Муҳаммад(с) навишту шишт,Маркс менавишт намешишт

Ҳанӯз,ки Додгоҳ ба Далер санксия барои ҳабси пешакӣ содир накарда буд,ки КГБ айбашро эълон ва расонаӣ кард.

 

Ҳанӯз,ки Додгоҳ ба Далер санксия барои ҳабси пешакӣ содир накарда буд,ки КГБ айбашро эълон ва расонаӣ кард.

 

Сипаргиси Томирис, аз нависандаҳои “фермаи ҷавоб”-и КГБ,серкаи(такаи ахташуда) навишт: БИШНОСЕД: ДАЛЕРИ ИХВОНӢ!!!

Ва,ҳамин тавр ин серкаи сухангӯи ”фермаи ҷавоб” яке-яке иттиҳомоти аз қабл омодакардаи коргоҳаш ба муқобили Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари мустақили тоҷикро баршумурд,ки бузургтарини он таълифи китобе бо номи “Муҳаммад(с) ва терроризм” аст. Дар ин китоб аз донишмандони олами ислом Сайид Қутб ва Шайх Юсуфи Қарзовӣ нақли қавл кардаву иқтибос оварда ва бар тибқи урфи илмӣ сарчашма ва манобеашро нишон додааст. Ба мисли ҳама муҳаққиқони ростин, на ба мисли Хушвахтов Қобилҷон, ки бо вуҷуди асардуздӣ имрӯз дар Донишгоҳи миллӣ бо дастури Дузди калон ректор таъйин шуд. Дар воқеъ дар Тоҷикистони азизи мо ҳоло ҳама чиз чаппа ва воруна аст. Дузд-олиму раиси муассисаи илмӣ мешавад, вале як нафари дар роҳи илм ва олим меравад пушти панҷара. Кор ба ҷое кашидааст,ки ҳатто бар хилофи ончики қонунҳои ҷории кишвар ва Қонуни асосӣ иҷозат ва кафолат додааст, афрод барои ақида ва андеша зиндонӣ мешаванд.

 

Имрӯз дигар қисса аз “Ҳизбутаҳрир” нест, аз Салафия нест, аз “Ҷамоати Таблиғ” нест, аз шиъӣ нест,мисле,ки ҲНИТ-ро ҳам аз “мӯд” баровардаанд, ҳоло аз “Ихвон-ул-муслимин” мегӯянд. Ва кашфу ошкор кардаанд,ки Далер аз соли 2000 ихвонист!!! Вой доду бедод. Бо 20 соли таъхир тоза кашф кардаанд? Ҳаройина ҷидду ҷаҳд доранд, ки дар ин ҷумҳурӣ “лонаҳо” ва “ячейкаҳо”-ро,ки муртабит бо ин созмони исломӣ бошад, пайдо кунанд, ва агар аслан ҳамчунин чизе набуд, истеҳсол ва истихроҷ кунанд. Ба чашми ҷаҳониён нишон диҳанд,ки инҷо Тоҷикистон нест,инҷо як Ҷумҳурии Исломии рустӣ, паноҳӣ ва эълоннашуда аст. Тоҷикистони “светский” ҳамин худи онҳоанд:-оила, домодҳо, маҳалли барои ҳама маълум, “фермаи ҷавоб” ва чанд чокару ходиму хоямолу кунлеси дастопешибар ва пагондор, ки чун магасҳои гирди ширинӣ ҳамвора дар давру бар визвиз мекунанд.

 

Бақияи ин мулк, бақияи ин кишвар исломианд ва инҳоро бояд аз роҳи ислом ва аз роҳи Муҳамад (с) ва аз роҳи Аллоҳ(ҷҷ) гардонд. Вагарна чаро ин ҳама моҷаро дар Қирғизистон нест, чаро дар Ӯзбакистон нест? Чаро ин ҳама дар Тоҷикистон ҳаст? ДОИШ ҳам инҷо террор мекунад, ҲНИТ ҳам инҷо террор мекунад ва ҳоло аз ҳама гузашта “Ихвон-ул муслимин” омадааст.Илоҷе надоранд,магар инки масоҷидро ба дискоклуб ва маркази рақсу базм табдил диҳанд.То аз ин ҳама лонаҳо ва ячейкаҳо кишварро тахлия кунанд. Далер ва афроде назири Далер дар ин роҳ монеа ҳастанд ва халал мерасонанд. Онҳоро бояд заду бурду шинонд. То барои дигарҳо сабақ бишавад,то дигарҳо то пойи ҷон битарсанд, дарундарунашон аз ҳаросу ваҳм пур бишавад. Ин Сипаргиси Томирис-серкаи “фермаи ҷавоб” хеле ҳам ошкоро ва бо садои баланд, қабл аз онки бозрасие анҷом бипазирад фикри айбдоркунии Далерро тахту ружд карда ва ба нашр ҳам расонид:

 

“Далерро мешиносам. Ҳақиқатан рӯзноманигори бебок аст. Ба ғайр аз рӯзноманигор буданаш шахсияти рӯҳони аст гуем хато намекунем. Зеро аз кудаки бо ҲНИ-ён рафту омад дораду, писархонди Турачонзода аст ва дар навиштаҳояш низ тоҷикияташ ноаён асту “уммат” буданаш бисёр баръало! Ҳамчунин рӯзноманигори “Озодагон” (хамоне ки сарсахтона манфиатхои Иронро дар ҶТ ҳифз ва ҳимоя мекард!) шинохта мешавад”.

 

Ана ҳамин тавр: моддаи .…қисми… прим1-“рӯҳонӣ”, моддаи.…қисм…банди а)-“бо ҲНИ рафту омад дорад”, моддаи… қисми .…”писархонди Тӯраҷонзода”,моддаи … қисмии.…рӯзноманигори “Озодагон”( ҳамоне ки сарсахтона манфиатҳои Иронро дар ҶТ ҳифз ва ҳимоя мекард!)

 

Барои бозрасони КГБ, ки парвандаи алайҳи Далерро тафтиш хоҳанд кард, ҳама айбҳо пешопеш навишта ва ишора шудааст.Онҳо акнун бояд ӯро “багап” биёранд, худиқрорӣ ва эътирофи гуноҳонро ба даст оваранд. Дигар мезананд,таҳқир мекунанд, гушна нигоҳ медоранд, зери чакаки об медоранд, дар ток мемонанд, кори онҳо. Бояд ба гап дароваранд. Зеро “оперҳо” хеле заҳмат кашиданд. Медонед ку агар лозим шавад мурдаи Ленинро ба гардан мегиред.

 

Сипаргиси Томирис серкаи “фермаи ҷавоб” ва ба эҳтимоли зиёд узви бандаи “опер”-ҳо дигар на танҳо айбнома, балки ҳукми Далерро ҳам содир кардааст: “Душмани халқ” ва “хатарнок”(враг народа и опасний). Бубинед,ки чи навиштааст:

 

“Душман ҳамавақт зери парда ниҳон буда наметавонад. Далер Шарифов, ки шабу рӯз орзуи исломи гардонидани Тоҷикистонро дар сар дорад, бо навиштани китобаке “Муҳаммад (С) ва терроризм” қаъри дили худро айёнтар намуд. Вай дар навишти китоб ба таълифоти идеологҳои “Ихвон-ул-муслимин” — Саийд Қутб, Юсуф Қарзови такя намуда бори дигар исбот намуд, ки яке аз аъзоёни ин ташкилоти террористи-экстремисти дар Точикистон аст. Далер аз онҳое, ки аъзоёни қатории “Ихвон-ул-муслимин” хастанду дастгир шудаанд, даҳҳо маротиба хатарноктар аст! Зеро ӯ метавонад заҳри “Ихвон-ул-муслимин”-ро дар мафкураи тоҷикон бипошад ва… хеле моҳирона!!!”

 

Дар боло зикр кардам,ки онҳо чокару навкару хоямолони он оила ва он маҳалли муайян ҳоло танҳо худашонро Тоҷикистон меҳисобанд. Зеро инҳо аз дину ойини бақия безоранд, зеро боқии мардум бо онҳо бо ҳамин дини ислому Муҳаммад(с) ва Аллоҳашон тафовут доранд. Онҳо аз ин ҳама мункиранд,дискотека мераванду серӣ шароб мезананду рақс мекунанд бо сардории худи Тансор Диско ва ҳамаи домодҳо ва ҳамаи духтарҳо. Аммо ин серка дуруст навишта ва Тоҷикистони худашонро дар даруни нохунак ҷой додааст. Вале он идда аз рӯзноманигоронеро,ки аз ҷабру ҷафо ва зулму ситам ба ночор тарки ватан кардаанд ва ба “Тоҷикистон”-и онҳо хидмат накардаанд яксара таънаву маломати хоинӣ задааст.Мутаваҷҷеҳ бишавед,ки ин серка чи навиштааст ва ҷонашро фидои чи Тоҷикистоне кардааст, Тоҷикистони дар нохунак:

