Моро чӣ гуноҳ аст?

Ислоҳ нет

Моро чӣ гуноҳ аст?

Ҳар тирадаруне, ки ҳасад шомили ӯст,

Бар тӯҳмати покон назари ботили ӯст.

Рав пунба ба сақфи хона овезу бубин,

Дуде, ки зи шамъ сар бикашад моили ӯст.

Манзур аз ин навиштори арзӣ посхухест бо лаҳни муаддаб дар мавриди он чи бар мо мегузарад.

Банда аз соли 2000-ум то ба имрӯз саргарми тарҷумаву таълифоти илмӣ дар бахши дин, таърих ва фарҳангам. То ба имрӯз 138 таълифу тарҷумаи кутуб (ба ҷуз мақолот) дорам. Лузуме намебинам номгӯй он ҳамаро ин ҷо сабт кунам. Онҳое, ки ба илму фарҳанг ва маърифат ошноӣ доранд ҳатман хондаанду огоҳанд. Аз соли 2007 сомонаи Васатият таҳти роҳбарии банда ба фаъолият шуруъ кард. Дар сомона беш аз ҳафт ҳазор мақола, маълумот ва масоили мубраме ҷой дошт, ки барои ҳар як фарди илмдӯсту бофарҳанг ва аз таъриху дин огоҳ ҳамчун ганҷина ва хазинаи пурасрор маҳсуб меёфт. Аз сиёсат аслан чизе вуҷуд надошт, зеро ҳеҷ лузуме намедидам ба он даст занам ва ё дар ин бахш, ҳатто мақолае нависам. Дар сомона низоми нашр то он ҳад ҷиддӣ буд, ки аз ҳаводиси сиёсии ҳаррӯзае, ки дар дунё мегузашт иҷозаи сабти онро намедодам. Агарчи намехостам бетараф бошаму назари хешро изҳор намоям ва худро ғамшарики мазлумони олами ислом донам. Ҳар навиштае, ки нашр мекардам ба муқаррароте, ки гузошта будам амал мекардам ва дар аҳду паймони хеш то охир содиқ будам. Сомона, алҳамдулиллоҳ хонандаи зиёд дошт ва то 400 ҳазор хонанда дар 24 соат дар рӯзҳои охир ворид мешуд. Соли 2014 дар сафари хизматӣ будам. Тавассути паёмак хонандагон менавиштанд. Устод хабари охирро хондед? Гуфтам: -не. Кадом хабарро дар назар доред? Зеро дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки сомонаи Васатиятро, ки як сомонаи фарҳангиву динӣ буд мақсади масдуд карданашро пеша намоянд. Муҳим дар он хабар, ки кумитаи дин муовини раиси он замонаш Тоҷиддин Асомиддинзода (ҳоло ректори Донишкадаи

исломии Тоҷикистон ба номи Имом Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит аст) ба хабарнигорон баёния дода, ки бояд ҳар мақолае, ки дар сомона нашр мешавад, аввал аз ташхиси кумита гузарад сипас нашр гардад. Як сухане, ки аслан дар ҳеҷ қолабу муқаррарот намеғунҷад.

Силкаи хабаргузории Тоҷ Нюз;

Мутаассифона он хабарро аз ин хабаргузорӣ пайдо накардам, аммо як хабари кӯтоҳи масдуд шудани сомонаи Васатият бо сомонаи Тураҷонзодаҳоро пайдо кардам.

Тоҷ Нюз: аз масдудшавии Сомонаи овозадори Васатият хабар дода буд!

http://tojnews.tj/…/dastrasi-ba-somonai-internetii-turachon…

Инчунин метавонед дар Ютуб рӯнамоии (презентация) чор китоби маро дар иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бинед. Дар он олимон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шоирон, адибон ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ширкат доштанд.:

https://www.youtube.com/results…

Аммо бо вуҷуди ин ҳама фаъолияти хешро идома додем. Мутаассифона фаъолияти сомонаро ба пуррагӣ қатъ карданд… Аз саромади баъдӣ чизе намегӯям, зеро равшану возеҳ маълум аст. Сомонаро дар ҳоле масдуд карданд, ки шумори умумии хонандагони он ба 9 миллион нафар расида буд. Ба худ гуфтам, бигзор ҳар чи мехоҳанд анҷом диҳанд, ҳеҷ баёния ва радияе накардам, онро ба Аллоҳ вогузоштам ва ба виҷдони поки кумитаи дини кишвар, агар воқеъан онро дошта бошанд, зеро дар сомона ба ҷуз таълимоти фиқҳи мазҳаби Ҳанафӣ, ки мазҳаби роиҷи кишвар аст ва Шӯрои уламои кишвар ба он фатво медиҳанду худро ҳанафӣ мешуморанд чизи дигаре ҷой надошт ва мақолаҳо ҳам тибқи қавонини ин мазҳаб буданд. Ба саволҳои шаръӣ низ тибқи мазҳаби ҳанафӣ посух дода мешуд.

