Конфронси обсофкунаки МТС: Таҳдиду хатарҳои ҲНИТ ба амнияти миллӣ?

Ба ақидаи ман ин конфронс барои он ташкил карда шудааст, ки ба конфронси солонаи САҲА дар Варшава рӯзҳои башумор мондааст. Баргузории ин конфронсро метавон як омодагие ба нишасти байналмилалии САҲА номид. Зеро ин дафъа ҳуқумат ба хотири шарманда нашуданаш мисли ду соли гузашта ба худ ҳаққ намедиҳад, ки бидуни омодагӣ ширкат варзад.

Бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ санаи 30 август дар шаҳри Душанбе Конфронси “илмию амалӣ” дар мавзӯи ”Таҳдиду хатарҳои  ҲНИТ ба амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шудааст.

 

Тавре дар гузориши дафтари матбуотии МТС  омадааст, дар ин “конфронс” роҳҳои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои ҲНИТ пешниҳод карда шудааст.

 

“Аҳамияти актуалӣ ва муҳими Конфронс ифшо кардани дурӯғу найрангҳо ва нақшаҳои тахрибкоронаи роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ТЭТ ҲНИ) ва хоҷагони хориҷиашон мебошад, ки бар хилофи ваъдаҳои худ амал карда, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди мардуми худ ва меҳмонони хориҷӣ ба роҳ мондаанд”, – омадааст дар гузориш.

 

Аз рӯи гузориш “дар ин конфронс  намояндагони сафоратҳои 20 кишвари хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзидаанд. Аммо тавре маълум шуд, аксарияти корпусҳои дипломатӣ, даъватро напазируфта, аз ширкат дар Конфронс худдорӣ намуданд. Муҳтавои Конфрос ба корпусҳои дипломатӣ бо таври хаттӣ фиристода шудааст.

 мтс

Аҷибаш инаст, ки ин Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, ҳозиринро хайрамақадам гуфтааст.  Ҳамон нафаре, ки аз ин пеш гуфта буд, “ин ҳизб (ҲНИТ) дигар барои ҳукумати Тоҷикистон ягон хатари ҷиддӣ надорад”.

 

Дар муддати зиёдтар аз як сол ин маротибаи сеюм аст, ки назари стротеги боломақоми МТС, Сайфулло Сафаров дар бораи ҲНИТ тағйир меёбад.

 

Моҳи июли соли 2017 азми гуруҳҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо барои ташкили эътилофро Сайфулло Сафаров як таҳдиди ҷиддӣ номида, хостори чораҷӯии мақомоти Тоҷикистон дар ин масъала шуда буд. Ӯ гуфта буд, ки онҳо миқёси хатари мухолифини ҳукумат дар хориҷро нодида гирифтаанд.

 

Ин воҳимаи Сафаров замоне буд, мухолифин дар Аврупо эълон карданд, ки аз паи созмон додани як эътилоф ҳастанд. Аммо, вақте эътилоф нашуд, 2 феврали соли 2018, фикри ин стротежи рақами дуи кишвар тағйир хурд ва гуфт, ки “ин ҳизб (ҲНИТ) дигар барои ҳукумати Тоҷикистон ягон хатари ҷиддӣ надорад”.

 

Аз ин фолаш ҳам муддати зиёде нагӯзашта, боз мебинем, фолаш хато баромадааст ва бо баргузории Конфронси махсус “Таҳдиду хатарҳои  ҲНИТ ба амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро маҳз Сайфулло Сафаров барандагӣ кард ва мавриди баррасиву таҳлил қарор доданд.

 

Ҷолибаш ин аст, ки то ба ҳол ҲНИТ бо ягон созмоне эътилоф накардааст, аммо мебинем, ки оғози фаъолияти индивидуалии ҲНИТ ҳатто бидуни эътилоф ҳукумати Тоҷикистонро бо тамоми стротегу ташхисгаронаш ба ларза даровардааст.

 

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон ҳам дар ин Конфронс ширкат ва суханронӣ намуда гуфт: “Ташхису таҳлилҳо бояд дар дохили кишвар шавад на аз нуқтаву назари Кабириву чанд муғризу терористу экстиримисте, ки хиёнат карданд”.

 

Шарм ҳам хуб хислате асту аммо афсус, ки ҳама надорад. Абдулқодирзода, нафаре аст, ки тули ҳамчун муфтӣ, раиси шурои уламои Тоҷикистон фаолият карданаш, ним зиёди масоҷиди Тоҷикистон баста шуд. Азон гуфтан бо баландгӯяк манъ шуд, мубориза алайҳи ҳиҷоб ва либосҳои суннатии занон ба авҷи аъло расид. Дари тамоми 29 мадрасаи исломӣ дар Тоҷикистон баста шуд. Ягон таҳлилу ташхиси Абдуқодирзодаро, то имрӯз нашунидем. Боз ҳам ин беномус мегӯяд, ки “ташхису таҳлилҳо бояд дар дохили кишвар шавад”.

 

Ҷаноби Сайидмукаррам Абдуқодирзода шумо мегӯед “ташхису таҳлилҳо бояд дар дохили кишвар сурат гиранд, на дар хориҷ ва боз аз Кабириву чанд муғриз”

 

Охир шумо мутмаин ҳастед, ки дар дохил касе ташхису таҳлил кунад ӯро зиндаву солим мегузоранд? Агар ба ин суханатон худатон бовар дошта бошед, марҳамат, шумо бо истифодаи муносиб аз мақому вазифае, ки доред, аз дину ақида ва мазҳаби ин миллат ҳимоят кунед. То бубинем, оё ташхису таҳлили шуморо дар дохил мепазиранд?

 

Марҳамат, шумо дар ин маврид ташхису таҳлил карда, аз нигоҳи шариъат ба ҳукумат расонед, то бубинем чӣ мешавад. Дар қонунҳои шариъат ҳеҷ табдил ва тағйире нест ва онҳо муғризона, аз дохилу хориҷ ҳам нестанд. Онҳо аз ҷониби Аллоҳанд ва ба фикрам ба ин шумо ҳам имон доред!

 

Масҷидҳои баста, азони манъшуда, манъи вуруд ба масҷид то 18 солагӣ, ба хотири риояи сатри исломӣ хоҳаронро ба идораҳои давлатӣ роҳ намедиҳанд. Зиндонӣ шудани олимони дин ва толибилмон бо туҳматҳои бофтаву сохта, басташавии мадориси динӣ, дур кардани олимони дин аз минбарҳои масоҷид ва овардани шахсони тасодуфӣ ба ҷойи онҳо. Ва садҳо мушкилоти динии дигаре, ки аз онҳо хуб огоҳед. Чаро то ҳол дар ин бора садоятонро касе нашунид? Марҳамат,  ин масъалаҳоро яке “таҳлилу ташхис” кунед, бубинем оқибати коратон чи мешавад?

 

Як суханкунандаи дигар дар ин Конфронс корманди кумитаи дин, Амирбек Бекназаров буд. Айнан назарҳояш “Бек” барин.

 

Ин махлуқи Худо мегӯяд: “Ба мақсади муаррифии чеҳраи аслии роҳбарияти ҲНИТ ва даст доштани онҳо ба амалҳои терористиашон дипломатҳои ҶТ дар арсаи байналмилалӣ ва Аврупо бояд мақолаҳои таҳлилии муаррификунанда навишта, барои шиносонидани чеҳраи аслии онҳо дар ВАО-и хориҷӣ  бо забонҳои Англисӣ, Фаронсавӣ, Олмонӣ ва Арабӣ нашр намоянд”.

 

Ҷаноби Амирбек Бекназаров, машварати шумо ба дипломатҳои кишвар ҷиҳати густурдатар кардани фаъолияташон дар хориҷ   барои муаррифии ҲНИТ ва сиёҳ кардани ин ҳизб дар Аврупо ва хориҷ беҳуда аст. Охир, тули се сол мешавад ин корро ҳукумат кард. То тавонист, тӯҳматномаву бӯҳтонномаҳоро ба кишварҳои Аврупо дар бораи шаҳрвандони худаш гуселонид. То тавонист барои бадном кардани шаҳрвандони кишвар тамоми саъйу кӯшишашро ба харҷ дод. Оё хабар доред, ки натиҷа чи шуд? Дар баробари ин буҳтонномаҳои ҳукумат фаолони ҲНИТ далелҳои раднашавандае ба кишварҳои Аврупо пешниҳод карданд, ки дигар агар ҳукумати Тоҷикистон шабро торик гӯяд ҳам касе бовар намекунад.

 

Хубаш барои ин амал дигар пул масраф накунед. Он маблағҳоро ба камбағалҳо ва нафақахӯрон дар дохил диҳед, бароятон савоб аст. Чун дигар чеҳраи махуфи ин режим сафед намешавад. Зеро зангаш куҳна шуда, бемориаш музмин (хронический) гардидааст. Ягона роҳ ин истеъфои пешвоятон мебошад, на тарҷума кардан ва муаррифии ҲНИТ дар Аврупо ва хориҷ. ҲНИТ бо тамоми аъзои фаолаш дар Аврупо аз вуҷуди худ дарак додааст ва худашро хуб шиносонидааст. Инро ҳам бояд донед, ки Аврупо аз наздик ҲНИТ-ро наззора дорад.

 

Зимни  нишаст таъкид бар он шуд, ки дар Русия назди сафорати Тоҷикистон, намояндагии Шурои Уламои Маркази исломӣ таъсис дода шавад. Инчунин дар донишгоҳҳои Русия бо донишҷӯён мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд.

 

То ба ҳол ҳамасола, зиёда аз ҳазор тобути муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон бурда мешавад ва аз замони ҳукмронии режим наздик ба 25 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия кушта шуд. Касе аз ҳоли онҳо напурсид. Аз ҳуқуқашон дифоъ накард. Ҳамасола аз беҳуқуқию бесоҳибӣ ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик додаш ба фалак мебарояд, аммо ба гуши ҳукуматдорони тоҷик намерасад. Имрӯз бошад, инҳо мехоҳанд, ба муҳоҷир бигӯянд, ки “фантазияҳояшонро” ҳамчун воқеъият бипазиранд.

 

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Навмедиҳо аз кирдори ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ” дар Конфронс баромад карда гуфтааст, ки аз рафторҳои ин ташкилоти тундрав (ҲНИТ-ро дар назар дорад) ҳама кишварҳо огоҳӣ пайдо кардаанд.

 

“Роҳбарони ҲНИТ пайваста дар сафарҳои хориҷии худ ба Амрикову Аврупо ва Осиё ҳизби худро демократӣ ва ҷабрдидаву таҳаммулпазир нишон медиҳанд. Аммо, ончӣ онҳо аз худ нишон медиҳанд, ҳама аз рафторҳои ин ташкилоти тундрав огоҳӣ пайдо кардаанд”, – гуфтааст Баротзода.

 

Аҳсант Файзулло Баротзода! Хело марди “хубе” ҳастед ва мо бо ҳам ошно ҳастем ва якдигарро хуб мешиносем. Ману шумо хуб медонем, ки ҲНИТ ниёз ба бозгӯ кардан ва худро таҳамулпазир муаррифӣ кардан надорад. Ҳама ончӣ гуфтед воқеан ин корро режиме, ки шумо онҷо обсофкунакаш ҳастед, анҷом дода истодааст. Иқрор кардани шумо, ки роҳбарони ҳизб дар Амрико, Аврупо, Осиё ва дигар кишварҳои олам озодона гашту гузор мекунанд, бас аст. Ин худаш аз он далолат мекунанд, аъзои ҲНИТ бегуноҳ ва воқеан таҳамулпазир будаанд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва он кишварҳои номбаркардаатон бо наҳзатиён муносибати ҳасанаро ба роҳ мондаанд.

 

Бардошт аз ин Конфронс

Ҳукумати имрӯза ончунон дар изтироб аст, ки  дигар намедонад чӣ иқдомотеро алайҳи ҲНИТ иттихоз намояд.

 

Ба ақидаи ман ин конфронс барои он ташкил карда шудааст, ки ба конфронси солонаи САҲА дар Варшава  рӯзҳои башумор мондааст. Баргузории ин конфронсро метавон як омодагие ба нишасти байналмилалии САҲА номид. Зеро ин дафъа ҳуқумат ба хотири шарманда нашуданаш мисли ду соли гузашта ба худ ҳаққ намедиҳад, ки бидуни омодагӣ ширкат варзад.

 

Ёдовар мешавем, ки фаолони ҲНИТ дар нишасти САҲА, моҳи сентябри соли 2016 намояндагони ҳукуматро ба фирор водор намуда буданд. Чун дар беруни он пикет ташкил карда, ҳудуди ду соат сухнронӣ намуданд. Инчунин, дар дохили толор бо майкаҳое, ки дар онҳо аксҳои зиндониёни сиёсӣ дарҷ ёфта буд, дар назди намояндагони 57 давлати дунё ҳузур ёфтанд. Ин амал дар гузашта собиқа надошт, ки онро аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ ташкил намуда буданд. Ончунон чеҳраи махуфи ҳукумати диктатории Эмомалиро ба намоиш гузоштанд, ки як сол ҳукумат ба худ наомад ва ҳатто аз қаҳру ғазаб омода буд, намояндагии САҲА-ро аз Тоҷикистон берун кунад.

 

Гурӯҳи Авангард, ки қаноти ВКД ҶТ аст, назди бинои намояндагии САҲА дар Тоҷикистон пикету таҷаммуъ барпо карданд. Аксҳои роҳбарони мухолифонро оташ заданд. Дару девори намояндагии САҲА дар Тоҷикистонро девонавор  лагадборону сангборон карданд. Ба ин иктифо накарда, назди хонаҳои иштироккунандгони конфронси САҲА, донишҷӯёнро бо автобусҳо бурда, дару девори хонаҳои онҳоро тухмборону сангборон намуданд. Ҳатто аз фишори зиёд модари яке аз иштироккунандагон, Абдусамад Абдусатторов дар ноҳияи Панҷ сактаи қалбӣ шуда,  вафот кард.

 

Соли 2017 низ ҲНИТ дар нишасти САҲА чеҳраи аслии ҳукумати диктотуриро ба ҷаҳониён хуб муаррифӣ кард. САҲА на фақат доду фарёди ҳукумати Тоҷикистонро ба инобат нагирифт, балки дар он роҳбари ҲНИТ  Муҳиддин Кабирӣ шахсан иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳатто суханронии Муҳиддин Кабириро то оғози суҳбаташ дар монитори дохили нишаст реклама менамуданд, ки соати 17:15 дақиқа суханронӣ мекунад. Баромади ҳамагӣ чанд дақиқаинаи роҳбари ҲНИТ ончунон ба ҳукумат вазнин афтод, ки гӯё дунё ба сараш чапа шуда бошад.

 

Раиси як ҳизбе, ки ӯро терорист, экстремист ва чи балову қазо хонда, ӯро дар интерпол дода буданд, озодона иштирок ва сӯҳбат кард. Муҳиддин Кабирӣ интиқодҳои лозимаи худро аз минбари боло ва дар ҳузури намояндагони 56 давлати дунё кард. Мешавад гуфт, ки ин як марги маснуъӣ барои режими диктатории Эмомалӣ буд. Инчунин дар ҳошияи он чанд нишасте ҳам наҳзатиҳо баргузор намуда, чандин журналу овеза ва буклетҳо аз зулму шиканҷаи режим ба намояндагони кишварҳо бо тарҷумаи чанд забон тақдим намуданд.

 

Мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои баландпояи ҷаҳонӣ намудани роҳабари ҲНИТ мавқифи ҳукуматро ончунон танг намуд, ки мисли занҳо танҳо рашк ва ҳасад мебурд ва танҳо туҳмат мекард ва то ба ҳол ин корашро идома дода истодааст. Он сол ҳукумат қаҳр карда, дар конфронс иштирок накарда буд.

 

Имсол ҳукумат пай бурд, ки қаҳр кардан фоида надоштааст ва ҳарчӣ қаҳр кунад мисли беваҳои лаби об, обӯ рӯйи набудааш боз бештар мерезад. Инаст, ки  қабл аз иштирок дар конфронси САҲА даст ба ин “Конфронс”-ҳои як дирама зада истодаанд.

 

Як чизи дигар ногуфта намонад, ки дар Конфрони МТС филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, ки дар нақши асосӣ Мулло Айёмиддин буд, нишон доданд. Филми Айёмиддин Сатториро бо забони Англисӣ тарҷума кардаанд, то ба хориҷиҳо ва корпусҳои дипломатӣ нишон диҳанд. Аммо хориҷиҳо, ки наомаданд, ин ҳукумати диссернетӣ забони тоҷикиро намедонад, англисиро аз куҷо мефаҳмад? 

 мвм

Дар мавриди навори мазҳакавии “Бозгашт ба ҷаҳаннам” ҳаминро мегӯям, ки агар онро ба забони англисӣ ҷойи худаш, агар ба забони ҷинҳо ҳам тарҷума кунед, дар шабакаҳои телевизиониии кишвар рӯзе се маротиба ҳам нишон диҳед, аслан ҳеҷ таъсире намекунад. Шуморо ин навор сафед ва ҳеҷ собуне ҳам покатон намекунад. Беҳуда зур назанед ҷанобони нопок! Адами иштироки аксарияти корпусҳои дипломатӣ худ гӯяндаи он аст, ки шумо онҳоро аҳмақ карда наметавонед. Боз ҳам бохтед ва мардона онро бипазиред, ки дар сатҳи ҷаҳон ҳеҷ ҳайсият ва обурӯй надоред. Чунки қаблан он ними сурхии рӯятон ҳамин мардуми муҳоҷир буду ҷониби сиёҳаш худи шумо.  Айни ҳол танҳо рӯсиёҳӣ дар шумо мондааст.

 

Намехоҳам навишторамро тӯлонӣ намоям. Дар охир инро ба маълумоти мақомот ва режими кунунии кишвар мерасонам, ки мунтазири Сюрпризҳои аҷибу ғариби навбатӣ дар нишасти САҲА дар Варшава бошед. Агар худро ҳақ мешуморед, ҲНИТ ва мухолифони сиёсиатонро терористу экстримист медонед, пас марҳамат бо далоил он ҳама иттиҳомотро ба олам тақдим кунед. Ҳама олам аз он чӣ мегӯед огоҳ гарданд, агар боз ҳам чизе надошта бошед ва дасти холӣ бо навори “БОЗГАШТ БА ҶАҲАННАМ”-атон, ки онро тарҷума кардаед ба САҲА ташриф биёред, бидуни ҳеҷ шакке боз ҳам по ба фирор мегузоред ва шарманда хоҳед шуд. Он унвонҳои терористу экстремистро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба китфони худатон барчасп мекунанд.

 

Ростӣ, дилам ба ин миллати мазлум месӯзад, ки як туда аҳмақу хирасару бесаводи диссернетӣ ва тасодуфӣ болояш ҳукумат меронанд!

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад