Масчоба мурам

Ислоҳ нет

“Масчоба мурам”

масчоиҳо аз лағви сафари Раҳмонов ва ҷашни Ваҳдат хурсанду розинад

“ Вазъияти беҳдоштӣ дар ноҳияи Масчо хуб нест. Ноҳия ва махсусан АХД-Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии “Сомониён” ин шабурӯзҳо аз гирифторони бемории коронавирус пур шудааст. Участкаҳои 2 ва 3 низ пур. Беморхонаҳо ҳам. Мардум дар хонаҳояшон табобат мегиранд.

Қутбиддин Раҷабзода, артисти ноҳияи Масчо дар ҳолати вазнин қарор дорад. Якҷо бо падару модараш, ки низ беморанд, дар хонаашон ба табобат машғуланд. Онҳо ҳам дар АХД ”Сомониён” зиндагӣ мекунанд. Беморхонаҳо аз қабули касалони нав даст кашидаанд. Мегӯянд, ки ҷойи хоб надоранд. То ҳамин имрӯз, 12 июн ягон ёрии башарӣ нарасидааст. Мағозаҳо ҳам аз додани насияву қарз худдорӣ карда истодаанд. Муаллимҳо маоши семоҳаашонро нагирифтаанд. Мардум аз бекорӣ хаста шудааст. Мавридҳои дуздӣ зиёд шудааст. Агар ҳукумат натавонад ягон илоҷе карда роҳҳоро ба самти Русия кушояд, аниқ аст ки мардум митинг мекунад. Имрӯз мардуми Масчо 100% тарафдори митинг ва тағйири ҳукумат аст. Дигар мо ба Э.Раҳмонов тамоман бовар надорем. Мо агар Раҳмонов барои ҷашнгирии Ваҳдат Масчо ояд, пешвоз намегирем. Шумо ҳам ба воситаи шабакаатон эълон кунед, ки масчоиҳо пешвоз намебароянд. Агар Кулобу Душанбе хезад, масчоиҳо ҳам тайёранд баройи хестан. Хуҷанд ҳам кайҳо тайёр шудааст. Онҳо нақша кашида истодаанд,ки то як-ду моҳи дигар ҳамаро бихезонанд, тамоми Тоҷикистон бихезад.

Нозирони пули барқ иншабурӯзҳо беҳад ноинсофӣ карда дурӯғу рост пули мардумро бисёр гирифта истодаанд. Ҳисобкунакҳо зиёд навиштаанд гуфта нозирони барқ даст ба мардумфиребӣ задаанд. Зайнуддин Сафоев,сардори Шабакаҳои барқи ноҳия чанд сол пеш аз ҳар хона 100 долларӣ гирифта буд, ки кӯчаҳоро чароғон мекунад. То имрӯз накард. Маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои сохтааш ҳама “фалшивий” будааст. Ҳозир ӯро ҳам коронавирус задааст,ба чанде аз ҳамсояҳояш сироят кардааст, онҳо ҳам хоб. То ҳамин ҳоло ягон маротиба дар АХД “Сомониён” дизенфексия нагузаронидаанд.

Пештар ҳам дар Хуҷанд аз қабули беморони масчоӣ хушашон намеомад, баъди коронавирус тамоман қабул намекунанд. Мегӯянд, ки ҳама катҳо пур, холӣ надорем.Ба духтурҳо супориш додаанд, ки хоҳ сиҳат шавад хоҳ не аз 15 рӯз зиёд нигоҳ надоред. Як нафар касали ҷавобшуда гуфт,ки кати холӣ зиёд аст, аммо супориш аз Душанбе шудааст,ки мардумро водор кунанд дар хонаҳо табобат гиранд. Гӯянд, ки беморхонаҳо ҷои холӣ надоранд.

Кормандони идораи обу андоз ҳам мардумро чандин вақт аст рӯз намедиҳанд. Маълум шуд, ки онҳо пулро барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар монументи “Пахта”,ки дар назар аст то ҷашни Ваҳдат сохта шавад,ҷамъ мекардаанд. Раҳмонов корхонаҳоро аз андоз барои се моҳ озод карда бошад ҳам аммо инҷо ба баҳонаи ҷашни Ваҳдат бо иштироки худи Раҳмонов аз мардум бо ҳар роҳу восита пул гирифта истодаанд. Гуфтанд, ки Раҳмонов карантинро аз 15 июн маҳз барои ҷашни Ваҳдат ва сафари худаш ба Масчо бекор кардааст. Вай бояд, баракс дароз мекард. Дар Масчо ин касалӣ акнун авҷ гирифта паҳн шуда истодааст.

Як духтури шинос гуфт, ки дар як рӯз то се кас мурда истодааст. Вай гуфт то 30 апрел аллакай 30 кас аз коронавирус мурда буд. Хулосаи гап аз ҳама ҷои сервируси Масчо ҳамин АХД “Сомониён” аст. Ҳамин даҳ рӯз пеш (8 июн) як хонумдухтури 30 солаи масчоӣ,ки Кореяро хонда буд, дар шаҳраки Бӯстон аз коронавирус даргузашт. Рӯзе нест, ки то се кас аз ин беморӣ вафот накунад.

Дар шаҳраки Меҳробод на об ҳаст на барқ. Боз яке аз биноҳои ҷашнӣ, ки дар рӯзи Ваҳдат Раҳмонов бояд кушояд мактаби ҳаминҷо аст. Раҳмонов инҷо мактабкушоӣ меомадааст. Ду се моҳ аст,ки маҳзи ҳамин сафар на соҳибкорҳо рӯзи хуш доранд, на мардум, на муаллиму талаба, на духтуру дигару дигар. Хулоса ин ҷашн не,як балои ҷон шудааст. Рӯзе нест,ки раиси ҷамоаву мудири мактабу бемористону хулоса ҳама ба гирифтани маблағ барои пояи монументи “Пахта” наоянд. Як соҳибкор аз маркази ноҳия,ки рафиқам аст,гуфт ҳанӯз дар моҳи январ 30.000 талабиданд, дод.Боз 20.000- и дигар дар моҳи феврал додааст. Гуфт,ин бор ҳам худи раиси ноҳия омада зорӣ кардааст,ки “худи Ҷаноб меояд,масчоиҳоро шарманда набояд кунем, барои бори охир 30-тои дигар ёрдам кун,ки ҳамин монументи сабилмондаро тамом кунем”.Вале вай ҷавоб додааст,ки тамоман илоҷ надорам. Соҳибкорҳо ҳам то пойи ҷон безор шудаанд”. …

Ин дуввумин номаи масчоиҳо ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки мегӯянд ҳам аз худи ӯ ва ҳам аз ҷашни Ваҳдаташ сер шудаанд. Пештар низ номаи як бародари масчоиро нашр карда будем,ки мегуфт мо аз рангу рӯи Раҳмонов безорем ва намехоҳем,ки ҷашни Ваҳдати дурӯғиашро дар Масчои мо баргузор кунад. Ёдатон бошад ин нома он қадар шӯре барангехт, ки аз хатибу сархатиб, шӯъбаи занону танзими анъанаи ноҳия гирифта то худи раиси Масчо бо хашму ғазаб ҷавоб навиштанд, ки “на, мо мунтазири омадану ташрифи Пешво ҳастем”.

Тибқи маълумоте,ки дар ихтиёр дорем, сафари Раҳмонов ва ҷашни Ваҳдат дар Масчо дар рӯзи 27 июн “кансел” шудааст. Масчоиҳои азиз низ метавонанд роҳат ва осуда бошанд,ки Раҳмонову магасону малахони ҳамроҳаш дар ташвиш намегузоранд.

Аммо савол ин ҷост ки чи шуда,ки Раҳмонов аз сафар ба Масчо ва таҷлили ҷашни Ваҳдат мунсариф шудааст?

Зеро, то онҷо, ки медонем баргузор нашудани ҷашнҳо ва бахусус ҷашни рӯзи Ваҳдат барои Раҳмонов баробари марг аст. Нафаре,ки аз ягон ҷашну идҳо сарфи назар намекунад ва ҳатто ба рағми ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Хуҷанд Наврӯз доир карда боиси паҳншавии коронавирус дар кишвар ва кушта шудани садҳо нафар шуд ва дар айни авҷи ин беморӣ боз ҳам аз 9 май- Рӯзи Ғалаба таҷлил ба амал овард, чи тавр розӣ шудааст,ки ин ҷашн доир нашвад? Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чанд сабабро пешниҳод кардаанд:

Омода набудани таъсисоти ҷашнӣ, бахусус он таъсисот,ки асосӣ маҳсуб мешавад,

Сафар ба Маскав ҷиҳати ширкат дар ҷашни 9 май,ки Путин ба рӯзи 24 июн интиқол дод,

Коҳиш пайдо накардани суръати бемории коронавирус,

Набуди расми истиқболи пурҳамҳамаву пурдабдаба ва бахусус арғушту бозиву тавлаку қурутов ва намоишгоҳи дастранҷи заҳматкашону ғайраву ҳоказоҳо,ки ба ҳангоми сафарҳои Раҳмонов баргузор мегардид

Барои Раҳмонов ин сафар хеле муҳим буд ва аҳамияти хос дошт. Инҷо як майдони кушод ва минбари баланде мешуд,ки аз он ӯ боз ҳам муқобили ҲНИТ сақат мегуфту лаънат мефиристод, ки кишварро ба ҷанг кашонд. Вале ӯ омаду ҷону танашро ба хатар гузошту сулҳ овард. Дурӯғи зиёдеро пушти ҳам мекарду ҳатман ба интихоботи пеширӯ ва инки акнун бояд эстафетаро ба ҷавонҳо бидиҳад, ишора карда хеле ҳам муғамбирона Рустамро таблиғ мекард. Дар нақша дошт,ки ин ҷашни Ваҳдатро ба дараҷаҳо пурдабдаба ва пурвоҳима баргузор кунад ва нишон диҳад, ки ҳама мардуми кишвар ҳамроҳи ӯ ҳастанд ва аз ӯву барномаҳояш ҳимоят мекунанд ва розианд. Хулоса, ҷашни Ваҳдат дар Масчоро мисли соири ҷашнҳои оммавӣ ва бахусус ҷашни Наврӯзи ахир дар Хуҷанд ба маъракаи таблиғу ташвиқи худ ва Рустам бадал созад.

Барои таҷлил аз ин ҷашн дар вилоят Ситоди хос ташкил шуда буд ва мебоист дар ҷараёни он 30 иншоот ифтитоҳ мешуд

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии худро фиристод, ки биравад ва омодагии масчоиҳоро бубинад, ки чи тавр аст. Ёрдамчӣ рӯзи 9 июн омад ва ҳамроҳ бо раиси вилоят,ки мо Қофлонбояш ном додаем, Масчо рафт ва аз иншооти ҷашнӣ дидан карду табъаш хира гардид ва баҳои “ду “ гузошт. Зеро масчоиҳои шерҷигар табиист, ки дар ин даврони короно саломат ва сиҳатии худу наздиконашонро аз сад ки чӣ, миллион Пешво бартар медонанд,”тем более” вай барои таҷлил аз як иде меояд, ки кайҳост аҳамияти худ, балки маънову мантиқи худро аз даст додааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода вақте авзоъро дар иншоот дид, дар ҷаласаи бо фаъолони ноҳия ба корашон баҳои “2”-ғайриқаноатбахш гузошт вале гӯиё хеле муғамбирона аз ҷашни Ваҳдат ном набурд ва ингор ин ҳама иншоот барои 30-солагии истиқлолият, ки соли 2021 доир хоҳад шуд, омода мешуда бошад аз ин сана зикр кард. Аммо ба сари расонаҳо ва рӯзноманигорон ҳирсашро холӣ карданӣ шуда онҳоро муқассир хонданӣ шудааст. Мисле, ки рӯзноманигорон сабаб шуда бошанд, ки иншооти ҷашнӣ дар Масчо саривақт омода нашуд ва аз ин ҷиҳат сафари Раҳмонов Эмомалӣ лағв шуда бошад. Вай дар мусоҳаба бо Ховар гуфтааст,ки рӯзноманигорон авзоъ дар кишварро аз будаш бештар вахим мекунанд:

«Аммо баъзе аз рўзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогерҳои алоҳида ин зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷойи шарҳи дурусти беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ ба масъалаҳои сиёсӣ ва ғаразҳои шахсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварамонро бо ахбори бардурўғ ва буҳтонҳои зиёд, махсусан дар ҳаққи Сарвари давлат ва хонадони вай халалдор карда истодаанд», — изҳор намуд ба АМИТ «Ховар» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА

Рӯзноманигорон дар ин авохир дар ҳаққи сарвари давлат ва хонадони вай ахбори бардурӯғ ва бӯҳтонҳои зиёд менависанд гуфтани Раҳмонзода воқеият надорад, чун касе дар ҳаққи вай буҳтон набастааст ва дурӯғ ҳам нагуфтааст. Ончи рузноманигорон гуфтанд, ки ёриҳои башариро фарзандони Эмомалӣ Раҳмонов дуздида аз номи худашон ҳамчун ёрии башарӣ ба мардум тақсим кардан дурӯғ нест ва ё инки Раҳмонов тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдоштро сарфи назар карда Наврӯз доир кард ва сабабгори ҳалокати садҳо нафар шуд, низ рости алиф аст. Вале дар ин мусоҳибааш бо Ховар, Раҳмонзода барои мардуми тоҷик баҳои аҷибе додааст. Ба ин тарзи баҳогузории ӯ мутаваҷҷеҳ бишавед:

“Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Мастчоҳ бошад, кас бо бунёди биноҳои хушсохт назар карда, ифтихор мекунад, ки мардуми тоҷик низ тарзи бунёди хонаҳои истиқоматиро ёд (??????-аз кӣ? Ва пеш намедонистанд? “Ислоҳ.нет) гирифта, зиндагии шоистаро пеша намудааст.

Ва,ё ба ин ҷумлаи дигар аз мусоҳибаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент нигаред, ки масчоиҳоро чи гуна таҳқир кардааст:

“Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ин ободкориҳо рўҳбаланд шуда, хонаҳои зебои ду ва сеошёна бунёд доранд ва рўзҳои шанбе ва якшанбе ба ҳашар баромада, гирду атрофи дару девори худро ба тартиб медароранд ва дар ободии кўчаву роҳравҳо саҳм мегузоранд.”

Мисли онки масчоӣ хонаи дуошёнаву сеошёнаро намедонист ва ё ин ки кӯчаву роҳравҳояш мудом ифлосу нотоза буд. Бале,мутаассифона аҷаб дунёву аҷаб рӯзу рӯзгоре дорем,ки инак ҳаминҳо арзёбӣ мекунанду баҳо медиҳанд.

Аммо, фикр мекунам, лағви сафари Раҳмонов ба Масчоро шурӯъи замингир шудани орзуҳову хиёлҳои каллаи ғафси ӯ аст. Бовар кунед, ки бисёр ҳам фикру хиёлҳои бадеро дар муқобили бедорӣ ва ҳақхоҳии миллат дар калааш мепарварад.

Масчо ҳоло пур аз бемории коронавирус шудааст. Ӯ чи тавр мерафт? Ва дигар ин ки дар ҳар сафари ӯ ҳазорҳо ҳазор:- аз донишҷӯ гирифта то говдӯшу деҳқону милисаву ҳокиму ҳокимчаҳо..банду гирифтор мешуданд ва миллионҳо масраф мешуд, ҳоло бо чи рӯ ин корро мекард? Маоши коргарони Роғунро наметавонад диҳад, охир ин мардум чи мегӯядаш? Мегӯяд,ки барои ҷашн миллионҳо миллион долларро ёфта метавонӣ, чаро маоши моро намедиҳӣ?

Гумон намекунам, ки ин ҳамаро наандешад ва ба оташи ғазаби мардум беш аз ин керосин резад. Вале аз тарафи дигар, бовар кунед, ӯ ин ҳамаро сафри назар карда мерафт ва зӯрии худро нишон доданӣ мешуд. Фақат барои он нарафт, ки дар як маросиме,ки кадом ҳамҳама ва дабдаба надорад ширкат варзад. Зеро на духтарҳову занҳо ба истиқболаш мебаромаданд ва на касе намоишгоҳи харбузу тарбузу каду ва кунҷора ташкил мекард. Чун одамҳо, дар ҳар сурат ҷонашон барояшон ширин аст. Ва ба вай расониданд,ки ҳеҷ касе аз масчоиҳо баромада рақс карданӣ нест, тавлаку думбра наменавозад, аз сафар мунсариф шуд. Гуфтанд, ки ба маълумоти амният, ки гуфтааст масчоиҳои “настроении” бад доранд ва ҳеҷ кас бачаву духтарашро намондааст,ки ба истиқбол бароянд ва гузашта аз ин ҳатто эҳтимол дорад масчоиҳо митинг ташкил кунанд, бовар накарда Абдуҷаббор Раҳмонзодаро фиристодааст ва танҳо баъди хабар гирифтани ӯ Раҳмонзода аз Масчо ӯ аз сафар мунсариф шудааст.

Он бародари масчоӣ,ки навишта буд,масчоиҳо ҷашни Ваҳдат лозим надоранд ва Раҳмонов Масчо наояд, дуруст баромад. На танҳо масчоиҳо,балки тамоми халқи тоҷик аз Раҳмонов ва идҳои дурӯғу ваъдаҳои татбиқнашаванда ва чеҳраи чингизии ӯ безор шудааст……

Share This Article