МАЗОРИ СУЛФАИ КАБУДАК

Ислоҳ нет

МАЗОРИ  СУЛФАИ КАБУДАК

Мазори сулфаи кабудак. Дар бораи ин мазор нақлу ривоятҳо бисёранд, аммо кадоме ҳақиқат дораду кадоме бофтаҳои хаёли касе  аст, маълум нест. Фарзандони ҳамаи ҳамсояҳо ба мактаби наздики гузари худамон мерафтанд, аммо маро модарам ба дигар мактаб номнавис карда буд. Танҳо ба он хотир, ки дар он мактаб омӯзгорони фанҳои дақиқ дар донишу  таҷриба лаёқату обрӯй доштанд.

 

Роҳи дарозро мепаймудам. Мазоре, ки дар борааш нақл мекунам,  дар ана ҳамин роҳ буд. Боре ба ҳамсинфонам дар бораи ин мазор, ки косаву пиёлаи рангаш кабуд, ё навъи пахтагул гузошта шудааст, гуфта будам. Онҳоро низ тааҷҷуб афзуд магар, ки ҳамроҳам ба дидани мазор рафтанд.

 

Ба мазор тавассути дарвозаи як чойхона бояд медаромадем. Айвони дарози чӯбкорӣ, як кати чӯбӣ дар зери дарахти маҷнунбед, як ҳавзи пур аз обсабз ва дарахтони зиёде дошт. Онтарафтар як айвончаи хурде низ буд, ки он ҷо хараки зиёдеро болои ҳам таҳ карда монда буданд ва онҷо деги хеле калон буд. Дар паҳлӯи ин деги калон боз як деги хурдтар менамуд.   Як мизи дарозрӯяи як тарафаш васетару як тарафаш ба поён моили тангтар низ буд. Чӣ ва чаро чунин будани он мизро нафаҳмида, суоломез нигариста истодам. Як дугонаам хеле кунҷкобу доно буд ва нигоҳ карданамро дида, зуд гуфт : ”Ин мурдашӯяк аст, болояш мурдаҳоро мешӯянд”.


Ман бо шунидани номи мурда, як қад паридам, чунки мавзеи тамошокардаистодаамон  як намуди ҳузнангезе дошт. Бар замми ин мазор ҷойи сокиту бегона буд. Худи мо ҳам ин не, вай не, мазорбинӣ рафта истода будем.  Фақат ман не, дар нигоҳи дигарон ҳам тарс ҳувайдо буд, шояд аз гуфтан худдорӣ мекарданд, ки биёед, мебароем аз ин ҷой.

 

Зиёд шудани тарси дугонаҳоямро ман аз  тезтар шудани қадаммониашон пай бурдам. Пойи худам ҳам меларзид.  Аслан он чойхона роҳи миёнаубуркунӣ то мазор будааст. Ба охири ҳавлии чойхона расидему ваҳми ман афзуда рафт, зеро рӯбарӯямон роҳ неву девор буд. Ба қафо гаштан бошад,  боз ҳам ваҳмангезтар. Қад-қади девор даҳ-дувоздаҳ қадам гузоштем, ки як кунҷи ба қафо хамидаи девор намудор шуд. Роҳи танге будааст, ки танҳо як кас меғунҷад , аммо ҳамакаса кӯшиш карда, аз он ҷо зуд гузаштем. Он тарафаш шинос, ҳамон тангкӯчае намуд, ки дар кунҷаш мазор буд.  Тарсам каме бартараф шуда бошад ҳам, бисёр мехостам тезтар ба хонаамон равам. Ҳамсинфонам ғуҷур-ғуҷуркунон дар бораи он мазор гап сар карданд. Кадом хешашонро, кадом кӯдаки ҳамсояашонро, ё додарчаву хоҳарчаашонро, ки ба бемории сулфаи кабудак дучор шуда будаасту назри ҳамин мазорро оварда дода, шифо ёфта будаанд, бо навбату бе навбат  нақл мекарданд.

 

Яке ман ҳам ба нақл дода шудам, аммо фақат чун шунаванда.  Чунки ин мазори гузари мо набуду дар борааш акнун мешунидам. Ҳаво каме торик шуда меомад, ниҳоят мо ҳам хонабахона шудем.  Рӯзи дигар дар мактаб боз гапи мазори сулфа кушода шуд, дарс оғоз шудаву мазоршиносии мо поён наёфта буд. Муаллима маро ном гирифту амр кард, ки бархезам. Пурсид, ки чаро ором нашуда истодаем?
Ман рости гапро гуфтам.  Муаллима ҷанг накард, балки сӯҳбатамон бештар қаймоқ баст. Акнун  “Мазоршинос”-и калонтаре ҳам ҳамроҳ буд. Муаллима нақлро сар кард.
– Кӯдаконе, ки ба бемории сулфаи кабудак дучор мешаванд, аз сахт сулфидан дамашон мегардад ва зери чашму лабонашон каме кабуд метобад. Ранги паридаи бемор бошад, кабудтобро зуд ошкор мекунад. Мардуми содда ба ҷойи он, ки ба духтур баранд, ҳамин хел мазорҳоро зиёрат карда мегарданд. Си дона нахӯди сабзро ба ришта гузаронида, ба гардани кӯдак меовезанд,  лӯхтаке мисоли салиб месозанду аз тугма барояш рӯй мекунанд ва ба тарзи ҳарфи Х ресмонро ба рӯйи тугмаву мато мепечонанд. Боз аз матои кабуд либосаке ҳам сохта мепӯшонанд. Хуллас пурра кабуд месозанд ва бурда ба мазори сулфаи кабудак мегузоранд. Агар дар давоми си рӯз он лӯхтак аз мазор нест шавад, пас ба ҷойи ҷони кӯдакашон, лӯхтакро мазор гирифтаасту кӯдак шифо меёбад. Боз бархе аз мардум пиёла ё косаи кабуд ҳам мегузоранд, танга ҳам, ба чӯби мазорматои кабудак ҳам мебанданд.

