Изҳороти Ҷамъияти Тоҷикон “НУР” дар Олмон дар бораи манъи сатру ҳиҷоб

Яке аз меъёрҳои муҳимме, ки як ҷомеаи мардумсолор, озод ва бо фарҳангро аз як ҷомеаи ғуломдори, бе ҳайсият ва бе дин тафкик менамояд ин эҳтиром ва арҷгузори ба инсоният ва ончи, ки шаҳрванд онро арҷ мегузорад мебошад.

Ҷамъияти Тоҷикон “Нур” дар саҳифаи фейсбукияш изҳоротеро навишта карда, нисбати тасмими қонунан манъ кардани пӯшиши сатру ҳиҷоби занон норизоияти худро баён кардаст.

Ин ҷамъият, ки тули се сол мешавад, таъсис ёфта, ҳамасола   ҷашнҳои идҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангиву иҷтимоъӣ ва ҳамчунин маросимҳои марбут ба расму одатҳои мардумии тоҷиконро дар кишвари Олмон ташкил ва сарпарастӣ мекунад. Маҳз бо ибтикори ҳамин ҷамъият дар назди дафтарашон масҷиди ба номи “Тақво” дари худро ба рӯи намозгузорон боз кардааст. 

Матни пурраи изҳоротро инҷо мутолеъа намоед:

 

 

Изҳороти Ҷамъияти Тоҷикон “НУР” дар Олмон

Имрузҳо ҳукуматдорони Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки бо қабули як қонун вуруд бо сатру ҳиҷоб ба муассисахоӣ давлативу хусусиро мамнуъ эълон кунанд. Ин дар ҳолест, ки 99% мардуми Тоҷикистон мусалмон буда ва қабули ин қонун мухолифати ошкор ба Қуръон, суннат ва мазҳаби эмоми аъзам Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ ва тамоми мазоҳиби исломӣ менамояд.

Бисёре аз ҳукуматҳое, ки ҳамчун қонунҳои нангинеро қабул кардаанд ё дигар вуҷуд надоранд ва ё иштибоҳи худро дарк намуда аз пайи ислоҳи он ҳастанд. Ва низ дар хеле аз кишварҳои пешрафтаи дунё дида мешавад, ки пушиш ва ҳиҷоб ба таври расмӣ аз тарафи мақомотҳои он кишварҳо пазируфта шуда аст. Ба унвони мисол полиси Скотланд эълон карда аст дар ростои ташвиқи занони мусалмон барои пайвастан ба полис либоси наве мутобиқ бо ҳиҷоб тарроҳи шуда аст. Ва бар ин назаранд, ки бо афзудани ҳиҷоб ба либоси полис ба пайвастани афроди бештар ба полис кумак мекунад ва ба маҳоратҳой зиндагӣ, таҷриба ва тавоноиҳоӣ шахсие, ки маъмурони полис барой хизмат ба ҷомеа дошта бошанд меафзояд.

Пушиши зоҳирии ҳар инсоне баёнгари эътиқоди дарунии уст ва ҳар як инсони мусалмон пушиш ва ҳиҷобро як дастури Илоҳӣ барой парастиши Худо ва наздик шудан ба Ӯ медонад на либоси бегона. Аз ин рӯ либосе мепушад, ки Худо писанд буда ва бо фарҳанги динӣ ва исломии вай созгор бошад, чаро, ки пушиши ҳар ҷомиае нишондиҳандаи фарҳанги он чомеа ва нишондҳхандаи шахсияти афроди он мебошад.

Яке аз меъёрҳои муҳимме, ки як ҷомеаи мардумсолор, озод ва бо фарҳангро аз як ҷомеаи ғуломдори, бе ҳайсият ва бе дин тафкик менамояд ин эҳтиром ва арҷгузори ба инсоният ва ончи, ки шаҳрванд онро арҷ мегузорад мебошад. Гузашта аз ҳамаи паёмадҳои талху ногуворе, ки бе ҳиҷоби меорад, бе ҳиҷобӣ ва бараҳнагӣ хилофи фитрати башарият ва табиати занон мебошад.

Ҳиҷоб шахсияти занонро боло мебарад ва натанҳо як пушиши зоҳирист, балки як арзиш, иззат, каромат ва шараф аст. Виқор ва азамати занро ҳифз мекунад.

Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” дар Олмон ба далили мухолифат доштани ин қонун ба тамоми меъёрҳои динӣ, мазҳабӣ ва меъёрҳоӣ сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилали онро маҳкум намуда норозигии худро аз қабули ҳамчун қонуне баён медорад.

Умед аст, ки мақомоти кишвар бо огоҳии комил қарор ва қонунҳоеро ба тасвиб мерасонанд, ки бо фарҳанг, мазҳаб ва дину ойини миллат ва мардуми кишвари азизамон мутобиқат карда ва бароӣ пешрафти мардум, кишвар ва давлатамон мусоидат намояд.

Ҷамъияти Тоҷикон “НУР” дар Олмон
29.12.2018 Дортмунд

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад