Мадоро кун!

Ин мусибат ҳоло миёни мардум зиёд гаштааст,ки инсони оқилро ба фикр мекашонад.Ҳангомеки мепурсам чаро чунин муомила мекунӣ? Дар посух мегӯяд ман аз ӯ чӣ камӣ дорам?.Ҳаргиз оташ бо оташ хомӯш намегардад балке бо об хомӯш мегардад.Гоҳо дар муқобили мутакаббирон дурушти хуб аст, аммо ҳама олам мутакаббир нест.Ин масаларо бо фармудаҳои Аллоҳ ва Расулаш дунбол мекунем.

Мадоро кун!

(бо ахлоқи худат бо мардум бархурд кун, на бо ахлоқи онҳо)

Ин мусибат ҳоло миёни мардум зиёд гаштааст,ки инсони оқилро ба фикр мекашонад.Ҳангомеки мепурсам чаро чунин муомила мекунӣ? Дар посух мегӯяд ман аз ӯ чӣ камӣ дорам?.Ҳаргиз оташ бо оташ хомӯш намегардад балке бо об хомӯш мегардад.Гоҳо дар муқобили мутакаббирон дурушти хуб аст, аммо ҳама олам мутакаббир нест.Ин масаларо бо фармудаҳои Аллоҳ ва Расулаш дунбол мекунем.

Нахуст маънои вожаи Мадороро таъриф мекунам:

Таҳаммулпазирӣ (толерантность) мафҳумест, ки лафзан ба забони тоҷикӣ-форсӣ бо муродифҳои сабурӣ, мадоро ё мудоро ба арабӣ тасомӯҳ, тасоҳул, яъне саҳлгирифтан, созишкардан метавон тарҷума кард.

 

Дар замони расули акрам (с) яке аз бодиянишинон дини исломро пазируфт ва хост,  дар Масҷидулҳам роҳи паёмбар (с) намоз гузорад. Дар масҷид каноре истода бавл (пешоб) намуд. Саҳобагон бархостанд, то ӯро зананд. Паёмбар (с) фамуд: «Ӯро гузоред ва бар пешоби ӯ далве ё чанд далве (сатил) об бирезед, зеро шумо барангехта шудаед, то осонгир бошед ва барои он барангехта нашудаед, ки сахтгирӣ кунед».                                           

                                                                  (Имом Бухорӣ)

Мадоро чист?

Мадоро кардан, яъне дар корҳо ба нармӣ рафтор намудан ва дурӣ аз хушунат, тундӣ ва ғализат. Худованд мефармояд: «Афвро пеша кун ва ба некӣ фармондеҳ ва аз ҷоҳилият рӯй гардон!».

                                                                    (Сураи Аъроф, ояти 199)

Дар ояти дигаре мефармояд: «Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамешаба некӯтарин тарзе посух деҳ, то касе, ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад».

 (Сураи Фуссилат, ояти 34)

Мадоро намудани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Паёмбар (с) бо мардум нармрафторӣ мекард. Яке аз аъроби бодиянишин назди эшон (с) омада, бо тундӣ талаби мол намуд, паёмбар (с) бо лабханд, бо ӯ рӯ ба рӯ гашт ва бо бурдборӣ ба ӯ ду шутур бор аз хӯроку нӯшобӣ бахшид.

Паёмбар (с) бо ҳазрати Ҳасану Ҳусайн  (р) бозӣ мекард ва онҳоро мебусиду онҳоро ба душ мегирифт.

Модари муъминон Оиша (р) аз нармрафтории паёмбар (с) чунин таъриф менамояд: «Ҳаргиз мухайяр нагзошт расули Худо (с) миёни ду кор, магар инки осонтарионро мегирифт модоме, ки гуноҳ намебуд. Агар гуноҳ мебуд дуртарини мардум  аз он мебуд ва ҳаргиз паёмбар (с)барои худ дар ҳеҷ чиз интиқом намегирифт, магар инки ҳарими Худо поймол шуда бошад ва онгоҳ барои Худо интиқом мегирифт».

Паёмбар (с) ба ёрони худ фармудаанд: «Осонгирӣ намуда, сахтгирӣ накунед ва ба мардум мужда диҳед ва онҳоро гирён масозед».

 (Имом Бухорӣ ва Муслим)

Навъҳои мадоро:

Мадоро яке аз бартарини ахлоқ аст ва дар чизе ошкор шавад онро некӯ намуда, меорояд. Паёмбар (с) фармудаанд: «Нармрафторӣ дар ҳеҷ чизе намебошад, ҷуз инки онро зиннат медиҳад ва аз ҳеҷ чизе бадур намешавад, магар инки онро зиннат месозад».

 (Имом Муслим)

Аз навъи мадоро, ки як мусалмон бояд худро ба доно рост намояд мавриди зер мебошад:

Мадоро бо мардум:

Фарди мусалмон дар бархурд бо мардум аз тундӣ ва хушунат бо бадхулқӣ мепазирад. Паёмбар (с) аз ин рафторҳои нохуб дурӣ мекарданд. Худованд мефармояд: «Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо чунин хуш хӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхуву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас, бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо эшон машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худо таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад».

                                                           (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Марде назди паёмбар (с) омад ва гуфт: Маро супориш намо. Расули Худо (с) фармуд: «Хашмгин машав».

                                                                          (Имом Бухорӣ)

Шахси мусалмон дигаронро ба хотири айбе, ки доранд мавриди айбҷӯйӣ қарор надода, дар иваз бо онҳо нармрафторӣ намояд. Паёмбар (с) фармудаанд: «Дар баробари ғами бародарат изҳори шоддӣ макун, то Худованд ӯро мавриди раҳмат қарордода, туро ба он мубтало насозад».

                                                                         (Имом Тирмизӣ)

Шахси мусалмон мардумро бадном намекунад ва дашном намедиҳад, паёмбар (с) аз ин амал барҳазар дошта, фармудаанд: «Дашном додани мусалмон фисқ ваҷангидан бо  ӯ куфраст».

                                                            (Имом Бухорӣ ва Муслим)

Мадоро бо зердастон:

Паёмбар (с) бо хидматкорони худ бо нармӣ рафтор намуда, ва супориш менамуд, то он ки хидматкоре дорад аз таоме, ки мехӯрд ба ӯ бидиҳад, аз либосе, ки худ мепӯшид бар ӯ пӯшонад ва беш аз тавонаш коре аз ӯ нахоҳад ва агар чунин намуд бояд ӯро кӯмак намояд. Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе, ки хидматкорашро силае занад ё лату куб намояд, кафораташ ин аст, ки ӯро озод намояд».

(Имом  Муслим)

Мадоро бо ҳайвонот:

Дини мубини ислом осеб расонидан ва азияти ҳайвонот ва ҳар ҷондореро манъ намудааст. Боре Анас ибни Молик (р) аз канори мардуме гузар мекард, ки хурӯсеро ба унвони ҳадаф дар баробари худ қарор дода, ба сӯи он санг меандохтанд. Анас (р) гуфт: паёмбар (с) аз заҷр додани ҳайвонот наҳй фармудааст. (яъне хурӯсро баста, маҳбус дошта, ба озору азияташ бипардозанд ё ҳадафи тире қарор диҳанд, то бимирад)

(Имом Муслим)

«Ибни Умар (р) аз канори ду писарбачаи қурайшӣ мегузашт, ки парандаеро муқобилашон гузошта, басӯяш тир меандохтанд, он ду бо дидани ибниУмар (р) аз онҷо дуршуданд. Ба онҳогуфт: Ки ин корро кардааст? Худованд касеро, ки чунин кардааст лаънат кунад. Ба дурустие, ки паёмбар (с) лаънат кардааст онеро, ки чизе рӯҳ дорад ба унвони ҳадаф (тирандозӣ) қарордиҳад».

(Имом Муслим)

Паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳароина Худованд эҳсону некиро бар ҳарчиз воҷиб намудаст, пас, чункуштед (дар ҷанг) некӯ бикӯшед ва чун ҳайвонеро забҳ намудед, некӯ забҳаш кунед, ва корди худро тез кунед».

                                                       (Имом Бухорӣ ва Муслим)

Паёмбар (с) баён намудаанд, ки Худованди субҳон мардеро мавриди озмоиш қарор дод, танҳо ба ин далел, ки ба саге дар ҳоли марг буд об дод. Ва он зане, ки ба хотири инки гурбаеро зиндонӣ кард ва ба ӯ обу ғазо надода буд вориди оташи ҷаҳаннам гардид.

Мадоро ба ашёи беҷон:

Мусалмон бояд бо ҳама чизҳо ҳатто бо гиёҳҳо бо нармӣ бархӯрд кунад ва нагузорад, то онҳоро дар асари истифодаи бад ва бетаваҷҷӯҳ аз байн бираванд.

Фазилати мадоро:

Паёмбар (с) ба нармрафторӣ таъкид намуда, фармудаанд: «Ҳамоно Худованд нармрафтораст ва нармрафториро дар ҳамакор дӯст дорад».

                                                                   (Имом Бухорӣ ва Муслим)

Фарди мусалмон ба сабаби нармрафторӣ аз оташи дӯзах дур гашта, аҳли биҳишт мешавад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Оё шуморо хабар насозам аз касе, ки бар Дӯзах ҳаромаст? Ё ин, ки дӯзах бар вай ҳаромаст?».

Ҳар инсони мусалмон бо мардум нармрафтор буд, Худованди бузургмартаба дар рӯзи Қиёмат бо ӯ ба нармӣ рафтор менамояд. Паёмбар (с) чунин дуо мекард: «Парвардигоро! Касе, ки сарпарасти чизе аз кори умматамро ба дӯш гирифта ва бо онҳо нармрафторӣ кунад бо ӯ нармрафторӣ кун».

(Имом  Муслим)

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Дар боздошт ё дар асорат?

Бар хилофи “муфассирон”-у “дӯстон”-у “сиёсатмадорон” –у намедонам “мухолифинимухолифин”-у ғайраҳу ва ҳоказоҳо нашри паёми мазкур бар манфиати ӯ кор карда истодааст.
Read More

Гаравгонгирии мақомот дар Чоркӯҳ ва Ворух

Дар як рӯз се,чаҳор маротиба сӯҳбати телефонии падару модарон ба писаронашонро ташкил карда ва ҳоли онҳоро бо дастони занҷирбанд дар таҳхона нишон дода ҷавонҳоро водор мекарданд,ки аз Русия баргарданд.
Read More

Мусоҳиба: “Мо ҳама аҳли Тоҷикистон зиндонӣ ҳастем”

Хурокҳои зиндонро ҳамаги 30% зиндониёни бесоҳиб ва касоне, ки хешу таборашон ба зиёраташон намеоянд ва “передача” намеоранд, маҷбур аз ноилоҷӣ тановул мекунанд. Наметавон онро хурок номид. Приловка, капустоба, боз як намуд алафи баҳрӣ аст, ки хело талху бемаза аст. Мо дар зиндон 6 ё 7 нафар мисли як оилаи тоҷикӣ мешудем ва аз маҳсулоте, ки бароямон аз берун наздиконамон меоварданд, онро якҷоя дар ошхона мепухтем. Танҳо аз ошхонаи зиндон нонашро мегирифтем.