Лунатик (қисса)

Ислоҳ нет

Лунатик, шояд ин калима тамоман дигар хел тарҷума мешавад, ё умуман тарҷума намекунанд ҳам. Лунатик гӯед, ҳама мефаҳмад, ки гап дар бораи чӣ хел одамон меравад. Ҳодисае, ки ҳоло навишта истодаам, соли 1994 дар ноҳияи Зафаробод рух дода буд. Мо дар мактаби миёна мехондем ва аз оғози моҳи октябр то боридани барфи аввал хонандагони синфҳои болоиро ба пахтачинӣ мебурданд. Дар шаҳри Истаравшан пахтазор набуд, мо пахтаи ноҳияи Зафарободро мечидем. Агар фарзандони кормандони мақомотҳои қудратӣ коре карда, маълумотномаи беморӣ наёбанд, боқӣ ҳама маҷбуран ба саҳрои меҳнат, барои то охир ҷамъ овардани тиллои сафед бурда мешуданд.

Телефони мобили набуд, интернети вайронкор набуд, фаҳмиши маҳраму номаҳрам набуд, аҷаб давраҳои софу беғуборӣ. Додару хоҳар барин қариб ду моҳ буридаи нонамонро бо ҳам дида, меҳнат мекардем. Совхози пахтакор хобгоҳи ниҳоят калон дошт ва шаст нафар духтаронро дар як хона ҷой мекарданд. Рӯзона ҳама заҳмат кашида, хаста мешуданду шаб бо як тараф хоб мекарданд.

 

Байни духтарон ману Норӣ шӯх будем. Доим ягон нағма бароварда, ба сари тинҷамон ғавғо харида меғаштем. Рӯзона сиёҳии зери дегро тарошида дар як қоғаз мегирифтему бо вазелин омехта мекардем. Шаб хоби ҳама барад, дар рӯйи қобилакон нақшу нигор карда, боз оҳиста дар ҷойи худ мехӯфтем. Субҳ  Норӣ мусичаи бегуноҳ барин номаълумак шуда мегашт. Ман бошам доим гунаҳкори аниқ будам. Баъзан дигар хел қонуншиканӣ шавад ҳам, мутлақо бехабар бошам ҳам, муаллим аввал ба ман нигоҳ мекард. Охир, ман ҳеҷ гоҳ аз совхози ҳамсоя тарбузу ҷуворимакка дуздида намеомадам. Аммо гург хӯрад ҳам, нахӯрад ҳам даҳонаш хун гуфтагӣ барин, ман ҳам доимо ба бало мондагӣ будам.

Вақте, ки муаллим аз зери нохунамон сиёҳии дегро мефаҳмидагӣ шуд, нағмаи дигар эҷод мекардем.  Як рӯз падару модарон як афтобус ҷамъ шуда дидорбинӣ омаданд. Нони танурӣ, мева, ширинӣ ва ғайраро медидему хлеб турушу хӯроки совхоз бемазза менамуд. Боз озуқаи овардаи волидон тамом шавад, сарамонро набардошта, хлебу  макарони совхозро талош карда мехӯрдем.

Як шаб бенағма, одам барин хоб кардему ними шаб Норӣ бедор кард.
–  Бархез, як бор берун бароем гуфт. Аз ҷоям хестаму нигоҳ кунам дар паҳлӯям Мавҷуда нест. Ӯ ҳамеша дар наздам мехобид. Чароғро гирон карда ҳам кофтем, аммо набуд. Оҳиста дари  хонаи муаллимонро, ки рӯба рӯи дарамон буд, кӯфтем. Аввал муаллима баромаду моро ором кард. Секаса ҳамаи хонаҳоро номаълум кофта баромадем, баъд рӯйи ҳавлиро низ ҷустем. Мавҷуда танҳо ҳеҷ гоҳ намебаромад.
Муаллима дари хонаи мардҳоро кӯфт. Мудири қисми таълимии мактаб, ки салобаташро бинем, сахт метарсидем, ба мо оромак насиҳат кард.


– Гӯш кунед духтарҳои нағз, касе нафаҳмад, ки Мавҷуда нест. Ман ҳоло ёфта меорам.
Хайрият маҳтобшаб буду атроф бараъло менамуд. Ним соат Мавҷуда кофтем, набуд. Баъд ман як пешниҳод кардам.
– Биёед ҳама баробар ҷеғ мезанем.

Муаллим як қад парида ба ман нигоҳ карду бо ҷаҳл гуфт: “Каллаат дар ҷояш? Духтари калон гум шуд гуфта овоза мекунӣ? Рав ба хона даро, худамон мекобем”

Ман каме дилозурда ба хона баргашта истода будам. Бо ҳарос ба атроф нигоҳ карда, якбора чашмам ба суроби одам афтод, ки хеле дуртар дар хати пахта рафта истодааст. Давида ба назди муаллим баргаштам.
– Он ҷо касе ҳаст, сиёҳӣ намуда истодааст.
Мудир нигоҳ карду ба муаллима ишора кард, ки рафтем ба наздаш. Шояд ҳамин аст?!
Тақрибан дусад метр дуртар нафаре аз ҷӯяки пахта рост рафта истодааст. Аз қафои муаллимон мо ҳам оҳиста -оҳиста рафтан гирифтем. Хеле наздик шудем, ки аниқ Мавҷуда буд, аммо ба мо эътибор ҳам намедод. Ман сахт тарсидам. Мудир гуфт, ки касе овоз набарорад. Муаллима аз рӯ ба рӯяш баромаду ба мудир ишора карда фаҳмонд, ки  Мавҷудаи роҳрафтаистода хоб аст. Мудир ангушти ишоратӣ ба лаб гузошт, то ҳама ором бошем. Баъд наздиктар рафту оҳиста ба Мавҷудаи хоб гуфт : “Духтарам, ин ҷо чӣ кор мекунӣ? “
Чашмашро накушода ҷавоб дод : “Кӯрпаи болопӯшам афтод.”
Муаллим бари ҷомаашро кашида дароз кард.
– Ана, гир!
Баъд аз як тарафи ҷома худи муаллим гирифту хобидаро роҳравон баргардонидем.
Мудир моро ба хонаи муаллимон дароварду хеле насиҳат кард. Ӯ духтари калон аст. Нағмаи сиёҳимолӣ дигар чизу ин воқеа дигар аст. Ваъда диҳед, ки ба касе намегӯед. Фаҳмидагӣ дар хобаш роҳ рафт мегӯяд, нафаҳмидагӣ шабона гум шуд мегуяд.

 

Мо ваъда додем. Ман вафо кардам, аммо Норӣ аз  даҳонаш гул карда монд. Агар хоҳӣ, ки як гап зуд паҳн шавад, танҳо ба як кас гӯй ва албатта таъкид кун, ки касе нафаҳмад. Ана дидӣ, ки гап худаш давидааст. Муҳим мудир фаҳмид, ки ман нагуфтам. Нориро ҳам сарзаниш накард. Ба идораи марказӣ рафта, ба падари Мавҷуда занг заданд, омаду бурд.
Кори вазнини саҳро ба диламон занад ҳам, беҳад хаста шавем ҳам, чашмамонро пӯшида, нимашаб роҳ равем ҳам, то  барф наборад касе моро омада намебарад. Пахтаро то охирин ғӯзааш мечидем.

 

Эҳ бале, як нағмаи дигарамон ҳам ногуфта намонад. Муаллимаи сахтгапе доштем, ки ҳама аз захми забонаш ба дод омада буд. Як рӯз хоҳиш кард, то чой дам карда барам. Ин дафъа ман не, тамоман дигар кас гуноҳ кард. Чойи ноҷӯшидаро дам карда бурданду муаллима шикамдард шуд. Ӯ ҳам  ба шаҳр рафт. Саҳрои шӯхӣ ба худамон монд.

 

Он вақтҳо воқеъан аз муаллим меҳри падарӣ эҳсос мешуд. Ҳамеша насиҳат мекард, ки шогирдон беадабӣ накунанд. Аммо шухиҳоро нодида мегирифт. Бечора муаллим ба ҳама шухиву нағмаҳои мо падарвор сабр мекард. Мегуфт, бояд кӯдаку наврас бозиву шухӣ кунанд. Ҳар ки замони кӯдакиву наврасӣ ба шухиву бозӣ сер нашуд, агар ба сини пирӣ расад ҳам кӯдактабъ мемонад ва аз орзӯҳои кудакона наҷот ёфта наметавонад.   

 

Бубинед, муаллим  бо тамоми вуҷудаш кӯшиш кард, ки  аз ҷогаҳи хобаш шабона берун шудани шогирдаш гап-гап нашавад. Касе ба хотири бедорхобияш ӯро масхараву маломат накунанд.

 

Аммо ҳозир чӣ? Муаллим шогирдро модарата фалон гуфта ҳақорат карданашро ҳам шунидему аз талабаи мактаб сигору нос талабиданашро ҳам дидем.

Share This Article