 

“Ҷонам фидои рӯзноманигоре, ки сарсупурдаи ин меҳани ҷафокашида бо номи “Тоҷикистон” аст! Аммо онҳое, ки бо маблағхои бадхоҳони хориҷии миллати тоҷик, хиёнат ба ин меҳан мекунанду кисмате дар хизмати Руссия, қисмате дар хизмати Ирон ва қисми дигаре дар хизмати хоҷагони Аврупоӣ Амрикоӣ қарор доранд, нафрат дорам… ва Далер яке аз онҳост!!!”

 

Бале,Далер яке аз онҳое буд,ки мебоист ҳоло дар канори мо ва ҳамроҳи мо мебуд.Аммо вай ҳеҷ гоҳ тамоюле ба ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои сиёсӣ нишон надодааст. Ва,ҳеҷ гоҳе ҳам ихвонӣ набуд. Агар ки назди Тӯраҷонзодаҳо буд, ба хотири дину мазҳаб ва омӯхтан буд,ки ҳар як тоҷики мусалмон ҳамчунин ниёзеро дорад, магар инки шумо “светский”-ҳо,ки онгуна ки хаффош аз хуршед метарсад аз ислом ҳарос доред. Шумо шайтони лаъин ҳастед. Барои ҳамин аз “бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” ва онҳое,ки ин каломи рабониро такрор мекунанд, бим доред. Барои исботи ин гуфтаҳоям боз ҳам аз ҷумлаҳои охири Сипаргиси Томирис, серкаи “Фермаи ҷавоб” ва баландгӯи КГБ,ки ҳам айбнома ва ҳам ҳукми Далерро содир кардааст, иқтибос меоварам:

 

“Ёд доред, Далер мехост ташкилоти ҷамъиятии “Қадам ба қадам”-ро созмон диҳад? Ва аҷиб ин аст, ки “Қадам ба қадам” ин ғояи идеологҳои ихвонӣ буда, қадам ба қадам ихвонӣ кунии ҷомеъаро дар назар дорад!!! Аз оне, ки ихвониҳо ҳанӯз аз солхои 2000-ум дар Тоҷикистон фаъол будаанду, Далерҷон низ он солҳо хеле фаъол буд, бисёр далелҳо мутобиқ меоянд!!!

 

P.S. Барои исботи навиштаҳо аксҳо аз китоби Далер Шарифовро манзуратон менамоям.”

 

Хуб,ки чи акс меоварӣ? Магар як китоб ва он ҳам ба таври ошкоро навишта ва интишор мешавад,агар ки ҷиноят буд ва ҳарфе ҷурм дошт,муаллиф бо кадом ақле ва бо кадом умеде онро интишор дода ва худро дудаста ба дасти чун шумо касифон ва динситезон месупорид. Шумо як бор аз худ суол мекунед, ки аз ҷони ин миллат чи мехоҳед? Охир,ин миллат миллати мусалмон аст ва исломист. Дар тамоми давраи шӯравӣ атеистони болотар ва бартар аз шумо натавонистанд, ки ин мардумро аз ислом бигиранд, натавонистанд, магар шумо чанд мушт фурӯмояи занбамузд, намедонам, бар хотири чӣ ва бо дастури кӣ ва бо нақшаи кӣ ва бо тарҳи кӣ ва бо гранти кӣ мехоҳед аз тоҷик ва Тоҷикистон як давлати террористӣ ва террористҳо бисозед ва ҷилва бидиҳед? Шумо тоҷикро Рафшану Ҷумшуд кардед. Имрӯз мехоҳед онро террористу радикал нишон бидиҳед.Магар мешавад яксара як миллатро,аз омӣ гирифта то олиму устоди донишгоҳу донишҷӯву корманди давлативу шоиру нависандаву журналист террористу радикал муаррафӣ кард? Магар мусалмонӣ гуноҳ аст?

 

Шумо фикри бачаҳоятонро, шумо фикри баъди худатонро намекунед,ки чи хоҳад шуд?Фикр мекунед? Магар мешавад ин ҳама мардумро, ки нуҳ миллион аст, ба истиснои шумо ва оилаи шумо ва авлоду қабилаи ва уруғи шумо ҳамагӣ мусулмонанд. Ҳамаи инҳоро мекушеду зиндон мекунед? Магар аз Си Ҷин Пин ҳаминро ёд гирифтед, ки имрӯз мусулмонҳои Чинро аз динашон баргардониданист? Шумо ошкоро бигӯед ва эълон кунед, ки ҳадафатон мардумро аз ислом баргардонидан аст. Ҳамчунон, ки як дар оғози ҳокимиятатон дар Ғарм Музаффар Баҳриддин-намояндаи чун худи шумо аз худобаргашта дини дигарро ҷорӣ карданӣ буд. Шумо ҳам бигӯед.

 

Як собиқ вазири генералро нақл карданд, дар лойиқаи назди бӯстонсарояш ба ҳадде масту аласт шуда дарунаш даромада худро шакидаву жӯлида ба Худо нола кардааст, ки чи қадар бародарону хоҳарони тоҷики худамро вовчик гуфта мо куштем туъмаи моҳиҳои Ому кардем,дар Афғонистон дарбадар кардем, Худоё маро бубахш. Шоҳиди ҳодиса ҳикоят кард,ки ин собиқ вазир ба ҳадде аррос мезаду доду фарёд мекард,ки гӯиё васвос шуда бошад. Осон нест, ин ҳама зулму ситамеро,ки болои халқи Худо бор мекунед, ҳазм кардан.Шаб ҳангоми хобатон ин ҳама инсонҳои бегуноҳ намудор мешаванд. Ҷони онҳоро дар азоб мондаед. Онҳо ҳам мисли шумо зиндагӣ доранд. Зану фарзанд доранд.Ҳоло вақти мурданатонро, замони назъи ҷон ва қабзи руҳро фикр кунед,ки Худо шуморо бо чи ҳолатҳое гирифтор мекунад.

 

Магар навиштан дар бораи Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуноҳ аст? Пас аз Рӯдакӣ гирифта то Саъдиву Ҳофизу то Исфандиёри Назар ҳама ҳама бояд дар зиндонҳои Пешво бишинанд? Садҳо миллиард, шояд бештар аз ин инсонҳо зикри номи Муҳаммад дар лаб ин дунёро тарк карданд. Ва ҳоло низ ҳамарӯза миллионҳо, балки миллиардҳо маротиба исми Муҳаммад дар ақсо нуқоти ҷаҳон,аз Кохи сафеди Омрико гирифта то масҷиди “Нури ислом”-и Хуҷанд ва ҷамоатхонаҳо дар Бадахшон бо шавқу иштиёқ садо медиҳад.

 

Шумо марксистҳои занбамузд ҳазорҳо бор бештар аз ин ҳам фишору тазъиқу озор диҳед, ишқу алоқа ва муҳаббати як мусулмон ба Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро сари мӯе кам карда наметавонед.Худатон гӯлахи дӯзах мешаведу бас.

 

Бале, агар Далер дар бораи Маркс менавишт, намешишт вай дар бораи Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) навишту шишт.Муҳаммаде(саллаллоҳу алайҳи васаллам),ки садҳо миллион исми ӯро доранд ва фардо ва то рӯзи қиёмат хоҳанд дошт. Вале Марксро ба ҷуз аз шумо ва он ҳам на ошкоро, балки ҳамчун “псевдоним”, номи рамзии идораӣ ба худ мегузоред.…

 

Ҳамчунон,ки Сипаргиси Томирис аз зикри номи воқеияш шарм медорад, шумо ҳам аз онки мехоҳед Маркс ном дошта бошед, шарм медоред. Ҳамин кофист,ки шумо ҳам дар ин дунё шармандаед ва ҳам дар он дунё мардуд.Мефаҳмед инро?Шумо як ҳаюлоед!

 

Аммо Далер,бо онки Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) навишту шишт, ифтихор мекунад, саре баланду афрошта дорад..

 

PS. Маъракаи дастгирӣ ва муқовимати расонаии хабарнигорони тоҷик дар тамоми гӯшаҳои олам барои раҳоии Далер Шарифов водор кард,ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон як изҳороти вижа интишор дода ва бори дигар навиштаи Сипаргиси Томириси КГБро таъйид кунад. Дар ҳоле,ки мебоист Прокуратураи Генералӣ,ба унвони нозири иҷрои қонунҳо,ниҳоди назораткунанда бар дурустии аъмоли мақомот алайҳи инчунин таъқиб ва истифодаи методи сталинӣ эътироз меоварад ва раҳоии фаврии Далерро ҳадди ақал дар ҷараёни тафтишот талаб мекард,комилан баракс муносибат карда Далерро қабл аз анҷоми бозрасӣ ва муҳокима муҷрим шинохт.Албатта дар кишвари мо дигар чизро ҳам намебоист интизор дошт.Вале ин изҳороти Прокуратураи генералӣ шаҳодат ва далели он аст ки Тоҷикистон ба як марҳалаи беқонунӣ ва ба як раванди террору саркӯби давлатӣ ворид шудааст. Дар ин изҳорот маълум мешавад,ки Прокуратураи генералӣ аз ҳамин алъон ба унвони “айбдоркунандаи давлатӣ” дар қазияи мазкур мақеъ гирифта ҳанӯз,ки тафтишот шурӯъ нашудааст, алакай “фикри айбдоркунӣ” эълон кардааст. Вагарна бидуни кадом санҷишу тафтиш намегуфт: “дар давоми солҳои 2013–2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.”

 

Дар қисми дигари ин изҳорот фикри айбдоркунии аз ин ҳам вазнинтареро баён доштааст:

 

“Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.”

 

Хуб,ин дигар маълум аст ки Далерро говсуд мекунанд.Аммо як чиз маълум аст ки дар Тоҷикистон дигар озодии баён ва ақидаву эътиқоду виҷдон комилан салб шуда ва аз байн бурда шудааст. Ин як кори сохта ва нангине аст ки ба манзури тарс додани журналистон ва аз хатти кашидаи мақомот по берун наниҳодани онҳо анҷом шудааст.Ин иқрори он аст ки Раҳмонов аслан матбуот ва журналистонро чашми дидан надорад. Ва ин паёми он аст ки хоҳ худи Раҳмонов ва ё хоҳ писараш зимоми раҳбарии кишварро мегиранд, ин кишвар беш аз пеш дар даруни деворҳои оҳанӣ ва мардумонаш дар даруни қафас зиндагӣ хоҳад кард. Агар Далер 200 матлаби экстремистӣ навишт ва он ҳам аз соли 2013 чаро пештар пешгирӣ накардед?Дигар инки онҳое,ки ташхиси диншиносӣ карданд, киҳоанд? Ҳамон файласуфнамоҳои дар асл атеисти зидди Худову Расул,ки дар Маркази исломшиносӣ ва Кумитаи дин ҷамъ кардаед?

 

Ман бо “маркази ташхис”и кумитаи дин ошноӣ хуб дорам. Як Маҳмадуллоеви ланг буд,ки барои як китоби 100 саҳифагиро хондан 250 доллар мегирифт, то онро дар ду моҳ хонад.Боз барои ҳар ҷузъи чопӣ бояд 85 сомон дар хазина месупоридед. Пас аз он ҳар мулоҳизае меёфт онро сурх мекард ва шумо онҳоро бояд ҳазф мекардед ва дубора мехонду боз пул мегирифт. Боз пайдо мекард боз пул месупоридеду ба ӯҳам пул медодед,то хонад. Дигар аз баҳри китобҳам мегузаштеду аз баҳри ҳама заҳматҳоятон. Охир ман мутахассиси ин соҳаям ва дар кишвар аз 118 китоби тарҷума ва таълиф кардаамон 70 китобашро ба нашр расонидаам ва бо адади якуним миллион адад. Маҳз барои “ташхис”и кумитаи дин ва Маҳмадуллоев дигар аз баҳри табъу нашр баромадам ва рӯ овардам ба интернет. Қабл аз инро гуфтан фикр накардед,ки ин айбномаи беасосатонро мехонем ва мо зиндаем ва радди мудаллал мекунем.

 

Шумо Далерро говсуд карда хабарнигорони дигарро тарсонидан мехоҳед.Шумо Далерро барои нақди коратон,барои онки фикру ақидаи дигар дошт,дастгир кардаед. Эътироф ва эълон кардед,ки дигарандешон имкони кору зиндагӣ дар Тоҷикистонро нахоҳанд дошт.Аммо халқ,ки ин ҳамаро мебинад ва мефаҳмад.

 

Як нуктаи умедворкунанда ин аст ки айбҳои мондаи шумо ба се афви ахир 2014,2016 ва 2019 меафтад.Ку,бубинем,ки ҳадди ақал ҳамин афвҳои эълон ва иҷрошуда ба Далер ҳам татбиқ мешавад ё хайр?

 

Total
0
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад