Марди ғамгин ва насиҳати зебои ҳаким

Ислоҳ нет

Марди ғамгин ва насиҳати зебои ҳаким

Марде, ки дар ҳоли бад қарор дошт назди ҳаким омад ва аз ӯ пурсид: эй ҳаким маро андӯҳу ғам ҳар дам фузун аз беш мегардад ва оромам намегузорад, назди ту омадам, то чорае бароям бияндешӣ.

Ҳаким гуфт:  ман аз ту ду суол мепурсам ва қабл аз ин ки ба суоли ту посух диҳам ту ба ин ду суол посух биҳед, то посух додан барои ман низ осон бошад ва ту ҳам онро хуб дарку фаҳм кунӣ.

Мард гуфт: бипурсед.

Ҳаким гуфт: Оё ин мушкилот ва ғаму андӯҳ ба муҷарраде, ки ту ба дунё омадӣ  ҳамроҳат буд?

Мард гуфт: -На

Ҳаким гуфт: Оё ҳангоме, ки ин дунёро тарк кунӣ  ин мушкилоту ғамро бо худ ба қабр мебарӣ?

Мард гуфт :-На

Ҳаким гуфт: тарве ки фаҳмидем бо ин ғаму андӯҳ ва мушкилот наомада будӣ, инчунин бо инҳо аз дунё нахоҳӣ рафт…

Беҳтар он ки дар ин андӯҳсаройи печ дар печ бар ғаме маяндеш ва сабур бош.  Нигоҳат ба осмон бештар бошад нисбат ба ин ки назар ё нигоҳи тавақуъомез ба замин мекунӣ, дар ин сурат он чи ки мехоҳӣ бароят дода шавад.

Табассум кун, зеро ризқат тақсим шуда ва тақдират мушаххас гашта. Аҳволи ин дунё арзиши ғусса хӯрданро надорад,  зеро ҳама ончӣ дар дунё ҳаст миёни дастони он Зоти Ҳай ва Қаюм қарор дорад.

Паси зону манишину ғами беҳуда махур,

Ки зи ғам хӯрдани ту ризқ нагардад каму беш.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article