Кумаки 1млн долларии Афғонистон ба Фаластин

Ислоҳ нет

Афғонистон ба барномаи кӯмак ба гурезагони фаластинӣ СММ  ҳамроҳ шуда, 1 миллион доллар ҷудо кардааст.

Бино ба иттилои Times of Israel, Абдул Раҳим Сайид Ҷон, сафири Афғонистон  дар Туркия кӯмакпулиро дар чорабиние, ки дар Истамбул баргузор мешуд, ба Пиер Крехенблюл, комиссари Агентии шарқи наздики Созмони Миллали Муттаҳид оиди кӯмак  ба гурезагони Фаластин тақдим кардааст.

Ҳозирини чорабинӣ дар Стамбул, ки шоҳиди ин ҳол будаанд, гуфтаанд, дасти ёрӣ дароз кардани ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки худи ин кишвар дар ҳоли ҷангзадагӣ қарор дорад, боиси таҳсин аст. 

Расонаӣ шудани кумаки молии Афғонистони ҷангзада ба Фаластин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша худро бо Афғонистони ҳамсоя муқоиса мекунад. Касе ҳам, ки аз ақибмондагӣ ва сиёсати нодурусти ҳукумати Тоҷикистон ҳарф зад, дар ҳол дар ҷавоб шароити имрӯзи Афғонистонро мисол меоранд. Мегӯянд, мехоҳед Тоҷикистон мисли Афғонистон бошад?

Ҳол он ки Афғонистон дар баргузории интихоботи шаффоф, парлумони озод ва мардумӣ, бисёрҳизбӣ ва таҳаммули гуногунандешӣ дар сиёсат,  яксару гардан аз Тоҷикистон боло меистад. 

Бар замми ин бо вуҷуди лофу газофҳо аз “сиёсати хирадмандона”, ҳамеша дасти гадоёнаи роҳбарияти Тоҷикистон дароз ба сӯи созмонҳои иқтисодӣ ва кишварҳои хориҷӣ аст.

Share This Article