Маълумоти кӯтоҳи муфид аз охират

Пули Сирот чангакҳое дорад, ки зери поҳоятро захмӣ мекунад, ки ин каффораи гуноҳон, калимот ва назароти гуноҳолуд аст. Шунидани фарёдҳои баланди касоне, ки пойҳояшон мелағжанд ва ба қаҳри Ҷаҳанам суқут мекунанд

 

Лутфан мутолеа намоед, Ин Шо Аллоҳ иттилооти шумо комилтар мегардад.

БИҲИШТ КУҶОСТ?

Болои ҳафт осмон ва ҷудо аз ҳафт осмон, чун осмони Рӯзи Қиёмат аз байн меравад, аммо Биҳишт ҷовидон аст ва сақфи биҳишт арши Парвардигор аст.

ҶАҲАНАМ КУҶОСТ?

Маркази он табақаи ҳафтуми замин аст, дар ҷое бо номи Сиҷҷин. Ҷаҳанам канори биҳишт нест, ки баъзеҳо мепиндоранд. Замине, ки бар рӯи он зиндагӣ мекунем замини аввал аст ва шаш замини дигар вуҷуд дорад, ки зери замине аст, ки бар рӯи он зиндагӣ мекунем.

СИДРАТ-УЛ-МУНТАҲО ЧИСТ?

Дарахте бузург ва сутург, ки решаҳои он дар осмсони шашум аст ва ба осмони ҳафтум низ идома дорад. Баргҳояш ҳаммонанди гӯши фил аст. Ин дарахт берун аз биҳишт воқеъ шуда, ки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) Ҷабраил (а)-ро дар канори ин дарахт ба сурати ҳақиқӣ ва воқеӣ руият кард. Бори қабл ҳам Ҷабраил (а)-ро дар Макка дар маконе бо номи Аҷёд дида буд.

ҲУРУ-УЛ-АЪЙН ЧӢ КАСОНЕ БУДАНД?

Занони муъминон дар биҳишт, на аз инсон на аз малоика ва на аз ҷин… Агар яке аз ин занҳо ба замини дунё нигоҳ кунад, миёни Машриқу Мағрибро равшанӣ мекунад.

АЛ-ВИЛДОН-УМ-МУХАЛЛАДУН ЧӢ КАСОНЕ ҲАСТАНД?

Хидматкорони аҳли биҳишт, на инс на ҷин на малоика, пойинтарин дараҷаи аҳли биҳишт даҳ ҳазор аз ин хидматкоронро доранд.

АЪРОФ КУҶОСТ?

Девори баландест барои мусулмононе, ки хубиву бадияшон мусовӣ аст, муддате дар канори он девор мехуранду меошоманд, сипас вориди биҳишт мешаванд.

МУДДАТИ ЗАМОНИ РӮЗИ ҚИЁМАТ ЧӢ ҚАДАР АСТ?

Панҷоҳ ҳазор сол… Малоика ва рӯҳ дар рӯз, ки миқдори он панҷоҳ ҳазор сол аст уруҷ меёбанд ва рӯзи Қиёмат панҷоҳ ҷойгоҳ аст ва ҳар ҷойгоҳе ҳазор сол. Оиша (р) дар ин маврид аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) пурсид: Рӯзе, ки замину осмон тағйир мекунанд, мо куҷоем? Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: бар рӯи Пули Сирот, ҳангоми убур аз Пули Сирот се ҷойгоҳ, Биҳишт, Ҷаҳанам ва Пули Сирот вуҷуд дорад. Ҳамчунин фармуданд: аввалин нафароне, ки аз ин пул рад мешаванд ману умматам аст.

ПУЛИ СИРОТ КУҶОСТ?

Ду ҷойгоҳ, Биҳишт ва Ҷаҳанам дорад, ки барои расидан ба Биҳишт бояд аз масири Ҷаҳанам убур кард. Пули Сирот боло ва ба тӯли Ҷаҳанам воқеъ шуда, ки агар ба муваффақият то интиҳои ин пулро паймудӣ дари Биҳиштро рӯ ба рӯи худ мебинӣ, ки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба истиқболи биҳиштиён истода.

ХУСУСИЁТИ ПУЛИ СИРОТ

Бориктар аз мӯ, бурандатар аз шамшер, бисёр торик, зери он ҷаҳанаме тираву тор, ки аз асабоният дар ҳоли инфиҷор аст. Тамоми гуноҳоят бар рӯи пуштат ҳамл мекунӣ ва агар зиёд гунаҳкор бошӣ убуратро оҳиста мекунад, аммо агар куллаи бори гуноҳат андак бошад дар як чашм ба ҳам  задан убур хоҳӣ кард. Пули Сирот чангакҳое дорад, ки зери поҳоятро захмӣ мекунад, ки ин каффораи гуноҳон, калимот ва назароти гуноҳолуд аст. Шунидани фарёдҳои баланди касоне, ки пойҳояшон мелағжанд ва ба қаҳри Ҷаҳанам суқут мекунанд. Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам) интиҳои пул дар канори Биҳишт истодаанд, туро дар ҳоле, ки ба рӯи пул шуруъ ба роҳ рафтан мекунӣ мебинад ва бароят дуо мекунад ва мегӯяд: эй Худо наҷоташ бидеҳ. Ин банда мардумонеро, ки ба қаъри Ҷаҳанам меафтанд ва касоне, ки наҷот меёбанд аҳамият намедиҳад. Банда волидайни худро мебинад, аммо таваҷҷӯҳе намекунад. Дар он лаҳза он чи ки барояш муҳим аст танҳо ва танҳо наҷоти худи уаст.

Бар рафтаҳои дунёӣ сабр кунед, ки сароб аст. Талош кунем ва ба ҳамдигар ёрӣ бирасонем, то дар Биҳишт, ки паҳнои он ба андозаи осмонҳо ва замин аст, ҳамдигарро мулоқот кунем. Фаромӯш накунем, ки ин матлаб садақае аст ҷория. Бор Худоё! Моро аз убуркунандагони Пули Сирот қарор бидеҳ…

Баъд аз ин ҳама матолиб касе арзиши онро дорад, ки ба хотираш кина ба дил кунӣ ва аъмолатро табоҳ кунӣ… Махлуқро  ба Холиқ биспор. Аз худ бипурс чанд сол аз зиндагиямро гузарондаам ва чанд сабоҳе аз зиндагиям боқӣ аст? Тазмине ҳаст, ки лаҳзае баъд зинда бошам?

Бор Худоё! Ин матолибро садақаи ҷория аз ман, падару модарам ва тамомии мусалмонон қарор бидеҳ, омин.

 

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад