Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад

Ислоҳ нет

Давлате, ки ниёзманд аст ва  нақшаи пур кардани будҷа дар вақташ иҷро намешавад, бар замми ин даромади асосии буҷа на аз ҳисоби истеҳсолот ва истихроҷи молу коло, балки аз ҳисоби андоз мебошад, агар репрессияи сиёсӣ ва ҳирси чоҳу мансаб дар тими идоракунандаи давлат вуҷуд надошта бошад, бо ҷурмҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ фаъолони ҷомеа ба солиёни дароз маҳкум ба зиндон намешаванд.

Вақте бо ҷурмҳои фаъолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ шаҳрвандон ба солиёни дароз ба 18 солу 20 сол ва ҳатто ба муҳлати ивази ҳукми қатл то 30 сол маҳкум ба зиндон мешаванд, ин нишонгари онаст, ки тими идоракунандаи кишвар дар худ комплекси идоравӣ эҳсос кардааст. Яъне, худкамбинии тими идоракунанда дар баробари фаолони дигарандеши ҷомеъа зуҳур кардааст. 

Худи ҳамин ҳолат гувоҳӣ аз он медиҳад, ки тими идоракунандаи давлат корношоям буда, зуҳури ҳар як фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҷодкору озодандеш таҳдид ба курсӣ ва тими идоракунанда ҳисоб меёбад. Ҳамин аст, ки ингуна ҳукумат бо умеди он ки агар  мӯҳлати омӯзишу таҷрибаандузиро аз даст надиҳанд, каме пас бо таҷрибаандӯзӣ собит хоҳанд кард, ки аз уҳдаи кор мебароянд, бо ҳар роҳу васила ва талоше барои бақои хеш дар раъси ҳукумат мубориза мебаранд.

Аз ҷониби дигар нигарем, вақте идораи давлат дар дасти як тими азуҳданобаро ва камдониш аст, таҷрибаи 10 солу 20 сол ва ҳатто 50 солаи дар ҳукумат будан низ кифоя намекунад, ки кишвар рӯ ба тараққӣ биёрад. Зеро ингуна ҳукумат ба хотири бақои хеш пеши роҳи истеъдодҳо, таҷрибаҳои аллакай андухташударо мебандаду забону лаб ва даҳони аҳли зиёву қишри эҷодкори ҷомеъаро медӯзад.  Аз аҳли зиё талаб мекунад, ҳарчӣ дили тими ҳоким мехоҳад ҳамонро бигӯянду ҳарчӣ нахост нагӯянд.

Фаъолияти асосии ингуна тими ҳоким маҳдуд ба умедворкунии мардум барои фардои беҳтар аст. Чун имрӯз, ки аз дасташон ҳеҷ коре сохта нест, мардумро барои фардои беҳтар умедвор мекунанд. Фардо низ ин ваъда такрор меёбад. Солҳо мегузаранд, аммо тими ҳокими гирифтори бемории худкамбинӣ, ҳамоно бо ваъдабозӣ мегузарад. Чаро?  Ба хотири он ки барои сохтани имрӯз аз дасташ коре сохта нест ва ҳунари сохтани фардоро ҳам надорад. Барои сохтани фардо оянданигарӣ лозим аст. Ҳукумате, ки ба имрӯзи кишвар бо чашми созанда нигариста наметавонад, чигуна фардои беҳтаре месозад?

Агар имрӯз аз дасти тими ҳоким коре сохта мебуду як мушкили мардум бартараф мешуд, фардои дигар ҳам ҳамингуна мегузашт ва ин ҳолат нишонгари гул-гулшукуфист. Табиист, ки дар ин ҳолат ҳукумат метавонад на ба роҳи зуриву зиндон, тазйиқу фишор ва тарс додан, балки бо кору фаолияти муваффақи худ метавонад ҳаргуна қувваи мухолифро хунсо кунад. Инаст, ки мавҷудияти муҳоҷирин, паноҳандагон ва гурезагони сиёсӣ, шикояти мардум аз тазйиқу фишор ва зулму шиканҷа, яке аз нишонаҳои асосии ноуҳдабароии ҳукумат аст.

Дар кишваре, ки як тоҷир шуҷоати таваккал кардан ё худ риск надорад, сару садоҳои ғасби тиҷорати мардум ҳама ҷоро фаро гирифтааст, ин ҳолат ҷасорати даст ба коре шуданро маҳв мекунад. Модоме, ки зиёӣ ё эҷодкор наметавонад озодона фикру андешаи худро баён кунад ва даст ба эҷодкорӣ занад, иродаҳо мемиранд.

Вақте ҳукумат солиёни дароз  дар қабзаи як гурӯҳи маҳдуд мемонад, умеди насли ҷавон ба ояндаи худ, нобуд мешавад. Агар ҳукумат барои ҳар як фард, бо худсозии комил дар оянда, роҳи то шахсияти аввали кишвар расиданро ҳамвор накунад, ё худ ақалан дарҳои ба мақоме расидани насли ҷавон ва боистеъдоди кишвар боз набошад, оё месазад гуфт, ки ин ҳукумат хоҳони пешрафту тараққиёт ва зиндагии босаодати мардум аст? На!

Агар дар ҷомеъа истеъдодҳо ба назар гирифта нашаванд ва аҳли  таҷрибаву илму дониш роҳнамо набошанд, роҳ ба аҳли сифла ҳамвор мешавад. Меъёри ҷои кор ёфтану ба мақоме расидан агар таҷрибаву малакаи дониш набошад, имконияти бо чоплусиву хушомадгӯӣ ба мақому мансабе расидан осон мегардад. Натиҷа ин мешавад, ки аҳли зиёву илму дониш дар хидмати сифлагон қарор мегиранд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки ҳаркӣ ба худ эҳтиром қоил аст, садо баланд мекунад ва ё худ ба қасди ғарибӣ кишварро тарк мегӯяд. Мавҷи гурези мағзҳо талотум мекунад.

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки дар раъси ҳукумат шахсони комплексдор ё худкамбин нишастаанд ва касонеро дар тими худ дидан мехоҳанд, ки таҷрибаву малакаи донишашон болотар аз худашон набошад. Ин аст, ки  ҳаркӣ мустақилона меандешаду аз фаҳму дарки тими ҳукмрон болотар гап мезанад, дучори таъқибу фишор ва ниҳоят пушти панҷараи зиндон мегардад.

Барои ҳамин ҳам, мо шоҳиди он мешавем, ки беҳтарин кадрҳои миллат, беҳтарин иқтисоддонҳо ва тоҷирони муваффақ, сиёсатмадорон ва фаолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ пушти панҷараи зиндон шудаанд ва ё худ сар ба гурез ё худ муттаҳам ба хиёнату ватанфурӯшӣ.

Таассуфовараш ҳам ҳамин аст, ки мо ҳама ин ҳолатро дар асри тараққиёту фановарӣ,  зуҳури истеъдодҳо ва кадрҳои мувофиқу ҷавобгӯ ба замони муосир шоҳид шуда истодаем.

Барои аз сархамиву ақибмондагӣ наҷот ёфтан, пеш аз ҳама бояд миллат аз чанголи аҳли сифла ва тими ҳокими худкамбин бираҳад. Вале чигуна ва бо кадом роҳ? Воқеъан ин як муаммоест, ки бояд ҳарчӣ зудтар ҳалли худро ёбад. Вагарна, миллат дар вартаи нобудист.

Шавкати Муҳаммад

 

Share This Article