ИМТИҲОН ВА ОЗМОИШ

Озмоиш ва гирифтор шудан ба мушкилот аз суннатҳои илоҳист, ки Худо бандагонашро меозмояд ва ин матлаб дар Қуръони карим ба сурати равшан баён шудааст, чунончи Худованд мефармояд:

ИМТИҲОН ВА ОЗМОИШ

Озмоиш ва гирифтор шудан ба мушкилот аз суннатҳои илоҳист, ки Худо бандагонашро меозмояд ва ин матлаб дар Қуръони карим ба сурати равшан баён шудааст, чунончи Худованд мефармояд: «Ӯст Худое, ки шуморо халифаҳои замин кард ва баъзеро бар баъзеи дигар ба дараҷоте бартарӣ дод, то шуморо дар чизе, ки атоятон кардааст, биёзмояд. Ҳароина Парвардигорат зуд ҷазо медиҳад ва Ӯ омурзандаву меҳрубон аст!». 
(Сураи Анъом, ояти 165)

Ва мефармояд: «Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зинати он қарор додаем, то имтиҳонашон кунем, ки кадомашон ба амал беҳтаранд». (Сураи Каҳф, ояти 7)
Ва мефармояд: «Ҳароина, Мо одамиро аз нутфае омехта офаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем». (Сураи Инсон, ояти 2)

Дар сахтиҳо ва дар балоҳо қарор гирифтан робитаи ногусастание бо расидан ба қудрат ва ҳукумат дорад, зеро Худо ҳеҷ миллатеро ба қудрат ва ҳукумат нарасонида, магар пас аз он ки ононро мавриди ибтило ва озмоиши худ қарор додааст. Гирифтор шудан ба мушкилот ва озмоишҳо суннатест, ки уммати исломӣ дар рӯ ба рӯи он қарор мегирад ва ҳаргиз дар ин суннат тахаллуф ва дигаргуние ба вуҷуд нахоҳад омад, зеро Худованди бузург муъминонро дар марҳалаи озмоиш қарор медиҳад, то имонашонро аз олудагиҳо бираҳонад ва саранҷом қудрат ва ҳукуматро дар замин ба даст бигиранд. Ва ин маъно дар сухани Имом Шофеъӣ бештар равшан мегардад, ки вақте марде аз ӯ пурсид: «Кадоме аз ин ду барои мард беҳтар аст: инки ба қудрат ва ҳукумат бирасад ё инки мавриди озмоиш қарор гирад?». Имом Шофеъӣ фармуд: «Мард ба қудрат ва ҳукумат намерасад, магар пас аз он ки мавриди озмоиш қарор гирад. Худованд Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва Муҳаммад (с)-ро мавриди озмоиш ва ибтило қарор дод. Чун сабр пеша карданд, ононро пирӯз ва ҳоким гардонид. Пас касе гумон набарад, ки аз мусибат ва озмоиш раҳо хоҳад ёфт.» (1)

Гирифтор шудани муъминон ба сахтиҳо ва қарор гирифтан дар маърази озмоиш қабл аз расидан ба қудрат амри лозим ва қатъӣ аст, то бунёд ва ниҳоди онон пурзӯр ва решадор шавад. Ва ин озмоиш бар асоси раҳмати илоҳӣ аст, то поку муназзаҳ гарданд. (2) 
Дар маърази озмоиш қарор гирифтани даъватгарон, илова бар инки суннати Худост, роҳи Биҳиштро ҳамвор месозад, чунончӣ Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Биҳишт бо ногувориҳо ва сахтиҳо иҳота шудааст ва Дӯзах бо шаҳватҳову ҳостаҳо мавриди иҳота қарор гирифтааст» (3)

Ҳикмат дар озмоишҳои Илоҳӣ ва фоидаҳои он.
Дар озмоиш ва ибтилои илоҳӣ қарор гирифтан ҳикматҳои бешуморе дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

1. Поксозии нафс.

Худованд озмоишро василае барои поксозии нафсҳои одамон ва шинохти муъминони росткору ростгӯ аз мунофиқони дурӯғгӯ гардонидааст. Шахсияти мард дар осудагӣ шинохта намешавад, аммо дар сахтӣ ва тангӣ шахсияти мард бештар равшан мегардад. Худованд мефармояд: «Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем (ва ба ягонагии Худо ва рисолати паёмбар иқрор кардаем), раҳо мешаванд ва дигар (бо таколиф ва вазоиф ва ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Худо таҳаммул кард) озмоиш намешаванд»? (Сураи Анкабут, ояти 2)

2. Тарбияи ҷамоаи мусалмон.

Дар ин маврид Сайид Қутб мефармояд: «Ягона роҳе, ки ғайр аз он роҳи дигаре барои таъсиси ҷамоае, ки ин даъватро бар дӯш мебардорад вуҷуд надорад, ин роҳи ранҷу таклиф ва маърифати воқеии ҳақиқати мардум ва ҳақиқати ҳаёт аст, то даъват ба сӯи ҳақ дар қалби ин даста ҳамчун порае аз тан бошад ва бар онон одат гардад, зеро танҳо чунин шахсоне сазовори бар дӯш гирифтани даъват ва бардорандаи ин амонат мебошанд».

3. Пардабардорӣ аз рози дилҳо.

Соҳиби «Фӣ зилоли-л-Қуръон» дар ин маврид мефармояд: «Ҳақиқати дилҳо қабл аз дар маърази озмоиш қарор гирифтан ба Худо равшан аст, аммо ибтило ва озмоиш он чиро, ки назди Худо равшан аст ва назди башар пӯшида, дар олами воқеъ ва ҳақиқат ошкор месозад». Пас, мардумон ба ҳасби амалашон мавриди ҳисоб қарор мегиранд, на ба он ки Худо аз даруни онҳо огоҳ буд, ки ин аз як ҷониб фазле аз Худост ва аз ҷониби дигар адл ва тарбият барои мардумон аст. Ҳеҷ касеро барои он чӣ, ки аз ӯ содир нашудааст, мавриди ҳисоб қарор нахоҳад дод ва он чиро, ки Худо аз ҳақиқати дили онон медонад, онон намедонанд. (4)

4 . Омодагӣ барои ба ӯҳда гирифтани амонат.

Дар ин маврид соҳиби «Фӣ зилоли-л-Қуръон» – Сайид Қутб мефармояд: «Худо ҳаргиз ва ҳаргиз намехоҳад муъминонро ба воситаи озмоиш ва имтиҳон мавриди озору шиканҷа қарор диҳад, балки ин як навъе аз сармашқ ва омодагии ҳақиқӣ барои ба ӯҳда гирифтани амонати илоҳӣ аст ва ин амонат ҳеҷ гоҳ ба даст намеояд, магар баъд аз ба дӯш гирифтани сахтӣ ва мушкилот ва бо сарфи назар намудани шаҳавот ва хоҳишоти нафс ва бояд бар Худо эътимод намуд ва ҳамвора аз Ӯ ёрӣ талабид. Яқинан, Худо ононро аз нопокиҳо ва палидиҳо пок сохта, нерӯҳои нуҳуфтаи ононро шукуфо ва фаъол месозад. Пас вуҷудашон устувор ва маҳкам мегардад. Тавоноии онон бештар ва сиришташон пурзӯртар ва иртиботашон бо Худо наздиктар мегардад. Ва яқинан, Худо ононро ба ду хубие баҳравар мегардонад: ба пирӯзӣ ва подоши илоҳӣ. Ва инҳо касоне ҳастанд, ки саранҷом пас аз омодагӣ ва озмоиш шудан парчамро ба даст мегиранд ва нисбат ба он амонатдор хоҳанд буд.» (5)

Шинохти ҳақиқати нафс.

Дар ин маврид низ соҳиби «Фӣ зилоли-л-Қуръон» мефармояд: «Ин аз он ҷиҳат аст, ки аҳли даъват дар ҳоле ки ба таври амалӣ ва дар дунёи воқеият ба зиндагӣ ва ҷоннисорӣ мепардозанд, ҳақиқати хеш ва ҳақиқати вуҷуди инсон ва асрори пинҳони онро дармеёбанд ва дар ҳоле, ки шоҳиди кашмакаши арзишҳо ва мабодии даъваташон бо шаҳавот ва майлҳои вуҷудашон ҳастанд, ба ҳақиқати гурӯҳҳо ва дигар ҷомеаҳо огоҳ мешаванд ва ба роҳҳои вуруди шайтон ва лағжишгоҳҳо шиносоӣ пайдо менамоянд.» (6)

6. Шинохти арзиши даъват.

Дар ин маврид низ соҳиби «Фӣ зилоли-л-Қуръон» мефармояд: «Ин барои он аст, ки даъватро арзиш ва аҳамияти хоссе назди доиён мебошад ва ба андозаи мушкилот ва балоҳое, ки дар роҳи густариши даъват ва ба андозаи чизҳои гиронбаҳое, ки дар роҳи он фидо мекунанд, ҷойгоҳи даъват боло мебошад ва изофатан бар он дар ҳар шароите кӯтоҳӣ намеварзанд.» (7)

7.Даъват ба сӯи дин.

Бурдборӣ ва сабри муъминон дар озмоиш ва гирифториҳо, оромии даъват ба сӯи ин дин дар он равшан гашта ва муҷиби ворид шудани мардум ба дини ислом мегардад. Ва агар муъминон сусту нотавон бошанд, ҳеҷ фарде даъвати ононро нахоҳад пазируфт. Бар асари доро будани ислом аз чунин хусусиёт буд, ки афрод назди Паёмбари Худо (с) меомаданд ва имон меоварданд. Паёмбари Худо (с) аз онон мехост, то барои таблиғи дини ислом назди қавмашон бираванд ва дар баробари такзибкунӣ ва озорҳояшон шикебову бурдбор бошанд ва ба кӯшишу талоши хеш идома диҳанд, то бар асари он, қавм ва қабилааш даъвати исломро бипазиранд. (8)

8. Ҷазби баъзе унсурҳои пурзӯр барои даъват.

Пойдорӣ ва ҷонфишониҳои муъминон дар ин роҳ афроди барӯмандро ба пазируфтани ин ақида алоқаманд месозад, чунончӣ ба сабаби пойдории имонии доиёни садри ислом, бузургтарин шахсиятҳо, ки баъдан мояи фахри ҷаҳони ислом гардиданд, ба ислом гаравида буданд. (9)

9. Кафорати гуноҳону боло рафтани дараҷаву манзалат назди Худо.

Расули Худо (с) бад-ин мазмун фармудаанд: «Ҳеҷ хор халидан ва ё болотар аз он ба муъмин намерасад, магар ки боиси болоравии мақоми ӯ ва маҳви гуноҳе аз гуноҳонаш мешавад.» (10)
Ҷойгоҳ ва манзилатеро, ки бандагони муъмин ба воситаи мушкилот ва озмоишҳо ба он мерасанд, ба гунае аст, ки бо амали худ наметавонанд ба он даст ёбанд. Пас Худо мусалмонро дар маърази озмоиш қарор медиҳад, то мақоми ӯро боло барад. Чунончи гирифтори озмоиш гардидан роҳе барои кафорати гуноҳон аст.

Ва чунончи гирифторӣ дар озмоишро манфиат ва судҳои бузургест, ки он иборат аст аз: шинохти қудрати Парвардигор, шинохти фурӯтанӣ ва шикастагии банда, ихлос, бозгаштан ва рӯй овардан ба Худо, зорӣ ва тазаррӯъ, дуо, гузашт ва шикебоӣ, шинохти қадри осудагӣ ва фарохдастӣ ва шукр намудан бар он ва он чӣ, ки Парвардигораш дар муқобил ба он садчанд ва бештар аз он музд омода кардааст, ки ҳамаи он аз натиҷаҳои озмоиши илоҳӣ мебошанд. (11)

Паёмбари Худо (с) ва асҳобаш бо чанд намуна ва шаклҳои аз ибтило ва озмоиш мувоҷеҳ гашта буданд, мисли: кӯшиши Қурайш барои дур намудани Абӯтолиб аз кӯмаки Паёмбар (с), зишт ҷилва додан ва бадном сохтани чеҳраи даъват ва шиканҷа бар Паёмбар (с) ва асҳобаш, пешкаш кардани мол барои тарк намудан ва бозгашт аз роҳи даъват ва талаб намудан аз Паёмбар (с) то кӯҳи Сафоро ба тилло мубаддал гардонад, кӯмак аз яҳудиён зидди Муҳаммад (с), эълон ва паҳн намудани дурӯғҳо зидди даъват ва зидди Муҳаммад дар маросими ҳаҷ, ҳисори иқтисодӣ бар Паёмбар (с) ва Бани Ҳошим ва Бани Абдулмутталиб аз ҷониби кофирони Макка ва шиканҷа бар худи Паёмбар (с) ва дигар намудҳои озмоиш ва ибтило аз услубҳои мушрикон зидди даъвати ислом, ки агар вақт даст диҳад дар мақолоти баъдӣ зикр хоҳад шуд.

Маъхаз

1. Ал-фавоид, Ибни Қайим, саҳ. 283.
2. Ат-тамкину ли уммати-л-исломияти, Муҳаммад Сайид Муҳаммад Юсуф, саҳ. 235.
3. Муслим, 2822. Аҳмад, 3\153. Тирмизӣ 2559.
4. Фӣ зилоли-л-Қуръон, 6\387.
5. Фӣ зилоли-л-Қуръон, 6\389.
6. Фӣ зилоли-л-Қуръон, 2\181.
7. Фӣ зилоли-л-Қуръон, 2\180.
8. Фиқҳу-с-сирати-н-набавия, саҳ. 192-193.
9. Фиқҳу-с-сирати-н-набавия, саҳ. 193-194.
10. Бухорӣ, 6540. Муслим, 2572.
11. Фиқҳу-л-ибтило, Муҳаммад Абӯсаъилик, саҳ. 15-28.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Ториқ ибни Зиёд ва фатҳи Андалус (бахши дуввум)

Родерик бо нерӯҳо ва имконоте, ки фароҳам оварда буд, ҳеҷ шаке ба пирӯзии худ дар ин ҷанг надошт, то ҷое, ки онҳо чаҳорпоёнеро бо ҳамроҳи худ оварда буданд, ки ғайри таноб ҳеҷ чизи дигареро ҳамл намекарданд, то ба василаи ин танобҳо мусалмононеро, ки асир мекунанд, бубанданд.