Муаллима суханашро тамом накарда, саволи ман бе ихтиёри худам баромада рафт.
-Баъд кӯдакон сиҳат мешаванд?
Намедонам, нобоварона ҷавоб дод муаллима. Мурдаи зери мазор садсолаҳо инҷониб пӯсида рафтааст, қудрати гирифтани лӯхтаки мардумро ба ҷойи кӯдакашон, ҳатто мурдаи нав ҳам, зиндаи ҷондор ҳам надорад. Лӯхтак бошад, хеле бисёр аст он ҷо.  
Ба маънои ҷумлаи “Қудрати гирифтани лӯхтак ба ҷойи кӯдак” тамоман нарафтам. Ҳаминро фаҳмидам, ки агар мазор лӯхтакҳоро гирад, кӯдакони сулфаи кабудак шифо меёбанд.  

 

Рӯзи гузашта ҳамсинфон дар бораи кӯдакони шифо наёфтаву фавтида ҳам гуфта буданд. Он рӯз дарс чӣ хел гузашт, нафаҳмида мондам. Хаёлам банди мазор буд. Бегоҳ аз ҳама пеш як худам баромада тез-тез ба тарафи мазор рафтам. Фақат аз тарафи чойхона неву аз кӯчаи калон. Дидам, ки дар вақти шом тангкӯча камодам аст, пайти муносиб донистаму лӯхтаки мазорро покиза чидам. Ба бачаи мардум дилам сӯхт, хостам шифо ёбанд.

Солҳои нав пош хӯрдани давлати шӯравӣ, номи магазинҳо мағоза шуда, аз мавод тамоман холӣ шуда, мағозаи бозича ҳам ба ким-кадом кооператив табдил ёфта, ному нишони бозичаҳои давлатӣ гум гашта  буд. Он лӯхтакҳои бозёфти мазории ман хеле бомаҳорат сохта, ороста ва арзандаи бозӣ кардан буданд. Рӯзи якшанбе ин ҳама лӯхтакро ба духтаракони ҳамсоя ду-сетогӣ тақсим кардам. Шодии кӯча ҳадду канор надошт, аммо ҳаргиз нагуфтам, ки аз мазор овардам. Баъдтар ду, ё се ҳафта мегузашту боз аз он мазор як дидан мекардам, ки ягон-ягон лӯхтак пайдо мешуд. Навтару  тозатар, ки буд ба худам мегирифтам. Як гузар поёнтар аз ҳамин мазор хонаи бибии модариам аст. Рӯзе аз бибӣ пурсон шудам, ки оё дар ҳақиқат лӯхтакҳои мазор нест шаванд, кӯдакони бемор шифо меёбанд? Бибиам гуфт: “Баъзе мардум мегӯянд, ки рост аст, аммо худи ман ягон бор ба мазор корам наафтодааст. Ин вақтҳо он бемории шадид худ ба худ гум шуда рафт. Худоро шукр, ки кӯдакон кабуд нашуда ва намурда калон шуда истодаанд”.

Аз ҷавоби модаркалон хеле хурсанд шудам.  Дертар як ҳодисаи аҷибтаре ҳам рух дод. Дар даҳони мардум депутат ном калима пайдо шуд. Депутат касе будааст, ки ваъда медодааст, ки ягон ҷойро обод мекунад. Баъд мардум ба вай овоз медодаанд. Хуллас, касе ҳамин хел депутат шуду аз пули  худи мардум ҷамъкарда ,ободонии чойхона сар шуд. Ҳамин қадар, ки обсабзҳои ҳавзро тоза карданду атрофашро семент пӯшиданд, то лоёлуд набошад . Кӯчаи мазор ҳам каме дигаргун гашт. Чӯбу латтапораҳояшро ғун карда , ҳамсояи наздики ҳамон ҷо ба танӯр партофтааст, нон пухтааст, аммо баъди як ҳафта он ҳамсоя бемор шуду вафот кард. Мурдани ин зан боз эътимоди мардумро ба мазори лӯхтакгирак афзуд.  Моли мазорро сӯхту варамида мурд, мегуфтанд.

Ин ҳолат  бисёр давом накард.  Руҷӯи ислом оҳиста-оҳиста ширку хурофотро аз зеҳни мардум шуста партофт.  Сонӣ дар масҷидҳо ҳам имомхатибон ширк будани мазорпарастиро мегуфтагӣ шуданд. Саф-саф духтаракон дар хонаи отунҳо дарс гирифта, ҳарфи ниёгонро ҳам, шариатро ҳам меомӯхтагӣ шуданд. Дар мактабҳо ҳам фанҳои таърихи дин, алифбои ниёгон ҷорӣ шуд.
Дар ин муддат мо ҳам ба воя расидем. Яке давлатдорон ба худ омаданду диданд, ки мардум аз дин огаҳ шаванд, озодфикртар мешаванд  ва ғайри Худо ба касе сар намефароранд, зуд пеши роҳи ҳушёршавиро гирифтанд. Отунҳоро манъ карданд, хатибонро аз мардум дуртар, алоҳида нигаҳдорӣ карданд ва боз ҳам парастиши ғайри Худо роҳандозӣ шуд.
Фақат ин дафъа мазори мурдаро неву зиндапарастӣ мекунанд.

 

Share This Article