Силкаи радиои Озодӣ, ки бо ман дар мавриди Сомонаи Васатият суҳбате анҷом дода буд. Бо чунин сарлавҳа:Ислом, муллоҳои тоҷик ва интернет

http://www.ozodi.org/a/9503539.html

Чопи Тафсири Мухтасари Хатлонӣ ва хабари Озодӣ бо чунин сарлавҳа : “Тафсири мухтасари Хатлонӣ” нашр шуд

http://www.ozodi.org/a/871973.html

Нисбати таҳдидҳое, ки тавассути паёмакҳои фесбуку Одноклассники мегирифтам ва то ҳол он идома дорад, ки копии ҳамагӣ наздам маҳфуз аст намехоҳам чизе бигӯям, зеро инсон як маротиб таваллуд мешавад ва як маротиб мемирад. Албатта мурдани бошарофату босаодат бароям афзал аст ва ҳамеша онро аз Аллоҳ ҳам талаб дорам.

Пас аз масдуд шудани Сомонаи Васатият тасмим гирифтам мақолаҳое, ки менависам дар Фесбук ва Одноклассники гузорам. Дигар сомона намекушоям, ҳамин кофист.

Дар сафаҳоти фесбук, ки шумо худ шоҳидед аз таърихи ислому родмардони он ва бештар посухи саволҳоро мегузорам. Дар ҳеҷ кадом аз онҳо хушунат ва берун аз мактаби фиқҳии мазҳаби Имом Абӯҳанифа (раҳ) далели ноҷое дидаед ё хондаед?

Бар замми ин ҳама ормонҳо нашикаст ва муборизаи масдудкунӣ анҷом напазируфт. Масдуд кардани саҳфаи Одноклассники ҳам шуруъ шуд.

Рӯзи 18-08-2016 Саҳифаи одноклассники ман масдуд шуд.

Субҳ дидам беш аз 70 паём истодааст, ки ҳама саволу ҷавобҳои хонандагон буд. Вақте хостам онро кушоям,ҷавоб медиҳад, ки саҳфаи шумо масдуд (заблакироват) шудааст. Ба худ гуфтам, шояд профилактика аст, вақте ба писарам гуфтам ба саҳфаи ман дохил шав, писарам гуфт: падар саҳфаи шумо аслан дар Одноклассники вуҷуд надорад ва исми шумо дар қатори дӯстони ман ҳам нест.

Ба шабакаи Одноклассники навиштам гуфт, ин рақами заявкаи шумо аст, дар давоми 12 соат ба шумо посух медиҳем. Посух пас аз 3 соат омад. Муштарии мӯҳтарам, саҳфаи шумо барои онки

муқаррароти лозимаи Одноклассникиро риоя накардед барои ҳамеша масдуд гаштааст. Боз навиштам, кадом муқарраротро ман риоя накардам онро бароям ирсол доред. Пас аз як рӯз бароям 18 саҳфа фиристод, ки гӯё ман мақолаҳоямро дар гурӯҳҳо нашр мекунам ва набояд ин корро мекардам. Умуман як дурӯғҳои бофтаву беасос ва равшантар гӯем ба ҳама маълум. (Аммо пас аз баста шудани Одноклассники беш аз 800 нафар дар фейсбук талаб намуданд, ки онҳоро дар рӯйхати дӯстонам ҷо диҳам)

Дар Одноклассники гурӯҳҳое буд, ки ман аъзо будаму мақолаҳоямро нашр мекардам. Ҳудуди 600 ҳазор хонандаи доимӣ сабти ном карда буд. Шояд маҳбубият ва ҷонибдориро дида, сахт нороҳат шуданд. Ба ин гурӯҳи афрод мебояд Ҳофизвор ҷавоб гуфт:

Ҳасад чӣ мебарӣ эй сустназм бар Ҳофиз,

Қабули хотиру лутфи сухан Худодод аст.

Вале ман ҳаргиз чизе намегузоштам, ки аз сиёсат ё худ сиёсӣ бошад. Онҳое, ки саҳфаи маро дар даст доред як маротиб дохил шавед ва ҳама саволу ҷавобҳоро хонед ва аз рӯи виҷдону инсоф гӯед. Ба ҷуз насиҳати ҷавонон, ки ба роҳи бад нараванд, ба гурӯҳҳои харобкору қотил якҷо нашаванд, дар фикри падару модар, зану фарзандонашон бошанд чизе нанавиштам. Шумори зиёди ҷавонон борҳо навиштанд ва изҳори сипос намуданд, ки агар ба ҳарфи шумо гӯш намедодем роҳи хаторо ихтиёр мекардем.

Аммо худ ҳадс мезанам, ки пас аз нашри ду мақолаи кӯтоҳам ин ҳодиса рӯх дод.

1.) Аз Алӣ Ибни Абутолиб карамаллоҳу ваҷҳаҳу пурсиданд: Эй амири муъминон, чӣ чиз қавмро ба фасоду фано мебарад? Гуфт: Се чиз…

2.) Эй золим ва эй кӯмаккунандагони золим!!!

Магар дар ин ду ягон сухане аз худи ман вуҷуд дорад? Ё суханони бузургони дин ва ҳакимонанд?

Пас кӣ тарафдори осудагии кишвару ватан будааст? Чаро намехоҳед минбар дар дасти соҳибонаш бошад ва кишвару миллатро он соҳибони минбар ба роҳи рост ва ватандӯстӣ даъват намоянд.? Ё шумо қасдан чунин корҳоро анҷом медиҳед, ки ҳама қишри босаводу зиёии миллат мухолифи давлат ва ин низом гарданд? Ин иштибоҳи сангин аст ва ин иштибоҳи шумо сабаби бад дидани миллат ба роҳбарияти кишвар мегардад. Шумо бояд бо мо бошед на ин ки дар муқобили мо

Ҳар қадар мағзҳо ва қишри зиёӣ аз ватан хориҷ гардад ин ба суди кишвар ва кишвардорон нест ва наметавонад бошад, зеро фирори мағзҳо чунон мушкил эҷод мекунад, ки дар ором намуданаш ба сахтарин мушкилот рӯ ба рӯ мегардед!

То ба имрӯз беш аз 800 нафар дар фесбук саҳфа кушоданд ва ҳамаашон сабабро дар ҳазф шудани мо аз Одноклассники баён доштаанд.

Як нафар чунин менависад: Ба идораи муфтиёт рафтем, гуфтанд шахсе, ки аз ӯ мехоҳед савол пурсед имрӯз наомадааст.

Гуфтам ман саволамро аз кӣ пурсам?

Гуфтанд: Намедонем, вале аз шахсе пурсед, ки ӯро мо шиносем.

Гуфтам : Гӯед, то наздаш равам.

Гуфтанд: Худат пайдо кун он шахсро ва ба мо муаррифӣ кун, то донем чӣ мегӯяд.

Ин аст ҳоли миллат дар дохили кишвар, худ қазоват кунед.

Иззатро Аллоҳ ва зиллатро низ Аллоҳ медиҳад. Онеро,ки иззат дод касе наметавонад бо зӯриву фишор онро аз ӯ бигирад ва иззати ӯро соҳиб гардад. Бори дигар хитоб мекунам ба онҳое,ки ба банд кардани саҳфаҳои иҷтимоӣ машғуланд наход то ин ҳад кундзеҳну нодон бошед, ки чи кор кардани худро надонед? Ин амали шумо сад дар сад муҷиби бадбинии мардум аз ҳукумати кишвар мешавад. Шумо хидмат надоред, балки ҳар рӯз нафрати миллатро бо ин амалатон аз ҳукумати кишвар ва нафари аввали он зиёдтар мекунед. Ин амалатон олимону нухбагон ва онҳое, ки суханашон дар ҷомеъа таъсир дошт водор менамояд худро рақиб бидонанд ва сабаби пайвастан ба мухолифони давлат шаванд. Зеро ончи мухолифон мегӯянд, олиму зиёӣ онро инкор намекунад. Вақте шумо саҳфаашро мебандед, ки коре зиди давлат анҷом надодааст, шумо ӯро барои мухолиф будан тела медиҳед.Вақте сабаб пурсида шавад посух чунин аст: “Фармон аз боло аст.” Дар ҳоле, ки боло чизеро намедонад ин шумоед, ки қишри огоҳи миллатро ба боло душман мекунед. Шояд нафаре тибқи гуфтаи худи шумо аз боло ин навиштаи маро бихонад ва қишри зиёиву олимони миллатро наёзорад. Ҳамин қишр аст, ки раиси давлат ва ҳукумати кишварро ё ба хубӣ ё ба бадӣ дар дунё муаррифӣ мекунанд Дур кардани ин қишр аз худ мушкилоти ҷиддиеро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар эҷод мекунанд.

Ҳукумате, ки олиму равшанфикр, зиёӣ ва диндоронаш мухолифи он шуданд пас фотиҳаашро бояд хонад.Ин қишр силоҳу сипоҳ надоранд танҳо қаламу давот доранд, ки аз ҳазорҳо сипоҳу силоҳ муассиртару нишонрастар аст. Дар рӯзҳои сиёҳу мушкилоти кишвар нақши боризу муассиреро мебозанд. Пас ҳоло ҳам дарвозаи оштӣ ва муколима бо ин қишр ва озод гузоштани ин қишр дар ҳама ҷоддаҳое, ки кор мекунанд боз аст. Фардо дер мешавад ва пушаймонӣ суде надорад. Ман сахт гуфтам вале ба суди шумо ва ҳукумат аст на бар алайҳи он. Аз ман ва ҳазорҳо ман баринҳо душман натарошед. Ман ва ман баринҳо дилсӯзи ин миллату ватан ҳастем, ки на шабро шаб мегӯем ва на рӯзро рӯз. Ҳамеша дар фикри хидмат ба миллату ватан ҳастем. Агар душман тарошӣ кунед фишору тазиқу таҳдидатонро идома диҳед вой бар ҳоли шумо, ки пандпазиру солимақида нестед ва ислоҳ шудан ҳам намехоҳед. Ин мақолро ҳам фаромӯш накунед. Дӯст табарвор душман шакарвор.

Share This Article