Моҳи Рабиъулаввал ва ҳодисоте,ки дар он рух додааст

Ислоҳ нет

 

Ба номи Аллоҳи бузургмартаба ва бе ниҳоят бахшояндаву меҳурбон.Бисёре аз хонандагон дар мавриди фазилати моҳи Рабиъулаввал аз мо савол намуданд,ки дар мавриди ин моҳ каме маълумот барояшон диҳем. Хостам онро ба шакли як мақола тақдими шумо хонандагони гиромӣ намоям,то ҳамагон аз он огоҳӣ пайдо намоянд.

Моҳи Рабиъулаавл моҳи севвуми ҳиҷрӣ қамарӣ аст ва сабаби номгузории ин моҳ, пас аз ду моҳи оғози сол яъне Муҳаррам ва Сафар меояд,ки рӯзи ҷумъа 9-уми ноябр аввали моҳи Рабиъулаввал буд.

Барои чӣ ин моҳро Рабеъулаввал номгузорӣ намуданд?

Дар ин маврид ақволи зиёде омадааст,ки мо ба чанд қавли муҳимми он иктифо менамоем.

Қавли Аввал: Ин моҳро Рабиъулаввал номгузорӣ намудаанд,ки он дар фасли баҳор омадааст ва ба ин хотир моҳи аввали баҳораш ном ниҳоданд.

Рабиъ дар назди арабҳо ду аст: Яке рабиъи моҳ ва дигаре рабиъи замон. Рабиъи моҳ бошад пас аз моҳи Сафар меояд,ки аввали ин моҳҳоро Рабиъулаввал ва моҳи пас аз онро Рабиъулохир меноманд.Аммо рабиъи замонҳам ду аст, дар назди арабҳо,ки моҳи аввали онро Рабиъулаввал номидаанд,ки дар он оғози нӯрафканшудан ва бештар шудани нӯр дар ин моҳ дида мешавад ва баҳори вафодорӣ низ мегӯянд.Рабиъуссонӣ ё Рабиъулохир барои он мегӯянд,ки дар ин фасл меваҳо мерасанд ва фасли ҳосили деҳқон дар он аст.

Қавли дуввум: Моҳи Сафар,ки пас аз моҳи Муҳаррам меояд ва оғози ҳамла ва ҷангҳо низ шурӯъ мешуд чун моҳҳои ҳаром ба поён расидаанд.Моҳи Рабиъулаввал пас аз моҳи Сафар аст ва дар арабҳо ин моҳро моҳи аз пай кору фаолият шудани инсонҳо ва ба саҳро гусел намудани ҳайвонҳояшонҳам гуфтаанд.Инчунин арабҳо ҳангомеки ин моҳ агар дар тобистон баробар ояд онро моҳи баҳори тобистон ва баҳори тобистон хело сангин аст.

Қавли Севвум: Арабҳо зимистонро ба ду бахш ҷудо мекунанд ва моҳи Рабиъулаввлро моҳи боронҳо ва моҳи об меноманд ва моҳи пас аз онро моҳи ҷамъоварии ҳосил меноманд.Чунки дар ин моҳ ҳама ҳосил мерасад ва ҳамаи зимистон дар асл барояшон баҳор аст дар назди арабҳо чун замистоне тақрибан вуҷуд надорад,ки сармои зиёд дар он бошад.Баҳор дар назди арабҳо барои бошишгоҳ аст,на чизи дигаре.

Чӣ ҳодисаҳо ё воқеъаҳое дар ин моҳ рух дода аст?

Ҳодисаи Аввал:

Аввалин ҳодисае дар ин моҳи Рабиъулаввал рух додаро дар торихи ислом ин вилодати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) медонанд.

Инчунин уламо дар таърихи таваллуди Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ихтилоф доранд.

Ибни Исҳоқ мегӯяд: Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар 12-уми Рабиъулаввали соли Фил дар рӯзи душанбе ба дунё омадааст.

Ибни Касир (раҳ) мегӯяд: Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар рӯзи душанбе дуввуми моҳ инчунин дигарон гуфтаанд,ки он ҳазрат дар ҳаштум ва бархе даҳум ва баъзе бар онанд,ки дувоздаҳуми Рабиъулаввал ба дунё омадааст.

Муборакпурӣ (раҳ) мегӯяд: Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар рӯзи душанбе 9-уми Рабиъулаввал ба дунё омадааст.

Аммо дар инки дар соли ҳодисаи Фил пас аз 50 рӯз ё 55 рӯз ва  ё 40 рӯз ё як моҳу шаш рӯз пас аз ин ҳодиса таваллуд шуданашон  ва рӯзи душанбе ва моҳи Рабиъулаввал ба дунё омадани Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳеҷ шакке надоранд.Яъне соли ҳодисаи фил ва моҳи Рабиъулаввал ва рӯзи душанбе дуруст аст ва сиҳат дорад.

Ҳодисаи дуввум:

Ин ҳиҷрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз Макка ба Мадинаи мунаввара ва дохил шуданашон ба Мадина ин дар 12-уми моҳи Рабиъулаввали соли 622 мелодӣ буд.Яъне аз Маккаи мукаррама аввали моҳи Рабиъулаввал хориҷ шуданд ҳамроҳ бо рафиқи ғор Абубакри Сиддиқ (раз) ва пас аз дувоздаҳ рӯз ба Мадинаи мунаввара расиданд,ки рӯзи душанбе  12-уми моҳи Рабиъулаввал буд ва 53 сол доштанд он замон.Муррихин он санаро бо солшумории мелодӣ 28-уми июни соли 622 мушаххас намудаанд.Лозим ба ёдовари аст,ки Умар ибни Хаттоб (раз) солшумории ҳиҷрӣ қамариро аз ҳиҷрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Мадинаи мунаввара оғоз намуда аст ва то имрӯз ин солшуморӣ идома дорад,ки имсол 1440 ҳиҷрии қамарӣ мебошад.

Бояд зикр гардад,ки муҳимтарин ҳодисаи ин моҳро уламо ин ҳиҷрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) медонанд,ки пас аз ҳиҷрат исломро ҳифз, ба тавҳид ва яктопарастӣ мардумро даъват намуд.Бо субот ва устуворияш ва тарбияти асҳоби киромаш дар Мадина ва ҷамъи нерӯ ва ба ислом мушарраф гаштани аҳли Мадина ва дигар манотиқ мунҷар гаш.Бо сохтани ҳукумати адли Илоҳӣ дар табъед яъне дур аз Маккаи мукаррама худро барои вуруд ба сарзаминаш Маккаи мукаррама муҳаё намуд ва саранҷом пирӯзмандона ва бо шарафу иззат вориди Маккаи мукаррама гашт.

Ҳодисаи севвум:

Ҳодисаи муҳими дигар дар ин моҳи Рабиъулаввал ин вафоти ҷонгудози Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд,ки бидуни ихтилоф уламо ҳама ба як назаранд,ки дар 12 –уми Рабеъулаввал рӯзи душанбе ба вуқуъ пайваст.Ин хело ҳодисаи ғамангезе буд барои аҳли Мадина ва асҳоби кирому аҳли байти он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ҳама уммати ислом буд.Канда шудани хабари осмон ба замин яъне қатъи ваҳи Илоҳӣ ва охирон паёмбари Илоҳӣ аз ин олам рахти сафар намуданд, ба Рафиқи аъло.Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро як нӯре дар ин замин фиристода буданд,ки раҳмат барои оламиён буданду башариятро аз куфру залолат ва эътиқодҳои баду гумроҳкунанда роҳанамуд ба сӯйи роҳи ҳақ ва дини поки Аллоҳ исломи азиз намуданд.Аллоҳ моро дар роҳу равиши он ҳазрат (саллалоҳу алайҳи васаллам) зинда нигоҳ дорад ва бимиронад омин.

Барои тулони нашудани мақола бо ин се воқеъаи таърихии муҳим иктифо менамоям. Агарчӣ дар ин моҳ дар таърихи ислом ҳодисаҳои дигареҳам рух додаанд аммо,то инҷо иктифо менамоям.Вале ба шакли гузаро онҳоро зикр мекунам:

Ғазваи Сафвон,

Ғазваи Баввот,

Ғазваи Давматул Ҷандал

Ғазваи Бани Уйяна

Ғазваи Бани Лаҳёнбини Ҳазил бини Мудрика

Байъати Абубакри Сиддиқ (раз) дар Сақифаи Бани Соъида барои ба хилофат расиданашон пас аз вафоти Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Омода созии сипоҳи Усома Ибни Зайд (раз) тавассути Сиддиқ (раз)

Фатҳи Ҳйира бо сарлашкари Холид ибни Валид (раз)

Маъракаи Ҳаттин бо сарлашкарии Салоҳиддини Айюбӣ,

Суқути Андалус ва поёни хилофти Амавӣ дар аврупо.

Дар ин моҳ бисёре аз мардумон ҷашнҳои мавлуд мегузаронанд,ки рости ин амалро на худи он ҳазрат (саллалоҳу алайҳи васаллам) ва на чор хулафои рошидин ва на асҳоби киром ва на тобеъину на имомони чоргонаи Аҳли Суннат ва ҷамоъат на табаъа тобеъин анҷом дода буданд.Қобили зикр аст,ки дар ин қуруни муфаззалаи се гона ҳеҷ бузургоне ҷашни мавлудро  анҷом надодаанд.Ҳарчӣ дар ин маврид гуфтаанду кардаанд пас аз ин се аср будааст.Агар диққат дода бошед дар ин моҳ Муҳаммад (саллолоҳу алайҳи васаллам)  таваллуд шудаанд ва дар ин моҳ вафотҳам кардаанд.Тавалуд ва вафоташон дар як моҳ аст ва муҳимтарин коре мо умматонаш метавонем анҷом бидиҳем ин зинда нигоҳ доштани Суннати мутаҳҳари он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст.Мухолифат бо ончӣ бо суннати он ҳазрат мунофот дорад бояд анҷом диҳем.Инки як олим гуфту кард манҳам мекунам,аслан далеле наметавонад шавад.Мо бояд Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро на танҳо дар як моҳ ба ёд орему дар дигар моҳҳо фаромӯш кунем.Дӯст доштани он ҳазрат фарз аст барои ҳар мусалмон дар тӯли умр бидуни истиснои замони ва маконӣ ва на муҳаббати оддие мисли дӯстдории як дигарамон. Ончунон дӯсташ дорем,ки аз зану,фарзанд,падар,модар ва ҳама наздиконамон ва молу сарватҳоямон бояд бештар дӯсташ дорем.Пас аз дӯст доштани Аллоҳ ин муҳаббати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)аст.

Мо паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро дӯст медорем ва ҳама вақт пайрави суннати покаш боқи мемонем. Дӯстдории худро бо амалҳоямон исбот менамоем,на бо худнамоӣ ва риё ва сумъа ва оростани дастархону маъракаҳои бо дабдба.Агар мехоҳед мавлуд кунед ва фикри садақа карданро дошта бошед, марҳамат ба ятимону бепарасторони ин миллат дасти кумак дароз кунед,ҳазорҳо мусибатҳо гиребонгири ҳамшашриҳоямон дар дохил ва хориҷи кишвар вуҷуд доранд,ки метавонед бо дастгирии онҳо ба худ аҷру савоби бузурге ҳосил намоед.

Дар охир инро бояд ҳар хонандаи тезҳуш ва огоҳ ба хотир дошта бошад,ки ин моҳ яке аз моҳҳои муқаррарӣ буда ва аз ҷониби шариъати ислом ҳеҷ фазли махсӯсе барои ин моҳ муқаррар нашуда аст.Метавонем рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза дорем мисли моҳҳои муқаррари дигари сол.Инчунин рӯзҳои миёнаи моҳро ки 13,14,15 ба айёми Бийз маъруфанд ва дар ин моҳи мелодӣ мусодифанд ба 21,22,23-уми ноябр, рӯза дорем,валлоҳу аълам биссавоб.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article