Охирҳои моҳи гузашта Муҳаббат Гулмуродов, ҷияни 57 солаи Раҳмонов дар Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ аз олам даргузашт. Муҳаббат,бародари Сироҷ Гулмуродзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, фарзанди Меҳмонгул, хоҳарбузурги Эмомалӣ Раҳмонов аст. Сироҷ Гулмуродзода пештар сардори шӯъбаи андози ноҳия ва қабл аз онки ба мақоми феълиаш таъин шавад, Раёсати андози вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошт.
Бобои Сафол, ки бо момаи Меҳмонгул ва Муҳаббати ҳамакнун фавтида дар Чапаев дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад,аз ҷараёни гӯру чӯби ин ҷияни Раҳмонов ҳикояти ҷолибе кард. Аммо қабл аз шарҳи маросими тадфини Муҳаббат ин нуктаро бигӯям, ки на танҳо фарзандҳову домодҳову хусурбачаҳои Раҳмонов будаанд, ки мудирияти кишвар ва вазифаҳои пурдаромадро ишғол кардаанд, ҷиянҳояш ҳам каму андак набудаанд ва ин ки Раҳмонов мегуфт: дар авлодам касе ба ҷуз аз ман “дипломдор” нест, дигар мавзӯъ ва моли таърих шудааст. Аз онки дар расонаҳо борҳо тазаккур дода шудааст, ҷиянҳои Раҳмонов, фарзандони бародараш Нуриддин, ки Хайриддин ҳам ном доштааст, яъне дунома будааст ва бачаву духтарҳои хоҳаронаш, хеле барвақт ва дар синни ҷавонӣ вазифаҳоро соҳибӣ карда зери “сояи давлати амак ва тағо” давру даврон ронда истодаанд:
Давлаталӣ Сайидов,муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон,
Сироҷ Гулмуродзода,то соли 2019 муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон,
Исломиддини Хайриддин Раҳмон,раиси ноҳияи Данғара,
Умед Нуриддин, прокурори ноҳияи Шоҳмансури Душанбе,
Фахриддини Холмурод Сафар,сардори шӯъбаи корҳои дохили Шаҳринав.
Албатта, ин феҳристи мухтасар ва нопурраи ҷиянҳои Раҳмонов аст. Бо мусоидати шумо мешавад онро такмил кард. Вале ҳоло баргардем ба бобои Сафол.
Ба гуфтаи Бобои Сафол дар ҳамсоягии вай ҳамчунин яке аз қудоҳои Нуриддини акаи Раҳмонов ҳам зиндагӣ мекунад. Вай Холов Бекмурод, раиси воҳиди кишоварзии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ – собиқ Ҷилликӯл аст. Ин воҳиди кишоварзӣ, яъне колхози собиқро ӯ бо ҳазорҳо гектар замин ва фермаи ҳайвони калони шохдор ва ҳазорҳо сар моли майда хусусӣ кардааст. Маълум аст ки аз баракати ҳамин қудоӣ бо Нуриддин аст, ки ин ҳама замину замон ва молу ҳолро шахсӣ кунад. Писари ҳамин Бекмурод Холови раис, Султон Холов, раиси яке аз Хадамоти вобаста арсаи тандурустии Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад ӯ беш аз 50 адад аптека-доруфурӯшиҳои давлатиро хусусӣ ва аз они худ кардааст. Султон Холов домоди Нуриддини акаи Раҳмонов мебошад ва ба маҳзи домодӣ ба Нуриддин соҳиби ин вазифаи равғании давлатӣ шудааст. Яке аз бародарони Султон Холови домоди Нуриддин ним соли пеш бо фармони Раҳмонов раиси суди ноҳияи Темурмалик таъин гардид. Яъне Султон бо истифода аз қудогӣ тавонистааст додараш Ислом Бекмуродзодаро раиси Суди ноҳия бимонад.
Нафаре дигар аз мансабдорони Чапаев,ки маҳалли зиндагии дастаҷамъонаи авлоди зани Эмомалӣ Раҳмонов аст Сайидов Ҷӯрахон мебошад. Ҷӯрахон пештар дар Бохтар (Қурғонтеппа) як духтури одӣ буд. Аммо феълан сардори Маркази ҷумҳуриявии хуни вазорати тандурустии Тоҷикистон аст. Ҷӯрахон Сайидов ҳамсояи Султон Холов, сардори яке аз Хадамотҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон мебошад. Бо мусоидати ҳамин ҳамсояаш, ки гуфтем домоди Нуриддин акаи Эмомалӣ Раҳмонов аст, ӯ ҳоло дар Душанбе кору фаъолият мекунад. Бобои Сафол, падари Ҷӯрахон Сайидов нақл мекунад,ки ба Бекмуроди ҳамсояаш барои онки писарашро ягон мансаб ва вазифаи даромаднок бидиҳанд 20.000 сомонӣ пора додааст. Бекмурод ин пулро гирифта аз писараш Султон, ки раиси Хадамоти вобаста ба соҳаи тандурустист, хоҳиш кардааст,ки барои ба мансаб расидани Ҷурахон Саидов ёрӣ кунад. Бобои Сафол ин гапро барои он мегуфт,ки Бекмурод ва дигар қудоҳои Раҳмонову бародараш ҳар қадар бой бошанд боз ҳам чашмгушнаанд. ”20.000 сомониро аз ман гирифт,баъд ба писарам вазифаро “туғрӣ” кард”. Бобои Сафол мегӯяд ӯ дар асл Бекмуроди раисро бад мебинад. Лекин, мегӯяд ӯ дар сӯҳбатҳое,ки байнашон мешавад ба ӯ “як калима мегӯям,маъқулаш мешавад ва дӯст медорад. Калимаи дӯстмедоштаи раиси ҳамина аст,ки “Ман туро то устухонҳоям дӯст медорам”.”Вақте ман ин гапро мегӯям раис механдад, хурсанд мешавад”,мегӯяд бобои Сафол.
Худи бобои Сафол ҳам қудои Муҳаббати писари Меҳмонгул-апаи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Писари дуввуми бобои Сафол набераи апаи Раҳмоновро гирифтааст. Ҳамин домоди Муҳаббат, ки гуфтем писари бобои Сафол аст,рӯзи ҷанозаи падарарӯсаш омад. Аммо Раҳматуллои Асадулло бо вай салом накард. Маълум не барои чи аммо дар пеши ҳама салом накард. Дасти дарозкардаи домоди Муҳаббат дар ҳаво муаллақ монд. Ин кори ӯ,ки дар ҳузури аҳли деҳа ва дар маросими мотам сурат мегирад, барои бобои Сафол бисёр сахт мерасад ва алам мекунад. Бобои Сафол мегӯяд,ки акнун замонаро бубин, ки Раҳматуллои подабон бачаи маро дар пеши ҳама изо дод.”Худаш як подабон буд, боз бачаи маро изо дод”. Аммо ҳарчи ҳам набошад имрӯз колхози Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-Колхозободи пешина аз тарафи Раҳматуллои Асадулло, бародари дигари зани Эмомалӣ Раҳмонов хусусӣ карда шудааст. Чапаев ва Узун. Бобои Сафол на танҳо ҳамсояи Бекмурод, балки дӯсти наздики ӯҳам ҳаст. Вай гуфтааст,ки барои вазифаи бачааш ба Бекмурод чойпулӣ додааст (ҳамон 20.000 сосмонӣ). Аммо ба ғайр аз ин нақл кардааст ӯ “бачаам ҳар моҳ Султонро “грет” кардан мегирад. Ҳар моҳ мегирад. Вале бачаам дар 5- 6 моҳи кораш дар Душанбе хона харид. Баъди дар плазма ба кор сар карданаш дар ноҳия замин харид.
Ва,ҳоло баргардем ба Сироҷ Гулмуродзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва ҷияни Эмомалӣ Раҳмонов,ки вақте дар ноҳия ба ҳайси сардори шӯъбаи андоз фаъолият мекард сахт “беспредел” буд.”Заправка”-ҳо даромад,”бак”-и мошинашро лабрез мекунад, аммо пулашро намедиҳад. Агар бозор даромада 20 кило гӯшт бигирад, пули 10 килоро медиҳад. Тамоми чизро ҳамин хел нисф пул медиҳад, нимашро муфт мегирад. Зӯриву дағалӣ ва таҳдид мекунад. Як заправка-нуқтаи фурӯши маводди сӯхти калон дар Ҷалолиддини Балхӣ- собиқ Колхозободро аз они худ кардааст. Дар ноҳия ҳанӯз аз давраи СССР як ҷойи оббозӣ бо номи “Поплавок” буд,ки онро ҳам гирифтааст.
Як апаи Сироҷи Гулмуродзода зани Ҳусейни бародари Ҳасан Асадуллозода, зани хусурбачаи Раҳмонов аст. Яъне холаи Узбакбии модари Ҳасан ва Азизмо бо момаи Меҳмонгули хоҳари калони Раҳмонов қудоанд. Ҳусейни додарарӯси Раҳмонов домодаи апаи Раҳмонов аст.
Аммо Маҳмадулло Гулмуродзода, бародари Сироҷ Гулмуродзода, хоҳарзодаи Раҳмонов дар ноҳия ҳар номаъқулиеро, ки бихоҳад анҷом медиҳад вале касе ҷуръат намекунад, ки пишаки ӯро пишт гӯяд. Вай модараш Меҳмонгулро ҳамроҳи Узбакбии хуштомани президент дар мошинаш савор карда меоварад ҷамоат.Раиси ҷамоатро фарёд мекунанд ва мегӯянд,ки дар фалонҷо як замин ҳаст ва дар фалон бригада як шипанг-саройи колхозӣ, онҳоро дар зудтарин фурсат ҳуҷҷат карда ба мо бидеҳ. Мақсад кампирҳоро ба сари раиси ҷамоат меоварад. Кампирҳо яке хуштоман ва дигаре апаи Раҳмонов. Онҳо дар даруни мошин мешинанд, намебароянд. Раиси ҷамоат дартоз меояд, даруни мошин кампирҳои рэкетёрро дида дигар ба ҷуз аз фармонро иҷро кардан чораеро намебинад. Маҳмадулло соли таваллудаш 1971 аст.
Хонандаи азиз,бовар кун вақте ин маълумотҳоро коркард мекардам,сари худам ба дард даромад,ки ин авлоди Раҳмонов ин қадар калон будааст ва аз ин ҳам мусибатбортар онки ҳеҷ яке аз онҳо одами одӣ нестанд. Ҳатто қудои ҳамсояи акаву домоду намедонам кадом ақрабои дигари Раҳмонов ҳатман соҳиби вазифа ва мансаби давлатианд. Аҷиб ҳолу аҳволе дорем мо!
Меҳмонгули апаи ҷаноб зинда аст ва синаш ҳам аз 80 болост. Муҳаббат фарзанди дуюмаш буд. Аммо дар мурдаи Муҳаббати ҷияни 57 солааш Раҳмонов иштирок накард, наомад. Аз фарзандҳояш ҳам касе ба назар нарасид. Дар байни мардум миш-миш шуд,ки гӯё тарсидааст, ки коронаивирус шавад. Аммо Азизмои завҷаи Раҳмонов даҳ бузу гуспанд ва як буққаи калон роҳӣ кард, барои маъракаҳои майит. Чизу чораи фиристодаи Азизморо дар як “КаМаз” оварда фароварданд, ки се хона пур шуд. Баъди се рӯз худи Азизмо ҳам фотиҳахонӣ омад. Бобои Сафол мегӯяд,ки бо вуҷуди дарёфти ин ҳама чизу чора мардуми маҳал қанду қурси маъракаҳои марҳумро ёрдам кардаанд. Бобои Сафол ва ҳаққу ҳамсоя барои маросимҳои баъди тадфин қанду қурс харидаанд. Мардуми Чапаев ба ҳайронӣ мегӯянд,ки ба ҷойи онки ба мардум диҳанд боз қанду қурси онҳоро мо ёрдам мекунем.
Бобои Сафол мегӯяд Сироҷиддин Гулмуродзодаи, собиқ муовини раиси Кумитаи андоз ва бародари Муҳаббат,ки инак чаҳорумин ҷумъа аз рӯзи марги ӯ мегузарад, буқаи овардаи Азизморо дар маросимҳои мотам намекушад ва ба қассобе ба маблағи10.200 фурӯхта бар иваз ду ғуноҷин мехарад, яктоашро мекушад ва яки дигарашро мефурӯшад…. Мегӯяд,ки ин буққа калон аст,ҳайф аст…. Агар шумо шоҳиди ҷузъиёти бештаре ҳастед,то омодашудани навор дар “ИСЛОҲ ТВ” бароямон нависед,то дар навор онро комилтар кунем.Ин сабти садо аз як манбаъи Ислоҳ расидааст,ки хело душвор фаҳм буд ва имкон аст дар персонажҳо ё шахсиятҳо иштибоҳ шуда бошад.аммо асли мафҳуми он сабт ин буд,ки тақдими шумо хонандагони Пойгоҳи “Ислоҳ нет” намудем.