Каломи таскинбахши як хоҳари мӯъмина ба бонувони муҳаҷҷаби Тоҷикистон

Ислоҳ нет

 

Аз пешниҳоди қонуни манъи  вуруди бонувони сатрпӯш ба идора ва корхонаҳо нигарон шудам .Аз шабакаҳои иҷтимоӣ мехонам ва наворҳои нафарони зиёдеро аз ҷумлаи ҷавонону наврасон мебинам ,ки ҳар нафари бедордиле дар ин тарҳи пешгирифтаи ҳукумат бе тафовут нест ва  бо ҳар навъе мехоҳад эътироз кунад ва аз қонуни Илоҳӣ ҳимоя намояд .

    Аз қонуни манъи ҳиҷоб мешунавам ,ин ҷумла ва калимаҳо бароям ошно аст,солҳост,ки думболи мо ҳаст ва ҳар бор бо номҳои гуногун ва шеваҳои нав таъғир ёфта таҳдидамон мекунад .Хоҳари ҳамқадаму ҳамқисматам! Ин дардат ба ман ошно аст. ,
Асли ҳадафашон дар ҳар давру замон бо ҳар ному мақом як  буд ва ҳаст!,Бе арзиш нишон додани зани мусалмон , ба муқаддасоташ нохун задан !
     Ҳангоми хурдсолӣ аз бузургсолон калимаеро зиёд мешунидем “убол”-аст ,“нонро марезон агар зери по шавад убол мешавад” “дурӯғ нагӯ убол аст”.
  Напӯшидани руймол ҳангоми таомхурӣ ва ҳамгоми кӯча баромадан бидуни рӯймол ва куртаи остиндароз убол буд.Мо ҳам аз убол  метарсидам ва ҳам аз ҳаммаҳалаҳоямон чун маро духтари мулло ном мебурданд ва ҳар рафтору амали  мо зери назораи ҳамсояҳо буд, ибо мекардам.
 
    Вақте ба синфи якум қадам гузоштам, ба сар рӯймол доштам,муаллимаи аввалин ҳамсояи наздикамон буд,эҳтироми зиёд ба хонаводаамон дошт,Ман дар партаи аввал менишастам ,муаллима ба ман наздик шуда, оҳиста руймоламро кушода пушти парта гузошта гуфт! Дар синф бо руӣмол нишастан мумкин нест! Берун ,ки баромадӣ, баъд рӯймолатро банд мегуфт. Ҳангоми танаффусҳо, ки берун мерафтам руймол мебастам ,чун бароям убол буд.
Руймоли ман пушти сар баста мешуд ва як гӯшааш тарафи пеш овезон меистод .Либоси мактабииамон ,ранги сиёҳи шинам ва остини дарозу гиребони баланд дошт .
Хонандаи фаъоли мактаб будам,баъди ҷамъбасти чорякҳо аз тарафи маъмурияти мактаб тӯҳфа мегирифтам, ки китоб буд .Ҳангоме ,ки дар синфҳои болоӣ мехондам, он вақтҳо наворҳо ва филмҳои динӣ баӣни мардум пинҳонӣ дида мешуд ва ин филмҳо ва касетаҳоро  эҳтиёткорона, ба нафарони боэътимод  барои тамошо медоданд.
Ба ман ҳам муяссар гашт , ки ин гуна филмҳоро аз қабили “Рисолат ” ва “Робия” бинам .
Ман акнун суханҳои падарамро дарк карда будам ва фаҳмидам, ки маънои убол чӣ будааст. Ҳар кӣ огоҳтар аст ,ҷонсӯзтар асту ҷони ман ҳам дар сӯзиш буд .Пӯшонидани сару гардани духтари болиғ амри Худо будааст гуфта, мехостам дигар дар кӯча бо сару гардани пӯшида бошам .
 Дигар дар кӯча ва роҳи мактаб рӯймоли панҷгулаамро ки бо номи чилупанҷсӯма машҳур буд ,на пушти сар балки зери манаҳ мебастагӣ шудам ва минбаъд, дар синфхона ҳам аз сарам намегирифтам.
Ман пӯшиши ҳеҷ миллат ва қавмеро тақлид накарда будам, танҳо рӯймоли панҷгулаи ман ,на пушти сар балки гӯшу гарданамро ҳам мепӯшонид.
Рӯймоламро бо пули  меҳнати худам харидорӣ карда будам .Аз тарафи мактаб хонандагони  синфҳои болоиро баъди дарсҳо  “Меҳнати истеҳсолӣ” гуфта дар заминҳои “совхоз” барои ёрӣ мебурданд, кор мекардем.

Муаллими таърих аз ҳамсояқишлоқамон буд. ӯ ҳамчун тарҷумон аз тарафи Иттиҳоди  Шуравӣ дар ҷанги Афғонистон иштирок намуда, аз як по маҳрум  шуда буд .Баъди табобат ӯро чун муаъллим ба мактаби мо фиристода буданд.Фанни таърихро бо баҳои хуб мехондам,Баъди оне ки ,ман дар синф руймоламро аз сар намегирифтагӣ шудам ,номам хола шуд. Ин ном маро нороҳат намекард ,чун аксар ба ҳолам намехандиданд, баракс баӣни ҳамсинфонам эҳтиром доштам,дар тайёр намудани вазифаҳои синфӣ  кӯмакашон мекардам ва ҳамчун духтари мулло ҳарфам мақом дошт.
Ин дастгирӣ ва ҳангоми таҳқири муаъллимон нахандиданашон ба ман дар аҳди бастаам нерӯ  мебахшид.
Муаъллими  фанни таърих дигар аз ман мавзӯъ намепурсидагӣ шуд,ҳарчанд ман борҳо даст мебардоштам, Пеши назари ҳамсинфонам ,тамоми баҳоҳои дар дарсҳои  гузашта гузоштаашро бо теғ (лезва) пок намуда, баҳои ду-ро қатор намуд. Дарси дигар ман ҷоямро бо ҳамсинфам, ки дар партаи дуюм менишаст иваз намудам ,чун дар ҳарос будам ,ки мабодо  ҳамгоми қаҳраш руймоламро аз сарам кашида нагирад. Дуртар бошам беҳтар, чун ба асочӯб  базӯр роҳ мерафт.                                                                                                 
  Аммо ,дар урфият мегӯянд “Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам”. Боре баъди чанд калимаҳои такрорӣ, ки одат карда будам, ҳангоми эътирозаш ба рӯймолам гӯям, хурӯшиду  бо кӯмаки асочӯб ба наздам омад ва руймоламро кашида гирифта,  тарафи тахтаи синф рафт, тахтаро пок намуд ва руймоламро аз тиреза ба берун ҳаво дод.
   Ман бо ду даст чи миқдоре аз  сару гарданамро  пӯшонида ҳам метавонистам?!
Лутфи Худо буд,ки зеҳнам  ба гарданбанди сурх  (галстуки пионерӣ) , ки бастанаш  ҳатмӣ буд рафт Гарданбандамро кушода ба сарам бастам ,ҳарчанд, ки секунҷаи хурд буд, аммо гӯшаҳояш дароз буданд ,чун то  зери  манаҳам расида гиреҳ хурда буд
Кӯшиш намудам ,ки гиря накунам ,ҳарчанд гиря гулӯгирам карда буд.Нолаамро ҳар лаҳза бо кашидании оҳи дарднок фурӯ мебурдам .
Ин пеши назари ҳамсинфонам буд .Ёдам нест ,ҳангоми танаффус рӯймоли чилупанҷсӯмаамро кадом ҳамсинфам, гарди бӯрашро афшонда оварда дод .
Бо ҳамин ман фанни таърихро бо баҳои се баъди ду сол хатм кардам. Дар шаҳодатномаам ду баҳои се дорам, ки бо якдигар ҳамтақдиранд .
Худо биомӯрзад муъллимро умри зиёде ҳам надид!
Орзуи хондани донишгоҳ дар дилам монда буд.  Аз хондани  китобу маҷаллаҳо дур намешудам,вале ҳифзи ҳиҷоб бароям маҳбубтар буд .Рафтам ба шаҳр назди хоҳарбузургам барои гирифтани таълимоти динӣ .
Вақте, ки писари калониям мактаби миёнаро хатм мекард ман донишгоҳ ро хатм кардам. Боз мушкилиҳои даврони талабагӣ вале бо номҳо ва шеваҳои дигар. Солҳои мактабӣ номи ман дар маҷлисҳо “Аҷнабӣ” буд. Даврони шуравӣ буду динро афюн ном мебурданду диндоронро аҷнабӣ.
Ҳангоми донишҷӯ буданам ҳам дар давлати бо ном демократӣ ва ҳуқуқбунёд , ибораҳои навтаре бо ҳамон мазмуну дарди пешина пайдо шуданд. Сатр аз мо нест, ҳиҷоб моли арабҳост, қафомондаҳо…   

Духтари бо ҳиҷоб яъне донишҷӯӣ қафомонда          

  Донишҷӯ шудани ман хеле ҳодисаҳоро дар бар дорад, ки тафсилоташ шояд минбаъд рӯйи қоғаз оянд.
Баъди понздаҳ соли хатми мактаб, ман донишҷӯ шудам .Қафомонда номи навам буд дар донишгоҳ.Абдуҷаббор Раҳмонов ректори  донишгоҳ буд ва болои духтарони сатрпӯш дар Донишгоҳу Донишкадаҳо фишорҳо  зиёд дида мешуданд .Таҳдиди хориҷ шудан аз донишгоҳо ва роҳ надодан ба дарсҳо моро сахт нороҳат карда буду дилам ба хоҳарони ҳамқисматам месӯхт чун хеле фаъол ва бо савод буданд ва байни дуроҳаи тақдир монда буданд, зеро гирифтани илм ҳам фарз, нигаҳдоштани ҳиҷоб ҳам фарз, .Мутаассифона аллакаӣ аз дигар донишкадаҳо духтарони муҳаҷҷабаро  хориҷ карда ҳам буданд. Заҳмат ва эҳтиёти муаъллимони факултаи мо буд ,ки ман бо вуҷуди  доштани рӯсарӣ, то ба  курси охирини донишҷӯӣ расидам.
Рӯзе аз тарафи вазорати маъориф ҳамроҳи ректор барои назорати сару либоси донишҷӯён ба факултаи мо омаданд ва бояд  синфхонаҳоро тафтиш мекарданд. Соати дарс буд ,Муаллим эҳтиромона хоҳиш намуд ва гуфт; ” Хоҳарам,  медонам, ки бароят мушкил аст, то  рӯӣмолатро тарзи дигар бандӣ ,вале метавонӣ чанд лаҳза берун аз синф пушти роҳравҳо пинҳон шавӣ, то ба чашми назоратчиҳо нанамоӣ”.   Ба муаллим эҳтиром доштам ва гапашро ду накарда бурун шудам. Бароям аламовар буд, ки  чаро ин ҳама мушкилиҳо  ва монеаҳо танҳо барои пӯшиш?! Чашмони маҳзун ва саволомези ҳамсинфонам ҳангоми хориҷ шудан аз синф аламамро зиёдтар карда буд.
Вақте расидам ба ҷои гуфтаи муаллим, ман танҳо набудаам.  Аз дигар синфхонаҳо ҳам духтарон берун шуда  ва мунтазири рафтани комисия қарор доштанд.
 Диққати маро байни духтарон аз дарс берун будани  ҷавоне ҷалб кард ва гуфтам: “Додарам мо- ку ҷурмамон маълум ,ки чист, вале ту чаро инҷоӣ?”                                                                                                                  
 Ҷавон  гуфт; “Муаллим имрӯз бе куртаи сафед ба дарс омада будааст ва куртаи маро пӯшида ба дарс даромад” Дар ҳақиқат ин ҷавон бе курта, танҳо  жемпер дошт.
Вақти имтиҳонҳои давлатӣ ҳам фаро расид, болои тайёрӣ ба имтиҳонҳо,  боз имтиҳони дигар, бояд сару либоси донишҷӯён назди комиссия, ки аз тарафи идораи  маориф таъин мешуданд, ба талабот ҷавобгу бошад, вагарна ба имтиҳон роҳ дода намешаванд. Як рӯз пеш аз имтиҳон бароямон таъкид шуд, ки ҳатман либоси тоҷикӣ пӯшем  ,Маъмулан либоси ман куртаи миллӣ  буд,  танҳо руӣмоламро бо  сӯзанак  мепайвастам,  то ҳангоми шамол ё роҳ рафтан аз сарам налағжад.
Барои он ,ки бо сару либоси “Бегона” ба имтиҳон даромадан манъ буд ,ман   куртаи чити аз мӯд рафтаи хоҳарбузургамро ба бар  ва рӯймоли заргаронии солҳои ҳафтодуми асри гузаштаро ба сар намуда, ба имтиҳон ҳозир шудам .Аъзоёни камиссия бо қираи чашм ба сару либосам  нигаристанд ва касе ҳарфе назад, чун ҷавобашонро гирифта буданд. .Аз имтиҳони  сиёсатшиносӣ баҳои чор гирифтам .Баъди берун шудан аз имтиҳон декани факулта аз пуштам баромада насабамро гирифта бо тамасхур гуфт:  “Шарм намедорӣ? Баҳои чор гирифтӣ” Дар ҳоле медонист,ки  донишҷуён баҳои серо мехариданд . Чизе нагуфтам чун қаҳраш аз баҳои чори ман набуд, балки аз тарзи пӯшиши ман буд .                                                                                                 
   Ман ҳам бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд  ва ҳифзи ҳиҷоб соҳиби диплом шудам . Баъди муҳоҷирати маҷбурӣ , имрӯзҳо бо доштани рӯсарӣ дар яке аз донишгоҳҳои  Урупоӣ кор мекунам ,касе аз тарзи пӯшиши ман нороҳат нест. Хафтае панҷ рӯзи корӣ дорам, рӯзҳои ҷумъа то соати дувоздаҳ кор мекунам ва ба масҷид барои адои намози ҷумъа меравам. Рӯзҳои дигар бошад, намози зуҳрро  дар утоқи кориам  мехонам .Касе аз пӯшиши исломӣ ва рафтори ман  нороҳат нест .

Хоҳари мусалмонам, ҳолати туро дарк мекунам:

-Хоҳари ҳамқисмати дар ватанам.

-Ҳалли ин мушкил танҳо вобаста ба ирода ва устувории Шумост .

 -Хоҳарам, ту посбони дари ганҷинаи иффату ибо ҳастӣ. Магузор, ки дасти нохалафе, бешарафе ин ганҷинаи худододаро олудаи ғарази фаҳмиши аблаҳонааш кунад.

 – Пӯшиши ҳиҷоби ту бо амри роҳбари давлат нест, амри Илоҳист. Ту амонатнигаҳдори ин ганҷинаӣ ва Худованд амонатнигаҳдори имону шарафи туст.

-Соҳиби ризқи мо, моли мо, фарзанду пайванду манзилу маконамон , соҳиби чонамон танҳо Худованд аст.  Медонам, ки имтиҳон душвор аст, аммо роҳи ҷаннат ҳам бо гузашти ҳамин душвориҳо осонгузар хоҳад шуд.

-Пас бояд ҳомии ҳиҷобамон бошем, ки ба он амр шудаем.

-Хоҳарҷон, устувор бош!!!

 – Худо бо мост!

Мӯнисаи Солеҳ

Махсус барои Ислоҳ

Share This Article