Конститутсияи Тоҷикистон – таъмингари ҳуқуқи як оила

Ислоҳ нет

 

Барои ба танзим даровардани давлатдорӣ, муайян сохтани сохтор, идора ва назорати тартибот, санади олии ҳуқуқие, ки  фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, қабул мегардад ва он Конститутсия аст.

Ҳар кишвар Конститутсияи худро дорад. Тоҷикистони азизи мо ҳам дорои ин санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсия мебошад.  Ин санади олии ҳуқуқӣ сарлавҳаи тамоми қонунҳо ва фармонҳои дигар бояд бошад. Бояд тамоми қонунҳо, санад ва фармонҳо ба Конститутсия мутобиқ бошанд. Талаботи ҳуқуқӣ мебояд аз рӯи талаботи конститутсионӣ асос ёбад.

Аммо дар Тоҷикистон Конститутсия танҳо ҳамчун як санади рамзӣ истифода мешавад. Ҳамарӯза банд- банди ин санади олии ҳуқуқӣ на аз ҷониби шаҳрвандон, балки аз ҷониби худи нозирон ва кафили иҷрои он нақз мегардад.  

Дар ҳоле, ки ҳама карру фар ва фахрфурӯшияшон аз баракати ин сарқонун аст. Ҳамин Конститутсия аст, ки барои “Пешвои оила”ҳатто пас аз рафтанаш аз мақом ҳаққи дахлнопазириро додааст. Ба “кафили” ин санади олӣ ҳақ додааст, ки то қисме аз маблағи будҷаи кишварро аз худ кунад. То мурданаш дар курсияш боқӣ бимонад.

Ман сарқонунҳои чандин кишварро хондаам ва ба онҳо аҳамият додаам, вале бароям онқадар писанд ё маъқул нашудаанд. Бидуни ҳеҷ муҳоботе сарқонуни кишвари мо ончунон зебо навишта шудааст, ки шахсе онро хонад ва вазъияти кишвари моро надонаду як маротиба дар ютуб ва гоогл кишвари моро бубинад ошиқаш мешавад. Дигар намехоҳад шабашро рӯз кунад ва ё рӯзашро шаб кунад.  Дар ҳол мехоҳад ба ин кишвари идеал ва дар олам беҳамто сафар кунаду онро аз наздик бубинад.

Дасти он бузургоне, ки дар навиштану тадвину ҷобаҷогузории бобҳо ва зербобҳои ин сарқонуни зебои кишвар заҳмат кашидаанд дард накунад. Воқеан метавонам бигӯям чунин сарқонун дар олам беназиру беҳамтост. Мебояд ҳама олам аз ин сарқонуни мо дар кишварҳои худ истифода намоянду онро татбиқ намоянд.

Танҳо чанд таҳрифе, ки дар мавриди “Пешво” ва муҳлатҳои раёсатҷумҳурияш сурат гирифтааст, агар маҳв кунанд, дигар ҳеҷ нуқсе дар он дида намешавад. Чун ин таҳрифҳо тибқи иродаи худи Эмомалӣ Абдурҳамон ба амал омадаанд. Инро бешубҳа мегӯяму ба ин суханам боварии комил дорам.

Таваҷҷуҳ намоед:

  1. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, “барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

  1. Моддаи 5

“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Моддаи 6

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва “ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд”.

“Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст”

Моддаи 7

Ҳудуди Тоҷикистон “тақсимнашаванда ва дахлнопазир” мебошад.

Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. “Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст”.

Ба он мақтаъҳое, ки онҳоро дохили нохунак гирифтаам диққат намоед.

Аммо…

Ин сарқонуне, ки хело зебо тадвин шуда ва миллат онро пазируфта асту хоҳони амалӣ гаштани ҳама бандҳои он бидуни истисно мебошанд, барои хок шапидан дар чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои гирифтани грантҳо аз давлатҳои хориҷӣ, барои инки дар назари ҷомеъаи ҷаҳонӣ худашро як кишварри озоду демократӣ муаррифӣ кунад, чуноне, ки мегӯянд номи зебо шаҳри вайронро мемонад. Аз номгузории давлати азизамон то сарқонуни кишвар ва суханони “пешвои оила”-амон ҳама комилан татбиқ нашаванда буда, дар асл комилан мухолифи сарқонун ва номи кишвару баромадҳои “пешвои оила” мебошанд. Татбиқи қонунҳои ҷазо танҳои барои афроди оддии кишвар ва мухолифони сиёсӣ, озодандешон, олимон, диндорон, зиёиёни асилу поквиҷдони кишвар буда, ба афроди наздик ба оилаи пешво ва мақомдорону соҳибмансабони кишвар аслан татбиқ намегардад. Намехоҳам инҷо мисол биёрам чун инро ҳама бидуни истисно медонанду вале об дар даҳон гирифтаанд, чун “пешвои оила”садои норизоиеро шунавад, ҳатман хоини миллат эълон карда 29 сол равонаи зиндон мекунад.

Таърихчаи таҷовуз ва таҳрифи сарқонуни кишвар

Агар аз оғози қабули ин сарқонуни кишвар, ки 6-уми ноябри соли 1994 ба тасвиб расида ва онро шаҳрвандони кишвар дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудаанд аҳамият бидиҳед, дақиқан дар он солҳо ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва ивази сарқонуни кишвар дар он сол як саҳначаи аҷиберо мемонад. Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсӣ барои ислоҳоташ агар 95,7% овоз дода бошанд, дар интихоботи президентӣ худи Эмомалӣ Абдурраҳмон дар муқобили Абдумалик Абдулоҷонов  58,7% гӯё овоз гирифт. Дар ҳоле сад дарсад ин интихобот ҷаълӣ ва сохта буд ва рақибаш А. Абдуллоҷонов баранда шуда буд вале силоҳ дар дасти Фронти Халқӣ буду Эмомалӣ Абдурраҳмон барандаи ин интихобот эълон гашт. ИНОТ ин интихоботро байкот эълон карда буд ва натоиҷашро ҳам ботил донист. Пас аз он дар интихоботи порлумонии моҳҳои феврал ва марти соли 1995 гузаронидашуда, ҳама курсиҳои порлумон ба қумандонҳои фронти халқӣ ва як минтақа ихтисос ёфта буданд, ки онҳам як мазҳакаи хело аҷиби дигар буд. Акнун қонунҳои кишварро ашхосе қабул мекарданд, ки намедонистанд қонун чӣ асту барои чӣ қабул карда мешавад.

Дар 26 январи 1996 қумандони (командир 1-й мотострелковой бригады) шаҳри Қурғонтеппа Маҳмуд Худойбердиев аввал шаҳри Қурғонтеппаро комилан ба тасарруфи худ дароварда ва ба самти пойтахт пеш омада, талаби истеъфои аъзои ҳукуматро намуда буд. Эмомалӣ Абдурраҳмон тақрибан ба ҳама талаботи Маҳмуд Худйбердиев розӣ шуд ва раиси шаҳри Турсунзода Бойматов, муовини сарвазир Муҳаммадсайид Убайдуллоев, раиси дастгоҳи раисҷумҳур Изатулло Ҳаёевро аз кор сабукдуш намуд, то Маҳмуд оромаш гузорад. Ҳатто дар порлумон кишвар афви умумиро қабул намуданд ва ҳама ошубгаронро бахшиданд, чуноне, ки соли 1997 афви умумро имзо намуду пас аз он якто якто ҳамаро кушт.

Аммо он замон Худойбердиев талаби истеъфои худи Эмомалӣ Абдурраҳмонро шурӯъ намуд.

Нуқтаи аҷиби ин ҳодиса бароям инҷо дуто мебошад, ки он то имрӯз идома дорад. Аввал Эмомалӣ Абдурраҳмон ба назди ошубгарон баромада, мардумро аз ҷангҳои соли 1992-1993 метарсониду ба он ёдоварияшон менамуд, то онҳоро ором намояд. Дуввум афви умуми он афроде, ки бар алайҳи ӯ қиём намуда буданд зикр мекард. Чуноне, ки пас аз гузашти ин ҳама солҳо барои бақо дар ҳукумат аз он солҳо ёдоварӣ мекунаду мардумро метарсонад. Инчунин ҳолоҳам ҳамон афве,ки мегуфт  боз ҳам ба такрор мегӯяду мехоҳад боз ҳам мухолифони сиёсияшро фиреб диҳад. Муҳим идомаи ин ошуб барои бақо дар ҳукм ҳама қумандонҳои фронти халқиро муттаҳид ва Маҳмуд Худойбердиевро бо чанд қумандони дигар безарар гардониданд.

Баргузории раъйпурсии умумихалқии дуввум дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар пас аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикон дар 26-уми сентябри 1999 сурат гирифт. Дақиқан ин пас аз анҷоми кори Комисюни оштии миллӣ буд, ки роҳро барои худ ва якатозӣ ҳамвор кард. Ин дасткорӣ ва таҳриф дар сарқонуни кишвар аввалин иқдоми  дар ҳукумат боқӣ мондани Эмомалӣ Абдурраҳмон барои солҳои тулонӣ буд. Инро метавон оғози хатарноктарин марҳала дар ҳаёти кишвар номиду оғози ҳукумати диктотурии як оила.

Мирзоалӣ Болтуев раиси КМИР(1999-2011)

Дар Сарқонуни кишвар нукотеро таҳриф намуданд, ки дар он замон ба он нукот мухолифони сиёсӣ кам таваҷҷуҳ менамуданд.

  1. Муҳлати интихоби раисҷумҳур аз 4 сол ба ҳафт сол тамдид шуд.

  2. Таъсиси порлумони ду палатаро дар Сарқонуни кишвар изофа намуд.Ин палатаи болоӣ барои мабодо ҲНИТ ва дигар аҳзоби мухолиф дар интихобот баранда шаванду назорати қонунҳоро дар порлумони поёнӣ назорат намоянду имкони мухолифатро надошта бошанд.Палатаи болоиро,ки дар он афроди сарсупрдаи худаш менишинанд битавонанд қонунҳои қабулнамударо дар ин палатаи болӣ лағв ё бекор намоянд.Муҳим ин таҳрифи сарқонун, аз оғози хиёнати Эмомалӣ дарак медод.

Тибқи ин таҳриф дар Сарқонун шахси президент интихобшуда, як маротиба метавонист ҳафт сол раисҷумҳур бошад. Аммо пас аз гузашти панҷ сол дар соли 2003 бор дигар  Сарқонуни кишвар таҳриф шуд.

Дар 22 июни 2003 бори дигар раъйпурсӣ баргузор шуд ва муҳлати як ҳафтсолаи президентияшро, ки аз 1999 то 2006 мебоист як давра идома мекардаро иваз намуд. Ин дафъа, ин давраро комилан бекор кард ва боз ду давраи дигар яъне ба ду ҳафтсола ҳақдор шуд.

 Шермуҳаммад Шоҳиён (2011-2016)

Акнун марҳалаи дигар дар кишвар рух медиҳад, чун мисли ҳамеша то соли 2020 наздик шуда истода аст. Бояд як роҳе пайдо намуд, ки мухолифни сиёсияшро комилан аз арсаи сиёсати кишвар дур намояд. Соли 2015 бо як ҳодисаи сохта ва бофтаи Инқилоби Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ягона ҳизби сиёсии муқтадири кишварро ба ин ошуб печонид ва онро бо қарори додгоҳи олии кишвар мамнуъ эълон намуд.

Пас аз инки соли 2015 кишварро комилан аз мухолифони воқеъии сиёсӣ гӯё пок намуд, нахуст худро “Пешвои миллат” эълон кард ва соли 2016 бошад, худро “Асосгузори сулҳу ваҳдат” ва бо ин ду унвон боз ҳам барои худ муҳлати раёсатҷумҳурияшро барои умрбод тамдид намуд. Вале бозҳам дар 22 май 2016 як “раъйпурсӣ”ташкил намуд. Ин дафъа бошад, на танҳо барои бақои худаш дар ҳукумат, балки фикри фарзандаш Рустамро низ кард. Сини ҳаққи интихобшавӣ ба ҳайси раисҷумҳур аз 35 сола то ба 30 поён фароварда шуд, ки Рустам озодона тавонад раисҷумҳури кишвар гардад ва заминаро барояш муҳаё намуд. Инчунин дар ин раъйпурсӣ як кори хело бо сазои дигареро ҳам барои оилаи худаш анҷом дод.

 Бахтиёр Худоёрзода (2016-то кунун)

Ин буд қиссаи сарқонуни бечораи кишваре ба номи Тоҷикистон, ки хело зебо навишта шуда асту ҳеҷ манфиате барои миллату кишвар надорад. Инчунин ҳар вақте бихоҳанд онро даст мезананду таҳрифаш мекунанд ва ба нафъи як шахс ва як оила корро ҳаллу фасл менамоянд.

Танҳо КМИР барои як оиларо ҳимоят намудан ва модомулумр сари қудрат нигоҳ доштан бо тасвиб ва бо омори дурӯғини Раисони хоини КМИР  Мирзалӣ Болтуев(1999-2011) ва пас аз он Шермуҳаммад Шоҳиён(2011-2016) феълан Бахтиёр Худоёрзода(2016 то кунун) ба сарқонуни кишвар хиёнат намудаанд. Ин се нафар исмҳояшон бидуни шак дар таърихи сиёҳи ин сарқонун бо хати сурх чун хуни ин миллат сабт гаштааст ва нафрини ин миллат то асрҳо ба ин се ҳам мудовиму паё пай нисорашон хоҳад шуд. Чун дақиқан ҳарсе дар се таҳрифи он кор кардаанду ба овози додаи шаҳрвандон хиёнат намудаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article