё мансабдорони хурду миёна, вале мусаллам аст, ки дар Тоҷикистон чоплусиву маддоҳӣ ба урфу одат ё ҳатто “арзиши миллӣ” табдил ёфтааст.  Дилхоҳ маҷаллаву рузномаву ҳафтаномаи кишварро варақ занед, саҳифае бидуни мадҳи аз меъёр зиёди нафарони аввал пайдо намекунед. Садову симо низ пешгоми ин сабқатанд. Сабқати маддоҳӣ саҳафоти торнамо (сайтҳо)-и вазоратхонаву идораҳои расмии кишварро низ пур кардааст. Масалан агар дар сойти Кумитаи дини Тоҷикистон мутахассиси пешбаре бо исми Диловар Сафаров Президенти Тоҷикистонро “фарзанди абарқудрати кишвар, соҳибназар, соҳиби ақли гиро ва заковати худодода” номида бошад, сармутахассиси ин идора Нигинамо Ризоева ҳатто сифатҳои хоси худовандиро ба у раво донистааст: “Пешвои муаззами мо бо ХИРАДИ АЗАЛИИ ХУД халқро аз вобастагӣ ба хурофоту ҷаҳолат раҳоӣ бахшиданд”.Имомхатиби Хуҷандӣ Ибодулло Калонзода боз ҳам фаротар рафтааст: “Пешвои муаззами миллат барои хушбахтии на фақат тоҷикон, балки АҲЛИ БАШАР тамоми вуҷудашро фидо намудааст”. Раиси Шурои Уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронии сарвари давлатро дар Конфронси “Муқовимат бо терроризм”  барномаи амалии муборизаи ҳамаи кишварҳои олам зидди зуҳуроти номатлуб номидааст. Номзаду докторони илм, имом-хатибони масоҷиди шаҳру навоҳӣ низ бо зикри дастовардҳои беназир, роҳнамоиҳои гушношунид, қаҳрамонию донишмандӣ ва дигар сифатҳои беназири роҳбари давлат дар мақолаҳояшон дар  сабқати маддоҳӣ ширкати фаъол доранд.

        Агар дар мусобиқаҳо одамон барои ноил шудан ба дастоварде, ё санҷидани маҳорати хеш дар риштае, ё сазовори муҳаббату эҳтироми тамошобинон ширкат бикунанд, пас ин бузургони дар боло номбаршуда бо чи ғаразе дар ин сабқати беномусию дуруягӣ, пастфитратию нокасӣ ширкат доранд? Гумон накунам, ки барои ҳамаи онҳо мансаби болотаре насиб бикунад, хосса ба олимону домуллоҳо. Ё ин супориш асту сарпечӣ аз он хавфнок? Аз чунин зистани бешарафона магар марг авлотар нест? Хосса мазҳабиён, ки  ба тақдири неку бадӣ аз Худо имон доранд, магар аз тарс Худои дигаре барои хеш гирифтаанд? Ин хидмати хирсонаи шумо магар хиёнат ба миллат, ба устодону шогирдон ва наздикону пайвандонатон,  хиёнат ба худи Президент нест? Чархи таърих роҳбари дигарандешеро мисоли кишварҳои  Узбакистон ё Арманистон ё Малайзӣ болои саратон биорад, пас чи кор хоҳед кард? Оё шабҳо дар танҳоӣ виҷдону имонатон шуморо азоб намедиҳад? Оё Худованд аз ин амали шумо ризо бошад?

     Ғараз аз ин навиштаҳо дар моҳи шарифи Рамазон, ки айёми раҳмату мағфират ва наҷот аст, на ба хотири интиқод буд. Балки чанд лаҳзаи ҳаёти  хешро ба ин амал бахшидан ҷиҳати водор кардани ҳаммеҳанони азиз ба АНДЕША ВА ТАФАККУР буд, ки оё дар нобасомониҳои рузгорамон фақат болонишинон муҷриманд ё мо низ бо ризоияту васфамон аз зулму ноадолатиҳо то ҳаде гунаҳкорем…

         

Share This Article