Марсия дар мавриди шаҳидони зиндони 3/3 ш Хуҷанд

Ислоҳ нет

 

Эй шаҳидони даҳшати ошуб,

Шоҳиди зулми давраи нохуб.

Бар кӣ хоин? Барои кӣ маҳбуб?

Ҷоятон ҷаннати ҷовидон бод,

Золимонро ҷазои Субҳон бод.

 

Ҳолати шерро орзу кардед?

Шиками серро орзу кардед?

Умраке дерро орзу кардед?

Ҷоятон ҷаннати ҷовидон бод.

Қотилонро ҷазои Субҳон бод,

 

Нафъи авлод иллати маҳбас,

Ин чӣ шур аст,миллати маҳбас?

 Эй шаҳидони мазлуми маҳбас,

Ҷоятон ҷаннати ҷовидон бод.

 Қотилонро ҷазои Субҳон бод,

 

Иззатулло мулаққаби Зоро,

Нафрато пешвову пасворо.

Қотили чил нафар ба як боро,

Ҷоятон ҷаннати ҷовидон бод.

Қотилонро чазои Субҳон бод,

 

 Ман бигирям бародаратон,

 Гирад оҳу уболи ҳамсаратон.

 Кудаку хонаҳои баҷо мондаатон,

Ҷоятон ҷаннати ҷовидон бод,

Қотилонро ҷазои Субҳон бод,

 

Оқибат ошкор бод, омин!

Ҷойи Зоро мазор бод, омин!

Бар ҷаҳаннам дучор бод, омин!

Ҷоятон ҷаннати ҷовидон бод.

Қотилонро ҷазои Субҳон бод,

Марсияро бародарони яке аз  зиндониёни шаҳид аз вилояти Суғд навишта аст.

10.11.2018

 

 

 

Share This Article