Ҷиноятҳои оила дар шарқи кишвар ва тасарруфи сарватҳои миллӣ

Ислоҳ нет

Боз ҳам баҳси кони ангишти Камароб ва Назарайлоқ

 

Пас аз он, ки дар сомонаи Ислоҳ  азхудкунии кони ангишти дараи Камароб аз ҷониби Бег Сабур, вазири алоқаи Тоҷикистон нашр шуд, чанде аз сокинони ноҳияи Рашт ба мо навиштанд, ки як каме муносибати соҳибони конҳои ангишти дараи Камароб ва дараи Дидиҳӣ тағйир ёфтааст.

 

Тибқи маълумотҳои ба мо расида, баъди он, ки мақолаи “Конҳои ангишти дараи Камароб аз они Бег Сабур шуд” дар сомонаи Ислоҳ нашр шуд, роҳбарияти кони ангишт ба сокинони ниёзманд ва иддае аз бепарасторон 5-линчагӣ ангишт тақсим кардааст.  Чун дар мақола гуфта мешуд, ки бо зери даст кардани кони ангишти дараи Камароб, Бег Сабур аз додани ангишт ба ниёзмандону бепарастороне, ки пештар аз ҷониби роҳбари собиқи кон таъмин мешудаанд, саркашӣ кардааст.

 

Аммо, чанд маълумотҳое ҳам дастрас шуд, ки худсарона, азхудкуниҳои сарвати миллӣ ва моликияти давлатиро дар ноҳияи Рашт бармало мекунад.

 

Як манбаъи мӯътамад ба мо навиштааст, маълумоте, ки тавассути сомонаи Ислоҳ дар бораи кони ангишти дараи Камароб расонаӣ шудааст, нопурра буда, гӯёи ҳама мушкилот нест.

 

Манбаъ навиштааст, ки кони ангишти дараи Камароб ва дараи Дидиҳӣ на танҳо тӯъмаи Бег Сабур шудааст, балки то чашм ало намудани Бег Сабур, бо роҳбарии Шамсулло Соҳибов, домоди дигари президент чанд кони дигари ангиштро, ки дар дараи муқобили Камароб коркард мешавад, аз худ кардаанд.

 

“Пеш аз он, ки ба димоғи Бег Сабур аз дараи Камароб бӯи пул мерасад, аллакай ширкати Фароз, ки роҳбараш Шамсулло Соҳибов, домоди дигари президент аст, ҳар ваҷаби ин дараро медонист. Ангишти кони “Назарайлоқ” ва “Камаров” аз ангиштҳои нодир ва баландсифат буда, дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ харидорони хуб дорад.Ин ангишт махсуси истеҳсолот буда ва барои он бояд истифода карда шаванд, на барои танҳо гарм кардани хонаҳо. Инҷо қариб ду сол мешавад, “безпридела” сар шудааст. Аз бедодгариҳои як домоди “Ҷаноб” ҷонамон ба лаб омада буд, ки акнун пои наҳси домоди дигараш, писари Бег Сабур ҳам ба инҷо расид. Акнун мусобиқа сар шудааст. Аз он тарафи як кӯҳ, аз тарафи дараи Ҳоит, Шамсуло шикоф карда рафта истодааст. Аз ин тарафи кӯҳ, аз тарафи дараи Дидиҳӣ ва Камароб, Бег Сабур”.  – навиштааст манбаъ.

 

Тавре пештар навишта будем, соли 2017 дигар ба Мурод Хушвақтов, роҳбари собиқи Корхонаи истеҳсоли ангишти ҶДММ «Камаров»  муяссар намешавад, ки мӯҳлати литсензияро тамдид кунад ва аз ҳамон замон Бег Сабур ин кони сердаромадро соҳибӣ мекунад. Айни ҳол Ҳоҷӣ Обид ном шахс, ҳамчун роҳбари Корхонаи истеҳсоли ангишти ҶДММ «Камаров» намояндаи Бег Сабур, дар ин корхонаи истеҳсолӣ мебошад.

Бо ирсоли мактуб ба сомонаи Ислоҳ як сокини ноҳияи Рашт, ки нахост номаш ифшо шавад, дар бораи инки  барои хариди ангишт ба дараи Камароб сафар кардааст, нақл мекунад:

 

-Чанд рӯз пеш ба дараи Камароб барои харидории ангишт рафта будем.  Иттифоқан, вақте ба хирмани кони Шикорхонаи дараи Дидиҳӣ расидем, маълум шуд, ки хирман 20 км поёнтар аз кони ангишт ҷойгир будааст ва дар хирман  як тона ангишт 600 сомонӣ арзиш доштааст. Мо пештар медонистем, дар назди кон ангиштро арзон мефурӯшанд, чун онҷо асосан яклухтфурӯшӣ мекунанд, тасмим гирифтем, ки ба кони ангишт  раҳсипор шавем. Чанд нафар пеши роҳи моро гирифта, амр карданд, ки ба сӯи кон ҳаракат накунем. Ниҳоят, баъди талошҳои зиёд ба мо муяссар шуд, ки то ба назди кон роҳи худро идома диҳем. Аммо,  телефонҳои мобилиамонро кашида гирифтанд. Ман ҳисси кунҷкобиям боло рафта, пурсидам, ки сабабаш чист, ки телефонҳои моро мегиред? Дар ҷавоб яке аз онҳо гуфт, ки мумкин нест. Зеро инҷо чизҳои махфӣ зиёд аст, то аксбардорӣ накунанд ё сабти видеоӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ напартоянд.  Чанд рӯз пеш касе ин амалро анҷом додааст.

 

Хулоса, телефонҳоямонро муҳофизон гирифтанд.  Директори кони ангишт Ҳоҷӣ Обид ном шахс аз деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанак будааст, он ҷо ӯро дидем. Аз ду  писаронаш, ки дар онҷо буданд, якеаш Содиқ ва дигаре Қорӣ ном гирифта мешуданд. Яктояш дар тарозӯ ва дигарияш дар муҳосибот  кор мекардааст. Бо харидорон бениҳоят муносибати бад доштанд.

 

Мо ба кон раҳсипор шудем. Ҳамин ки аз баландӣ ба дарёи дараи Дидиҳӣ нигаристам, оби дарё аз боло мусаффову зулол омада, дар наздикии кон  чиркину сиёҳ шудааст. Гӯё, ки аввали баҳор бошаду сели баҳорӣ ё ярч ба дарё афтода бошад. Аз ронанда пурсидам, ба ин оби соф чӣ шудааст, ки ба лойобаи сиёҳ табдил ёфтааст. Ронанда сар ҷунбонду оҳи ғамангезе кашида гуфт, ки ин Ҳоҷӣ Обид барои манфиати шахсии худаш, ҳама хоку ангиштҳои корношоями конро ба об мепартояд, то дар ин наздикиҳо хоку ангиштҳои корношоями зиёд ҷамъ шуда, барояш дарди сар нашаванд.  Ба ин гапи ронанда ҳеҷ боварам намеомад. Аммо, вақте мо ба кон расидем, бо чашмони худ дидам, ки ду экскватор ва ба истилоҳ як погрузчик хокаҳои сиёҳи корношоямро ба дарё мепартоянду болои ангиштҳоро холӣ мекунанд.

 

Магар ин амали онҳо, боиси вайрон гардидани экология ва муҳити зист намешавад? Ин обро мардум дар водӣ, ҳамчун оби нушокӣ низ истифода мебаранд, ҳоли мардум чӣ мешавад? Камароб бо гулмоҳияш дар Тоҷикистон ва беруни кишвар маъруф асту ҳамагон медонанд.

Вақте ба ёдам гулмоҳии Камароб зад, дарҳол бо саросемагӣ аз ронанда пурсидам, ки ба моҳӣ оё ин ангиштоба зарар намекунад? Ронанда гуфт, ки гулмоҳӣ он тараф истад, дар оби дарё ягон ҷонвари зинда намондааст.

 

Во ҳасрато! Кишвар ба шаҳри бедарвоза табдил шудааст. Ҳамон ҷо фаҳмидам, ки чаро Ҳоҷӣ Обид аз телефонҳои мобилӣ ҳарос доштааст. Маълум шуд, ки аз ошкор шудани ин ҷиноятҳо меҳаросидааст.

Ҳасратхуриҳоямро ронанда дида ба гап даромад. Ба қавли ронанда, баъди роҳбари собиқи кон Мурод Хушвақтов мӯҳлати иҷозатномаашро тамдид карда натавонистан, ӯро аз инҷо пеш мекунанд. Аммо, то ҳол кони ангишт иҷозатномаи нав надоштааст. Бег Сабур ин конро гирифта, Ҳоҷӣ Обидро директор мондааст. Ҳама медонанд, ки соҳиби кон қудои президент шудааст, дигар ҳеҷ кас пишшаки инҳоро пиш намегӯяд. Ягон ҳисобу китоби расмӣ нест. Танҳо як борхати ҷаълӣ (фалшивий)-ро медиҳанду тамом.

 

Давлат ҳар сол  миқдори муайян истеҳсоли ангишт талаб мекунад.  Ба таври мисол, агар барои кон дар як сол 30 ҳазор тон давлат нақша бандад, инҳо қудрати 50-60 ҳазор тон коркарди ангиштро доранд. Аз нақшаи мавриди назари давлат ду-се ҳазор тон бештар медиҳанду ҳам аҳсант мешунаванд ва ҳам ниме аз ангишти коркардшударо ба яғмо мебаранд. Давлат аз шароити хубшудаи роҳ ва ба техникаи замонавӣ таъмин шудани кон дар охири соли 2017 маълумоти зиёд надорад.

 

Мафияи нав вақте пай бурданд, ки минбаъд кон иқтидори ду-се баробар зиёд коркарди ангиштро пайдо кардааст, дарҳол роҳбари пешинро ба “Ҷаноб” бо ноӯҳдабароӣ муттаҳам карда, ин конро ба баланси “оила” ворид намуданд. Бо ҳамин, хотири президент ҷамъ аст, ки одамони худаш конро соҳибӣ мекунанд ва инҳо бошанд, бо тамоми вуҷуд сарвати миллатро ба яғмо бурда истодаанд.

 

Аз рӯи нақли ронанда, ки қути лоямуташро аз ҳисоби кашонидани ангишт меёфтааст, Ҳоҷӣ Шарифи Данғарагӣ ном даллоле будааст, ки ҳама ӯро хешованди “Пешво” медонистаанд. Ӯ на литсензия доштааст, на ягон ҳуҷҷате. Мустақилона, худсарона, ҳамарӯза чанде, ки мефорадаш ангиштро ба дуланҳо бор карда рафтан мегирифтааст.

 

“Инхелӣ мисли Ҳоҷӣ Шариф ду-сетои дигар “буққаҳо” ҳаст. Лекин онҳо мисли Ҳоҷӣ Шариф баднафс нестанду ба ҳар ҳол кашонидан мегиранд. Худамро чанд бор Ҳоҷӣ Шариф кор фармудааст. Вақте номи Ҳоҷӣ Шариф дар борхат бошад, на БДА бо ту саволу ҷавоб мекунад, на ягон нафари дигар, “зеленньй светофор” ҳама ҷо, рафтан мегирӣ”. – нақл кард ронанда.

Вақте мошини мо барои ангишт навбат мепоид, чанд мошини дулан қатор омаду бидуни навбат ба пеш ҳаракат кард. Ман бо изҳори норизоият вақте сарамро аз мошин бароварда, хостам бигуям, ки навбатро риоя кунанд, дарҳол ронанда ба ман ишора кард, ки хомӯш бошам. Ронанда гуфт, ки ин 12 боркаши дулане, ки омад, дар пеш сабукрави додари раиси ҳукумати ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода буд.

 

“Инҳо мисли ману ту навбат намеистанд ҷӯра, ором шав, вагарна, беангишт ду дастатро ба биният андохта бармегардӣ”. – таъкид намуд ронанда.

 

Чанд дақиқа пас онҷо Ҳоҷӣ Обид пайдо шуд. Аз мошини “Ҷип”-и худ, ки рақами давлатиаш 90-00 буд,  сар бароварда, садо мезад, ки ба дуланҳои навомада дигар ронандаҳо роҳ кушоянд. 

 

Ҳамон ҷо хабар ёфтем, ки яке аз шуғлҳои асосии раиси Ҳукумати Рашт низ ангиштфурӯшӣ будааст.  Ниҳоят 12 мошини дулан барои Қаноатшо Лоиқзода тахминан 360 тонн ангиштро бор карда рафтанд. Дар ҳолати навбатпоӣ онҷо қариб шаш соат боқӣ мондем. Бо чандин ронандаҳо ва ангиштфурӯшон ҳамсӯҳбат шудем. Нархи як тонна ангишт дар назди кон вобаста ба сифаташ аз 190 сомонӣ то 350 сомониро дар бар мегирифт.  Акнун худ қазоват кунед, ки ҳамин ангишт дар хирман, ҳамагӣ 20 километр поёнтар, аз 550 то 600 сомонӣ аст. Дар водӣ бошад, як тонн ангишт 800-900 сомонӣ.

 

Муносибат ба сарвати миллӣ чунон нафратовар аст, ки ба ҳеҷ гуфтор рост намеояд. Ҳар ки мехоҳад бо сӯистифода аз мақому мансаб ва наздикияш ба шахси аввали кишвар, бо тамоми қуввату қудрати худ, ин сарвати миллиро ба яғмо барад. Оё ягон ниҳоди ин бесару сомониро назораткунанда ҳаст, ки якбор ба ин кон бидуни ҳеҷ муаррифию дабдаба, ҳамчун шахси қаторӣ омада, бубинад, ки инҷо чӣ мегузарад?

 

Хеле дилам сӯхт. Мехостам ба ягон расона хабар диҳам. Аммо медонистам, ки ҳеҷ расонае ҷасорати сар ба сар шудан ба наздикони “Ҷаноб”-ро надорад. Чун фаҳмидам, ки сомонаи Ислоҳ дар ин бора навишта будааст, дарҳол нишонаашро ёфта, навиштам.

 

Инҷо,  мактуби ин хонандаи Ислоҳ ба поён расид. Аммо ҳарчанд матлаб дуру дароз шуд, наметавонем навиштаи як хонандаи дигари Ислоҳро инҷо накорем.

 

Манбаъи дигар навиштааст, ки кони ангишти “Назарайлоқ”, ки дар Ҳоит, он тарафи Камароб ҷойгир аст, чанд сиру асрорҳои нуҳуфтае дорад, ки то ба ҳол нокушуда мондаанд:

 

– Панҷ сол пеш раиси пешинаи кони ангишти “Назарайлоқ”-ро дар утоқи кориаш ба қатл расонида буданд. Тахминан аввалҳои моҳи сентябри соли 2013 буд.  Ҳамон солҳо наздикони президент барои азхудкунии ҷойҳои сердаромади кишвар мусобиқаро оғоз карда буданд. Оҳиста-оҳиста бозорҳои калон, конҳои тилло, бизнесҳои сохтмон, нафту газ ва ғайраро хешовандони “Ҷаноб” аз худ мекарданд. Ҳамон солҳо чанд маротиба, ба Нуриддин Темиров, раиси собиқи кони ангишти “Назарайлоқ” мерасонанд, ки тобеъиятро ба гардан гирад. Ниҳоят саркашии Нуриддин сабаби ба қатл расиданаш мешавад. Дар ин миён ба ноҳияи Рашт ҳамон шабу рӯз президент ташриф овард ва баъди ташрифи президент Аҳлиддин Иброҳимов, раиси ҳамонвақтаи  ҷамоати Ҳоит, раиси кони ангишти “Назарайлоқ” таъйин шуд. Аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Иброҳимов шахси вафодори “оила” маҳсуб меёфт.

 

Баъдтар фаҳмидем, ки ин кон дар баланси ширкати “Фароз” будааст. Ҳарчанд аз худи ҳамон сол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ифшои ҷинояти куштори Нуриддин Темировро ба ӯҳда гирифта буд, то ба ҳол қотилон ёфт нашудаанд. Касе суроғи ин парванда ҳам нарафтааст. Миш-мишҳо ба миён омад, ки ин кори дасти домоди президент, Шамсулло Соҳибов аст. Чун  ӯ аз ин пеш ширкати “Фароз”-ро ҳам бо роҳи “кидат” аз дасти Умаралӣ Қувватов гирифта буд ва баъдтар ӯ ба қатл расид. Ман гумон мекунам, агар роҳбари кони ангишти “Камаров” Мурод Хушвақтов ҳам ба тақдир тан дода, намерафту саркашӣ мекард, таърихи ҳамсони қатли Темиров такрор мешуд. Чунки марги Роҳат, бародари Мурод Хушвақтов ҳам чанд кас тахмин зада буданд, ки бо таври ғайриинтизор ба амал омадааст. Мардум, ки диндор ҳастанд, рузи дидагиаш ҳамин будаст гуфтанду монданд.

 

Сомонаи Ислоҳ ба хотири амнияти шахсӣ номи ягон нафар шахсони мактубфиристодаро ифшо намекунад. Чанд мактуби дигаре ҳам бо ҳамин мазмун дастраси мо шудааст. Мактубҳое, ки ба мо расидаанду инҷо нашр накардем, ба он хотир аст, ки муҳтавои онҳо дар навиштаҳои боло мавҷуд аст. Бинобар, хонандагони гиромие, ки мактубатон инҷо нашр нашуд, бояд бидонед, ки ба хотири муҳтавои навиштаҳои шумо ҷой доштан дар мақола, аз такрори ҳарфҳо худдорӣ намудем. Фақат як чизро инҷо илова мекунем, ки вақте ин матлаб омодаи нашр мешуд, ба мо навиштанд, ки пас аз нашри мақолаи пешин, гӯё  раиси кони ангишт бемор шудаасту чанд рӯзи охир ба кор набаромадааст. Тибқи маълумоти ба мо расида, сабаби беморияш ҳам расонаӣ шудани қазияи конҳои ангишти дараи Камароб дониста мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки кони ангишти дараи Камароб ва Назарайлоқ аз нодиртарин ва баландсифаттарин ангишт буда, танҳо захираи аниқшудаи кони ангишти “Назарайлоқ”  540 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

 

Ангишти дараи Камароб ба хотири баландсифат буданаш барои ба кор даровардани муҳаррикҳои бузурги корхонаҳои сементбарорӣ, корхонаи алюминий, коксохим ва соҳаи оҳангудозӣ ниҳоят мувофиқ мебошад.

 

Бояд гуфт, ки кони ангишти дараи Камароб ба осонӣ рӯи кор наомадааст.  Мувофиқи маълумоти дарёфтӣ, Корхонаи истеҳсоли ангишти ҶДММ «Камаров» солҳои 90-уми асри гузашта бо мақсади истихроҷи ангишти кони Кафтархонаи ҳавзаи Назарайлоқ таъсис ёфта буд. Соли 1997 баъди гирифтани иҷозатнома ва дарёфти як миқдор маблағ ба кор шурӯъ намуд. Аммо роҳ мавҷуд набуд. Аз саргаҳи Камаров – дашти Кишинбоғ ба сохтмони роҳи мошингард ба сӯи кони ангишт оғоз намуданд. Аз сабаби набудани техника ва маблағ сохтмони ин роҳи  72 – километр тӯл кашид. Масофаи бист километри охир дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр сохта шуд. Дар 37 ҷой қубурҳои обгузар гузошта, дар болои се дарёча пули мошингузар сохтанд. Аммо роҳе, ки бо машаққати зиёд сохта шуда буд, барои кашондани ангишти зиёд ҳанӯз мувофиқ набуд. Дар ҳар сурат кормандони корхона тавонистанд соли 2008 панҷ ҳазор тонна ангишт истихроҷ намоянд.

 

Солҳои минбаъда тавассути ин роҳ кашондани ангишт ба 10 ҳазор тонна расонда шуд.

Баҳори соли 2009 роҳбарияти корхона ба омӯзиши дараи Ғориф машғул шуд. Масофа то кони Кафтархона ба воситаи дараи Ғориф аз дашти Кишинбоғ 42 километрро ташкил медод. Соли 2015 роҳсозон тавонистанд, ки  сохтмони роҳи навро ба анҷом расонанд, аммо ҳанӯз ҳам баъзе корҳо монда буданд.

 

Баҳори соли 2016 роҳи нави кони ангишти Кафтархона аз нав таъмир шуд ва қисми асосии мушкилот аз байн рафт.

 

Тавре ҳафтаномаи Ҷумҳурият нашр карда буд, моҳи марти соли 2016  директори ҳамонвақтаи кони ангишти Камароб Мурод Хушвақтов нақл мекунад, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда – истеҳсоли 15 ҳазор тонна ангиштро то ҷашни 25 -солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба назар гирифтаанд.

 

“То рӯзи ҷашн ба ҷои 15 ҳазор 20 ҳазор тонна ангишти хушсифат  истихроҷ намудем. Имрӯз корхона истеҳсоли ангиштро ба 24 ҳазор тонна расондааст ва ният дорем, ки то боридани барф корамонро идома диҳем ва истеҳсоли ангиштро ба 30 ҳазор тонна расонем, – гуфта буд Мурод Хушвақтов, директори ҶДММ «Камаров».

 

Ӯ афзуда буд, ки Корхона бо мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани роҳи нав тавонист, ки  тибқи дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, сохторҳои давлатӣ ва аҳолиро бо ангишт таъмин намояд.

 

Аммо, имрӯзҳо мебинем,  нафаре, ки коркарди ангиштро аз сифр, то ба ҳадди назаррас расонидааст, ба ҳошия ронда шуда, зургӯён аз паи талаву тороҷи ин сарвати миллӣ шудаанд.

 

Акнун мардуми шарифи Тоҷикистон бигӯед, ки дар бораи ҳамин масъала додамонро ба кӣ метавонем бигӯем, ки додрасӣ кунад? Маънои мақоли халқии “Очаатро қозӣ фалон кунад, ба кӣ шикоят мекунӣ” ҳамин будагист?

 

Бояд таъкид намуд, ки новобаста аз он, ки чӣ касе роҳбарияти истихроҷи ангишт ва ҳар сарвати миллиро ба ӯҳда дорад, билофосила аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон комиссияи махсуси мардумӣ ташкил карда шуда, мавриди санҷиш қарор гирад.

 

Охир, имрӯз мешунавем, фалон кони тиллоро ким кадом хешованди президент аз худ кардааст, он кони ангиштро хешованди дигараш. Сарватҳои миллӣ талаву тороҷ шуда истодаанд. Кай мо бедор мешавему аз моликияти миллиамон дифоъ мекунем?!

Дар охир ба диққатихонандагони сомона мерасонем, ки Сомонаи Ислоҳ дар ин маворид таҳқиқоти худро идома медиҳад ва агар аз чунин ҷиноятҳои фаромилӣ огоҳӣ дошта бошед, ба мо нависед, то онро нашр кунем. Шахсияти шумо комилан махфӣ боқӣ мемонад ва танҳо ҳадаф ислоҳ ва решакан кардани чунин дуздӣ ва ғоратҳои силсилавӣ ва муташаккил мебошад. Бароямон фарқ намекунад он ғоратгар кӣ ҳаст? Чӣ коре мекунад ва чӣ вазифае дорад. Мутмаин бошед, ҳақ ба ҳақдор мерасад ва сарватҳои ин сарзамин барои некуаҳволии ин миллат ва шаҳрвандонаш бояд сарф гарданд, на ба кисаи як оила ва як клани ҳоким.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article